Касоне, ки худро ҳомии ҷумҳурият медонанд, ҳаргиз ба ҷумҳурият бовар ва эътимод надоранд ва касоне, ки худро ҳомии иморат медонанд ҳам, ҳаргиз ба иморат бовар надоранд...
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари умури Афғонистон ва минтақа (Олмон), махсус барои “Сангар”
Дар ҳоли ҳозир дар Афғонистон баҳси ду таъриф хеле доғ ва сари забонҳо аст.
Аввал, тарафрдорони ҷумҳурият шабу рӯз дар дифоъ аз ҷумҳурият ва Ашраф Ғанӣ қарор доранд.
Дувум, тарафдорони иморат шабу рӯз аз Мулло Ҳайбатуллоҳ ва ҳукумати иморати исломӣ дифоъ мекунанд.
Бинобар ин, ман минҳайси касе, ки таърифи ҳарду, яъне ҷумҳурият ва иморатро медонам, хостам аз ҳар ду таъриф хидмати шумо ироа кунам, то бидонем, ки ҳақиқат амр дар куҷост.
1 - ҶУМҲУРИЯТ:
Низоми ҷумҳурият дар улуми сиёсӣ, низоме шинохташуда, дорои таърифи возеҳест ва табори таърихии он равшан аст ва ба низоме гуфта мешавад, ки дар он ҷонишини раисии кишвар меросӣ нест, муддати раёсат ғолибан маҳдуд аст ва интихоб бо раъйи мустақим ё ғайрмустақим анҷом мешавад. Пешинаи баҳси ҷумҳурият ба рӯзгори Афлотун бар мегардад, ки тақрибан ду ҳазору сесаду ҳаштод сол қабл китоби машҳурашро ба ҳамин ном навишт ва сипас Арасту китоби “Сиёсат”-ро ба нигориш даровард ва дар он ба нақши ҷомеаву мардум дар сиёсат пардохт. Аз он замон то акнун ҷумҳурият ҳам дар теория ва ҳам дар амал пешрафти қобили таваҷҷуҳе карда ва ба низоми мавриди қабули бисёре аз кишварҳои ҷаҳон табдил шудааст.
Ҷумҳурият, чунонки аз номаш пайдост, ҳувияти худро аз ҷумҳур, яъне мардум мегирад ва кишваре, ки низоми он ба хости мардум шакл гирифта бошад, ба он ҷумҳурӣ гуфта мешавад. Таҷрибаҳои ҷумҳурият дар ҳама ҷомеаҳо яксон нест, аммо унсури мардуммеҳварӣ гавҳари муштарак миёни ҳама моделҳои ҷумҳурият аст. Албатта, тафовутҳое миёни моделҳои ҷумҳурият вуҷуд дорад, чаро ки метавонад сотсиалистӣ, либерал, демократӣ ва ё ҳатто исломӣ бошад. Дар тамоми ин моделҳо, ирҷоъ ба иродаи мардум мабнои ҷумҳурият аст ва раъйи ҷумҳур нақши таъйинкунанда дорад. Ҳар низоме, ки таҷассуми беҳтари иродаи мардум бошад, ба ҷумҳурияти асил наздиктар аст ва ҳар чӣ камтар ба раъйи мардум баҳо дода шавад, ба ҳамон паймона аз ҷумҳурияти асил фосила мегирад. Ҷумҳуритарин низом он аст, ки аз ихтиёроти раъси қудрат коста ва бо тавзеи он дар миёни табақаҳои мухталифи дастгоҳи давлатӣ ва эҷоди механизми мушорикати ҳаддиаксарӣ, бештарин заминаро барои таҷаллии иродаи умумӣ фароҳам оварад.
2 - ИМОРАТ:
Иморат мабнои фикрии мушаххасе надорад, ки дар улуми сиёсӣ таърифе барои он ироа шуда бошад, балки бо таваҷҷуҳ ба вижагиҳое, ки дорад, дар зайли низомҳои диктаторӣ қобили дастабандӣ аст. Дар ҳақиқат, иморат беш аз он ки муттакӣ ба систем бошад, муттакӣ ба фардест, ки дар раъси систем қарор мегирад ва амир номида мешавад. Агар амир касе монанди Умар ибни Абдулазиз бошад, иморат муделе аз як низоми адолатмеҳвар ва агар касе монанди Абуаббос Саффоҳ бошад, муделе аз як истибдоди хунин хоҳад шуд. Яъне созукоре вуҷуд надорад, ки варои типи шахсиятии амир моҳияти собите дошта бошад ва муташаккил аз аносири мушаххасе бошад, ки ҳар замон якҷо шуданд, иморат падид биёяд.
Иморат ҳувияти худро асосан аз амру фармон мегирад, фармоне, ки аз сӯйи амир содир мешавад ва низом бар меҳвари як шахс, ки улуламр, яъне соҳиби фармон аст, мечархад. Калимаи “амр” дар забони арабӣ маонии мутааддиде дорад, шояд бештар аз сездаҳ маъно, аммо ду маънои он машҳур аст, яке он ки муфради умур аст ва ба маънои шаън аст ва дигаре, ки муфради авомир ва ба маънои фармон аст ва амиру иморат аз онҷо меояд. Таркиби “улуламр” ҳам ба маънои соҳиби кор ва ҳам ба маънои соҳиби фармон аст, аммо амир танҳо бар як маъно далолат дорад ва он танҳо соҳиби фармон аст. Амр моҳиятан ба фармоне аз боло ба поин гуфта мешавад.
Мафҳуми амр, ки зидди наҳй ва ба маънои фармон додан аз болост, робитае миёни инсонҳоро ба тасвир мекашад, ки дар як тараф касе вуҷуд дорад бо ҳаққи фармон додан ва дар тарафи дигар касе қарор дорад бо вазифаи фармон бурдан. Дар ин ҷо омир ва маъмур дар вазъияти мусовӣ аз назари ҳаққу таклиф қарор надоранд.
Биноан, ба ақидаи ман, касоне, ки худро ҳомии ҷумҳурият медонанд, ҳаргиз ба ҷумҳурият бовар ва эътимод надоранд ва касоне, ки худро ҳомии иморат медонанд ҳам, ҳаргиз ба иморат бовар надоранд, сирф ба хотири тасоҳуби қудрат аз ном истифода мекунанд, на ба он бовар доранд ва на ҳам ақида...