Хабари рӯз

Ҳанӯз соли 2022 дар иқтисоди ҷаҳонӣ БРИКС 31.5% ва G7 - 30.7% саҳм доштанд.

Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”

Дар 24 августи 2023, понздаҳумин иҷлоси сарони БРИКС дар Йоҳаннесбург ба поён расид. Ин аввалин нишасти сарони кишварҳои ин анҷуман аз соли 2019 буд. Ин иҷлос аз лиҳози намояндагӣ ба  бузургтарин ҳамоиш дар таърихи БРИКС табдил шуд - намояндагони ҳудуд 70 кишвар ба он даъват шуданд, беш аз 40 кишвар ширкати худро таъйид карданд. Аксари онҳо кишварҳои африқоӣ ҳастанд, ки бо таваҷҷуҳ ба мавзӯъи иҷлос "БРИКС ва Африқо: мушорикат барои рушди шитобони муштарак, тавсеаи пойдор ва чандҷонибагароии фарогир" мантиқӣ аст.

 Яке аз вазоифи калидии анҷуман имрӯз эҷоди гуфтугӯ бо кишварҳои ҷануби ҷаҳонӣ ба манзури эҷоди як меъмории ҷаҳонии баробартар ва мунсифонатар аст. Ҷои тааҷҷуб нест, ки Ғарби ҷамъӣ дар ин иҷлос ширкат накард ва ба ҳар тариқи мумкин саъй намуд аҳамияти онро камранг кунад. Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш БРИКС-ро таҳдиде барои гегемонияи кишварҳои худ медонанд. Ба ҳамин далел, талоши зиёде барои барҳам задан ё коҳиши аҳамияти иҷлос анҷом доданд.

Аммо ҳеҷ иттифоқе науфтод. Ин иҷлос баргузор ва қарорҳои муҳимме иттихоз шуд, ки назми ҷаҳонии ояндаро таҳти таъсир қарор медиҳад ва эҳтимолан дар ниҳоят аз гегемонияи Ғарб дар робита бо дигар кишварҳо мекоҳад.

Дар натиҷаи ин иҷлос ба Аргентина, Миср, Эфиопия, Арабистони Саудӣ, Эрон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ даъватнома барои пайвастан ба БРИКС ирсол шуд. Интизор меравад ин кишварҳо дар аввали январи 2024 ба ин блок бипайванданд. Иҷлоси баъдӣ дар соли 2024 дар Русия (Қазон) баргузор хоҳад шуд.

Бояд таваҷҷуҳ дошт, ки БРИКС ҳатто бидуни густариш ба сутӯҳе аз қудрати иқтисодӣ расидааст, ки гурӯҳҳои калидии иқтисодии Ғарб нишон медиҳанд. Бавижа, дар поёни соли 2022, BRICS аз назари тавлиди нохолиси дохилӣ аз бошгоҳи кишварҳои “Ҳафтгонаи бузург” - G7 (Канада, Фаронса, Олмон, Италия, Япония, Бритониё, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҳамчунин Иттиҳодияи Аврупо) пешӣ гирифт. Ҳанӯз соли 2022 дар иқтисоди ҷаҳонӣ БРИКС 31.5% ва G7 - 30.7% саҳм доштанд.

Аз соли 2024, БРИКС 11 кишварро муттаҳид хоҳад кард. Аммо моилам ёдоварӣ кунам, ки дар маҷмӯъ 22 кишвар дархости расмӣ барои пайвастан ба БРИКС додаанд: Алҷазоир, Аргентина, Бангладеш, Баҳрайн, Беларус, Боливия, Венесуэла, Ветнам, Гондурас, Миср, Индонезия, Эрон, Қазоқистон, Куба, Кувайт, Нигерия, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Давлати Фаластин, Арабистони Саудӣ, Сенегал, Таиланд ва Эфиопия.

Нуфузи БРИКС дар ҷаҳон меафзояд. Гегемонияи Ғарб ба охир мерасад.

Салом, воқеияти ҷадид, дуруд, ҷаҳони нави одил!


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!