Хабари рӯз

“Давраи тиллоӣ” - е, ки оғози ҷангу мусибатҳои Афғонистон шуд

Нависанда: Фарид Юнус, устоди бознишастаи антропологияи фарҳангӣ ва фалсафаи исломии Донишгоҳи Аёлати Калифорния, узви Шӯрои мушовараи “Сангар”

Чаҳоршанбе, 13 июли 2022, барномаи "Радиои китоб", ки аз Лондон ба ҳиммати ҷаноби Навид Мӯҳсинӣ аз тариқи “Зум” пахш мешавад, меҳмононро даъват карда буд то рӯи нукоти давраи Даҳаи демократия ( 1963 - 1973 ) сӯҳбат кунанд, ки ман ҳам аз ҷумлаи меҳмонон будам. Фишурдаи суханони худро дар баргаҳои таърих менависам.

Даҳаи демократияи Афғонистон, ки ба ташаббуси марҳум Зоҳиршоҳ тарҳрезӣ шуд, нукоти манфӣ ва мусбат дошт, аммо назари ин муҳаққиқи таърих ин аст, ки давраи даҳаи демократияи Афғонистон аз дурахшонтарин давраҳои таърихи муосири Афғонистон аст. Хоҳ-махоҳ иштибоҳоти худашро дошт. Ягона китоб, ки дар мавриди ин давра навишта шудааст, асари марҳум Сабоҳуддин Кашкакӣ аст, ки мавсуф вазири иттилоот ва фарҳанги марҳум Муҳаммад Мӯсо Шафиқ охирин садриаъзами давраи даҳаи демократия буд. Баъд аз давраи диктатории садорати марҳум Муҳаммад Довудхон мардум нафас ба роҳат мекашиданд. Муҳимтарин мавзӯъи сиёсӣ интиқоли қудрат ба як шахси ғайрихонадонӣ буд. Яъне қудрати сиёсӣ ба мардум интиқол ёфта буд ва аввалин садриаъзам марҳум доктор Муҳаммад Юсуф буд ва аз аҳли Кобул.

Қонуни Асосии 1964-ро метавон як қонуни асосии қобили ҳазм донист бо ин ки навоқиси худро аз нигоҳи ҳуқуқи шаҳрвандӣ дошт, ки як баҳси ҷудогона аст. Мардум озодона сафар мекарданд. Амнияти том ҳукмфармо буд. Дину мазҳаб таҳмил намешуд. Ҳукумат ба рӯи шаҳрвандон, ки дар "ақаллият" буданд, боз шуд ва аввалин бонуи шиаи Афғонистон, ки аз Ҳирот буд, дар соли 1968 – и масеҳӣ, яъне Фоиқа Мухторзода шомили вазорати хориҷа шуд. Ба соҳибмансабони ғайрипаштун ҳам фурсат муҳайё шуд то ба дараҷаҳои баландтар боло раванд. Қабл аз он вазорати дифоъ инҳисори паштунҳо буд.

Ин нависанда дар авохири даҳаи демократия ҷавон будам ва барои сайёҳони фаронсавӣ тарҷумонӣ мекардам ва ба бисёр оромиву осоиш ба вилоёт сафар мекардам. Назариёти тиҷорӣ дохили Афғонистон шуда буд, ки барои мардум оид меовард. Ҷароид мутлақ озод буд ва гуногун. Ононе ки имконоти тиҷоратро доштанд, сафар мекарданд ва тиҷорат мекарданд. Кобул, ки дар он замон нуфуси он аз сесаду панҷоҳ ҳазор нафар зиёдтар набуд, як шаҳри мутаҳаррик ва боэнержӣ шуда буд. Синамоҳо, ресторанҳо ва клубҳои гуногун боз шуда буд. Як иддаи зиёди мардум ин давраро давраи тилоии Афғонистон мегӯянд.

Аз нигоҳи равишҳои сиёсии минтақавӣ ва "Бозии бузург", ки Афғонистонро минтақаи ҳоил сохт, бо ин ки Афғонистон узви як паймони низомии монанди СЕНТО набуд, аммо оҳиста-оҳиста мехост, ки аз зери юғи Русияи Шӯравӣ, ки мавқифи бетарафии Афғонистон ва ғайри мунсалик будани кишварро дар замони садорати Сардор Муҳаммад Довуд садама расонда буд, берун шавад.

Бояд дар мавриди СЕНТО бидонем, зеро ҳамин паймон боис шуд, то Афғонистон ғайримустақим дар замони садорати марҳум Сардор Муҳаммад Довудхон зери нуфузи Русияи Шӯравӣ ё Иттиҳоди ҷамоҳири сотсиалистии Шӯравӣ биравад. Паймони СЕНТО, ки аввал ба номи The Middle East Treaty Organization, яъне Созмони Паймони Ховари Миёна дар Бағдод арзи андом кард ва машҳур ба "Муоҳидаи Бағдод" шуд, мутаоқибан табдил шуд ба Central Treaty Organization, ки мухаффафи он CENTO мебошад. Як иттиҳодияи низомие, ки тарроҳи он асосан инглисҳо буд ва кишварҳои Эрон, Туркия, Ироқ, Покистон ва Инглистон узвият дошт, муаррихи 24 феврали 1955 ба вуҷуд омад, то аз ин кишварҳо дар муқобили пешравии коммунизм як садди низомӣ бошад. Ин созмон дар моҳи марти 1979 мунҳал шуд.

Мардум аз давлату ҳукумат тарс надошт. Аммо бузургтарин мушкили давраи даҳаи демократия ин буд, ки аз нигоҳи ҷомеашиносии сиёсӣ, демократияе барои Афғонистон таъриф нашуда буд, ки демократияи афғонистонӣ чӣ гуна бояд мебуд. Ҳамин масъала боис шуда буд, то қонуни аҳзоб пос нашавад, зеро кишвару подшоҳ намедонист, ки демократияи таърифношудаи мо чӣ гуна ба пеш меравад. Як шахси ҳушёр ба подшоҳ назар дода буд, ки бояд қонуни аҳзоб имзо нашавад. Аҳзоб дар як кишвари қавмӣ ва қабоиливу суннатӣ ба ҷуз нифоқ ва дар сари ҳам кӯбидани дигар ҳосиле надорад. Махсусан, ки ислом ҳизби сиёсиро таъйид намекунад ва шӯрои байни мардумро маслиҳат медонад. Ҳарбу ҳизббозӣ як мафкураи демократияи ғарбӣ аст, на исломӣ.

14 июли 2022 - рӯзи ёдбуди Инқилоби Кабири Фаронса


Таърих

Иқтисод

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!