27 декабри 1979: киҳо ва чаро ба Афғонистон нерӯи низомӣ фиристоданд?
Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ
Баргардон аз форсӣ: Фирдавси Низом
(Идома)
ҚИСМАТИ АВВАЛ: “Муаммо”-и мудохилаи низомии Шӯравӣ
Далели дигари нороҳаткунанда ва таҳриккунанда барои русҳо иборат аз афзоиши ташаннуҷоте буд, ки миёни Шӯравиву Чин падид омад. Чин дар соли 1978 бо Шӯравӣ дар тӯли марзҳояш бархӯрди низомӣ намуд. Дар ҳамон сол ба ҷанги марзӣ бо Ветнам даст зад. Натиҷаи ҳарду адами муваффақияти Чин буд. Ин шикастҳо роҳбарии Чинро дар баробари Шӯравӣ ҳассостар сохт. Дар ҷараёни солҳои 78 ва 79 Иёлоти Муттаҳиди Амрико ба азсаргирӣ ва одисозии равобит бо Чин мубодарат варзид ва дар январи соли 1979 ба судури силоҳ ба Чин оғоз кард, ки то саркӯби тазоҳуроти донишҷӯён дар майдони Тиёнмин идома ёфт. Каме баъдтар чиниҳо ба амрикоиҳо иҷоза доданд, то аз хокҳои он кишвар ба фаъолиятҳои истихборотӣ алайҳи Шӯравӣ бипардозанд. Инҳо заминаҳое буданд, ки тарси роҳбарони Шӯравиро фароҳам меоварданд. Ба вижа, ки Ден Сяопин, раҳбари аршади Чин, савганд ёд карда буд, ки интиқоми шикастҳои кишварашро дар ҳар сурате хоҳад гирифт.
Русҳо фикр мекарданд, ки мухолифони режими халқӣ метавонанд орзуҳои руқабои он кишварро бароварда созанд. Дар ниҳоят Ғарб ба ҳамкории Чин бар Афғонистон мусаллат хоҳад шуд ва амнияти стратегии Шӯравӣ ба чолиш гирифта хоҳад шуд. Ба назари генерал Варенников душмани шумораи як демокрасӣ дар Русия, ки он замон муовини ситод марказии урдуи Шӯравӣ буд: “Амрикоиҳо метавонистанд аз вахомати авзоъ истифода намуда ва аз марзҳои муштараки Афғонистону Шӯравӣ ба суди худ баҳрабардорӣ намоянд, яъне бо насби васоили пешрафтаи электроникӣ, контрол ва андозагирии ҳама барометрҳои озмоишоти рокетӣ, ҳавопаймоӣ ва соири силоҳҳои Шӯравиро ахз ва кашф кунанд”.
Аммо ёфтани иртиботи мустақим миёни вахомати авзои байналмилалӣ ва ҳамла ба Афғонистон низ душвор аст. Оё мешавад масъалаи таҳоҷумро дар матни доктринаи Брежнев тавзеҳ кард? ***
3 - ФАКТОРИ ҲАФИЗУЛЛО АМИН
Бидуни пешдовариҳои сиёсӣ ва ё ҷонибдориҳои салиқаӣ, дар як баҳси таҳқиқӣ ва нақди таърихӣ аз се даҳаи охири Афғонистон мешавад падидаи Ҳафизулло Аминро ба ҳайси омили асосии буҳрону заминларзаи иҷтимоӣ бо вазоҳат навишт. Ба асоси асноди Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Шӯравӣ таҳдидҳои кудатои Ҳизби демократики халқ алайҳи режими ҷумҳурии Муҳаммад Довуд бояд ҷудо аз падидаи Амин набуда бошад, зеро Амин роҳбари низомиёни “халқӣ” аз муҳаббати президент Довуд ба дур монда буд. Талошҳои Амин барои барандозии ҳукумати Довудхон то пеш аз саври 57 (апрели 1978) ва мамониати русҳо аз иқдомоти кудатои вай алайҳи давлати ҷумҳурӣ далели ин иддаост. Он чӣ марбут ба даврони пас аз президент Довуд то ҳамлаи Шӯравӣ мегардад, дар тамоми ҳаводис нақши Ҳафизулло Амин асосӣ ва таъйинкунанда будааст.
Дар мавриди падидаи Ҳафизулло Амин ва иртиботи ӯ бо ҳамлаи Иттиҳоди Шӯравӣ бояд ба ҷустуҷӯи чанд пурсише рафт, ки муддатҳост ҳам зеҳни сиёсиён ва ҳам таҳлилгарону публисистҳои хориҷӣ ва дохилӣ дар мавриди Афғонистонро ба худ масруф сохтааст:
1 - Муносиботи Амин бо КГБ чӣ гуна буд?
2 - Оё Амин ҳимояти ГРУ-ро бо худ дошт?
3 - Ва оё он тавре, ки иддао шудааст, Амин воқеан аҷенти СиАйЭй (CIA, Агентии марказии ҷосусӣ)-и Амрико буд ё хайр?
Нависанда ба ин бовар аст, ки бар асоси тааҳҳуд дар баробари таҳқиқ набояд ба шахсиятҳо бидуни дастрасӣ ба асноди мувассақ барчасп зада шавад. Аммо дар ин мабҳас чун мавзӯи матруҳа бар меҳвари ҳамлаи Шӯравӣ мечархад, бинобар ин, барои ёфтани посухҳои бойиста лозим аст, то иддаоҳои гарду ғуборзада дубора аз даруни матни таърих берун кашида шаванд ва ба ёрии асноди ҷадид баррасӣ ва дар сурати имкон боби як баҳси дигар мафтӯҳ гардад.
Бисёре аз коршиносони масъалаи Афғонистон, ишғоли Афғонистон тавассути Артиши Сурхро бо қатли Таракӣ ва ба қудрат расидани Амин дар иртибот медонанд. Аз асноди архиви Шӯравӣ низ чунин бармеояд, ки Ҳафизулло Амин аз сентябри 1979 ба баъд барои раҳбарии Шӯравӣ ва бахусус, шахси Андропов дигар як чеҳраи номатлубу машкук буд. Аммо шакки онҳо холӣ аз маҳдудият набуд, зеро низомиёни Шӯравӣ, баръакси раҳбарии КГБ, алорағми қатли Таракӣ ба амри Амин боз ҳам болои вай эътимод доштанд. Дар суъэътимодии КГБ навъе тавтеаи берунӣ ва на рақобату ҷоҳталабиҳои типики афғонӣ ба ҳайси синдроми таърихии ин кишвар барозандагӣ дошт.
Дар файсалаҳову баҳсҳои раҳбарии Шӯравӣ дар қиболи қазияи Афғонистон низ мешавад ин ду радаро пайгирӣ кард. То замоне, ки нуфузи мушовирони низомии Шӯравӣ матраҳ аст, мо тамоюле аз гусели қувваҳо намебинем. Аммо бо афзоишу тасбити нақши КГБ шоҳиди рӯйкарди ҷадид дар қиболи қазияи Афғонистон мешавем. Роҳбарони Шӯравӣ дар се фасли соли 1979 чунон мухолифи лашкаркашӣ ба Афғонистон буданд, ки мубодарат ба он иқдомро сабаби эҷоди танишу тахриби муносиботи байналмилалӣ медонистанд. Русҳо ба ин бовар буданд, ки фармони “Инқилоби Савр” дар дастҳои “мутмаин” қарор дорад. Иддаои “итминон”-и онҳоро бояд ба асноди пеш аз кудатои Савр ба ақиб бурд. Бо такя ба номаҳои соли 1974-и Кумита марказии Ҳизби Коммунисти Шӯравӣ дида мешавад, ки роҳбарии он кишвар, бавижа коргузорони КГБ, болои Таракӣ аз муддатҳо пеш эътимоди омму том доштаанд, ҳатто Митрухин дар китобаш номи мустаори Таракиро “Нур” меномад, аммо ин эътимод набояд то дами дастгоҳи ГРУ густариш ёфта буда бошад. Далели он возеҳан дар жарфо ва паҳнои рақобатҳои будааст, ки аз муддатҳо дар миёни ду идораи истихборотӣ дар даруни ҷомеаи Шӯравӣ мавҷуд будааст. (2)
Мусалламан рақобат миёни низомиёни Шӯравӣ дар даруни ду дастгоҳи истихборотӣ (ГРУ ва КГБ) аз муддатҳо пеш ҷараён доштааст. Ҳизби Коммунисти Шӯравӣ бо салоҳияти контролӣ болои он ду дастгоҳ ва созмонҳои дигари истихборотӣ, ҳамзамон ҷузъи ҳавзаи рақобати онҳо буд. Асосан баъд аз солҳои 50-и садаи гузашта аз се дастгоҳи истихборотӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ, ки ба номҳои ГРУ, КИ (Кумитаи иттилоот) ва КГБ ёд мешуданд, ду ниҳод сохта шуд, яъне ГРУ ва КГБ.
Лозим ба ёдоварист, ки дар аксар маворид Идораи истихбороти давлатӣ (ГРУ) аз қудрати густурдатаре дар муқоиса бо Кумитаи амнияти давлатӣ бархурдор буд. Ин қудрат аз эътиборе ношӣ мешуд, ки дар даврони Вазорати маршал Устинов ба ҳайси вазири дифоъ ба вуҷуд омад. Дар он давра буд, ки урдуи Шӯравӣ ба бузургтарин қудрати низомии ҳастаӣ бо қавитарин неруи дарёии ҷаҳон мубаддал гардид, ки ба асри баробарии Шарқу Ғарб, яъне даҳсолае миёни 1966 то 1976 машҳур аст. Дар эҷоди он қудрати низомӣ, нақши Устинов барҷаста буд. Барҳам хӯрдани вазъи сиҳии Брежнев, ки дигар алоқаманди раҳбарии кишвар аз соли 1976-77 ба баъд набуд, Андроповро таҳрик кард, то бо истифода аз заъфи мизоҷи муншии умумӣ, ба тақвияти мавозеи хеш ба кӯмаки КГБ дар даруни ҳизб пардохта ва ҳимояти чеҳраҳои аслии роҳбарии Шӯравӣ, назири Суслов (роҳбарсоз), Косигин, нахуствазир, Громико, вазири хориҷа ва Пономарёв, раиси равобити байналмилалии ҳизбро ба даст овард. Дар натиҷаи афзоиши нуфузи Андропов дар даруни ҳизб ва давлати Шӯравӣ, қудрати вазорати дифоъ ва дастгоҳи истихборотии он ба дараҷаи дувум таназзул кард. Пардохтан ба ҷузъиёт моро аз асли мавзӯъ дар ин унвон мунҳариф месозад.
Ҳоло бубинем, ки рақобатҳои идороти истихбороти Шӯравӣ дар майдони Афғонистон чӣ гуна будааст. Нависанда дар маҷмӯаи мақолоти хеш зери номи “Баргашти хирс” солҳо пеш нишон дод, ки русҳо пас аз истиқлоли Афғонистон барои нуфуз дар ин кишвар аз гузинаҳои мухталиф истифода намуда буданд. Мо ба он мавзӯъ барнамегардем, балки дар ин ҷо мекӯшем, мухтасар дар бораи рақобатҳои дастгоҳҳои истихбороти Шӯравӣ баҳс кунем, ки дар ақиби рӯйдодҳои баъд аз кудатои саратони 1352 ё июни 1973 то 6 ҷаддии 1358 ё 27 декабри 1979 дар Афғонистон бояд қарор дошта бошанд, аммо камтар санаде барои исботи онҳо ироа шудааст.
Ҳамчунон бояд дид, ки нақши амрикоиҳо то пеш аз таҳоҷуми шӯравиҳо ба Афғонистон чӣ будааст? Оё амрикоиҳо кадом стратегияи муайян, он тавре ки русҳо иддао мекарданд ва дар ин авохир Бзежинский низ мегӯяд доштанд ё хайр? (3) Агар оре, пас, ҳадафи онҳо чӣ буд? Даргир сохтани Шӯравӣ дар Афғонистон ё ғарқ кардани он дар ботлоқи Афғонистон? Дар ин баҳс кӯшида шуда, то бо даромад ба ин ду тим, аз ду ҷиҳат мавриди баррасӣ қарор гиранд.
НАХУСТНАҚШИ ИСТИХБОРОТИ ШӮРАВӢ:
Агар қазияи таҳоҷумро сирфан як иқдоми раҳбарии Шӯравӣ бипиндорем, дар он сурат, ба назари нигоранда, пардаи аввали сенарияи он бояд аз мулоқоти Таракӣ ва Брежнев дар сентябри соли 1979 оғоз гардад. Дар он мулоқот буд, ки масъалаи асосӣ, яъне канор гузоштани Ҳафизулло Амин, матраҳ шуд. Зоҳиран мулоқоти Брежнев бо Таракӣ шабеҳи мулоқоти расмӣ ё кории ду роҳбари ду кишвар буд, ки рӯи масоили гуногун сӯҳбат мекунанд. Аммо ин мулоқот чизе болотар аз як сӯҳбати ҷиддиро тақозо мекард, зеро онҳо дар бораи сарнавишти ояндаи роҳбарии “инқилоб” тасмимгирӣ карданд. Онҳо мувофиқа намуданд, то Амин аз қудрат дур шавад. Аммо оё ин тавофуқ ва тасмимгирӣ ҷудо аз ин ки Брежнев чӣ гуна фикр мекард, барои Таракӣ воқеан қобили қабул буд. Ба назари ман, хайр! Зеро қудрати Таракӣ мадюни Амин буд ва ҳамон буд, ки қабл аз марг нисбати боваре, ки ба Амин дошт, қоб (ғилоф)-и соаташро ба ӯ эҳдо кард!
Таракӣ бинобар далоили мухталиф, аз ҷумла камфаҳмӣ аз сиёсатҳои бузург, бояд василае барои иҷрои як тарҳи васеътар қарор гирифта бошад. Дар ақиби ҳаводисе, ки дар пайи тавофуқи Таракӣ дар бораи барканории Амин то баргашти вай ба Кобул ва баъди суъиқасд алайҳи ҷони Амин дар ҳузури сафири Шӯравӣ ва барканории сафири Шӯравиву генералҳои дигар, то ба қудрат расидани Амин сурат гирифт, мешавад як навъ амалиёти операвтивии истихборотиро мушоҳида кард. Агар марги Таракӣ барои Брежнев такондиҳанда ва отифабарангез буд, ки муҳим ҳам набуд, аммо барои касоне, ки “сенария”-и ҳамларо “навишта” буданд, даврони амал оғоз шуд. Тағйироти оҷиле, ки дар кадри истихборотӣ ва мушовирони Шӯравӣ дар Афғонистон ба иҷро гузошта шуд, дуруст дар ин самт ва ба ин ҳадаф буд. Генералҳои марбут ба Идораи истихбороти давлатӣ ба суръат ба Москва фаро хонда шуданд ва ҳатто ба бознишастагӣ савқ гардиданд. Андропов аз ақиби "сангар” берун баромад ва тағйири ақидаашро бо мувофиқат ба густариши фаъолияти КГБ дар Афғонистон иброз дошт.
Агар Брежнев қатли Таракиро силии маҳкам ба рӯи худ пиндошт, барои Андропов як даврони озмоиши ҷиддӣ барои боло рафтан то охирин нуқтаи аҳроми қудрат фаро расид. Мумкин аст ин савол матраҳ шавад, ки қатли Таракӣ бо тасоҳуби аҳроми қудрат дар Шӯравӣ чӣ иртиботе дошт? Бидуни шак, иртиботи он мустақим буд, зеро ҳамон тавре, ки дар рӯйдодҳои Афғонистон дасти КГБ боз мешуд, дар даруни ҷомеа ва раҳбарии Шӯравӣ низ хитаи амалии он густариш меёфт. Бозии хеле зарифу дурандешонаи сиёсӣ, ки ҳам мунҷар ба канора задани руқабои Андропов шуд ва ҳам Брежневро ба сӯи як моҷароҷӯӣ бо истифода аз эҳсосоташ тела дод. Шакке нест, ки Андропов поёни ин моҷароро ба хубӣ муҳосиба карда буд ва медонист, ки масъулияти он мутаваҷҷеҳи раҳбар хоҳад шуд. Ва ҳар гоҳе ки ӯ лагоми қудратро ба даст бигирад, бидуни ишкол метавонад, лакаи моҷароҷӯйи Брежневро аз тариқи баргашт додани қувваҳо пок кунад, бидуни ин ки пои худаш дар қазия дохил бошад. Аммо дар даврони тасоҳуби қудрат Андропов баҳои плонашро аз тариқи сӯъиқасд ба ҷонаш пардохт. Санади (2) Бюрои сиёсӣ нишон медиҳад, ки чӣ гуна дар ҷиҳати ҳамворсозии замина барои таҳоҷум кор сурат мегирифт.
Брежнев, ки рӯи дигари сиккаро намедонист, аз кушта шудани Таракӣ дар хашму ғазаб буд ва амали Аминро навъе тавҳин ба худ медонист. Андрей Громико дар яке аз хотироташ нигошт: “Қатли Нурмуҳаммад Таракӣ муншии умуми Кумитаи марказии Ҳизби демократики халқи Афғонистон, фазои муносиботи Амин ва роҳбарии Шӯравиро беш аз пеш тахриб кард... Ин амали хунин, бахусус, болои Брежневи дар ҳоли назъ таъсири ниҳоят манфӣ дошт”. Брежнев, ба гуфтаи Громико, зимни як мулоқот бо Валери Жискар д'Эстен, раисҷумҳури Фаронса дар сентябри 1980 ёдовар шуд, ки: “Президент Таракӣ дӯсти шахсии ман (Брежнев) буд. Ў дар моҳи сентябри 1979 ба меҳмонии ман омад. Аммо баъд аз баргашти дубора ба ватан тавассути Ҳафизуллоҳ Амин ба қатл расид. Ин амали Аминро ман ҳаргиз намебахшам”. (4)
Ҳамчунон Жискар д'Эстен, худ аз мулоқоташ бо Брежнев дар соли 1980 чунин ба хотир меоварад, ки: “Роҳбарии Шӯравӣ дар он замон далели эъзоми қувваҳо ба Афғонистонро дар он медонистанд, ки агар онҳо ба он ҷо марш намекарданд, дар январи соли 1980 имкони истиқрори давлати мухосими алайҳи Шӯравӣ муяссар буд”. (5)
Манобеъи Шӯравӣ ва русӣ менигоранд, ки: “Басуръат пас аз кушта шудани Таракӣ муносиботи Афғонистону Шӯравӣ, бино ба далоили маъруф, яъне нақши мустақими сафири Шӯравӣ ба иддаои Амин ва ҳамкорони наздикаш дар роҳандозии террор алайҳи ҷони Амин, ба сардӣ гароид. Амин, ки аз муддатҳо қабл сафири Шӯравӣ Пузановро ҳомии парчамиҳо медонист, бо истифода аз масъалаи террор вайро чеҳраи номатлуб хонд ва хостори таъвизи вай гардид. Русҳо барои пешгирӣ аз такрори таҷориби Миср дар соли 1972 ва Сомали дар соли 1977 ба фиреб додани Амин оғоз карданд. Онҳо хоҳиши ӯро бо фиристодани Фикрат Аҳмадҷонович Табеев ба ҳайси сафири ҷадид бароварда сохтанд. Ҳамзамон барои ҷилавгирӣ аз як шикасти геополитикӣ ва маҳор сохтани Амин ба хостҳои вай аз ҷумла мулоқот бо Брежнев ва гусели қувваҳо ва ёриҳои низомӣ посухи мусбат доданд. Вале дар айни ҳол чун Аминро намояндаи Ғарб мепиндоштанд, ба тамҳидот барои барканории вай ва низ дарси ибратдиҳӣ ба Ғарб, бидуни лаҳзае диранг мепардохтанд.
Дар робита ба амрикоиҳо, аз он ҷое ки чеҳраҳои муҳими давлатии он замони Амрико, аз ҷумла Бзеженский иддао кардаанд, ки онҳо мутамоил буданд, то русҳоро ба Афғонистон бикашонанд. Пас, бояд дид, ки ин гуна иддаоҳо аз куҷо сарчашма мегирифтанд? Оё амрикоиҳо болои Амин ҳисоб мекарданд ва ба вай вазоифи хосе ҷиҳати афгандани русҳо ба талаи Афғонистонро супурда буданд? Ва ё мехостанд, то аз тариқи кӯмак ба муҷоҳидини исломгарои Афғонистон Осиёи Миёнаи Шӯравиро бесубот созанд? Ва билохира он тавре, ки дар ҳалақоти муайяни Шӯравӣ иддао мешуд, Ҳафизулло Амин воқеан дар хидмати истихбороти Амрико буд? Албатта, посух ба ин пурсиш душвор аст. Аммо Буковский, яке аз коркунони собиқи КГБ иддао мекунад, ки номи мустаори Амин дар назди истихбороти Шӯравӣ “Козим” будааст. (6) Дар листи Митрухин низ чунин номе мавҷуд аст. (7)
Он чи, ки зоҳиран заминаи нигаронии русҳоро фароҳам месохт, иборат аз манёврҳое буд, ки Амин миёни намояндагони дипломатии ғарбӣ ва шӯравиҳо анҷом медод. Дур аз эҳтимол нест, ки вай мехост, то аз шӯравиҳо имтиёз бигирад ва ба ивази шак, мустақиман бо вай канор оянд. Куштани Таракӣ ба асоси фарзияи боло шояд идомаи сенарияи русҳо буда бошад ва ё шояд ҳам ғазаби Амин.
Аммо ба ҳар ҳол иқдоми нобудсозии “раҳбари кабир” тавонист Аминро аз нақши дувумӣ ба аввалӣ боло бибарад. Масъалае саволбарангез нест, ки агар Амин ба дӯстӣ бо Шӯравӣ вафодор намебуд, пас чӣ гуна мувофиқа намуд, ки асокири Шӯравӣ дохили Афғонистон шаванд. Полковник Абртос Косинос, мушовири русии сарфармондеҳи ситоди олӣ ё луидристизи dазорати дифои Афғонистон, Яъқуб, аз ҳамкории ому томи Абдуллоҳ Амин дар сафаҳоти Шимол барои гузари қувваҳо аз марз ёдовар мешавад. (8) Владимир Миронов, коршиноси Афғонистон, яке аз хотироташ дар бораи Аминро дар яке аз мусоҳибаҳои чопнашудааш барои ҳафтаномаи “Ахбор ҳафта”-и чопи Кобул дар соли 1990 чунин ёдовар шуд, ки: “Борис Пономарёв, раиси равобити байналмилалии Ҳизби коммунисти Шӯравӣ зимни мулоқот бо Ҳафизулло Амин дар вазорати хориҷа аз вай дар бораи китобҳои дохили рафаи вай, ки ҳама осори Сталин буданд, пурсид. Амин посух дод, ки Сталин барои вай улгу аст. Замоне, ки Понамарёв ба вай тавсия кард, то беҳтар аст, осори Ленинро мутолиа кунад, Амин гуфт, тарҷеҳ медиҳад, то Сталинро бихонад”. (9)
Он чи мусаллам аст ин ки Амин як диктатори қавмгаро буд, ки дар истифода аз шеваҳои сталинистӣ раҳбарӣ ва мудирият ҳеҷ нигаронӣ ва тардиде ба худ роҳ намедод.
Ба ҳар ҳол Митрухин, нависандаи китоби “КГБ дар Афғонистон” менигорад, ки: “Дар ноябри соли 1979 маркази агентии КГБ дар Кобул гузорише унвонии Брежнев фиристод ва дар он аз тағйири сиёсати хориҷии Афғонистон ба сӯи рост ва наздикӣ бо Амрико ҳушдор дод. Дар ин ҷараён Амин чандин бор бо масъули умур (chargé d'affaires)-и Амрико дар Кобул мулоқот намуда буд, бидуни ин ки русҳоро аз мӯҳтавиёти сӯҳбатҳояш мутталеъ созад”. (10)
Диего Кордовез ва Салиг Ҳаррисон низ аз мулоқотҳои пайиҳами Амин бо Адолф Добс ёдовар шудаанд, (11) аммо оё ҳамаи инҳоро мешавад ба ҳисоби вобастагии Амин ба CIA баршумурд?
Аз тарафе набояд фаромӯш кард, ки русҳо дар он замон дар тамоми сутӯҳи кишвари Афғонистон аз мушовир то агент ва афроди хабарчин доштанд, ки метавонистанд ҳар иқдомеро дар тамоми қадамаҳои мулкӣ ва низомӣ таҳти контрол дошта ва ҳар иттилоеро бо тафсил дарёфт бидоранд!
Стив Кол дар китоби “Ҷанги ашбоҳ” менависад: “Барои дипломатҳои амрикоии муқими Кобул, Амин як диктаторе буд, ки ҳамзамон масъули қатли Адолф Добс (дар акс) низ шумурда мешуд. Ҳатто онҳо аз шоеъот дар бораи агенти CIA будани Амин низ мутталеъ буданд”. (12)
Вай дар идома менигорад: “Дабс қабл аз маргаш аз масъули CIA-и худ пурсида буд, ки оё ончунон ки шоеъ аст Амин воқеан агенти CIA аст? Вай дар посух гуфта буд, ки Амин ҳеҷ гоҳ дар CIA кор накардааст. Ин ҳарфҳоро баъдтар Ҷеймс Брюс Амстутз, ки дар он замон муовини Адолф Добс буд ва баъдтар, пас аз қатли Добс, масъули умури сафорати Амрико дар Кобул муқаррар гардид, бароям қисса кард”. (13)
Нависандаи китоб ҳамчунон аз забони Амстутз нақл мекунад, ки: “Афсарони бахши Шарқи Наздики CIA ба ман (Амстутз) гуфтаанд, ки Амин низ бо мо дар тамос буд ва низ аз мо ҳуқуқ дарёфт мекард. Ҳамчунон гуфта шуда, ки замоне, ки Амин дар Ню-Йорк иқомат дошта ва низ баъд аз он, ба ҷуз аз кадом сӯҳбати тасодуфӣ бо вобастагони CIA, он ҳам дар даъватҳои дипломатӣ, аз иртиботи муназзами вай нишонае дар даст нест”. (14) Аммо Стив Кол барои ҳифзи бетарафиаш дар идомаи китоб мегӯяд, ки: “То ҳол кадом санаде пайдо нашуда, ки сиҳат ва сақми ин ҳарфҳоро ба исбот бирасонад”. (15)
Амстутз дар хазони сарнавиштсози соли 1979 ҳудуди 5 бор бо Ҳафизулло Амин мулоқоти хусусӣ дошт, вале сӯҳбатҳояшон фоқиди кадом натиҷаи малмус будааст... Амстутз Аминро як раҳбари ситезаҷӯ, ғайри қобили созиш ва инъитофнопазир, аз ҷумла дар баробари амрикоиҳо меёбад. Ба пиндори вай, Амин, ки ду бор натавонист дар имтиҳони доктории Донишгоҳи Колумбия муваффақ шавад, далели онро амали амдӣ мепиндошт ва адами муваффақияти худро навъе таҳқиру иҳонат алайҳи хеш талаққӣ мекард. Баъдҳо ин масъала уқдаҳоеро дар даруни ӯ ба вуҷуд овард, ки мунҷар ба душманӣ бо амрикоиҳо гардид. Амин ҳатто озурдагии хешро бидуни таҷоҳул ба Амстутз иброз медошт”. (16)
Уқдаҷӯӣ ва баҳонаҷӯиҳои ношӣ аз эгосентризм ба ҳайси вижагии равонии Амин, як баҳси ҷудои равоншиносона аст, ки ба ин унвон иртибот надорад. Аммо уқда дар Шарқ падидаест омм, ки бо истибдоди ба ҳам омехта ва хушунат, вайронӣ ва кушторҳои бузургро зода аст. Намунаҳои дигари баҳонаҷӯии Амин, ки аз назари равоншиносӣ онро навъе хислати бачагона медонанд, дар ҳодисаи талоши нофарҷоми суъиқасди ҳамкорони Таракӣ алайҳи ҷони вай ҳувайдо гардид. Амин дар он ҳодиса сафири Шӯравиро муқассср донист ва бо шӯравиҳо аз роҳи қаҳру ноз дохили ҷанги заргарӣ шуд.
Чизе, ки дар ин баҳсҳо пурсишзост, ҳамоно дилчаспӣ ва гарм гирифтани беҳадди Адолф Добс ва Амстутз бо Амин аст, ки дарёфти посух ба онҳо зарурат ба замон дорад. Дар ин ҷо бояд ду масъала аз ҳам тафкик шаванд: яке, баҳс рӯи масъалаи талошҳои Амин аз тариқи фаъолиятҳои густурдаи сиёсӣ ҷиҳати таъмини иртиботот бо давлатҳои мухолифи Шӯравӣ ва дигар пардохтан ба фаъолиятҳои CIA дар Афғонистон.
Стив Кол менависад: “Агентҳои CIA дар Кобул зиёдатарин таваҷҷуҳашонро мутаваҷҷеҳи шӯравиҳо карда буданд. Онҳо ба коммунистҳои афғонӣ чандон алоқа надоштанд. Вазифаи аслии коркунони CIA дар Афғонистон, кашф ва шиносоии силоҳҳои Шӯравӣ буд, ки дар дасти афғонҳо қарор дошт. Ҳамчунон онҳо мекӯшиданд, то агентҳои КГБ-и блоки Шарқро, ки дар Афғонистон масруфи кор буданд, дар хидмати хеш қарор диҳанд”.
Натиҷаи ин кори CIA боис шуд, ки онҳо низ кудатои апрели соли 1978 ва низ рухдодҳои баъдии Афғонистонро дар мавқеъ пешбинӣ намоянд. Баъд аз кудатои Савр, Томас Торнтон (Тhomas Тhornton) агенти хоси CIA дар соли 1979 дар Афғонистон, ба пурсиши Бзежинский, ки “Шӯравиҳо дар Афғонистон чӣ мекунанд?”, тайи нигориши меморандуме дар сентябри ҳамон сол посух дод, ки “Мо воқеан чизе намедонем”. (17)
Аз сӯйи дигар мо дар остонаи ҳамлаи Шӯравӣ мебинем, ки “амрикоиҳо масруфи тарҳи роҳбурдҳои ҷадид дар бораи Афғонистонанд. Стив Кол менигорад, ки чанд рӯз қабл аз юриши русҳо ба Афғонистон ва кушта шудани Амин, Бзежинский ба Ҷими Картер пешниҳод кард, то стратегияи Амрико дар робита ба Афғонистон тадвин шавад. Ба назари вай, Амрико бояд ба шӯришён, ки ғайримуназзам, заиф, фоқиди нуфуз ва силоҳанд, дар ваҳлаи аввал кӯмакҳои сиҳӣ намояд. Баъд онҳоро созмондиҳӣ намуда, сипас ба онҳо тактикаҳои низомӣ омӯзиш диҳад ва дар марҳалаи баъдӣ бояд кӯмакҳои кишварҳои арабӣ барои онҳо ҷалб ва пойи Чин дахил гардад”. (18)
Дар шабе, ки шӯравиҳо даҳлез ба даҳлез дар пайи дастгирӣ ё қатли Амин буданд, Бзежинский хутути асосии плонашро аз тариқи CIA тавре тарҳ кард, ки метавонист то даҳ соли оянда ба самар бинишинад. Вай мегуфт, ки: “Ҳадафи аслии мо нест, то шӯравиҳоро ба Афғонистон бикашонем”. Як ҳафта баъд аз 27 декабри соли 1979, ин ҳадафро дар як меморандум чунин ташреҳ кард, ки: “Агар ҳадафи мо комилан ҳам қобили дастрасӣ набошад, боз бояд кӯшид, то зиндагиро барои шӯравиҳо дар Афғонистон душвор намоем”. (19)
Ҷои шак нест, ки Афғонистон солҳо майдони русҳо ва истихбороти он буд. Листи номҳои мустаори вобастагони афғонии КГБ ба асоси китоби Митрухин, ки ба садҳо нафар мерасанд (20) нишонае аз умқи нуфузи Шӯравӣ дар Афғонистон буд. Бино бар ин, ба асоси муҳосиботи шӯравиҳо афғонҳо ҳаққи “нофармонӣ”-ро надоштанд. Анатолий Добринин, дарозмуддаттарин сафири Шӯравӣ дар Амрико ва аз замони Горбачёв раиси равобити байналмилалии Ҳизби коммунисти Шӯравӣ, дар яке аз хотироташ нигошт: “Андропов фикр мекард, ки дар сурати адами дифоъ аз “Инқилоби Савр”, Афғонистон ба пойгоҳи Ғарб, проекти Туркияи бузург ва насби рокетҳои Круз ва Першинг мубаддал хоҳад шуд”.
Аммо тарси русҳо аз интригаи CIA ва нуфузи Ғарб он қадар ҳам ғайримуваҷҷаҳ набудааст.
Бзежинский дар ин бора мегӯяд: “Бад-ин гуна дида мешавад, ки амрикоиҳо низ ба ин пурсиш, ки оё қасд доштанд, то аз Амин ва сиёсатҳояш ба нафъи хеш баҳрабардорӣ намоянд, посух надодаанд. Мумкин далели он ин бошад, ки агар онҳо воқеан тарҳи тағйири сиёсати Амин ва чархиши он ба нафъи Амрикоро дошта буда бошанд, ҳар гоҳ ин масъаларо ифшо ва таъйид намоянд, пас ба ҳамлаи Шӯравӣ ба Афғонистон хислати қонунӣ ва машрӯъ додаанд. Аз сӯи дигар, русҳо бо дарки ин ки натиҷаи гармии муносиботи Амин ва Дабс паёмадҳои фоҷиабор барои онҳо хоҳад дошт, бинобар ин, шояд ба ҳимоят аз ихтитофи сафири Амрико чароғи сабз равшан карда бошанд. Ҷои шак нест, ки дар ҳамла барои наҷоти ҷони Дабс машвараи мушовирини Шӯравӣ дахил будааст. Қатли Дабс бузургтарин зарба бар шаклгирии муносиботи Амин ва Амрико буд. Агар ҳамаи ин сенарияҳо дуруст бошанд, дар он сурат қатли Дабс аввал боиси ҷилавгирӣ аз наздикии муносиботи Амрико бо Афғонистон гардид, дувум аз асари ибои узрхоҳии Афғонистон аз ҳодисаи қатл, ҷуз беэътимодӣ ва сардӣ бар равобити ҳарду кишвар муставлӣ шуд; Ва севум мавозеи ҷонибдорони Шӯравӣ ҳукумати халқиро муваққатан тақвият кард. Амин бо нобудии Таракӣ хост ба ин бетаносубӣ поён диҳад”. (18)
Мо дар тамоми соли 1979 бо як парадокс аз рӯйдодҳо бармехӯрем. Дар як сӯй Амину Таракӣ (дуввумӣ бештар) муштаракан мехоҳанд, то қувваҳои Шӯравӣ дар Афғонистон мустақар шавад ва аз сӯи дигар Амин бо Ғарб дар тамос аст. Агар чунин пиндошта шавад, ки хости Амин наздикӣ бо Ғарб ва хости Таракӣ истиқрори қувваҳои Шӯравӣ дар Афғонистон будааст (19), пас, Амин набояд аз раҳбарии Шӯравӣ пас аз қатли Таракӣ тақозои гусели горди муҳофизатиро мекард, зеро ҳар одами оқил медонад, ки дар чанбари муҳофизини бегона инсони масъуне нест. Аммо инкор мешавад ва 500 нафар асокири “умури хос”-и мулаббас ба либоси афғонӣ ба асоси дастури Андропов барои ҳифзи амнияти қасри Теппаи Тоҷбек меоянд, ки баъд аз каме бештар аз як моҳ рӯҳи Аминро қабз мекунанд.
Ба ҳар ҳол ангезаи тасмимгирии раҳбарии Шӯравӣ зоҳиран як моҷароҷӯии чанд пирамарди бемор талаққӣ метавонад шавад, ки интиқомҷӯӣ низ муҳаррики он будааст, аммо дар ақиби он муборизаи қудрат дар даруни ҷомеаи Шӯравиро низ мешавад дид. Беплонии раҳбарони Шӯравӣ барои Афғонистон, ки дар асноди зидду нақиз онҳо ба ҳайси мусавваботи Бюрои сиёсӣ ба таърихи 27 декабри соли 1979 содир шуда ин иддаоро таъйид мекунад. Баргардони мутун дар замимаи ин навиштааст, ки ба тартиб нашр хоҳад шуд. Ҳатто ҳарфҳое дар бораи ишғоли Афғонистон ҷиҳати дастрасӣ ба обҳои гарми Ҳинд ва ё ишғоли манотиқи нафтхези Халиҷи Форс, ҷуз тасаввуроти ғалат ва миёнтиҳӣ чизи дигаре нест, зеро иҷрои чунин тарҳҳо аз ақли раҳбарони солхӯрдаи Шӯравӣ ба дур будааст. Пас, мемонад масъалаи дарси ибрат. Онҳо омаданд, то ба Амин дарси ибрат бидиҳанд, аммо худашон дар баргашт онро гирифтанд.
Алорағми ин ки кишвар ва мардуми мо қурбонии рақобатҳои ду абарқудрат шуд, он чӣ то дерзамон торик хоҳанд монд, иборат аз тадовуми достони таҷовуз ва ё ба дом афтодани русҳо дар талаи Афғонистон аст. Мумкин аст ҳалқаи асосии далели таҷовуз барои ҳамеша мафқуд боқӣ бимонад.
(**) Мутарҷими китоби “Довудхон дар чанголи КГБ”- оқои Сайид Таиб Ҷавод дар баъзе аз сӯҳбатҳояш дар мавриди ин созмон ишороте доштаанд, аммо корҳои таҳқиқӣ дар бораи нақши ГРУ то акнун надоштаем.
(***) Доктринаи Брежнев, ки ҷуз доктринаи ленинии тавсеаталабӣ нест, муфассалтар дар оянда ба ин мақола изофа хоҳад шуд ва ҳамчунон файсалаи конфронси соли 1974 Паймони Варшава, ки мутобиқи он тарҳрезӣ шуда буд.
Пайнавиштҳо:
2 - Zbigniew Brzezinski, LES REVELATIONS D'UN ANCIEN CONSEILLER DE CARTER.
3 - Асноди Архиви Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Шӯравӣ ба забони русӣ.
4 - Шубин, Александар. Война в Афганистане, Москва, 1991.
5 - Ҳамон ҷо.
6 - Jahre des Umbruch. Afghanistan; Bukovski, Teil V, 1995.
7 - Vasiliy Mitrokhin. The KGB in Afghanistan. Working Paper No. 40, Washington, D.C. February, 2002.
8 - Абартас Касинас, Революция Вентовки и танка, Спутник, Москва, 2/1991.
9 - Ёддоштҳои шахсии нависанда.
10 - Vasiliy Mitrokhin. The KGB in Afghanistan. Working Paper No. 40, Washington, D.C. February, 2002. Ҳамон ҷо.
11 - Ҳақоиқи пушти пардаи таҳоҷуми Шӯравӣ бар Афғонистон, Муаллифин: Диего Кордовез ва Салиг Ҳаррисон, мутарҷим Абдуҷҷаббор Собит, ҷилди аввал, маркази нашароти “Майванд”, чопи аввали 1375, саҳ. 67.
12 - Steve Coll, Ghost Wars: The Secret History of the CIA, Afghanistan, and bin Laden, from the Soviet. Invasion to September 10, 2001. Merrill House, New York, Carnegie Council Books for Breakfast, 3/1/04,pp. 47-52.
13 - Ҳамон ҷо.
14 - Ҳамон ҷо.
15 - Ҳамон ҷо.
16 - Ҳамон ҷо.
17 - Ҳамон ҷо.
18 - Ҳамон ҷо.
19 - Ҳамон ҷо.
20 - Memorandum for The Securetary of Stats, Jan 1980.
21 - Vasiliy Mitrokhin. The KGB in Afghanistan. Working Paper No. 40, Washington, D.C. February, 2002. Листи охири китоб.
22 - Асноди лонаи ҷосусии Амрико.
23 - Ҳақоиқи пушти парда ... Ҳамон ҷо.
Манобеи бештар:
1 - Allan, P., Kläy, D., Zwischen Bürokratie und Ideologie. Entscheidungsprozesse im Moskauer. Afghanistankonflikt. Bern u.a 1999.
2 - Allan, P.Sowjetische Geheimdokumente zum Afghanistankrieg. 1978-1991. Zürich 1995.
3 - Аллан, П. Афганистанский Капкан, провда о советском вторжении, Москва, 1999.
4 - Корниенко. Г, холодная Война. Свидетелъство её Участника, Москва, 1994.
5 - Шубин, Александар, От Застоя к Реформам . СССР в 1917- 1985 гг., Москва, 2001.
6 - Ляховский, А. Забродин, В., Тайна афганской Войны, Москва, 1991.
7 - Асноди лонаи ҷосусӣ , шумораи 30, Афғонистон (2), маҳалл ва соли чопи номаълум!