Киҳо ва чаро ба Афғонистон нерӯи низомӣ фиристоданд?
Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ
Баргардон аз форсӣ: Фирдавси Низом
Пас аз гузашти наздик ба ним қарн, ҳанӯз пурсиши асосии иллати гусели Артиши Сурх ба Афғонистон ба ҳайси муаммо боқӣ мондааст. Аснод ва шавоҳиде, ки нияти аслии тасмимгирии раҳбарии Шӯравӣ барои ишғоли Афғонистонро равшан бисозад, камтар дар дастрасанд. Он чи то ба ҳол аз бойгонӣ (архив)-и Бюрои сиёсӣ ва Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Шӯравӣ берун омадаанд, посухдиҳандаи пурсиши аслӣ нестанд. Иттико ба чанд санади Ҳизби коммунисти Шӯравӣ моро бештар ба сӯи ҳадсу гумонҳо мекашонад, то дастрасӣ ба ҳақоиқ. Таърихнависони мо бояд барои ёфтани посухи асосӣ ба рӯйдодҳое, ки таърихи моро мунқалиб ва такомул, иртиқои ҷомеаи моро вожгун кард, даҳаҳо интизор бикашанд, то асноди дорои аҳамияти стратегӣ, аз зиндони бойгониҳои Русия озод гарданд. Як чиз ба ҳайси факти таърихӣ мавҷуд аст ва он таҳоҷуми Шӯравӣ ба Афғонистон бо тамоми паёмадҳои ногувори он.
Дар ин унвон сайъ шуда, то иллати гусели қуво аз завоё ва абъоди мухталиф, бидуни истинтоҷи ниҳоӣ, матраҳ гардад. Ин навишта чанд санади бикреро, ки ҷузъе аз асноди бойгонишудаи Ҳизби коммунисти Шӯравӣ дар мавриди Афғонистон мебошанд, ба ҳамроҳ дорад, ки барои таърихнигории муосири мо муҳиманд. Вижагии онҳо дар ин аст, ки бисёре аз онҳо дар китоби “Асноди махфии Иттиҳоди Шӯравӣ дар бораи ҷанги Афғонистон 1978 1991” (1) мавҷуд нестанд.
(*) Лозим дониста шуд, то барои равшангарии гӯшаҳои торики густариши нуфуз ва мудохилоти Шӯравӣ дар Афғонистон, асноде аз ҷумла мусавваботи соли 1974 – и Ҳизби коммунисти Шӯравӣ дар бораи сафари президент Муҳаммад Довуд ба Шӯравӣ ва дастури ваҳдати ҳарду ҷиноҳи Халқу Парчам, ки унвони раҳбарони онҳо нигошта шуда, то суқути президент Наҷибулло замимаи ин унвон гарданд, ки ниҳоятан баёнгари бакоргирии шигирдҳои мухталифи русҳо дар Афғонистон мебошанд. Аммо назар ба маҳдудияти баргаҳои нашрия, чопи онҳо, ба изофаи хотироти шахсиятҳои сиёсӣ ва низомии Шӯравӣ ва атрофиёни Амин, ба шумораҳои баъдӣ супурда мешавад.
Дар бораи ҳамлаи Шӯравӣ ба Афғонистон, он чи ки то ба ҳол нигошта шуда ва чандтои онро ба форсии дарӣ баргардонидаанд, дар мавзуи иллати гусели қуво, ду навъ тамоюл дида мешавад: яке, асарпазирӣ аз “ҷанги сард” ва дигаре дар фазои фориғ аз рӯёрӯии идеологӣ ва бар маҳакҳои таҳқиқиву коршиносона.
Осоре, ки то қабл аз измиҳлоли иттиҳоди Шӯравӣ нигошта шудаанд, бештаринашон рӯи ҳадсу гумонҳо устуворанд, ки обишхӯри он ҳамон “ҷанг сард” будааст. Дар ин осор зиёдтар кӯшида шуда, то ба таҳоҷум ранги идеологӣ дода шавад, ҷилавгирӣ аз нуфузи “империализм” ва пирӯзии “зиддиинқилоб” дар як сӯ ва султаҷӯии “императории шарр” ба ҷиҳати тавсияталабӣ барои расидан ба обҳои гарм дар дигар сӯ.
Баҳсҳои коршиносона умдатан баъд аз суқути Шӯравӣ ва дар авоили раёсатҷумҳурии Борис Елитсин, яъне замоне, ки бахше аз бойгонии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Шӯравӣ ба рӯи коршиносон боз шуд ва дар натиҷа китоби Олан Пер ба номи “Асноди махфии Иттиҳоди Шӯравӣ дар бораи ҷанги Афғонистон 1978-1991” интишор ёфт, оғоз мешавад. Китоби Василий Митрухин ба номи “КГБ дар Афғонистон” ва дигар асноду мусоҳибаҳои раҳбарони мулкиву низомии Шӯравии собиқ уфуқи ҷадидеро дар бораи ҷанги Афғонистон боз намуд. Ба мувозоти дастрасии бештар ба аснод моҳияти таҳлилҳо низ дигаргун гардид. Ба таври густурда ин бархӯрдро мешавад дар бисёре аз осори коршиносони масъалаи Афғонистон дар Ғарб мушоҳида кард. Аммо онҳо ҳанӯз ҳам дар мавриди нақши Ғарб ва бавижа Иёлоти Муттаҳиди Амрико дар қазияи Афғонистон, назариёти дарҳаму барҳам ироа мекунанд. Ҳамчунон талошҳое ҳам сурат гирифта, то қазияи таҳоҷум аз манзари авомили сиёсӣ ва ё иқтисодӣ арзёби шаванд, аммо ҳанӯз фоқиди далоили пояӣ барои истидлолҳояшон мебошанд. (1)
Рӯйкарди коршиносони русӣ дар қазияи гусели қуво ҳанӯз ҳам бар ривоятҳои даврони ҳокимияти Шӯравӣ устувор аст. Набуди биниши интиқодӣ монеи дастрасӣ ба ҳақоиқу дарёфтҳои асосӣ шудааст. Ҳар он чӣ ифшогарӣ дар бораи ҷанги Афғонистон будааст, умдатан ба осоре бармегардад, ки дар оғози даҳаи 90-и садаи гузашта ба чоп расидаанд. Ин вазъ бо нигориши китобҳои генералҳои русӣ дар ҷиҳати тавҷеҳи таҳоҷум тағйир ёфт ва ҳатто дар ин авохир, яъне дар моҳҳои январу феврали соли 2005, телевизиони марказии Русия дар сериоли телевизионӣ, ки дар бораи Брежнев ба намоиш гузошт, кӯшиш намуд, ки Брежневро дар мавриди гусели қуво бароат диҳад.
Пас, тарҳи саволи асосӣ, ки чаро қувваҳо ба Афғонистон фиристода шуд, ҳанӯз аз мубрамияти хос бархурдор аст. Дар ин ҷустор кӯшиш шуда, то на танҳо далоили гуногуне, ки мунҷар ба фиристодани қуво шудааст, ҷамъбандӣ гарданд, балки бо ироаи асноду мадорики ҷадид заминаи бознигарии масъала дар абъоди нав ба миён ояд.
1 - ФАКТОРИ ДОХИЛӢ
ДАР АКС: Алексей Косигин ва Юрий Андропов мухолифи вуруди нерӯҳо ба Афғонистон буданд.
Аз назари таҳлилӣ пардохтан ба вазъияти дохилии Афғонистон дар саросари соли 1979 моро каме аз мавзӯъ ба дур месозад, зеро ҳадаф ин аст, то нишон дода шавад, ки бардошти русҳо аз вазъияти дохилии Афғонистон чӣ будааст. Аз ёддоштҳо, навиштаҳо, назариёт ва асноде, ки то ҳол дар дастанд, чунин бармеояд, ки раҳбарии Шӯравӣ дар ҷараёни соли 1979 мутарассиди инкишофи авзоъ дар Афғонистон буда ва нигаронияшонро аз табдили давлати “дӯст”-и Афғонистон ба “душман” кетмон мекарданд. Гузоришоти мушовирини Шӯравӣ дар Афғонистон, дар он даврон саршор аз таноқузотанд. Баъзеҳо давлати “халқӣ”-ро дар баҳбуҳаи ишғол дар ҳолати суқуту тасоҳуби қудрат тавассути шӯришиёнро пешбинӣ мекарданд ва иддае дигар вазъро начандон бад тарсим менамуданд. Он чи ки барои нависанда дар ин гузоришот ҷолиб будааст, ин аст, ки низомиён ва вобастагони ГРУ, яъне Идораи истихбороти давлатӣ ё Истихбороти низомии Шӯравӣ авзоъро беҳтар ва хушбинона гузориш мекарданд, дар ҳоле ки вобастагони КГБ ва Идораи Аввал ба номи истихбороти хориҷӣ, аз фаро расидани суқути режим ва густариши нуфузи Амрикову Чин хабар медоданд. Лозим ба ёдоварист, ки дар кори таҳқиқотии мо дар мавриди омилини нуфузи Шӯравӣ дар Афғонистон, тақрибан камтарин таваҷҷуҳ ба нақши ГРУ шудааст, баъзе аз тавзеҳоту тафсирҳо аз ин амр мустасност** ба вижа, ки ин дастгоҳ дар урдуи модерни Афғонистон ва низ созмонҳои кӯчаки сиёсӣ, ки дафтарчаҳои онҳо пас аз хурӯҷи асокири Шӯравӣ аз Афғонистон ба ХОД таслим дода шуд, нуфузи фавқулода доштааст.
Кудатои Савр ва дар пайи он диктатории низоми идеологӣ аз оғоз дучори буҳрони дугона гардид: яке, буҳрони машрӯъияти бурунӣ ва дигаре буҳрони ихтилофоти дарунӣ аз асари шигофҳои пайдарпай дар дохили режим. Ба зудӣ тасфияҳои ҷамъӣ ва фардии режими “халқӣ”, “тӯдаҳои заҳматкаш”-ро алайҳи давлати “заҳматкашон” қарор дод.
Ба мувозоти ташдиди ташаддуд ва тазъиқоти режим, қиёмҳои мардум низ афзоиш меёфт. Авҷи хезиши мардум алайҳи истибдоди режим дар ҳути 1358 ё марти соли 1979 дар Ҳирот ба вуқӯъ пайваст. Ин қиём як пурсиши ҷиддиро дар баробари раҳбарии Шӯравӣ қарор дод, ки оё режими “халқӣ”-и Кобул тавони дифоъ ва бақои худро дорост ё хайр? Шӯравиҳо медонистанд, ки бидуни ҳимояти ҳавоии онҳо, ки умдатан ба ғарази интиқомгирӣ аз куштори мушовирини онҳо сурат пазируфта буд, саркӯби қиёми Ҳирот ба содагӣ мумкин набуд.
Роҳбарони режими “халқӣ”, ки муассирияти кӯмакҳои ҳавоии Шӯравиро мутаваҷҷеҳ шуда буданд, бо исрор мекӯшиданд, то раҳбарии Шӯравиро мутақоид ба эъзоми қуво ба Афғонистон намоянд. Сӯҳбатҳо ва мулоқотҳои Таракӣ бо роҳбарони Шӯравӣ дар ин боб вазоҳати комил доранд.
Роҳбарии Шӯравӣ алорағми судури ҷангафзорҳои пешрафта, техникҳо ва мушовирони низомӣ ба Кобул, фиристодани ҳар гуна қувваҳо ба Афғонистонро ба зарари манофеи хеш ва вахомати авзои байналмилалӣ медонистанд. Ҳам Брежнев ва ҳам Косигин, нахуствазири куҳансоли Шӯравӣ, мавзеи сарсахтонаи мухолифат бо эъзоми ҳар гуна қувваҳо ба Афғонистонро доштанд. Андропов ба ин бовар буд, ки бар асоси назарияи ленинӣ, “инқилоб бояд тавоноии дифоъ аз хешро дошта бошад”. Протоколҳои мубоҳисоти Бюрои сиёсӣ ин воқеиятро возеҳ месозад, ки онҳо мутаваҷҷеҳи авоқиби манфии як иқдоми низомӣ дар як кишвари ақибмондаи исломӣ будаанд.
Аммо бо вуҷуди ин ҳам тағйире дар сиёсати Шӯравӣ падид омад, ки мунҷар ба ишғоли Афғонистон зери номи кӯмаки интернатсионалистӣ гардид. Мусаллам ин аст, ки омили вахомати авзоъ дар Афғонистон наметавонист далели таҳоҷуми низомии як абарқудрат бар як кишвари кӯчак шавад.
2 - ФАКТОРИ ХОРИҶӢ
Дар ҷараёни соли 1979 инкишофоти драматикӣ дар муносиботи Шӯравӣ ва Амрико дар натиҷаи тасмимгирӣ дар атрофи насби рокетҳои миёнбурдӣ ҳастаӣ ва заволи “сиёсати ташаннуҷзудоӣ” ба вуқӯъ пайваст. Муноқишоти Шарқу Ғарб ба шиддат ба сардӣ гароид. Муоҳидаи СОЛТ (SALT - Strategic Arms Limitation Talks) 2 дар Конгреси Амрико мавриди таъйид қарор нагирифт.
Қасди амрикоиҳо дар мавриди насби рокетҳои миёнбурди ҳастаӣ дар Аврупои Ғарбӣ ба воқеият мубаддал шуд. Ба таърихи 12 декабри соли 1979 НАТО тасмими давлати Картер дар мавриди насби рокетҳоро эълон намуд. Ин амали Амирико раҳбарии Шӯравиро хашмгин сохт ва дар посух файсалаи машҳури 176, муаррих ба 12 декабрро дар охири ҳамон шаб дар як ҳалқаи кӯчаке аз аъзои Бюрои сиёсӣ хеле сареъ иттихоз намуд (матни файсала замима аст).

ДАР АКС: Громико, Суслов, Устинов ва Пономарёв аз вуруди неруҳо ба Афғонистон ҳимоят карданд.
Он чӣ мавриди таваҷҷуҳ аст, ин ки ба хотири ҳифзи маҳрамияти файсала, матни он қаламӣ ва хилофи маъмул дар як варақ ва он ҳам ба дасти Черненко нигошта шуд, то аз мӯҳтавои он касе ҳатто тамоми аъзои Бюрои сиёсӣ иттилоъ наёбанд. Баъдтар имзои таъйидии аъзои Бюрои сиёсӣ ва котиботи Кумитаи марказӣ, ки бар рӯйи матн дарҷ шуд, ба таърихҳои 25 ва 26 декабр, яъне дар остонаи ҳамалоти файсалакун, гирифта шуд. Ин ки далели он амал чӣ будааст, то ҳол равшан нест, вале омили беэътимодӣ дар миёни раҳбарии Шӯравиро ба ҳеҷ гуна наметавон нафй кард. Масалан Қунаев, Романов ва Шербитский аъзои Бюрои сиёсӣ ва муншиҳои аҳзоби коммунисти Қазоқистон, Ленинград ва Украина охирин касоне буданд, ки ба таърихҳои 25 ва 26 декабр дар матн имзо гузоштанд.
Дар робита ба тасмими насби рокетҳо ҳанӯз равшан нашуда, ки оё амрикоиҳо файсалаашонро ба хотири таҳрики раҳбарии Шӯравӣ ба як иқдоми моҷароҷӯёна иттихоз карданд ва ё чизе бештар, яъне оғози даври ҷадиди мусобиқоти таслиҳотӣ ва дар паёмади он таъмини тафаввуқи низомӣ.
Пеш аз ин, вазири дифои Шӯравӣ аз ҳузури густурдаи Амрико дар Халиҷи Форс ва имкони ҳамлаи он кишвар ба Эрон нигаронии хеле шадид дошт. Гуфта мешавад, ки амрикоиҳо аз тариқи пахши иттилооти ғалат, яъне шоеъ сохтани ҳамла ба Эрон мекӯшиданд, то русҳоро иғвои иттилоотӣ намоянд.
(Идома дорад)
(*) Нависанда баъзе аз аснодро, ки ба беш аз 30 мерасанд, аз рӯи тасодуф дар як сайти бойгонии интернетӣ пайдо кард. Дар мавриди воқеӣ будани онҳо камтар мешавад шак намуд.
(**) Мутарҷими китоби “Довудхон дар чанголи КГБ”- оқои Сайид Таиб Ҷавод дар баъзе аз сӯҳбатҳояш дар мавриди ин созмон ишороте доштаанд, аммо корҳои таҳқиқӣ дар бораи нақши ГРУ то акнун надоштаем.
Пайнавишт:
1 - Sonja Bartsch. Die Intervention der Sowjetunion in die Afghanistankrise 1979. Dipl. Pol.
ЗАМИМА
Матни қаламии файсаланомаи машҳури 176, ки мунҷар ба таҷовузи Шӯравӣ ба Афғонистон гардид.
Ашадди маҳрам
Таҳти раёсати рафиқ Л.И. Брежнев
Аъзои ҳозири ҷаласа: Суслов, Гришин, Кириленко, Пулша, Штиков, Черненко, Андропов, Громико, Тихонов, Пономарёв.*
ФАЙСАЛАНОМАИ КУМИТАИ МАРКАЗИИ ҲКИШ
Дар мавриди вазъият дар “Алиф”
1 - Назариёт ва иқдомоти пешниҳодии Андропов, Устинов ва Громико ҷамъовари гарданд.
Ҳалли амалии таҳаққуқи ин иқдомот ва ё овардани тасҳеҳот дар он ки дорои вежагиҳои усулӣ нестанд.
Масоиле, ки зарурати тасмимгирии Кумитаи Марказиро металабанд, бояд ба вақту замони он ба Бюрои сиёсӣ ирҷоъ гарданд.
Таҳаққуқи ин ҳама иқдомот ба дӯши руфақо Ю. В. Андропов, Д. Ф. Устинов ва А. А. Громико мебошад.
2 - Ба руфақо Ю. В. Андропов, Д. Ф. Устинов ва А. А. Громико вазифа дода мишавад то Бюрои сиёсии Кумитаи Марказиро дар мавриди иҷрои иқдомоти матруҳа иттилоъ диҳанд.
Котиби Кумитаи Марказӣ
Рақами 997 (як варақ)
Имзои Брежнев
П176/ 125 аз 12/XII/79
- Забони матн хеле норасо ва бо аҷала тартиб шудааст. Ҳамчунон бар рӯи матн, баъзе аз аъзои Бюрои сиёсӣ ва муншиҳои Кумитаи Марказӣ, баъд аз се ҳафта имзо гузоштаанд (дидгоҳ).
- Аз он ҷое ки тамоми номҳо ба дурустӣ хоно набуданд, бинобарин аз сабти мукаммали онҳо худдорӣ шуд (дидгоҳ).
ЗАМИМАИ
санади рақами nr. П 176/ 125оп аз 12/XII/79
26 декабри соли 1979 ( дар хонаи ялоқӣ (бӯстонсаро) руфақо Леонид Илич Брежнев, Дмитрий Фёдорович Устинов, Андрей Андрееевич Громико ва Константин Устинович Черненко ҳузур доштанд) руфақо Устинов, Громико ва Андропов гузоришашонро дар мавриди таҳаққуқи файсаланомаи П176/ 125оп аз 12/XII/79 ироа намуданд.
Рафиқ Леонид Илич Брежнев пас аз ибрози орзумандиҳо, плони амалиётиро, ки тавассути руфақо дар замони наздик пешбинӣ шуда буд, мавриди таъйид қарор дод.
Оқилона пиндошта шуд, ки комиссияи Бюрои сиёсии Кумитаи Марказӣ бо айни таркиб ва самтгирӣ плони матруҳаро амалӣ сохта ва бо диққат аз ҳар гоми амалиётии хеш мувозибат намояд. Дар робита ба масоиле, ки эҷоби тасмимгириро менамояд, ба вақт ва замони он ба Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Шӯравӣ пешкаш шавад.