Хабари рӯз

Чаро Амонуллоҳ қаҳрамони истиқлол нест? Вай ватанфурӯшии бобои худ – Абдураҳмонхонро машрӯъият бахшид.

Нависанда: доктор Фазлманаллоҳ Мумтоз, собиқ сухангӯи Ҳизби исломии Афғонистон

Дар мавриди истиқлоли Афғонистон ва Амонуллоҳхон даҳҳо китоб навишта шудааст. Бо дидгоҳҳои ифротгароӣ ва дар мадҳи Амонуллоҳ. Аммо то ҳол ҳеҷ яке аз таърихнависон натавонистааст, ки мунсифонаву бетарафона ва муҷаррад аз тамоюлоти қавмиву сиёсӣ қазовати мустақил ва илмии вақоеъиро чунончи тақозои таърих аст ба наслҳои оянда интиқол бидиҳад.

Агарчи дар ин матлаби мухтасар наметавон рӯи ҳама ҷавониби он пардохт, фақат мухтасаран мехоҳам ба чанд нукоти маҳдуд таваҷҷуҳи шоиқини ин вақоеъи таърихиро ҷалб намоем.

Ибтидо бояд савол шавад, ки Афғонистон тавассути киҳо фурӯхта шуда буд ва киҳо муоҳидоти фармонбардории Инглисро имзо карда буд? Ҷуғрофияи маҳдудшуда то кадом марзу ҳудуд буд?

Ашхосе, ки ин муоҳидоти нангин ва шармоварро имзо карда буд, инҳоро чӣ лақаб бояд дод? Ватанфурӯш, муздур, ғулом ва ё хоин? Бояд возеҳ шавад.

Саволи дигар ин ки қувваҳои афғонҳо дар аснои ҷанги истиқлол дар кадом мавқеият қарор дошт? Чаро аз мавоқеъи фатҳшуда ақибнишинӣ карданд? Агар Дера Исмоилхон ва Атал хоки Афғонистон буд, чаро аз ҷониби Амонуллоҳ ҳидоят дода шуд, то ақиби хатти Дюранд баргарданд?

Ин бад-ин маънӣ аст, ки Амонуллоҳхон бар нақшаи расмшудаи Англис ва фурӯхташуда тавассути бобои худ расман мӯҳри таъйид гузошта ва ватанфурӯшии бобову падари худро аз нигоҳи ҳуқуқӣ расман машрӯъият бахшид ва аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ хост, ки онро ба расмият бишносанд, ки чунин шуд.

Дар ин сурат мантиқ чунин эҷоб мекунад, ашхосе, ки муоҳидаи нангину ватанфурӯширо имзо карда буд, инҳо хоин, ватанфурӯш, муздур ва ғулом хитоб шаванд ва ашхосе, ки баъдан нақшаву ҷуғрофияи баъдиро, ки тавассути ҷомеаи байналмилалӣ бидуни шарту қайд ба расмият шинохт, вориси бобои ватанфурӯш ва падари ватанфурӯш хитоб намуд.

Дар ғайри он наметавон, ки ду мантиқи мутазод - ғуломӣ ва қаҳрамониро дар таърих гунҷонид.


Таърих

Иқтисод

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!