Забони афғонӣ (пашту) чӣ вақт дар кишвар расмият пайдо кард?
Манбаъ: Хабаргузории “Роск”
Забони форсӣ ё порсӣ дар ҷуғрофияи Хуросону Афғонистони кунунӣ ҳамвора нуқтаи васли мардумон бо ҳувияти сиёсии берунӣ ва хусусиёти қавмии мутафовит будааст. Як шаҳрванди ҳазораи афғонистонӣ ва як шаҳрванди тоҷикистонӣ ба ҳамон андоза порсизабонанд, ки як кобулӣ ё теҳронӣ метавонанд бо ин забон такаллум намоянд.
Ҳамчунон дар дохили кишвар ақвоми мухталиф ба шумули ӯзбек, нуристонӣ, афғон/паштун ва ғайра метавонанд танҳо аз тариқи ҳамин забон бо ҳам васл шаванд ва муровидоти иҷтимоии хешро анҷом диҳанд. Аммо сиёсӣ будани забону талош барои бархӯрди сиёсӣ дар муқобили забони порсӣ тавассути шоҳони афғон ва густариш забони афғонӣ (пашту) ба ҷойи забони таърихиву васлкунандаи ақвом, яке аз баҳсбарангезтарин масоили бартариталабии қавмӣ дар таърихи муосири кишвар мебошад, ки дар камтар аз як қарни ахир рангу бӯи бештаре ба худ гирифтааст.
Аз замони шаклгирии ҷуғрофияе ба номи “Афғонистон”, бештари ҳокимони ин кишвар паштун будаанд, аммо забони ҳоким дар сиёсат, ҷомеа ва фарҳанги ин кишвар ҳамвора порсӣ будааст. Баъзе аз шоҳони Афғонистон ҳарчанд аз хонадонҳои қудратманди паштун будаанд, аммо забони пашту намедонистанд.
Тақрибан ҳамаи асноди муҳимми таърихӣ дар Афғонистон, мисли “Тоҷ-ул-таворих”, навиштаи мансуб ба Амир Абдулраҳмонхон подшоҳи Афғонистон дар солҳои 1880 то 1901 ба забони порсӣ навишта шудааст. Асноди таърихии фаровон дар кишвар нишон медиҳанд, ки порсӣ забони расмии ҳукуматҳои Афғонистон буда ва ин мавзӯъ дар кишвар, то ҳамин як қарн пеш ҳеҷ гоҳ манбаи ихтилофоти қавмӣ ё сиёсӣ набудааст. Он чӣ ба ин ихтилоф доман зад, талоши бархе аз чеҳраҳои сиёсӣ ва фарҳангии афғон (паштун) ба барсохтани ҳувияти «миллӣ» ё афғонӣ барои ҳамаи ақвоми сокин дар ин кишвар будааст.
Рӯйкарде, ки сиёсиёни Афғонистон барои халқи ин ҳувияти таҳмилӣ баргузиданд, рӯйкарди ҳазфӣ буд. Ба ин маъно, ки талош карданд проекти миллатсозиро бо яксонсозӣ, салби ҳувияти фарҳангӣ ва забонии дигар ақвом ва идғоми онҳо дар як ҳувият – “афғон” - иҷро кунанд. Онҳо бо истиқрори ақвоми афғон (паштун) дар манотиқи порсизабон ва тарҷумаи номҳои порсии маҳаллоти таърихӣ ба пашту, кӯшиданд, то бофти ҷамъиятӣ ва фарҳанги маҳаллиро тағйир диҳанд.
Идомаи ин проекти сиёсӣ мунҷар ба истиқрори паштунҳо дар манотиқи шимоли Афғонистон шуд. Ҳатто идораҳое дар баданаи ҳукумати Афғонистон бо номи “Раёсати ноқилин ба самти Қатаған” эҷод шуд. Пас аз ин, Муҳаммад Зоҳиршоҳ, подшоҳи Афғонистон, дар фармони расмие хостори тарвиҷ ва эҳёи забони пашту шуд.
Ӯ дар ин фармон, ки ба таърихи 3 марти 1937 содир шуда буд, бахше аз онро ҷаридаи “Ислоҳ” дар таърихи 12 ҳути 1315 (3 марти 1937) нақл кардааст, ки чунин дастур дода буд: “Чун дар мамлакати азизи мо аз тарафи забони форсӣ мавриди эҳтиёҷ буда ва аз ҷониби дигар ба иллати ин ки қисмати бузурги миллати мо ба лисони афғонӣ [пашту] мутакаллим ва маъмурини алалаксар ба сабаби надонистани забони пашту дучори мушкил мешаванд, лиҳозо барои рафъи зиёни ин нақиса ва тасҳили муомилоти расмиву идорӣ, ирода фармудаем ҳамчунон, ки забони форсӣ дар дохили Афғонистон забони тадрису китобат аст, дар тарвиҷу эҳёи лисони афғонӣ [пашту] ҳам саъй ба амал омада ва аз ҳама аввал, маъмурини давлат ин забони миллиро биёмӯзанд.”
Матни ин фармон нишон медиҳад, ки порсӣ на танҳо забони расмӣ дар Афғонистон буда, балки бо ҳамин ном (форсӣ) ёд мешудааст. Аз тарафи дигар, нухбагони паштун талош мекарданд бо тағйири номи забони “пашту” ба “лисони афғонӣ” ба ин забон ваҷҳи миллӣ бахшанд. Ҳарчанд дар амал, ба ҷуз дар ҳалқаи маҳдуди худашон каси дигаре аз иборати “лисони афғонӣ” ёд накард, аммо талошҳои ҳукуматҳои мутааддиди афғонӣ (паштунӣ) барои иҷбори кормандони давлат ба омӯхтани забони пашту натиҷае надод ва ҳатто имрӯз ҳам бештар мукотибот миёни идороти мухталифи Афғонистон ба забони форсӣ сурат мегирад.
Забоне, ки имрӯз афғонистониҳо ба номи “пашту” ва забони “афғонӣ”-и дирӯз дар маорифу мукотиботи расмӣ мешиносанд ва василае барои тахриби иттиҳоди мардуми Афғонистону низоъҳои чандинсола шудааст.
Зодаи тафаккури бартариталабона ва фашистӣ Амир Ҳабибуллохон буд, ки нахустин бор бо ному ҳувияти расмии забони “афғонӣ” ва бар асоси фармони ӯ дар соли 1333-и ҳиҷрӣ мутобиқи 1915-и мелодӣ дар қолаби як китоб таҳти унвони “Китоби афғонӣ” вориди нисоби расмии вазорати маориф гардид. Ин асар (Китоби афғонӣ) дар соли 1917 чоп ва дар саросари кишвар ҷиҳати тадрис тавзеъ гардид.
Муаллифи нахустини китоби забони афғонӣ, Солеҳмуҳаммад Қандаҳорӣ, ки яке аз муаллимони мактаби Ҳабибия буд, дар муқаддимаи 9-сафҳаии ин асар, ки ба забони форсӣ навишта шудааст, зимни ташреҳи вазъияти асафбори забони афғонӣ/пашту ба зарурати омӯзиши ин забон барои афғонон (паштунҳо) фавоиди омӯзиши онро низ тавзеҳ додааст.
Аз мутолиаи дақиқи ин асар ба дурустӣ маълум мешавад, ки вожагони “лиса” ва “пашту” то он замон дар кишвар мутадовил набуда ва таърифи ҳувияти “паштунҳо” бо истилоҳи “афғон ё афғонӣ” сурат мегирифтааст. Нависандаи “Китоби афғонӣ” дар муқаддимаи ин асар бо шинохти комил аз вазъияти забони “афғонӣ” дар кишвар ба вазоҳат эътироф мекунад, ки: “То ба имрӯз дар забони афғонӣ ҳеҷ китобе барои омӯзиш мавҷуд набуда ва забони афғонӣ бечора, дар ҳоли марг ва нобудии комил қарор дорад.”
Пас аз кушта шудани шоҳи ғаддори Афғонистон (Нодиршоҳ) талошҳои сиёсии ҳадафманд барои ҳазфи забони форсӣ ва тағйири нисоби омӯзишии маорифи кишвар мутобиқ ба манофеи хонаводаи боракзаӣ ва майли сардамдорони ин хонавода шиддат гирифт. Ба ривояти таърихи муосири Афғонистон, дар замони вазорати сардор Наимхон тамоми китобҳои форсӣ, ки дар таҳвилхонаҳои вазорати маорифи он замон мавҷуд буд, монанди сиёсати фашистии нозисм дар парки Зарангори Кобул сӯхтонда ва дар канори он, сардор Наимхон, вазири маорифи вақт, фармоне содир намуд ва дар он гуфта шуда буд, ки дар манотиқи форсизабони кишвар ба шогирдон мутобиқи забони модаришон тадрис нашавад, балки ба забони афғонӣ (пашту) дарс дода шаванд.
Раванди таҳмили ҳувияти афғонӣ ва афғонизасозии кишвар то акнун идома дорад. Бар мабнои ин сиёсати таассубомез шумори бештаре аз фарзандони кишвар, ки на ҳувияти афғонӣ/паштунӣ доштанд ва на аз забони ҷадиди афғонӣ чизе медонистанд, аз дониши имодерну омӯзиши илм маҳрум сохта шуданд.