Хабари рӯз

Ин ба он маъност, ки рӯзгори Толибон рӯз ба рӯз табоҳтар мешавад.

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Олмон), махсус барои "Сангар"

Ба шумули Толибон, ки дар қудратанд ва касоне дигар, ки аз вазъияти минтақа ва фароминтақа ба таври комил огоҳии дурусте надоранд, хоста ё нохоста ва бидуни таваҷҷуҳ ба воқеиятҳои мавҷуд, изҳор медоранд, ки ДОИШи Хуросон саркӯб шуда ва нерӯи барои чолиш бо давлати Толибон ё минтақа вуҷуд надорад.

Аммо ман одат надорам ҳақоиқро кетмон кунам ва ё дурӯғ бигӯям, балки ба таври равшан ҳам медонам ва ҳам мӯътақидам, ки ДОИШи Хуросон дар Афғонистони кунунӣ як чолиши бузург барои давлати Толибон ва кишварҳои минтақаву фароминтақа ба шумор меравад.

Он чӣ, ки медонам, ин аст, ки гурӯҳи ДОИШи Хуросон (ISIS-K) яке аз шохаҳои гурӯҳи Давлати исломӣ (ДОИШ) аст, ки дар Афғонистону минтақаи Хуросон (шомили бахшҳое аз Афғонистон, Покистон, Эрон ва Осиёи Марказӣ) фаъолият мекунад. Ин гурӯҳ ба вежа пас аз суқути давлати Афғонистон дар соли 2021 ва тасаллути Толибон бар Кобул, ба унвони яке аз бузургтарин таҳдидоти амниятӣ дар минтақа шинохта шудааст.

Таҳдидоти феълии ДОИШи Хуросон:

1 - Ҳамалоти террористӣ: ДОИШи Хуросон дар солҳои ахир бахусус баъд аз ба қудрат расидани Толибон ҳамалоти густурдае дар Афғонистон анҷом додааст. Ин ҳамалот шомили бомбагузориҳо, тирандозиҳо ва ҳамалоти интиҳорӣ дар маконҳои умумӣ, мадорис, масоҷид ва ғайра сурат гирифтааст.

2 - Ҳадаф қарор додани ақаллиятҳо: яке аз вежагиҳои барҷастаи ДОИШи Хуросон, ҳамла ба ақаллиятҳои мазҳабӣ, ба вежа шиаёни ҳазора дар Афғонистон аст. Ин ҳамалот бо ҳадафи эҷоди тарсу афзоиши тафриқаҳои мазҳабӣ анҷом мешавад.

3 - Рақобат бо Толибон: бо вуҷуди контроли Толибон бар Афғонистон, ДОИШи Хуросон ҳамчунон ба унвони рақиби ҷиддӣ барои Толибон маҳсуб мешавад. Ин гурӯҳ борҳо талош карда то қудрати худро дар муқобили Толибон нишон диҳад ва нуфузашро дар Афғонистон густариш диҳад.

Хатароти оянда:

А) Афзоиши нуфузу сарбозгирӣ: бо таваҷҷуҳ ба норизоиятиҳои мавҷуд дар миёни Толибон ва ихроҷи бархе аз аъзои Толибон теъдоди зиёде аз онҳо ба ДОИШи Хуросон пайвастаанд. Ҳамчунин, иттилооте вуҷуд дорад, ки гурӯҳҳои норозии дигар низ ба ДОИШи Хуросон пайвастаанд, ки ин пайвастанҳо тавонистааст ба афзоиши қудрату тавоноиҳои низомии ин гурӯҳ кӯмак зиёд кунад.

Б) Ҳамалоти фаромарзӣ: ДОИШи Хуросон метавонад таҳдиде ҷиддӣ барои кишварҳои ҳамсоя Афғонистон низ бошад. Ин гурӯҳ тавоноии анҷоми ҳамалоти террористӣ дар хориҷ аз марзҳои Афғонистонро ҳамаҷониба дорад, ки метавонад суботи минтақа ва фароминтақаро ба хатар биандозад.

В) Эҷоди бесуботии сиёсӣ: бо идомаи ҳамалоти террористӣ ва тақвияти нуфузи ДОИШи Хуросон, эҳтимоли эҷоди бесуботии бештар дар Афғонистон ва ҳатто суқути муҷаддади ҳукуматҳои маҳаллӣ ё вуқӯъи ҷанги дохилии ҷадид вуҷуд дорад, ки рӯи ин хатар то ҳанӯз касе таваҷҷуҳ накардааст.

Ба таври куллӣ, ДОИШи Хуросон ҳамчунон яке аз бузургтарин таҳдидоти амниятӣ дар Афғонистон ва минтақа ба шумор меравад ва иқдомоту стратегияҳои ин гурӯҳ метавонад таъсироти густурдае бар ояндаи минтақа ва фароминтақа дошта бошад.

Аз ҳамалоти ахири ДОИШ ва масъулият гирифтани инфиҷори Додситонии кулли Афғонистон ва гирифтани изофатар аз 30 нафар қурбонӣ ва ва ҳам тирборони ҳазораҳои вилояти Дойкунди бо 15 кушта ва 6 захмӣ нишон дод, ки ДОИШи Хуросон натанҳо, ки заиф нашуда, балки боқувваттар ва нерӯмандтар шудааст, ин ДОИШи Хуросон метавонад дар қалби Кобул Толибонро ба чолиш бикашад ва аз мардуми бегуноҳ қурбонӣ бигирад.

Биноан, бояд ҳам Толибон, ҳам ҷомеаи байналмилалӣ ва ҳам нерӯҳои минтақаву фароминтақа таваҷҷуҳ дошта бошанд, ки ДОИШ бо гузашти ҳар рӯз аз контрол хориҷ мешавад.

Ва ба шумули Толибон дигар ҳеҷ кишваре ва ё нерӯе наметавонад бигӯяд, ки мо ДОИШро контрол кардаем ва ё ДОИШ дигар тавони ҳамларо надорад.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!