Хабари рӯз

"Муллоҳои хашин" бо террористҳои билқувва дар фазои пасошӯравӣ дар Русия нуфуз мекунанд.

Нависанда: Андрей Серенко, хабарнигори хоси “Независимая газета”

Истихбороти Толибон (як созмони террористии мамнуъ дар Федератсияи Русия) ва амалиётӣ (кормандони оператифӣ)-и Алқоида (як созмони террористии мамнуъ дар Федератсияи Русия) аз аъзои Давлати исломӣ (ДОИШ, мамнуъ дар Федератсияи Русия), ки аз як сол ба ин сӯ дар Русия ва дигар ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ истихдом шудаанд, истифода мекунанд. Дар натиҷа аз сохторҳои ҷабҳаи зерзаминии эҷодкардаи Толибону Алқоида, ки таҳти парчами Давлати исломӣ фаъолият мекунанд, даҳҳо, агар на садҳо, ҳаводори "хилофат" аз миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна ба Афғонистон бурда шуда ва ё дар режими “хуфта” дар Русия ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ боқӣ мондаанд. Истихбороти Толибону Алқоида ҷангҷуёни истихдомшуда барои ДОИШ-и ҷаълиро ҳам барои аҳдофи таблиғотӣ ва ҳам барои омодасозии ҳамалоти террористӣ “бо парчами бегона” истифода мекунанд.

Гурӯҳҳои террористии ҷиҳодие, ки дар Афғонистон мустақар шудаанд, дар корҳои худ ба таври фазояндае халлоқ ҳастанд, аз ҷумла дар заминаи рақобат бо якдигар барои касби мавқеиятҳои муфидтар дар минтақа. Тавре ки аз манобеъи мӯътабар маълум шуд, ҳудуди як соли қабл, як идораи вежа дар Раёсати умумии истихбороти Толибон эҷод шуд, ки ба анҷоми навъи мушобеҳи амалиёти амниятии "Эътимод"-и машҳур дар Русия оғоз кард. Биёед, ба ёд биоварем, ки дар даҳаи 1920, созмонҳои амнияти давлатии Шӯравӣ як созмони пинҳонкори ҷаълиро эҷод карданд, ки гӯё аз тарафи ҷонибдорони боқимондаи подшоҳ дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ амал мекард. Афсарони амниятӣ ба намояндагӣ аз ин созмон бо раҳбарони воқеии муҳоҷирати сафед тамос гирифтанд, ки дар натиҷа онҳо на танҳо иттилооти лозимро дар мавриди ҷунбиши зидди Шӯравӣ ва барномаҳои он ба даст оварданд, балки тавонистанд баъзе аз барҷастатарин чеҳраҳои мухолифи ҳукумати Шӯравиро ба қаламрави Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ оварда, сипас онҳоро аз байн бубаранд.

Чизи мушобеҳеро аз назари технологияи имрӯз амалиётиҳои истихбороти Толибон татбиқ мекунанд. Дар авохири соли 2023, як бахши вежа, ки дар Раёсати умумии истихбороти Толибон эҷод шуда буд, ба намояндагӣ аз созмони террористии “Вилояти Хуросон”, шохаи афғонии Давлати исломӣ (мамнуъ дар Федератсияи Русия) ба истихдоми ҷангиёни террористи билқувва шуруъ кард. Аҳдофи аслӣ муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ташхис шуданд, ки ҳамасола барои кор ба Русия мераванд.

Амалиётиҳои истихбороти Толибон нахустин "сайд"-и худро аз ҷумлаи мухлисони ДОИШ дар миёни муҳоҷирини тоҷик, ки барои кор ба шаҳрҳои Русия рафта буданд, ҳанӯз дар моҳҳои январ-феврали 2024, ба даст оварданд. Даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳамчунон мардуми дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба доми пешниҳодоти ҷосусони Толибон, ки худро ҷиҳодиҳои Давлати исломӣ муаррифӣ мекарданд, афтиданд. Ба гуфтаи манобеъи афғон, аз поёни соли 2023 то оғози баҳори 2024, бахши вежаи Раёсати умумии истихбороти Толибон ҳадди ақал се мавҷи маъракаи сарбозгириро ба намояндагӣ аз Давлати исломӣ аз тариқи шабакаҳои истихдомие, ки ба таври хос эҷод шуда буд, ба роҳ андохт. Ин маъракаҳо ҳадафмандона сурат гирифта, ба ҷустуҷӯ ва истихдоми ду навъи "маводи агентурӣ" мутамаркиз буданд. Аввал касоне буданд, ки дар оянда мешуд аз онҳо барои анҷоми амалиётҳои террористӣ ба намояндагӣ аз Давлати исломӣ, аз ҷумла дар хориҷ аз Афғонистон истифода кард. Дувум, ашхосе буданд, ки барои Раёсати умумии истихбороти Толибон ҷолиб набуданд ва танҳо барои анҷоми фаъолитҳои таблиғотие, ки барои нишон додани асарбахшии Толибон дар мубориза бо таҳдиди ДОИШ ба афкори умумии минтақаӣ, ҷаҳонӣ ва Афғонистон тарроҳӣ шудааст, кор медоданд.

Манобеъ аз даҳҳо мавриди истихдоми муваффақонаи шаҳрвандони Тоҷикистон аз номи ДОИШ-и ҷаълӣ тавассути амалиётиҳои намояндагиҳои Раёсати умумии истихбороти Толибон дар Туркия хабар медиҳанд. Дар айни замон, муҳоҷирини истихдомшудаи тоҷик ба сурати физикӣ дар хоки Русия мавқеият доштанд: маъмурини истихбороти Толибон бо онҳо тамос мегирифтанд ва аз тариқи Телеграм фаъолияти онҳоро контрол мекарданд. Маҳз транзит тариқи фурудгоҳҳои Туркия буд, ки "муҷоҳидини хилофат"-и ҷадид, ки тавассути ДОИШ-и ҷаълӣ истихдом шуда буданд, аз Русия ба Афғонистон парвоз мекарданд, ҷое, ки онҳо таҳти коркарди шадидтари Раёсати умумии истихбороти Толибон қарор мегирифтанд. Дар айни ҳол, навсарбозони истихдомшуда таҳти як парчами ҷаълӣ мутмаин буданд, ки вориди "хонавода"-и ДОИШ шудаанд ва дақиқан аз қумондонони "Вилояти Хуросон" дастур дарёфт мекунанд.

Албатта, ҷолиб аст, ки тоҷикон ва дигар ҳаводорони Давлати исломӣ, ки аз сӯи бахши хоси истихбороти Толибон истихдом шуда буданд, дақиқан чигуна ва аз куҷо визаи вуруд ба Афғонистонро дарёфт карданд. Ин кор фақат метавонист ё дар сафорати Толибон дар Маскав ё дар як ниҳоди мушобеҳ дар Туркия сурат бигирад. Шояд барои истихбороти Русия ва Туркия муҳим хоҳад буд то ин мавзӯъро равшан созанд, зеро мо дар мавриди шиносоии масирҳои ҳаракати шабҳинизомиёни билқувваи террористи Давлати исломӣ сӯҳбат мекунем. Бале, ин ашхос аз сӯи сохторҳои ҷаълие, ки аз сӯи як гурӯҳи террористии дигар эҷод шуда буд, истихдом шуда буданд, магар онҳо омода буданд то дар роҳи "хилофат" биҷанганд ва бимиранд. Ва аз ин лиҳоз, онҳо як таҳдиди бидуни шак барои амнияти миллии Русия, Тоҷикистон ва Туркия ҳастанд.

Баъд аз расидан ба Афғонистон, бахши хоси Раёсати умумии истихбороти Толибон кори гузиниширо бо истихдомшудаҳои ДОИШ-и ҷаълӣ анҷом медиҳад. Касоне, ки барои истихбороти Толибон арзиш надоранд, ба зиндон фиристода мешаванд. Мутаоқибан, онҳо ё зинда дар расонаҳо муаррифӣ мешаванд - ба унвони ҷангҷӯёни хориҷии ДОИШ, ки ба унвони бахше аз муборизаи муваффақонаи Толибон алайҳи Давлати исломӣ боздошт шудаанд, - ё дар натиҷаи як "амалиёти вежа барои аз байн бурдан"-и як ҳастаи ДОИШ дар Кобул ё дигар бахши кишвар кушта мешаванд.

Лозим ба зикр аст, ки тамоми “ҷиҳодиҳои ҷадиди ДОИШ”, ки таҳти як парчами бегона истихдом мешаванд, ба Афғонистон намераванд. Баъзе аз онҳо дар режими "хоб" дар Русия, Туркия ва кишварҳои пасошӯравӣ боқӣ мондаанд ва ҳамчунон дастуротро аз амалиётиҳои Толибон, ки "афсона"-и ДОИШ-ро зинда нигоҳ медоранд, дарёфт мекунанд. Кас фақат метавонад ҳадс бизанад, ки ин дастуроти мумкин чӣ бошад, ки баъдан ба ҳисоби ДОИШ навишта хоҳад шуд.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!