Хабари рӯз

Ҷунбиши исломии Туркистони Шарқӣ ва гурӯҳҳои террористӣ бо Толибон мемонанд ё ба ДОИШ-и Хуросон мепайванданд?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияти миллӣ ва геополитика

Толибон ҳамвора чун бистарсози терроризм дар хоки Афғонистонанд, хатари онро чандон ҷиддӣ нишон намедиҳанд. Аз тарафи дигар, ин гурӯҳ чун тааҳҳуди низомиву фикрӣ бо гурӯҳҳои террористии хориҷӣ дар Афғонистон дорад, аз ҳар хел вокуниш дар баробарашон алорағми фишори кишварҳои ҳамсояву минтақа, эҳтироз мекунад. Ин гурӯҳ чунон нишон медиҳад, ки ҳеҷ қудрати низомӣ ва фикрии дигаре дар баробари он вуҷуд надорад. Ҳатто вуҷуди ДОИШ-ро, ки бо Толибон душманӣ дорад, инкор менамояд, аммо бо таваҷҷуҳ ба ҳамалоти густурдае, ки алайҳи Толибон аз сӯи ин гурӯҳ тарроҳӣ ва иҷро шуда ва аз сӯи дигар Толибон низ ҳар аз чанд гоҳе амалиётеро алайҳи ҳастаҳои ин гурӯҳ роҳ меандозанд, хатари ДОИШ бисёр бузург аст.

Маҷаллаи “Садои Хуросон”, марбут ба ДОИШ, ба Толибон ҳушдор дода, ки ҷангҷӯёни ба ном “Давлати исломӣ” дар нуқоти марбут ба “Хуросон” ҳузур доранд ва Толибон “рӯзҳои сахте” пеши рӯ хоҳанд дошт. Ин маҷалла дар бисту савумин шумораи худ ба забони пашту Толибонро “шибҳинизомиён” хитоб кард. Ин шумораи маҷаллаи ДОИШ ду рӯз пеш мунташир шудааст.

Акнун ДОИШ танҳо гурӯҳи террористии қудратманд дар Афғонистон аст, ки метавонад хатари билқувва алайҳи Толибон бошад. Фарқи ин гурӯҳ бо дигар гурӯҳҳои террористии фаъол дар Афғонистон ин аст, ки дигарон аз хоки Афғонистон алайҳи кишварҳои дигар фаъолият мекунанд ва бад-ин тартиб хатароти амниятии бузурге барои мардуми Афғонистон эҷод менамоянд, аммо ДОИШ зимни он ки аз хоки Афғонистон ба унвони паноҳгоҳи худ истифода мекунад ва аҳдофи баландпарвозонае барои ҳамла бар кишварҳои дигар дорад. Толибон чун мутобиқи барномаи Амрико, вазифа доранд то ин проектро иҷроӣ созанд, аз ин хатар чашмпӯшӣ мекунанд. Махсусан, Шабакаи Ҳаққонӣ, ки тасҳилкунандаи проекти ДОИШ дар Афғонистон аст.

Тақвияти гурӯҳи ДОИШ ба далели сиёсатҳои террористпарвари Толибон дар Афғонистон, ба маънои қудратёбии стратегии ин гурӯҳ дар ҷуғрофияи Афғонистон аст. Ҳарчанд ДОИШ нишон медиҳад, ки бо Толибон душманӣ дорад ва Толибон ҳам бар илова як сиёсати мутаноқизи инкору саркӯб дар баробари ДОИШ, вуҷуди ин гурӯҳро ҷиддӣ нишон намедиҳад, аммо сурати аслии қазия ин аст, ки ҳамин акнун тадорукоти ҷиддӣ барои бистарсозӣ ва тасҳили эҷоди савқулҷайшҳо барои ДОИШ дар манотиқи шимолу шарқи наздики Чин ва шимоли Афғонистон наздики Осиёи Марказӣ, вуҷуд дорад. Бистарсозӣ барои ин гурӯҳ дар оянда метавонад дардисари бузурге барои минтақа низ халқ кунад. Аз як тараф ҳузур ва фаъолиятҳои тхрибгароёнааш ривояти амнияти Толибонро ба чолиш мекашад ва нишон медиҳад, ки Толибон дар гуфторашон содиқ нестанд ва аз сӯи дигар, ҳамалоти бузурге, ки алайҳи мақомҳои гурӯҳи Толибон роҳ меандозад, нишон медиҳад, ки толиб бо корти ДОИШ бозӣ мекунад ва мутобиқи барнома, аҳдофи сиёсии худашро пеш мебарад.

Яке аз бузургтарин ҳамалот, куштани Довуд Музаммил, волии Толибон дар Балх буд. Ахиран низ ду ҳамла алайҳи мақомҳои Толибон дар Бадахшон иттифоқ афтод, ки дар ҳамлаи аввалӣ муовини волии Толибон дар ин вилоят кушта шуд ва дар ҳамлаи дувумӣ кушта шудани ҳадди ақал 17 тан ба шумули фармондеҳи пешини амнияи ин гурӯҳ барои вилояти Бағлон таъйид шуд. Ба гумони ағлаб, ин ҳамалот, дарвоқеъ тасфияи ҳисобҳои дарунгуруҳии Толибон аст ва назари дигар мегӯяд, ки ин кушторҳо аз сӯи раҳбарии Толибон барои ҷилавгирӣ аз норизоиятӣ ва шӯриши онҳо ба далели ҷобаҷоии нерӯҳои Толибони Покистон дар шимол сурат гирифта, аммо касе мункири ҳузури қудратманди гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДОИШ, дар Бадахшон буда наметавонад.

 

ЧӢ ГУНА МЕТАВОН ФАҲМИД, КИ ДОИШ ПАДИДАИ БАРОМАДА АЗ ДАРУНИ ТОЛИБОН АСТ?

Гурӯҳҳои террористӣ, ҳама дорои як иштироки фикрианд. Фикри террористӣ ва хушунат, ду ваҷҳи имтизоҷии миёни ин гурӯҳ аст. Ба ҳамин ҳисоб бисёре авқот, тафкики ДОИШ бо Толибон ва соири гурӯҳҳо дар қисмати касби қудрати сиёсӣ ва эъмоли сиёсатҳои хашинашон, мумкин нест.

Дар зимн, ДОИШ баъд аз саркӯби комил дар солҳои қабл аз ба қудрат расидани Толибон, тавони амалиётӣ ва размии худро аз даст дода буд. Сохторҳояш муталошӣ шуда буд ва теъдоди нафароти он башиддат тақлил ёфта буд. Ҳоло бо рӯйкарди ҷадид дар садади эҳёи дубораи худ аст. Масалан, ДОИШ аз миёни Толибон сарбозгирӣ мекунад ва тактикаҳои ин гурӯҳро ба кор мебарад. Яке аз ин тактикаҳо, истихдоми нерӯҳои Толибон барои роҳандозии ҳамалоти худӣ аст; Коре, ки Толибон дар ду даҳаи гузашта дар ҷанг алайҳи давлати Афғонистон анҷом медоданд.

Дар зимн ДОИШ акнун сохтори силсиламаротиби худро тағйир дода ва ба ҳастаҳои шабакаӣ, аммо кӯчак тақсим шудааст. Бо ин навъ сохтори ташкилотӣ, аз як тараф метавонад ҷуғрофияи бештареро пӯшиш диҳад ва аз сӯи дигар дар сурати ҳадаф қарор гирифтани як ҳаста, метавонад аз фурӯпошии худ ҷилавгирӣ кунад. Яке ду ҳаста агар осеб бубинад ё ҳатто нобуд шавад, дар сохтори шабакаӣ кулли систем фурӯ намепошад ва гурӯҳ ба бозсозӣ ниёз пайдо намекунад. Дар ин навъ сохтор, салоҳиятҳои тасмимгирӣ ба гурӯҳҳои кӯчак дода мешавад ва онҳо метавонанд бидуни аз даст додани вақт, ба сурати сареъ ҳамалоти худро тарроҳӣ ва иҷро кунанд. Ин тактика низ қаблан тавассути Толибон дар ҷанг алайҳи давлати Афғонистон ба кор бурда шудааст.

Гуфта мешавад, ки Созмони истихбороти Покистон дар он замон тарроҳи ин системи ташкилотӣ буд ва Мавлавӣ Абдулкабир, сарпарасти феълии раёсатулвузарои Толибон ва раиси Шӯрои Пешовари ин гурӯҳ, онро иҷро мекард. Ин тактика ҳамон туре, ки он замон тавонист ба тақвияти Толибон мунҷар шавад ва чолиши бузург дар баробари давлати Афғонистон эҷод кунад, ҳоло ки толиб ба ҷои давлат ва ДОИШ ба ҷои толиб нишастааст, метавонад вазъияти мушобеҳеро халқ кунад.

Бахше аз ҷангҷӯёни Толибон ба он чӣ ҳаққи худ медонанд, нарасидаанд ва бобати ин вазъият норозиянд. Теъдоде дигар, одат ба шӯришигариро канор гузошта натавонистаанд. Гуфта мешавад, ки ин ду даста, ба ҷамъи нерӯҳои ДОИШ-и Хуросон пайвастаанд. Эҳтимоли пайвастани дастаҳои дигари Толибон ба ДОИШ низ вуҷуд дорад. Пайвастани ин дастаҳо аз Толибон ба ДОИШ, бо таваҷҷуҳ ба солҳо таҷрибае, ки дар фаъолитҳои террористӣ, аз ҷумла роҳандозии ҳамалоти интиҳорӣ, сохтани шабакаҳои нуфузӣ дар сохтори “душман” ва иҷрои тарҳи сохтори шабакаӣ доранд, метавонанд ДОИШ-ро бисёр қавитар бисозанд.

ДОИШ бо истифода аз ҳамин равиши нуфузӣ, ҳамалотеро ба ҳадафи террори Мулло Яъқуб Муҷоҳид, вазири дифоъи Толибон ва соири сарони Толибон роҳандозӣ кард. Ин гурӯҳ тавонист ба хонаҳои мақомоти Толибон ворид шавад, аммо натавонист онҳоро бикушад ва амалиёташ шикаст хӯрад. Расидан ба хонаҳои Мулло Яъқуб ва соири сарони Толибон, ба соддагӣ муяссар нест.

Бархе дигар аз тактикаҳои Толибон, ки акнун аз сӯи ДОИШ истифода мешавад, таъмини манобеъи молӣ аз тариқи тавлиду қочоқи маводи мухаддир, вазъи молиёт бар маводи мухаддир, истихроҷу фурӯши маводи маъданӣ, боҷгирӣ аз бозаргонону ихтитоф ба ҳадафи боҷгирӣ аст. Бинобарин, вақте ДОИШ метавонад ба хонаҳои вазирони дохила ва дифоъи Толибон бирасад, хатараш барои ин гурӯҳ хеле ҷидитар аз ду соли пеш шудааст, ҳамон тур, ки хатари ин гурӯҳ алайҳи мардуми Афғонистон низ бузургтар шудааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки бар асоси гузориши Созмони Милал ДОИШ байни чаҳор то шаш ҳазор ҷангҷӯ дар Афғонистон дорад, эҳтимолан вазъияти амниятӣ дар ояндаи наздик вахимтар мешавад.

Толибон, ки бештар моҳияти маҳаллӣ доранд то минтақаӣ ва ҷаҳонӣ, барои пешбурди ин барнома чандон муносиб нестанд; Аммо ДОИШ, ки ҳатто ҷуғрофияи хаёлии ҳокимияташ бар бахше аз Осиё, Африқо ва Аврупоро сохта, дар садади роҳандозии “хилофати исломӣ” дар бахше аз ҷаҳон аст ва марзҳои миллии кунунии кишварҳои исломиро ба расмият намешиносад, гузинаи хубе барои иҷрои барномаи густаришу интиқоли ҷанг ба сарзаминҳои тозатар аст. ДОИШ бо муваффақиятҳое, ки дар Ироқу Сурия ба даст овард, нишон дод, ки ин тавоноиро дорад то селосо даст ба ҷанги таҳоҷумӣ зада ва ҳамаро ғофилгир кунад. Ин имкон дар Афғонистон низ вуҷуд дорад ва мумкин ба зудӣ ҷарақаҳои зуҳури ДОИШ бо ҳамалоти селосо, намоён шавад.

 

ҶУНБИШИ ИСЛОМИИ ТУРКИСТОНИ ШАРҚӢ ВА МАСЪАЛАИ ТАҲДИДИ АМНИЯТӢ

Толибон зоҳиран ҷуз ДОИШ, бақия гурӯҳҳои террористии фаъол дар Афғонистонро дӯстони худ медонанд. Ин дӯстон дар ду даҳаи гузашта бозу ба бозуи Толибон алайҳи давлати Афғонистон ҷангиданд ва мусалламан талафоти ҷонӣ доданд. Акнун онҳо дар зери султаи Толибон паноҳ гирифтаанд ва аз хоки Афғонистон хилофи тааҳҳуде, ки Толибон додаанд, кишварҳои ҳамсояро таҳдид мекунанд. Ҷунбиши исломии Туркистони Шарқӣ, Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон, Ансоруллоҳи Тоҷикистон, арабҳо ва соири террористони хориҷӣ дар зери чатри ҳокимияти Толибон, ба гунаи хазанда дар ҳоли эҳёи қудрати амалиётии худ ҳастанд. Толибон то акнун кадом вокуниши ҷиддӣ дар баробари ин гурӯҳҳо нишон надодаанд. Толибон медонанд, ки кӯчактарин таҳаррук ва вокуниш дар баробари ин гурӯҳҳо, мунҷар ба эҷоди ҷабҳаи ҷадид дар баробари ҳокимияташон хоҳад шуд. Толибон ҳамвора ҳузури ин гурӯҳҳоро инкор мекунанд, аммо воқеияти масъала таврест, ки ин гурӯҳҳо камокон бо ҳифзи қудрати амалиётӣ, теъдоди нафароти ҷангӣ, ҷуғрофияи мушаххас, тавони сарбозгирӣ ва манобеъи оидотии номушаххас, ба қуввати худ боқианд.

Ҷунбиши исломии Туркистони Шарқӣ низ ҳамчунон бо таслиҳоте, ки дар даврони ҷанг алайҳи давлати собиқи Афғонистон ва нерӯҳои хориҷӣ дар даст дошт, дар манотиқи мушаххаси шимол ва шимолшарқи Афғонистон ҳузур дорад. Як бор Толибон эълон карданд, ки аъзои ин гурӯҳро ба манотиқи ҷанубу шарқ ва шарқӣ интиқол медиҳанд. Аммо охирин иттилоот нишон медиҳад, ки ин гурӯҳ ҳанӯз ҳам дар манотиқи шимоли Афғонистон ҳузур дорад. Раҳбаронаш дар меҳмонхонаҳои сарони Толибон зиндагӣ доранд ва тамоми имконот барояшон муяссар аст.

Дар зимн, бисёр эҳтимол меравад, ки аз ин ки раҳбарони шабакаи Алқоида дар Афғонистон ҳузур доранд, ин раҳбарони Алқоида, пешидам шаванд ва ба танзиму басиҷи аъзои гурӯҳи ӯйғурҳо бипардозанд. Чун Толибон бо тавофуқи иҷборӣ бо гурӯҳи ӯйғурҳо, аз онҳо тааҳҳуд гирифтаанд, ки дар шаҳрҳову манотиқе, ки ҷамъият зиёд аст ва имкони рӯияти онҳо тавассути мардум вуҷуд дорад, нараванд ва аслиҳа ҳамл накунанд. Ин пинҳонкорӣ нишон медиҳад, ки Толибон дар тааҳҳудоташон чандон содиқ нестанд ва бо корти гурӯҳҳои террористӣ бозӣ мекунанд.

Дар зимн, ҳатто ду ҳазор тан аз аъзои хонаводаи шабакаи Алқоида, дар Афғонистон ҳузур доранд. Ин гурӯҳ дар Бодғис, Ҳилманд, Нангарҳор, Нуристон ва Зобул, пойгоҳҳои омӯзишӣ дорад. Гузориш аз ҳузури ҷангҷӯёни хориҷии араб ва соири кишварҳо дар Кунар ва Нуристон, ҷое, ки як урдугоҳи ин шабака аст, омӯзиш мебинанд, ривоят мекунад. Ин омӯзишҳо барои чӣ аст? Ва чӣ ҳадафиро дар пай дорад? Ҳатто мушовирини ҷангӣ ва стратегҳои шуморе аз ин афрод бо асноди ҳувияти Афғонистон дар шаҳрҳо, ки нақши машваратиро бо Толибон ифо мекунанд, низ дида шудаанд.

Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир, теъдоди ҳама гурӯҳҳои террористӣ ба 20 мерасад. Ин гурӯҳҳо низ дар ҷанги Толибон алайҳи давлати собиқи Афғонистон, аз Толибон ҳимоят мекарданд ва ҳоло ҳазорон ҷангҷӯ дар Афғонистон, аз ҷумла дар шимол ва шимолшарқ доранд. Боре пеш аз суқут, гуфта мешуд Толибон дар бархе манотиқ, ки дар контрол мегиранд, касонеро бо худ доранд, ки на пашту мефаҳманд, на форсӣ ва на ӯзбекӣ. Гуфта мешуд, ки онҳо бо хонаводаҳои худ дар нуқоти мухталифи Афғонистон ҷобаҷо мешаванд. Дӯстони Толибон, ки аксаран кишварҳои дигарро ҳадаф қарор медиҳанд, ба Афғонистон низ осеб мезананд.

Ба ҳар ҳол сиёсатҳои Толибон ӯйғурҳоро нороз сохтааст. Ин ки Толибон барои ӯйғурҳо маҳдудият вазъ кунанд, ки чӣ гуна ва куҷо бояд сайру сафар кунанд, аслиҳа ҳамл накунанд ва дар куҷо зиндагӣ кунанд, эҳтимоли зиёд меравад, ки ба зудӣ ӯйғурҳо аз Толибон бурида ва ба ДОИШ-и Хуросон мулҳақ шаванд. Ило равшан шудани ояндаи равобити Толибон бо ӯйғурҳо, ӯйғурҳо ба асоси тавофуқе, ки бо Толибон кардаанд, аз анҷоми ҳамалот худдорӣ мекунанд, аммо ба муҷарради қудратёбӣ ва озодӣ дар сайру сафар, даст ба ҳамалоти густурда хоҳанд зад.

Ӯйғурҳо тамоми қуввати амалиётии худро ҳифз кардаанд ва мутарассиди авзоъанд то дар як фурсати муносиб аз Толибону ДОИШ ҳарду истифода бурда ва ба аҳдофи худ бирасанд. Садама задан ба манофеъ ва таъсисоти чиноӣ, дар авлавияти кориашон аст. Ин кор бо манофеъи стратегӣ ва моҳиятии ДОИШ, ҳамхонӣ дорад.

ДОИШ ҳам мутарассид аст то бо зиёд шудани ихтилофот миёни террористони хориҷӣ бо гурӯҳи Толибон, ба ҷалбу ҷазби онҳо иқдом кунад. Ӯйғурҳо аз наздик шудан ба ҳарду нафъ мебаранд, вале ҳамзамон нигарониҳое доранд. Масалан, метарсанд мабодо қурбонии рақобатҳои ДОИШ ва Толибон шаванд. Аз ин рӯ, мӯҳтотона дар садади интихоби роҳи муносибанд, то ҳам мавҷудияти худ ва сохтори низомиро ҳифз кунанд ва ҳам дар рақобатҳои ДОИШ ва Толибон, нобуд нашаванд. Ӯйғурҳо дар ҷуғрофияе, ки дар шимол ва шимолшарқ дар кунтрул доранд, талош мекунанд ҳастаҳои худгардонро барои воқеоти баъдӣ омода созанд то қудрати амалиётии бештаре дар дифоъ аз мавҷудияти ин гурӯҳ ва анҷоми ҳамалоти бештарро бар манофеъ ва таъсисоти чиноиҳо дошта бошанд.

Ин кор барои Толибон, ки хостори ҳокимият бар тамоми гурӯҳҳои террористии хориҷианд, қобили қабул нест ва гоҳгоҳе боиси даргирӣ ва таниш дар равобити ин ду гурӯҳ мешавад. Он чӣ, ки дар гузашта зери номи ӯйғурҳо ҳамалот анҷом додаанд, дарвоқеъ кори Толибон аст, то ҳам аз Чин имтиёз бигиранд ва ҳузури ӯйғурҳоро ҷиддӣ нишон диҳанд ва ҳам бар ӯйғурҳо фишор биоваранд ва онҳоро тобеъи барномаҳои худ созанд. Ҳамла бар ҳутали чиноиҳо, кори ду тоҷикистонӣ буд, ки аслан узви Ҷунбиши исломии Туркистони Шарқӣ набуданд, бал аъзои Ансоруллоҳи Тоҷикистон буданд, ки ба фармоиши Толибон, ин ҳамларо анҷом доданд то ҳузури ӯйғурҳоро ҷиддӣ нишон диҳанд. Аммо ҳеҷ чиз қобили пешбинӣ нест. Мумкин ба зудӣ ӯйғурҳо бо ҳимояти ДОИШ ва ё ҳам Толибон, даст ба иқдомҳое бизананд, ки таҳлили он дар шароити кунунӣ муяссар нест.

Натиҷагирӣ:

Таҷаммӯъи ин ҳама террористи мусаллаҳ дар хоки Афғонистон як хатари фаврӣ аст. ДОИШ ҳам ба унвони душмани амнияти минтақа, таҳдиди ҷидитар ва фавритар аст. ДОИШ ҳоло ошкоро таҳдид кардааст, ки дар садади тасарруфи ҷуғрофиёи бештар дар хоки Афғонистон аст. Ҳатто таҳлилгарони Афғонистон дар расонаҳои форсизабон мегӯянд, ки бадили Толибон дар оянда ДОИШ аст ва ДОИШ ҷуғрофияеро дар шимол ва шимолшарқи Афғонистон дар контрол хоҳад дошт;

- гурӯҳҳои террористӣ баъд аз қатли аз-Завоҳирӣ, ба Толибон бадгумон шудаанд ва нигаронанд мабодо Толибон бар сари онҳо низ муомила кунад. Аз ин рӯ, эҳтимоли сарбозгирии ДОИШ аз онҳо ба сурати билқувва вуҷуд дорад, чизе, ки ДОИШ ҳам дуруст ташхис дода ва дар садади эҷоди ихтилоф миёни Толибон ва онҳо аст;

- интихобан ҷуғрофиёи шимол ва шимолшарқи Афғонистон, барои ДОИШ ва соири гурӯҳҳои террористи хориҷӣ, як иқдоми санҷидашуда аст. Зери ин манотиқ аз ҷуғрофия, манобеъи зеризаминӣ ва масири қочоқи маводи мухаддир, ҷуғрофияе аст, ки метавонад хилофати худхондаи ДОИШ-и Хуросонро барои муддати мадиде худкифо созад. Зеро тиҷорати маводи мухаддир, манобеъи зерзаминии қиматӣ, ҷуғрофияи саъбулубур ва имкони мубаддал шудани ин ҷуғрофия ба вазъулҷайши ғайри қобили контрол ин бароварди стратегиро мумкин месозад;

- ҳимояти қавии қудратҳои мухолиф муттафиқини осиёӣ (Чин, Русия, Эрон ва Ҳинд) ДОИШ-ро ба як таҳдиди билқувва мубаддал хоҳад сохт. ДОИШ ба сурати орому хазанда, аммо дар ҳоли эҳёи қудрати амалиётии худ аст. ДОИШ ба тозагӣ ба Толибон ҳушдор додааст, ки ба зудӣ бо тасарруфи бештари ҷуғрофия, арсаро ба Толибон танг хоҳад сохт;

- вуҷуди иштироки назарӣ миёни ДОИШ ва соири гурӯҳҳои террористии хориҷӣ дар Афғонистон, ки идеологияи фаромарзӣ доранд ва ҳар кадом бар зидди кишвари хосе фаъолияти низомӣ доранд, заминаи иттиҳоди стратегӣ ва фикриро миёни онҳо мусоид месозад. ДОИШ аз ин фурсат ва иштироки назар, баҳрабардории стратегӣ мекунад, то ҳам Толибонро тазъиф кунад ва ҳам соҳаи бештари ҷуғрофиёиро таҳти контрол биоварад;

- Толибон, бахусус Шабака Ҳаққонӣ, бонии аслии ДОИШ дар Афғонистон аст. Шабакаи Ҳаққонӣ бо кӯмаки мустақими таслиҳотӣ ва машвараҳои ҷангӣ, як бахши фаъоли резерфиро дар ихтиёри ДОИШ қарор додааст. Ин кор ношӣ аз маъмурияти аслии ин шабака дар фаъолсозӣ ва густариши ДОИШ ва ҳам дар ҷиҳати рақобатҳои дарунӣ бо соири гурӯҳҳои Толибон аст;

- норизоиятии террористони хориҷӣ, монанди ӯйғурҳо, аз Толибон заминаро барои сарбозгирии ДОИШ мусоид месозад. Зеро раҳбарони ӯйғур ва соири гурӯҳҳои террористӣ, нигаронанд, мабодо ба сарнавишти аз-Завоҳирӣ мувоҷеҳ шаванд ва Толибон бар сари онҳо муомила кунанд.

 Ишора: дар таҳрири ин таҳлил аз манобеъи интернетӣ баҳра бурда шудааст.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!