Кишварҳои исломӣ ба чунон чоҳе ронда мешаванд, ки чорае ҷуз интихоби яке аз ду шаррро надоранд.
Нависанда: Нуруллоҳ Вализода, таҳлилгар, махсус барои "Сангар"
Дар ин рӯзҳо муқоиса байни Сурияву Афғонистон ва ба табааи он муқоиса байни гурӯҳҳои шибҳинизомии исломгарои Сурия, ки тоза дар он ҷо ба қудрат расиданд, бо Толибони Афғонистон, ривоҷ ёфтааст.
Бисёре аз раҳбарони ҷаҳон дар тавсифи вазъияти Сурия ишора ба Афғонистон мекунанд. Дарвоқеъ, Афғонистон як меъёри муқоиса шуда барои муқоисаи ҳар кишвари ҷангзадаи дигар бо он. Ҷолиб аст, ки дар давраи ҷумҳурият бархеҳо нигарони суриёӣ шудани Афғонистон буданд. Ҳоло суриёиҳо нигарони афғонистонӣ шудани вазъияти кишварашон ҳастанд.
Ин муқоисаҳо маро ба ёди қиссае андохт, ки муҷоҳидини Афғонистон дар замони ҷиҳод аз муҷоҳидини Тоҷикистон мекарданд. Муҷоҳидин қисса мекарданд, ки як гурӯҳе аз муҷоҳидини Афғонистон рафта буданд ба кӯмаки муҷоҳидини Тоҷикистон ва ҷиҳод дар ин кишвар. Дар аснои ҷангу даргирӣ, гурӯҳи муҷоҳидини Афғонистон мушаки РПГ-ро ба самти кадом сохтмони мактаб нишона мегирад. Пеш аз шиллик, муҷоҳидини тоҷикистонӣ, ки дар канораш истода будаанд, монеи шиллики мушак ба сохтмони мактаб мешаванд. Вақте муҷоҳидини афғонистонӣ далели онро мепурсанд, муҷоҳиди тоҷикистонӣ дар ҷавоб мегӯяд, ки мо барои тағйири режими ҳоким меҷангем, на барои вайронии ватани мо. Муҷоҳиди афғонистонӣ мегӯяд, ки ин гуна ҷангу ҷиҳод намешавад ва туфанги худро замин гузошта ва бармегардад ба Афғонистон. Ҷое, ки муҷоҳидин парвое аз вайрон шудани мактабу клиник ва... надоштанд. Албатта, ҳама муҷоҳидини афғонистонӣ чунин набуданд, аммо ба ҳар ҳол дар байнашон зиёд буд касоне, ки парвои вайронии кишварро надоштанд.
Ҳоло ҳам дар муқоиса миёни Толибон ва гурӯҳҳои шибҳинизомии Сурия метавон гуфт, ки ҳарчанд Толибон бо гурӯҳҳои шибҳинизомии Сурия шабоҳатҳои зиёде доранд, аммо тафовути умдаашон дар ин аст, ки шӯришиёни Сурия ҷангашонро ба тағйири режим дар кишварашон мутамаркиз карда буданд, аммо намехостанд/намехоҳанд, ки ба иқдомоте мутавассил шаванд, ки боиси зиёнҳои ҷуброннопазир ба кишвар ва ҷомеаашон гардад. Масалан, онон монеи дарсу таҳсили духтарон нашуданд ва балки эълом карданд, ки аз занону ҳуқуқашон дифоъ мекунанд. Дар тозатарин маврид, онон як занро ба унвони раиси Бонки марказии Сурия интихоб карданд.
Аммо ин тафовут аз куҷо меояд? Яке аз тафовутҳо, он гуна, ки Ҷавлонӣ, раҳбари гурӯҳи шибҳинизомии Таҳрири Шом ишора карда, дар қабилаӣ будани Афғонистон аст. Ҷомеаи Афғонистон қабилаӣ аст ва қабила русуму анъаноти нописанду ғайриақлониро ҳифз мекунад. Гарчи ҳама ҷомеаи Афғонистон қабилаӣ нест ва бавежа ақвоми ғайрипаштун аз ҳолати қабилаӣ берун шуда ва ба самти маданӣ шудану шаҳрванд шудан ва фардгароӣ мароҳили рушду такомули иҷтимоии худро паймудаанд, аммо аз он ҷое, ки акнун Толибон ба унвони як гурӯҳи паштунӣ ҳокими кишвар шудаанд, русуми қабоилии ҳоким миёни паштунҳоро бар кулли ҷомеа таҳмил мекунанд.
Аммо бовари ман ин аст, ки хушунати ниҳодинашуда дар ҷомеаи Афғонистон, ки Толибон онро ба хубӣ намояндагӣ мекунанд, бештар реша дар ҷаҳолат дорад. Тафсиру таъбире, ки Толибон аз дини Ислом доранд, бисёр мутафовит аз таъбиру тафсирест, ки масалан, гурӯҳҳои шибҳинизомии исломгарои дигар дар Ховари Миёна аз дин доранд. Толибон динро дар бистари хушунатҳои сохторманди қабилаӣ тафсир мекунанд. Як тафсири ҷоҳилона аз дин бистарсозии хушунат аст. Аммо ҷаҳолат боз ҳам дар бистари иҷтимоии қабилаӣ заминаи рушду мондагорӣ бештар дорад. Дарки сохтори қабилаӣ таъкиди зиёде ба ҳифзи русуму анънот мешавад. Муҳим нест, ки ин русум чӣ қадар ақлонӣ, дуруст ва ахлоқӣ бошад. Он чӣ барои қабила муҳим аст, ҳифз русуму фарҳанги барсохтаи қабила аст.
Ҳарчанд паштунҳое, ки шаҳрнишин шуда ва ба хориҷ аз кишвар рафтаанд, аз итлоқи сифати қабилаӣ будан ба худашон мешарманд ва фарҳанги қабилаиро нақд мекунанд, аммо ба назар мерасад, ҷое, ки нафъашон дар миён бошад, ба нерӯҳои бархоста аз бистари қабила ифтихор мекунанд. Дарвоқеъ, ин ҷо мо бо як таноқуз мувоҷеҳ ҳастем. Дидем, ки хеле аз паштунҳои шаҳрӣ бар раҳбарии Таҳрири Шом барошуфтанд, ки чаро Афғонистонро қабилаӣ гуфтааст, аммо ҳамин шаҳрнишинҳо ва хориҷнишинҳои паштун аз Толибон бо сохтору тафаккури қабилаиашон ҳимоят мекунанд, зеро бовар доранд, ки Толибон ҳокимияти паштунҳоро тамсил мекунанд.
Бо ин ҳол, қасди табрааи хушунатҳо ва ҷиноёти иртикобии гурӯҳҳои шибҳинизомӣ, мисли Таҳрири Шомро надорем. Сарфи назар аз тафовутҳо, агар ба шабоҳатҳои Толибон ва гурӯҳҳои шибҳинизомии исломгарои минтақа нигоҳ кунем, ҳама масирҳои қаҳқароиро барои аз байн бурдани субот, тавсеа ва тараққии ҷавомеи худ паймудаанд. Инҳо акнун бештар аз ҳар замони дигаре бозичаи дасти қудратҳои истеъморӣ шудаанд ва ба анвои мухталиф ба кишварҳову ҷавомеи худ осеб мерасонанд. Албатта, қасди дифоъ аз диктаториҳои минтақа ҳам дар байн нест. Мутаассифона, минтақаи мо дар вазъияте қарор гирифта, ки мардум ё бояд давлатҳои саркӯбгар, мустабид ва ақибгароро таҳаммул кунанд ё бояд ҳокимияти гурӯҳҳои шибҳинизомиеро таҳаммул кунанд, ки ба васила қудратҳои истеъморӣ ҳимоят мешаванд ва аҳдофи ононро думбол мекунанд.
Аммо бадбахтии Афғонистон ин аст, ки ҳатто террористҳояш бадтарин террористҳои рӯи заминанд. Террористи Сурия табъизи ҷинсиятӣ надорад, табъизи қавмиятӣ надорад ва ба ояндаи босуботи Сурия аз варои мушорикати ҳама неруҳо ва шаҳрвандони Сурия фикр мекунад. Аммо террористҳои Афғонистон бо ҳама шаҳрвандону ақвоми Афғонистон душманӣ доранд ва ғайр аз худашон каси дигареро қабул надоранд. Занонро аз зиндагӣ ҳазф карданд ва мардонро низ ба анвои мухталиф тақсим карда ва як режими саркӯбгарро бино ниҳоданд, ки ҳатто шӯришиёни Сурия ба он тамасхур мекунанд.
Аммо чӣ бояд кард? Бояд мушкили қавмиро дар Афғонистон ҳал кард. Ҳама бояд ба ҳалли муъзали қавмӣ фикр кунанд. Ҳалли муъзали қавмӣ аз эътироф ба вуҷуди мушкили қавмӣ оғоз мешавад. То ин ҷои кор паштунҳо бо истифода аз абзорҳои таассуби қавмӣ ва таҳаййуҷи қавмгароёни орӣ аз мантиқ ва ақлонияти модерн ва бо иртикоби хушунату тақаллуб қудратро дар даст гирифта, ба кӯмаки хориҷиҳо ақвоми дигарро аз қудрат берун карда ва ангор ин пирӯзиро ҳама тайфҳои паштун ошкору ниҳон ҷашн мегиранд.
Ғайрипиштунҳо низ дар фуқдони ривояти возеҳи қавмӣ ба сар мебаранд. Иддае аз онон бо ҳазфи шууру тааҳҳуди қавмӣ аз манзумаи фикрӣ ва эътиқодиашон ба таомулу мушорикати судҷӯёна дар сохторҳои паштунии қудрат фикр мекунанд ва иддае дигар, ки соҳиби дидгоҳу тааҳҳуди қавмӣ ҳастанд ва ба қазоё амиқ нигоҳ мекунанд, дар таҷриду инзиво ба сар мебаранд. Омили қавмӣ дар буҳрон ба анвои мухталиф инкор шудааст. Ва ин инкор ба нафъи тадовуми буҳрон тамом мешавад.