Муҳоҷирон чӣ гуна демократияи Олмонро аз байн мебаранд?
Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари умури минтақаву байнулмилал, узви Ҳайати мушовирони “Сангар”
Тасовире, ки мунташир шуда, марбут ба фарде ба номи Фарҳод Нурӣ аст. Муҳоҷиме, ки бо рондани худрави худ ба миёни тазоҳуроти сулҳомези аъзои иттиҳодияи “ver.di” боиси захмӣ шудани 37 нафар ва кушта шудани як модари ҷавоне ҳамроҳ бо фарзанди хурдсолаш шуд.
Бо ин ҳол, мақомот ва расонаҳои олмонӣ на номи комили ӯро ифшо кардаанд ва на тасвире аз чеҳрааш мунташир шудааст. Гуфта мешавад, ки вай 24-сола аст, аммо ҳамчун бисёре аз муҳоҷироне, ки аз соли 2013 ба ин сӯ вориди Олмон шудаанд, эҳтимолан синни воқеиашро камтар аз ҳақиқӣ эълом кардааст.
Таҳқиқот нишон додааст, ки ин фард як исломгарои радикал буда, ки дар Олмон иҷозаи иқомат дарёфт карда ва ба унвони нигаҳбони амниятӣ дар як фурӯшгоҳ машғул ба кор будааст. Эҳтимол дорад афроде ӯро бишносанд ё аз пешинааш иттилооте дошта бошанд, аммо иқдоми ӯ мавҷе аз нафрати умумиро алайҳи муҳоҷирони афғонистонӣ дар Олмон ба вуҷуд овардааст.
Пеш аз ин, расонаҳои олмонӣ аз вуқӯъи як даргирии хунин ва густурдае миёни 30 ҷавони афғонистонӣ дар майдони марказии шаҳри Лимбурги аёлати Ҳессени Олмон дар таърихи 31 январ гузориш дода буданд.
Даргирӣ, ки бо истифода аз чоқу ва дигар силоҳҳои сард ҳамроҳ буд, беш аз 15 захмӣ бар ҷой гузошт ва мӯҷиб шуд пулис барои контроли авзоъ аз нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ истифода кунад.
Илова бар ин, танҳо як рӯз пеш аз ҳамлаи террористӣ дар Мюнхен, расонаҳои олмонӣ хабар аз оғози додгоҳи як муҳоҷири афғонистониро мунташир карданд, ки дар соли 2024 бо ҳамлаи мусаллаҳона, як афсари пулисро ба қатл расонд ва панҷ тани дигарро захмӣ карда буд.
Солҳо пеш, Тило Саррасин, сиёсатмадори ҷанҷолии Ҳизби сотсиал-демократи Олмон дар китоби худ “Олмон дар ҳоли завол аст” мавзеи шадидан зидди мусулмонон иттихоз кард, аммо дар он замон аз афғонистониҳо, ироқиҳо ва эрониҳо ба унвони истисно ном бурд. Ӯ мӯътақид буд, ки Олмон ба муҳоҷироне ҳамчун афғонистониҳо ва эрониҳо ниёз дорад, зеро бештари онҳо таҳсилкарда ҳастанд. Ин дидгоҳ эҳтимолан таҳти таъсири таркиби муҳоҷирони афғонистонии даҳаи 1990 ва авоили 2000 буд, ки умдатан аз аъзои собиқи Ҳизби демократики халқ ва бо таҳсилоти баланд ташкил мешуданд.
Аммо бо афзоиши вуруди паноҳҷӯёни ҷавони афғонистонӣ ва сурӣ пас аз соли 2013, таркиби иҷтимоии ҷомеаи Олмон тағйир кард. Аксарияти мутлақи паноҳҷӯёни Афғонистон ё бидуни таҳсил ва ё бо таҳсилоти кам, вале башиддат динбовар будаанд. Бар асоси таҷрибаи кории ман, бузургтарин дағдағаи онҳо мавзӯи дину куфр, сексизм ва буҳрони фарҳангӣ будааст. Нигоҳи бегонаситезӣ ва исломзадагӣ ва расизми ақаллиятӣ боис шуд, ки бештари шаҳрвандони олмонӣ, бавежа занон, эҳсоси ноамнӣ намоянд. Аз он ҷое, ки пулиси Олмон дар таъмини амнияти умумӣ бо чолишҳои зиёде рӯбарӯ мебошад ва қодир ба контроли комили вазъият нест, мардуми норозӣ мехоҳанд назми олмонӣ дубора баргардонида шавад.
Ҳамин фазои норизоиятӣ мӯҷиби гароиши бахше аз ҷомеаи Олмон ба аҳзоби рости ифротӣ шудааст. Онҳо хостори ҷойгузинии сиёсатҳои либерал ва чандфарҳангӣ бо қавонини сахтгиронатар барои бозгардондани назму амният аз як сӯ ва ихроҷи паноҳҷӯёни ғайризарурӣ аз сӯи дигар ҳастанд. Расонаҳои либерали Олмон талош меварзанд, то ҳимоят аз Ҳизби алтеранатива барои Олмон (AFD)-ро камранг ҷилва диҳанд. Аммо рӯйдодҳои террористии ахир дар канор, ки мудохилаи мустақими Иёлоти Муттаҳида дар интихоботи Олмон, шонси Ҳизби алтернативаро барои касби ҷойгоҳи нахуст дар интихоботи оянда афзоиш додааст.
Кӯтоҳи сухан ин ки:
Ҳаводиси ахир дар Олмон нишон медиҳад, ки сиёсатҳои муҳоҷиратӣ ва амниятии ин кишвар бо чолишҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ шудааст. Аз як сӯ, ҳамалоти террористӣ ва хушунатҳои ношӣ аз бархе муҳоҷирон фазои беэътимодӣ ва таниши иҷтимоиро афзоиш дода ва аз сӯи дигар, вокунишҳои шадиди аҳзоби ростгаро, ояндаи сиёсати дохилии Олмонро таҳти таъсир қарор додааст.
Агарчи давлати Олмон талош мекунад таодулро миёни сиёсатҳои муҳоҷиратӣ ва амниятии дохилӣ ҳифз кунад, аммо афзоиши хушунатҳои муртабит бо муҳоҷирон сабаб шудааст, ки афкори умумӣ ба самти роҳҳалҳои сахтгиронатар савқ пайдо кардааст. Дар ин миён, рушди маҳбубияти аҳзоби рости ифротӣ ҳамчун “Алтернатива барои Олмон” занги хатаре барои сиёсатҳое чандфарҳангӣ ва арзишҳои демократии ин кишвар ба шумор меравад.
Ба назар мерасад Олмон бо интихобҳои душворе рӯбарӯ хоҳад шуд. Интихоб миёни ҳифзи сиёсатҳои муҳоҷиратии феълӣ ё тағйири масир ба сӯи қавонини сахтгиронатар, ки мумкин аст паёмадҳои иҷтимоӣ ва сиёсии густурдае дар пай дошта бошад.