Сиёсати ҷинсиятии Толибону ДОИШ чӣ гуна аст?
Нависанда: доктор Мавлавӣ Бурҳонуддин Муҳаммадӣ
Яке аз барҷастатарин вуҷӯҳи иштироки Толибону ДОИШ, нигоҳи абзорӣ, таҳқиромез ва ситезаҷӯёна бо зан аст. Дар ҳар ду тафаккур, зан на ба унвони инсони мустақил, балки ба масобаи номус, мошини тавлид, насли ифротӣ ё маҳалли фитна таъриф мешавад. Ин нигоҳ на танҳо боиси маҳдудияти шадиди ҳуқуқи занон шуда, балки нақши бузурге дар сиёсатгузорӣ, ҷазби нерӯ ва ҳатто ривоятсозии идеологии доишӣ ва толибонӣ ифо кардааст.
Толибону зан, бозтавлиди сохтори падарсолоронаи қабилаӣ
Нахуст, сиёсати Толибон ҳазфи занон аз арсаи умумӣ аст, ки дар даврони аввали ҳокимияти Толибон (1996–2001) занон аз омӯзиш, кор ва ҳатто берун рафтани бидуни маҳрам, маҳрум буданд. Бо бозгашти Толибон дар 2021, таърих такрор гардид: макотиби духтарона баста шуданд, занон аз кор дар расонаҳо, вазоратхонаҳо ва ҳатто бозорҳо канор зада шуданд ва бидуни маҳрам иҷозаи баромадан надоранд ва дар бадтарин навъи ҳолат нигаҳдорӣ мешаванд.
Дувум, ҳиҷоби иҷборӣ ва тафкики ҷинсиятӣ аст, ки Толибон пӯшиши бурқаъ ё чодари сиёҳро илзомӣ кардаанд ва адами риояти он бо бархурдҳои физикӣ ва зиндонӣ шудан ҳамроҳ аст. Ҳузури занон дар маҳофили умумӣ ба таври систематик маҳдуд ва ҳазф шудааст. Донишгоҳҳо, поркҳо, ҳаммомҳо ва ҳатто сафари занон ба шиддат контрол мешавад.
Севум, таърифи зан дар чорчӯби хонавода шудааст. Толибон занонро фақат дар чорчӯби ҳамсар, модар ё маҳрам мепазиранд. Ҳуқуқи фардӣ, шуғлӣ ё мадании онон мавриди шиносоӣ қарор намегирад. Издивоҷҳои иҷборӣ, бавежа бо Толибон, ҳамчунон роиҷ аст, бахусус дар манотиқи ҷангзада.
ДОИШ ва зан: аз абзори таблиғотӣ то бардадории ҷинсӣ
Нахуст, истифодаи абзорӣ аз зан барои таблиғи хилофат:
Дар даврони хилофати ДОИШ, зан модари муҷоҳидон муаррифӣ мешуд. Ҳузури зан ба унвони сарбози ҷиҳод, мамнуъ, вале ба унвони подоше барои муҷоҳид таҷлил мешуд.
ДОИШ гурӯҳҳои таблиғии хосе барои занон дар фазои маҷозӣ роҳандозӣ карда буд, ки ҳадафашон ҷазби занони ғарбӣ ва кишварҳои исломӣ барои издивоҷ бо ҷангҷӯён буд.
Дувум, бардадории ҷинсӣ ва бозори бардагони ДОИШ:
Пас аз тасарруфи шаҳрҳои язидинишин дар Ироқ, ДОИШ ҳазорон зану духтари язидиро ба бардагии ҷинсӣ гирифтанд ва занон дар бозорҳои Мавсил ва Раққа монанди коло ба фурӯш мерафтанд. Қиматгузорӣ бар мабнои син, зебоӣ ва вазъияти бакорат анҷом мешуд. Ин амал бо фатвои расмии ДОИШ машрӯъ ҷилва дода мешуд, ба унвони ғанимати ҷангӣ, ки Худованд ҳалол кардааст.
Севум, низоми полиси занона (алҳасба) гуфта мешавад:
ДОИШ пулиси занонае ба номи «Ал-хансоъ» ташкил дода буд, ки вазифааш контроли пӯшиш ва рафтори занон буд. Ин пулисҳо дигар занонро ба ҷурми ороиш, хандаи баланд ё ҳамроҳӣ бо мардони бемаҳрам муҷозот мекарданд.
Муқоисаи сиёсатҳои ҷинсиятии Толибон ва ДОИШ
Дар заминаи сиёсатҳои ҷинсиятӣ, Толибон ва ДОИШ ҳар ду дидгоҳҳои башиддат маҳдудкунанда ва табъизомез нисбат ба занон доранд.
Издивоҷҳои иҷборӣ дар ҳар ду гурӯҳ роиҷ буд, аммо дар ДОИШ илова бар он, занон, бавежа, занони ғайримусулмон ба унвони бардаи ҷинсӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Ин бардадории ҷинсӣ дар ДОИШ на танҳо роиҷ, балки созмонёфта, расмӣ ва бо фатвои динӣ тавҷеҳ мешавад. Дар ҳоле ки дар мавриди Толибон, бардадории ҷинсӣ ба шакл ва ба навъи дигаре ва такрори издивоҷ рӯй овардаанд.
Таъсири ин сиёсатҳо бар ҷомеа ва ривояти идеологии ҳар ду гурӯҳ, занро ба унвони хатар ва фитна нигоҳ мекунанд ва ба ҳамин далел талош мекунанд ӯро аз ҷомеа ҳазф ё дар хона зиндонӣ кунанд. Ин нигариш сабаби нобудии неруи инсонии занон, афзоиши хушунати хонаводагӣ ва густариши фақри фарҳангӣ ва иқтисодӣ шудааст.
Дар ин миён, заноне, ки дар баробари ин системаҳо муқовимат кардаанд, мавриди шиканҷа, таҳдид ё қатл қарор гирифтаанд.
Ҳам Толибон ва ҳам ДОИШ, бо тафсири ифротӣ ва сиёсишуда аз дин, ба абзорсозии зан дар ростои проектҳои ифроти мазҳабиашон пардохтаанд. Онон, бо ҳазфи зан аз арсаи умумӣ, мекӯшанд ҷомеаи мардсолор, баста ва мутеъи идеологӣ бисозанд.