Хабари рӯз

Чаро фармондеҳ Малик толиб шуд ва ба муқовимат пайваст?

Сангар: фармондеҳ Малик, раиси истихбороти пулиси Толибон* дар панҷшир ду рӯзи пеш аз сафи Толибон ҷудо шуд ва бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва раҳбари он Аҳмади Масъуд байъат кард. Нерӯҳои вай дар рӯзҳои гузашта талафоти сангинеро дар вулусволии Дараи Панҷшер ба Толибон ворид карданд.

Нависанда: Наҷиб Борвар

Ин одам, ки дасти Аҳмадшоҳ Масъуд рӯи шонааш аст, фармондеҳ Малик аст.

Фармондеҳ Малик то рӯзҳои охир мудири истихбороти Раёсати амнияти Толибон дар Панҷшер буд. Вай бародарзодаи Мирзо Муҳаммад аз фармондеҳони аршади даврони ҷиҳод аст. Фармондеҳ Малик дар замони муқовимат, масъулияти як нерӯи зарбатиро ӯҳдадор буд, ки тавассути шахси Аҳмадшоҳ Масъуди бузург омӯзиш дида ва асосгузорӣ шуда буд.

Вақте Толибон дар 2001 шикаст хӯрданд, одамҳои зиёде ба курсӣ ва сарват расиданд. Фармондеҳ Малик, ки заҳамоти рӯёрӯии мубориза алайҳи толибро мутақобил шуда буд, силоҳашро дар чорчӯби барномаи “дидиор” (DDR - Disarming, Demobilizing, and Reintegrating – Халъи силоҳ, ғайринизомисозӣ, ва идғом (ҷазб)-и муҷаддад) гирифтанд ва худаш бесарнавишт монд.

Ӯ сози мухолифат бо ҳукуматҳои маҳаллии Панҷшер сар дод, аммо бузургтарин хосташ, ҳаққи худаш ва мардумаш буд. Ӯ мегуфт, садҳо муфтхӯрро мешиносам, ки ба хотири тааллуқи хонаводагӣ мансаб гирифтааст, аммо ман шона ба шона ҷангида будам, чаро нодида гирифта шавам.

Ман (Наҷиби Бовар) чандин бор талош кардам мушкили ӯро бо ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳал кунам. Боре писари маршал Фаҳимро, ки муовини амнияти миллӣ буд, аз қазия огоҳ кардам, ҳеҷ кадом таваҷҷуҳ накарданд. Раёсатҳои амнияти миллӣ ҳамеша фармондеҳ Маликро туҳмати гирифтани пули истихборотӣ месохтанд.

Фармондеҳ Малик ба хотири уқда аз сиёсатгарони Панҷшер толиб шуд. Яке аз авомили шикасти Панҷшер, даст кашидани мардуми вулусволии Дара аз мухолифат бо Толибон буд, ки тавассути фармондеҳ Малик раҳбарӣ мешуд. Толибон бо ҳамдастии фармондеҳ Малик, толибони париёнӣ ва иддае худфурӯхта дар марказ, тавонистанд Панҷшерро ба роҳатӣ ишғол кунанд. Фармондеҳ Малик барои Толибон гуфта буд, ин ҷо касе бо шумо мухолиф нест, пас вориди Дара нашавед.

Толибон тамоми фаъолитҳои хешро дар Дара таҳти ҳокимияти фармондеҳ Малик, бо машварати мустақими ӯ анҷом медоданд. Фармондеҳ Малик чандин камин ба ҷони муқовиматиҳоро ифшо кард. Амруллоҳ Солеҳ аз зери ҳокимият ӯ наҷот дода шуд, намози ид бар хилофи толиб дар минтақаи ӯ адо шуд. Имомони масоҷид дар зери ҳокимият ӯ аз муқовимат дифоъ карданд, ки толиб маҷбур шуд алайҳи ӯ мухолифат кунад.

Чандин рӯз аст, ки фармондеҳ Малик бо Толибон дар Абдуллоҳхел меҷангид. Як идда таблиғ мекунанд, ки баъзе дӯстон, ки фиреби толибро хӯрда буданд, бозгаштанд. Ман ба унвони ҳамзодгоҳӣ бо фармондеҳ Малик, хостам ин ҳақоиқро дар мавриди он бесавод, ки наметавонад аз иттиҳомҳо дифоъ кунад, бо шумо шарик кунам.

Паҳлуҳои пинҳон дар шикасти мардуми мо барҷаста ҳастанд. Намегузорем касе рӯи онҳо хок биандозад. Махсусан дар мавриди мардуми Дара (Обшор ва Абдуллохел, Киромон ва Малима ва...), ки дар тамоми муборизоти мардуми Панҷшер аз худ шаҳомат нишон додаанд ва бештарин ифтихороти фарҳангии Панҷшер аз ин ҷост, дигар хомӯш намемонем ва ба даҳони касе, ки моро сабук ёд кунад, мезанем! Ҳоло шумо худ қазоват кунед.

Баргашти фармондеҳ Маликро ба сироти мустақим истиқбол мекунем, ҳоло агар шаҳид ҳам шавад сарбаланд хоҳад буд. Ӯ вақте ҳатто ба толиб пайваста буд, ба мардум худ хиёнат накард!

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ё мамнуъ аст.


Дин

Тероризм

30-июн-2025 By admin

Чеҳраи хатарноки бозии…

Русия аз як ривояти машкуки амниятӣ чӣ гуна сенариясозӣ мекунад?

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!