“Қумондон, мо дар муҳосира ҳастем. Шояд охирин нафаре бошӣ, ки ҳарфамро мешунавӣ. Чорҷи телефонам ҳам халос мешавад. Агар шаҳид шудам, ба дӯстон бигӯ, ки Нуроғои Пешғур сарбози ҳамон Аҳмадшоҳи Масъуд буд. Аз ҳамон оғоз тамоми ҳастии дунёро пушти по задам ва роҳамро интихоб кардам: ё озодӣ, ё шаҳодат. Шаҳодати ман як шаҳодати зебо хоҳад буд, ки ба ҳадафи худ мерасам. Рӯзе, ки ватан озод шуд, моро фаромӯш накунед!”
Нависанда: Юриши Хуросонӣ, махсус барои “Сангар”
Нуроғо Пешғур, яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Панҷшер ҷоми шаҳодат нӯшид. Ӯ кӣ буд?
Ахбору овозаҳои шаҳодати ӯ рӯзи 11 июн дар расонаҳои иҷтимоӣ пайдо шуданд, аммо як рӯз баъд ин иттилоъ низ дарз кард, ки ӯ зинда аст. Ин хабар як дудилагиеро ба вуҷуд овард ва ҳатто онҳое, ки дар бораи марги ӯ иттилои дақиқ доштанд, аз шунидани он дил шод карданд.
Аммо ӯ ба Ҳақ пайваста буд...
Нуроғо ҳудуди 47 сол дошт. Вай дар рустои Качовраки минтақаи Пешғури шаҳристони Хинҷи вилояти Панҷшер ба дунё омад. Падараш Ҳоҷӣ Муҳаммадкарим яке аз муҷоҳидин ва аз нахустин ҷамъиятиҳои Панҷшер буд, ки ба нерӯҳои Аҳмадшоҳи Масъуд пайваст ва дар замони ҷанг алайҳи Шӯравӣ ба шаҳодат расид. Он замон Нуроғо ҳудуди 10 сол дошт.
Фармондеҳ Нуроғо дар замони Муқовимати аввал (1996-2001), аз саргуруҳҳои Ториқ, яке аз фармондеҳони Аҳмадшоҳи Масъуд буд ва дар хати ҷанг дар Фархори вилояти Тахор бо Толибон меразмид. Вай дар яке аз сӯҳбатҳои худ мегӯяд, ки “пӯзи нерӯҳои Мулло Зокир (яке аз фармондеҳони маъруфи Толибон) – ро ба хок молида буд”.
ПАС АЗ ТОЛИБОН
Вай пас аз суқути режими аввали Толибон дар соли 2001 ба сафи нерӯҳои амниятии Афғонистон пайваст ва дар вазорати дохила адои вазифа мекард. Як замон фармондеҳии яке аз гуруҳҳои ширкати амниятии “Суприм” – ро бар дӯш дошт.
Тоҳо Панҷшерӣ, яке аз дӯстон ва ҳамкорони ӯ, ки ҳоло низ аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимат аст, ба Сангар гуфт, “Суприм” як ширкати шахсӣ ва қарордодии ниҳодҳои қудратии давлат буд, ки бо таъмини амнияти корвонҳои маводи сӯхт машғул буд.
“Мо корвонҳои маводи сӯхтро аз Бандари Ҳайратон гирифта, ба ҷузву томҳои низомии Урдуи миллии Афғонистон ба Кандаҳору Ҳилманд ва дигар вилоятҳои ҷанубӣ мерасондем”, - гуфт ӯ.
Вай афзуд, корвонҳои маводи сӯхт барои Толибон аз аҳдофи муҳим ба шумор меомаданд ва гуруҳи Нуроғо борҳо дар масири роҳ бо он онҳо даргир шудаву хатарҳои зиёдеро пушти сар карда буд.
“Нуроғо соҳиби саводи кофӣ набуд, аммо дар маҳоратҳои низомӣ - ҷангӣ дасти болое дошт. Чизи дигереро, ки дӯст надошт ё аслан карда наметавонист, худнамоӣ ва чоплусӣ буд. Диловарӣ мекард, аммо реклом намекард. Як инсони содалил, дӯсти содиқ ва рафиқи якрӯву якқавл буд. Ҳеҷ гоҳ ҳам мансабталошӣ накард ва мансабталошиҳоро дида ранҷи равонӣ мекашид”, - гуфт яке аз собиқ ҳамкоронаш.
Се соли қабл яке аз бародарони Нуроғо ба номи Қориоғо, ки афсари Урдуи миллии Афғонистон дар ҷанг шаҳид шуд ва чаҳор фарзандаш ятим монданд. Нуроғо аз вазифа канор рафт, ба Панҷшер баргашт ва бо таъмину тарбияти хонаводаҳои худу бародараш машғул шавад.
Аммо сарнавишт ӯро дигарбора ба майдони ҷанг кашид. Бо суқути ҷумҳурият дар моҳи августи соли 2021 вай ба сафи нерӯҳои муқовимат пайваст ва то замони шаҳодат фармондеҳии қароргоҳи Пешғур, яке аз 27 қароргоҳи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар дараи Панҷшерро бар дӯш дошт.
Тоҳо Панҷшерӣ, ки дар муқовимат низ ҳамразми Нуроғо шуд, мегӯяд, зимистони гузаштаро дар куҳҳои Панҷшер хеле бо сахтӣ, аммо хотироти ширин пушти сар карданд.
“Сардии зимистон як сӯ, камбуди ғизо сӯи дигар буд. Ҳеҷ ҳамконоте набуд. Гоҳ авқот, ки орди гандумӣ пайдо мекардем, як дӯсти мо ба номи Раҳматуллоҳ аҷин (хамир) мекард ва ман бухорӣ равшан мекардам. Нуроғо бароямон нон мепухт. Баъд аз ин ки нон пухтан тамом мешуд, бо шӯхӣ ҳама муҷоҳидинро садо мезад: “Авлодҳоям! Биёед чой омода аст!” Ва мо механдидем. Рӯзҳои сахту душвор буд, аммо дар канори Нуроғо чӣ ширин мегузашт”, - мегӯяд Тоҳо Панҷшерӣ.
Фармондеҳ Нуроғо издивоҷ низ карда буд, ки самараи он шаш фарзанд - ду писар ва чаҳор духтар аст
Суханронии Фармондеҳ Нуроғо, ки дар ин навор барои ҳамеша сабти таърих шудааст, баёнгари он ҳама чизест, ки дар боло гуфтем. Дар ин навор ҳам ифтихор, ҳам шуҷоат ва ҳам интиқод вуҷуд дорад ва он чӣ аз чашми бинанда пинҳон намемонад, самимияти як фармондеҳ, муҷоҳид, ватандӯст ва соҳибватан аст.
ҶАНГИ ОХИРИН
10 июн Толибон дар дараи Ҷавкори Пешғур як амалиёти густардаеро рӯи даст гирифтанд. Дар саҳнаи ҷанг дар як мавқеият Нуроғо ва ду тан аз ҳамроҳонаш – Умед ва Ғуломмуҳаммад ва дар қисмати дигар чанд ҷавоне аз Хинҷ қарор доштанд.
“Толибон фикр карда буданд, ки ин ҷо теъдоди муқовиматгарон зиёд аст, аз ин хотир, як лашкари чандсаднафарӣ омода ва ирсол намуда буданд. Аммо фақат қумандон Нуроғо буду шаш ҳамраҳаш, ки қариб ду шабонарӯз муқовимат карданд”, - гуфт як ҳамсӯҳбати дигари Сангар.
Вай, ки яке аз бошандагони Пешғӯр аст ва тафсилоти ҳодисаро аз толибони панҷшерӣ низ шунидааст, мегӯяд, соати ҳашти бегоҳи 10 июн Нуроғо бо хонаводаи худ ба тамос мешавад ва мегӯяд, ки захмӣ аст ва вазъияташ хуб нест.
“Як соат баъд қитъаи лайзерии Толибон ҳамла мекунанд ва садо мезананд, ки таслим шавед, аммо инҳо таслим намешаванд, ҷанг мекунанд. Чаҳор нафар аз бачаҳои муқовиматии Хинҷ ҳам ба кӯмакашон омада буданд, ки якешон захмӣ шуда, аз соҳа хориҷ мешавад ва боло меравад. Баъдтар се нафари дигар низ саҳнаро тарк мекунанд”, - гуфт ӯ.
Аммо фармондеҳ Нуроғо ва Умеду Ғуломмуҳаммад ба ин иллат ки шадидан захмӣ шуда буданд ва ҳам теъдоди зиёди душман, ки аз чанд тараф минтақаро дар муҳосира доштанд, наметавонанд аз соҳа хориҷ шаванд. Онҳо дар ҷойҳои худ боқӣ мемонанд ва муқовимат мекунанд.
Ҳамсӯҳбати Сангар гуфт, се мармӣ ба ҷисми Нуроғо асобат карда буд - яке дар сина, дигарӣ дар шикам ва сеюмӣ дар пой.
“Аммо бо ин вуҷуд ҷанг мекунад, то ин ки толибон наздикашон мешаванд. Нуроғо бамби дастиеро, ки дар даст дошт, болояшон меандозад. Дар пайи ин чанд толибро куштаву захмӣ месозад, то билохира ду мармӣ дар қисмати гарданаш асобат мекунад. Мо ҷанозаи ӯро, ки дидем, ду мармӣ дар гарданаш ҳам асобат карда буд”, - гуфт ӯ.
Ҷанги охири фармондеҳ Нуроғо ҳамон субҳи рӯзи панҷшанбе муаррихи 18 ҷавзои 1401 (11 июни соли 2022) дар кӯҳи Бори Пояи дараи Ҷавкор аз тавобеъи рустои Пешғӯр хотима ёфт...
ОҒӮШИ ҲИНДУКУШИ БОВИҚОР
Ҷанозаи фармондеҳ Нуроғо назди Толибон монд. Ҳамсӯҳбати Сангар мегӯяд, барои гирифтани ҷанозаи ӯ ва ҳамроҳонаш Салиб Сурх ва Ҳилол Аҳмар аз Толибон иҷоза гирифта, бо ҷамъе аз мардуми маҳалл ба дараи Ҷавкор рафтанд.
“Се нафар аз Качовурак, ҳафт нафар аз Ғӯзу, се нафар аз деҳоти атроф ва 9 корманди Салиби Сурху Ҳилоли Аҳмар, дар маҷмӯъ 22 нафар шудем ва рафтем ба тарафи Бори Появу Ҷавкор. Толибон гуфтанд, ки ду нафар як ҷо аст ва як нафар дуртар. Мо рафтем як нафарро пайдо кардем, ки худи Нуроғо буд ва чаҳорсад метр пештар дар тоқи камар як нафари дигар - Умедро пайдо кардем. Ҳар қадар ҷустуҷӯ кардем, Ғуломмуҳаммад, ки аз пайвандони Нуроғо буд, пайдо нашуд”, - гуфт ӯ.
Ба қавли ӯ, вақте Нуроғо ва Умедро ҷанозаву дафн карданду поин шуданд, дар дуобии дара, ки расиданд, дар пӯстаи Толибон як толиб видеову аксҳое аз Нуроғову ҳамраҳонашро нишон дода, мегӯяд, ки ҳамон як нафари дигар дар поин зери камарҳо аст.
“Аммо новақт шуда буд. Соат панҷи шом ва дигарбора боло рафтан дусоата роҳ буд. Мо боло нарафтем, поин шудем”, - гуфт ӯ.
Фармондеҳ Нуроғо ва Умед дар минтақаи оғилнишини Бори Пояи дараи Ҷавкор дафн шуданд, зеро интиқоли онон ба русто ғайримумкин буд ва ҳам эҳтимоли бархӯрди номуносиби нерӯҳои толиб вуҷуд дошт. Ҷасади Ғуломмуҳаммад то кунун ёфт нашудааст. Танҳо дар як нуқта либосҳои ӯро ёфтаанд, вале худаш пайдо нест.
Дар ин қисса як нукта нагуфта монд.
Се рӯз қабл аз шаҳодаташ фармондеҳ Нуроғо бо Тоҳо Панҷшерӣ, ки собиқаи ошноиву дӯстии қариб 25-сола доштанд, тамос гирифт. Зимни сӯҳбат фармондеҳ Тоҳо ба ӯ гуфт, ки Толибон плони амалиёт сари шумо дорад, мутаваҷҷеҳ бошед.
“Вай ханда кард. Гуфт, қумондон, ман омодагии комил дорам. Аз ҳар тариқе, ки душман биёяд, ҷойи худро тарк намекунам. Ҳамин ҷо муқовимат мекунам, то зинда бошам. Вай ба қавли худ вафо кард. Мардона размиду шаҳид шуд”, - гуфт Тоҳо Панҷшерӣ.
Шаби 10 июн ҳам, ки суҳбаташро бо хонаводааш қатъ кард, бо яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимат тамос гирифт ва дар поёни суҳбат гуфт:
“Қумондон, мо дар муҳосира ҳастем. Шояд охирин нафаре бошӣ, ки ҳарфамро мешунавӣ. Чорҷи телефонам ҳам халос мешавад. Агар шаҳид шудам, ба дӯстон бигӯ, ки Нуроғои Пешғур сарбози ҳамон Аҳмадшоҳи Масъуд буд. Аз ҳамон оғоз тамоми ҳастии дунёро пушти по задам ва роҳамро интихоб кардам: ё озодӣ, ё шаҳодат. Шаҳодати ман як шаҳодати зебо хоҳад буд, ки ба ҳадафи худ мерасам. Рӯзе, ки ватан озод шуд, моро фаромӯш накунед!”
Воқеан, марге зеботар аз ин нест, ки як муҷоҳид ба хотири озодии ватан ҷонашро фидо мекунад ва дар қатори ҳазорон шаҳид манзили охирини худро аз сарнавишт ба армуғон гирад, он ҳам дар оғӯши Ҳиндукуши бовиқор...