Хабари рӯз

Таҳаррукоти ахир дар Нуристон чӣ маъно дорад?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари сиёсату геополитика, махсус барои “Сангар”

Покистон дар миёнаи таҳаввулоти печидаи минтақавӣ, бавижа дар сояи буҳронҳои густардаи Ховари Миёна, рӯйкарде чандқабата ва ҳисобшударо дар қиболи Афғонистон дар пеш гирифтааст. Ҳамалоти ҳавоӣ, талош барои бозтаърифи ҷойгоҳи байналмилалӣ ва таҳаррукоти майдонӣ дар нуқоти ҳассос, монанди Нуристон, нишондиҳандаи убури Исломобод аз сиёсатҳои инфиолӣ ба самти як стратегияи фаъол ва таҳоҷумӣ аст. Пурсиши меҳварӣ ин ҷост, ки чаро Покистон, бо вуҷуди норизоятӣ аз Толибон, ҳамчунон аз ҳазфи комили ин гурӯҳ парҳез мекунад ва дар иваз ба фишорҳои контролшуда рӯй овардааст?

Барои фаҳми ин рафтор, бояд ба шикасти нисбии проекти “мудирияти ошӯб” дар минтақа таваҷҷӯҳ кард; тарҳе, ки ҳадафи он фаъолсозии конунҳои бесуботӣ дар Осиё аз тариқи Афғонистон буд. Интизор мерафт Толибон бо фароҳамсозии бистари лозим, заминаи фаъъолияти шабакаҳои терористии фаромиллиро тасҳил кунанд, аммо мулоҳизоти бақо ва ниёз ба таъомули ҳаддиақалӣ бо қудратҳои минтақаӣ, монанди Эрон, Русия ва Чин, ин равандро мухтал сохт. Ҳамзамон, заъфи Толибон дар дарки умқи нуфузи истихборотии минтақа боис шуд сулулҳои хуфта низ натавонанд бамавқеъ фаъол шаванд.

Толибон акнун дар як тангнои роҳбурдӣ қарор дорад; аз як сӯ, фаъол шудани гурӯҳҳои терористии хориҷӣ метавонад машруияти шиканандаи онҳоро дар сатҳи минтақаӣ тазъиф кунад ва таҳдиде мустақим барои бақои сиёсиашон бошад ва аз сӯи дигар, иттико ба проектҳои фароминтақаӣ ҳеч тазмине барои масунияти онҳо дар баробари вокунишҳои минтақаӣ эҷод намекунад. Дар сурати шикасти чунин сенарияҳо, Толибон бо таҳдидоти ҳамзамони дохилӣ ва минтақаӣ, аз ҷумла тақвияти ҷараёнҳои муқовимат ва афзоиши норизоятии умумӣ, мувоҷеҳ хоҳанд шуд.

Дар ин чаҳорчӯб, Покистон бо нигаронӣ аз наздикии нисбии баъзе ҳалақоти Толибон ба Ҳинд ва инчунин коҳиши қобилияти контроли мустақим бар ин гурӯҳ, ба самти як сиёсати ҷойгузин ҳаракат кардааст. Ин сиёсат мубтанӣ бар тазъифи контролшудаи Толибон ва ҳифзи гузинаҳои мувозӣ аст. Исломобод ба хубӣ огоҳ аст, ки дар сурати фурӯпошии комили Толибон, халои қудрат метавонад тавассути гурӯҳҳое, монанди ДИИШ-Хуросон пур шавад; гурӯҳе, ки зарфияти эҷоди ошӯбе густарда ва ғайриқобили маҳорро дорад ва метавонад мизони минтақаиро башиддат барҳам занад.

Дар ин миён, Шабакаи Ҳаққонӣ ҳамчунон ба унвони сармояи стратегии Покистон боқӣ мондааст. Ин шабака, ба далели вобастагиҳои амиқи амниятӣ ва амалиётӣ, нақши як абзори танзимгар дар муодилоти Афғонистонро ифо мекунад. Мавозеъи муҳтотонаи раҳбарони Ҳаққонӣ дар қаболи таниш бо Покистон, нишондиҳандаи дарки онҳо аз зарурати ҳифзи ин пайванд аст. Бо ин ҳол, фишорҳои дохилии Толибон ва рақобат бо ҳалқаи Қандаҳор, мӯҷиби фарсоиши тадриҷии инсҷоми ин шабака шуда ва хатари резиши нерӯҳоро афзоиш додааст.

Таҳаррукоти ахир дар Нуристон, бавижа дар вулусволиҳое монанди Комдешро метавон дар ҳамин чаҳорчӯб таҳлил кард. Контрол ё нуфузи амалиётии Покистон дар ин манотиқ, сирфан як иқдоми тактикии марзӣ нест, балки метавонад бахше аз як тарҳи густардатар барои боз кардани масирҳои нуфуз ва таҳарруки гурӯҳҳои ифротӣ бошад. Дар шароите, ки ҳузури нерӯҳои вобаста ба Қандаҳор монеъе барои чунин сенарияҳо аст, эҷоди бесуботии ҳадафманд метавонад заминаро барои тағйири муодилоти майдонӣ фароҳам кунад.

Аз сӯи дигар, бистарҳои иҷтимоӣ ва идеологӣ дар баъзе манотиқи шарқии Афғонистон, аз ҷумла гароишҳои салафӣ ва норизоятӣ аз сиёсатҳои саркӯбгаронаи Толибон, шароитро барои нуфузи ДИИШ мусоидтар кардааст. Ин вазъият, дар сурати тадовум, метавонад ба шаклгирии як бозигари ҷойгузин мунҷар шавад, ки на танҳо чолиши ҷиддӣ барои Толибон эҷод мекунад, балки абзори ҷадиде дар рақобатҳои минтақаӣ хоҳад буд.

Дар маҷмуъ, он чӣ дар ҳоли шаклгирӣ аст, як бозии чандсатҳӣ миёни Покистон, Толибон ва соири бозигарони минтақаӣ ва фароминтақаӣ аст. Покистон талош дорад бо ҳифзи тавозун миёни тазъиф ва ҳимоят, ҳам аз контроли комили Толибон ҷилавгирӣ кунад ва ҳам аз зуҳури бемаҳории таҳдидоти ҷадид пешгирӣ намояд. Аммо ин сиёсат, ба далели печидагиҳои майдонӣ ва тазоди манофеъи бозигарони мухталиф, бештар аз он ки як роҳҳалли пойдор бошад, метавонад ба ташдиди чархаи бесуботӣ дар Афғонистон ва минтақа мунҷар шавад.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!