Маънии кобинаи Трамп барои Толибон ва Ҷабҳаи муқовимат чист?
Нависанда: Муҳаммад Ҷӯркашонӣ, хабаргузории “Ҷумҳур”
Доналд Трамп теъдоде аз аносири ифротиро дар раъси ниҳодҳои амниятӣ-сиёсии Амрико қарор додааст. Майкл Валтз, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед, Марко Рубио, вазири хориҷа, Пит Ҳегзит, вазири дифоъ, Ҷон Ротклиф дар раёсати созмони Сӣ Ай Эй, ва мобақӣ чеҳраҳои тозакор, аммо ифротӣ, як хасисаи муштарак доранд: ҳамагӣ душмани сарсахти Толибон ҳастанд. Ҳар кадом ба ҳар наҳве алайҳи Толибон фаъолият карда ва сухан гуфтаанд. Албатта, онҳо душмани қотеъи Эрон низ ҳастанд.
Бархе аз онҳо, монанди Валтз ва Ҳегзит дар Афғонистон алайҳи Толибон ҷангидаанд. Раиси пешниҳодии Сӣ Ай Эй хоҳони бозпасгирии пойгоҳи Багром аст, Марко Рубио хоҳони дарҷи Толибон дар феҳристи терроризм аст; Ва вазири дифоъи Трамп зимни он ки алайҳи Толибон ҷангида, таваққӯъи тағйир аз Толибонро аҳмақона медонад.
Бархе таҳлилгарони ватанӣ, чунин мефармоянд, ки тими ҷадиди амниятии низомии Амрико аз ҷабаҳоти муқовимати зиддитолибон ҳимоят мекунанд ва эҳтимолан бо истифода аз онҳо ҳукумати толибро зада ва захмӣ месозанд; Онҳо ба як акси ёдгорӣ истинод мекунанд. Бархе низ мӯътақиданд, ки Амрико ҳамон гуна, ки Толибонро овард, Толибонро хоҳад бурд!
Бархе низ мефармоянд, Амрико системи ҳокимияти Толибонро мухталат месозад ва ҳуқуқи башару интихоботи парлумониро роҳандозӣ мекунад. Хушбоварии онҳо ба ҳаддест, ки мӯътақиданд Амрико бо эҷоди як системи ҳукумати мухталат, ҳатто технократҳоро аз Аврупову Амрико дубора ба Кобул ҷамъоварӣ мекунад.
Зоҳиран мо фаромӯш кардаем, ки аввалан ин ҳукумати ҷумҳурихоҳи Трамп буд, ки бо ифтитоҳи дафтари Толибон дар Давҳа, онҳоро ба расмият шинохт ва ба онҳо подоши бузурге дод. Ӯ он қадар бо Толибон рафиқ шуда буд, ки ҳатто Пампео, вазири хориҷаашро барои мулоқот бо Толибон ба Давҳа фиристод. Ӯ борҳо бо завқзадагӣ аз Абдул (Мулло Бародар) ёд кард, ки ба ӯ гуфта буд: Олиҷаноб! Ҳамин Трамп буд, ки Халилзодро ба унвони намояндаи хос барои суқути ҷумҳурияти Ғанӣ ва истилои Иморати толибонӣ маъмурият дод. Чунин шахсе бо ин пешина наметавонад душмани Толибон бошад ва ё барои сарнагун кардани онҳо, дубора B52-ҳоро ба парвоз дароварад ва ҷанги тозаеро шурӯъ кунад.
Усулан Трамп мухолифи ҷанг аст ва Амрикои имрӯз, дигар он Амрикои пуртумтароқи собиқ нест, ки бо даҳҳо ҷангандаву новҳо ва камандуҳову испешал форси худ барои сарнагунии ҳукуматӣ, ба кишваре ҳамла кунад; Он ҳам ба Афғонистони толибонӣ! Ҳамин алон ҳам дар Лубнону Ғазза ва Украина гир монда ва аз мушакҳои эронӣ метарсад.
Трамп ба думболи муомила аст. Ин боризтарин хасисаи ӯст; Аз суханҳояш пайдост. Мегӯяд: Мехоҳам бо Эрон музокира кунам, мегӯяд, то қабл аз омаданам бояд ҷанги Лубнону Ғазза хатм шавад, мегӯяд, агар ман мебудам дар Украина ҷанг намешуд, иттифоқоти 7 октябр ва кушторҳо роҳ намеафтод ва…
Ҳарчанд, ки ӯ гоҳе лофе мезанад, аммо тарс ҳам мехӯрад. Сиёсати ӯ ончунон ки аз суханонаш пайдост, муҳосираи иқтисодӣ ва таҳрим аст. Албатта на ҳаммонанди гузашта, ки ба таъбири худаш, ба худи Амрико зарар мерасонад ва долларро аз арзиш меандозад ва ҳоло ба тақвияти БРИКС ва.. кӯмак мекунад; Балки таҳрими мавриди назари Трамп фақат метавонад маҳдуд ба Теҳрону Кобул бишавад.
Ҷанги Украина ва буҳрони Ховари Миёна, таваҷҷуҳотро аз Афғонистону Толибон, дур кард. Ҳазинаҳои Амрикоро дар он ҷоҳо муҷатмеъ кард. Аммо демократҳо аз бозии ҳаддиақалӣ дар Афғонистон ҳам ғофил намонданд. Онҳо санги бинои як тағйирро дар Афғонистон гузоштанд. Ин санги бино барои Трамп ва вузарои ҷумҳурихоҳи ӯ як ғанимат аст. Амрико пас аз навмедӣ аз Мулло Ҳайбатуллоҳ ва атрофёнаш, дасти Сироҷуддин Ҳаққонӣ, Мулло Яъқуб, Мулло Васиқ ва Мулло Бародарро гирифт ва онҳоро дар оғӯш кашид. Сироҷуддинро Дубаю Саудӣ бурду дид. Амрико ҳатто яке аз пурмухотабтарин расонаҳояшро дар ихтиёри Сироҷуддин гузошт ва аз ӯ мустанаде ҳадафманд сохт.
Трамп, ки дар Кохи Сафед мустақар шавад, ҷавоби “олиҷаноб” гуфтанҳои Абдулро хоҳад дод. Ӯ барои задани Толибон аҷала намекунад. Сиёсати ӯ фишор бар Толибон аст ва на ҷанги низомӣ алайҳи онон. Ин фишори қатъан иқтисодӣ-сиёсӣ хоҳад буд. Камтарин фишори иқтисодӣ шолудаи иқтисоди толибониро аз ҳам мепошонад; Арзиши пули афғониро коҳиш медиҳад; Хазонаи Толибонро холӣ мекунад; Ҳуқуқу имтиёзоти даҳҳо ҳазор толиби мусаллаҳ маътал мешавад; Вазоратхонаҳо ва раёсатҳои муҳимми қандаҳорӣ фалаҷ мешаванд; Толибон наметавонанд арзиши пули афғониро ва иқтисоди вобаста Толибонро бо ҳимояти кишварҳои мухолифи Амрико, ҷуброн кунанд. Чин як кишвари манфиатталаб ва беҳиммат аст. Авҷи кӯмаки он ба як миллион доллар ҳам намерасад; Русия расман аз кӯмаки молӣ ба Толибон инкор карда ва ниҳоятан метавонад чанд мил силоҳ ба онҳо бидиҳад; Эрон эътимоди худро ба толибони амрикоиза шуда, аз даст додааст, аммо велкуни моҷаро ҳам нест.
Пас натиҷа ин хоҳад буд, ки Толибон дар муқобили Амрикои Трамп, интихоби зиёде нахоҳанд дошт. Агар муқовимат кунанд, суқут мекунанд ва агар таслим шаванд, нобуд мешаванд. Маҷбуранд бо Амрикои Трамп муомила кунанд ва дар ин муомила, афсори худро ба дасти Трамп биспоранд.
Ин муомила чӣ метавонад бошад? Сақфи таваққӯъи Трамп аз Толибон чист? Кафи мутолибаи Толибон аз Трамп чист?
Трамп ба думболи демократия дар Афғонистон нест. Трамп ба думболи эҳёи парлумон дар Кобул нест. Трамп дар пайи баргузории интихоботи саросарӣ нест. Чун тазмине вуҷуд надорад, ки муҳраҳои амрикоӣ аз даруни сандуқҳои раъй берун шаванд. Лизо ба эҳтимоли бисёр зиёд, Трамп мудирияти дохилии Афғонистонро ба системи суннатӣ ва қабилавии Афғонистон вогузар мекунад. Чизҳои формалитае ҳамчун луя ҷиргаҳои фармоишӣ ва ташхиси муллоҳову хонину матанаффизин ва…
Трампу Халилзод қаблан ҳам гуфта буданд, ки тарафдори системи сиёсии бумии Афғонистон ҳастанд.
Ин яъне бақои Толибон бо таъдили мавориде аз сиёсатҳои ифротӣ, ҳамчун лағви манъи таҳсили духтарону иштиғоли занон ва ташкили кобинае бо ҳузури чандто чеҳраи ғайритолибонӣ дар канори Толибон. Ҳамин маворид кофист, ки Трамп таблиғоти бузурге бо иддаои пирӯзии сиёсӣ дар Афғонистон ба роҳ биндозад ва самараи мавриди назари худро аз ин тағйироти бемаънои ҳаддиақалӣ бигирад. Ин самара истиқрори муҷаддад дар Багром, Шӯробаку Қандаҳор ва эҳёи чанбараи иттилоотӣ дар Афғонистон ва назорат бар Чин, Эрон ва Рус хоҳад буд.
Ҳамин маврид дар канори мулҳақоти он метавонад Трамп ва Толибонро дар канори ҳам хушбахт бисозад. Пулҳо камокон ба Кобул бирасанд, проектҳои ҳаддиақалӣ идома ёбанд, муассисот ва Эн Ҷи Оуҳо дубора фаъол шаванд, расмияти шинохтани Толибон калид бихӯрад ва Толибон бидуни музоҳимат битавонанд идеологияи сиёсӣ-мазҳабии худро тарвиҷ кунанд. Мазомини дарсӣ ва нисоби таълимии Толибон, ки аҳамияте ба Амрико надорад.
(Хушҳолӣ ва табрикоти раҳбарони ноболиғи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аз пирӯзии Трамп, суде ба онон намерасонад. Ҷабҳаи муқовимат ниҳоятан метавонад ба унвони як абзори фишор бар Толибон тавассути тими Трамп мавриди истеъмол қарор бигирад ва баъдан ба дур андохта шавад.)
Албатта, дар ин миён, Толибон маҷбур ва мулзаманд, ки ё Ҳайбатуллоҳ ва тими ӯро хонанишин кунанд ва ё маҳалли сукунати онҳоро ба Ҷон Ратклиф бидиҳанд то ӯ бо парвози Глобал Ҳавк RQ4 чораи Ҳайбатуллоҳ ва ҳавориюнашро бисозад.
Ман мӯътақидам, ки Трамп на иродаи тағйири Толибонро дорад ва на тавони тағйири онҳоро. Трамп на алоқаманд ба ҷанг бо Толибон аст ва на ин ҷангро лозим мебинад. Трамп қаблан паёми лозимро аз Толибон дарёфт кардааст; Дар ҳамон замони музокираашон дар Давҳа ва баъд аз ҳокимияташон низ.
Толибон дар Давҳа як паёми равшан ба Амрико доштанд: ҳар он чӣ Ашраф Ғанӣ ва Карзай ба шумо медод, ҳамонҳоро мо ба шумо медиҳем. Толибон дар Кобул низ як паёми возеҳ ба Амрико доранд: мо бо шумо душманӣ надорем; Ба Афғонистон баргардед ва моро ба расмият бишносед.