Хабари рӯз

Касе бихоҳад ё нахоҳад, ҷабҳаи тоҷикӣ ягона нерӯест, ки қодир ба муқовамат дар баробари Толибон аст.

Нависанда: Рустам Рушангар, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Ин рӯзҳо баҳсҳои пушти саҳнаи сиёсати Афғонистон табу тоби бештаре ба худ гирифтааст. Танишҳои марзӣ миёни Покистону Толибон, бавежа бо мавзӯъи Вахон, диду водидҳои мақомҳои Тоҷикистону Покистон, таҳаввули қудрат дар Амрико, танишҳои сарбастатар миёни Эрону Толибон, ташдиди тазоди Толибон бо матолиботи мардумии дохилӣ ва...

Инҳо боис шуда, ки эҳтимоли пеш омадани як ҳолати ғайримутарақиба тақвият шавад.

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ба гуфтаи манобеъи огоҳ, ин рӯзҳо бештар дар маърази таваҷҷуҳи бозигарони минтақаӣ ва ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Дар Ҷабҳаи муқовимати миллӣ низ ин савол бо ҷиддияти бештар матраҳ аст, ки чӣ посухи дархӯре барои шароити эҳтимолан ҷадиду сенарияҳои матруҳа ироа шавад.

Ҳарчанд бисёриҳо майл доранд, ки Ҷабҳаи муқовиматро нодида бигиранд ва ин нодида гирифтан ба анвоъи мухталиф то кунун идома доштааст, аммо воқеият ин аст, ки ҳанӯзам Ҷабҳаи муқовимат ягона сохтори низомӣ-сиёсии бадил дар баробари Толибон аст, ки нодида гирифтани он, ғайримунсифона ва ғайривоқебинона аст. Таҳарруки камтар, имконоти кам ва шеваҳои амалиётии ҷабҳа аз авомилест, ки боиси нодида гирифтани он мешавад. Аммо сивои ин, як навъ нодида гирифтан, амдӣ аст. Яъне бархе аз кишварҳо ва қудратҳо майл доранд, ки ҳатто дар сурати набуди авомили фавқуззикр боз ҳам Ҷабҳаи муқовиматро нодида бигиранд. Дар ин маврид, нодида гирифтан, бештар ба полисиҳо ва роҳбурдҳои кишварҳо рабт дорад. Яъне чун Ҷабҳаи муқовимат ва аҳдофи таъйиншудаи Ҷабҳа бо роҳбурдҳояшон созгорӣ надорад, мехоҳанд, ки чашми худро бар рӯйи Ҷабҳа бибанданд ва эълом кунанд, ки ҷабҳае вуҷуд надорад.

Дар фароянди посух гуфтан ба шароити ҷадид ё тағйироти эҳтимолӣ, то ҷое, ки ман арзёбӣ мекунам, посух метавонад мутамаркиз ба ду дидгоҳ бошад. Як дидгоҳ ин аст, ки Ҷабҳа бояд як посухи афғонистоншумул ироа кунад. Яъне аз худ нагӯяд ва барои кулли кишвар ҳарф бизанад. Дидгоҳи дувумӣ аммо ин аст, ки Ҷабҳа аз худ бигӯяд. Ин ки барои Ҷабҳа чӣ чизе муҳим ва авлавият аст. Албатта, барои ҳифз ва бақои Ҷабҳа минҳайси як сохтори низомӣ-сиёсӣ.

Мавҷудияти ду дидгоҳи ёдшуда, боис шуд, ки дар авоили ба қудрат расидани Толибон, Ҷабҳа ва Толибон натавонанд ба тавофуқе даст ёбанд. Толибон баъдҳо борҳо гуфтанд, ки мо хостем бо Аҳмад Масъуд дар бораи Панҷшер ва як ҳавзаи хос гап бизанем, аммо ӯ мехост дар бораи кулли Афғонистон бо мо ҳарф бизанад. Албатта, ки Толибон ҳарф задан дар бораи кулли Афғонистонро масъулият ва салоҳияти Аҳмад Масъуд намедонистанд. Ба назар мерасад, ки ин мавзӯъ ҳанӯз низ ҷойи баҳс дорад.

Ман, албатта, тарафдори дидгоҳи дувумӣ ҳастам. Ҷабҳа бояд аз худ бигӯяд. Аз як ҷуғрофияи хос ҳарф бизанад. Чӣ бо Толибон агар фурсати гуфтугӯ пеш омад ва чӣ бо бозигарони хориҷӣ. Ҳусни ин дидгоҳ ин аст, ки сароҳату шаффофият дорад ва маҳдуду қобили дастрас аст. Муъзалоти Афғонистон зиёд, печида ва бузург аст, ки ҳалли он дар кӯтоҳмуддат мақдур нест. Дар кӯтоҳмуддат, Ҷабҳаи муқовимат мутамаркиз ба як минтақаи хос бошад. Як ҷуғрофия барои худ мушаххас кунад ва онро ё ба сулҳ ё ба ҷанг ба даст оварад. Вақте як ҷуғрофия ба даст омад, баъдҳо заминаи гуфтугӯи калони миллӣ дар бораи кулли мушкилоти кишвар низ фароҳам мешавад.

Чӣ бихоҳем, чӣ нахоҳем, сиёсат дар Афғонистон ва албатта, муъзалоти кишвари мо моҳияти қавмӣ пайдо кардааст. Дар гуфтумони қавмӣ, масалан, ҳазораҳо, ӯзбекҳо ва паштунҳо адресҳои сиёсии хоси худро доранд. Ҷабҳаи муқовимат низ ба рағми тамоюл ба ин ки қавмӣ талаққӣ нашавад, қавмӣ талаққӣ мешавад. Ақвоми ғайритоҷик, Ҷабҳаи муқовиматро як сохтори тоҷикӣ медонанд. Ин яке аз ҳудуду суғурест, ки калонривоятҳо ва калонсохторҳои сиёсӣ бар як сохтори низомӣ-сиёсӣ таҳмил мекунад ва гурез аз он дар кӯтоҳмуддат на мақдур аст, на маъқул аст ва на ҳам мантиқӣ.

Ҷабҳаи муқовимат бояд ин ҳудуду суғурро бипазирад ва бо пазириши ин ҳудуд, метавонад дар як ҷуғрофияи мушаххаси заминӣ ва иҷтимоӣ, ҷойгоҳу пойгоҳи худро тасбит кунад. Вақте ин пойгоҳ тасбит шуд, Ҷабҳаи муқовимат метавонад минҳайси як тарафи асли қазоё, дидгоҳҳо ва барномаҳои миллии худро аз тариқи тафоҳум бо соири тарафҳо амалӣ кунад.

Ман, албатта, бо қатъият бовар дорам, ки агар дар бигӯмагӯҳои пушти пардаи сиёсат, Ҷабҳаи муқовимат ҳамчунон ҳарфҳои калони миллӣ бизанад ва ба истилоҳ, шишаи номуси оламро дар бағал дошта бошад, наметавонад ба ҳеҷ тавофуқи усулу қобили иҷро бо тарафҳои дохиливу хориҷӣ бирасад.

Аксарияти паштунҳо тасмими худро гирифтаанд, ки Толибонро ба унвони намояндаву ҳокими худ бипазиранд. Ин як воқеият аст. Ба он бояд тамкин кард. Ақвоми дигар низ то ҳудуде намояндагиҳои сиёсиашон мушаххас аст. Ин ки намояндагиҳои сиёсии ақвом мушкилоти худро доранд ва дар як фароянди демократӣ интихоб нашудаанд, баҳси ҷудост. Ин амр набояд далеле барои адами мавҷудияти намояндагиҳои сиёсии мушаххас дар миёни ақвом дар назар гирифта шавад.

Нерӯҳои сиёсиву маданӣ ва мутараққӣ дар миёни ҳама ақвом, ки илтизомӣ ба намояндагиҳои сиёсии қавмии мавҷуд нишон намедиҳанд, нерӯҳои сайёл ва шиноваранд, ки нақши чандоне дар таъйини замини бозӣ надоранд. Онон соҳиби дидгоҳҳои хубе ҳастанд, ки орзу доранд аз чорчӯби қавмӣ фаротар бираванд, аммо ин навъе романтизми сиёсӣ аст то ин ки бозтобе аз воқеияти айнии сиёсат дар замини Афғонистон бошад. Рӯи ин дидгоҳҳо мешавад, баъдҳо баҳс кард.

Хориҷиҳо ва истротежистҳое, ки дар мавриди Афғонистон роҳбурднависӣ мекунанд, низ бисёр возеҳ Афғонистонро ба ақвом тақсим мекунанд ва шохисаи аслии шинохте, ки онон аз сиёсату иҷтимоъи Афғонистон доранд, ҳамин унсури қавмият аст. Бо ин ҳама наметавон яктана муқобила кард ва гуфт, ки ман парвои ҳеҷ кадоми инҳоро надорам ва ба сози худам мерақсам.

Чунон ки гуфтам, ин тасаввуру тафаккур хуб ва мумкин шарифона бошад, аммо аз он ҷое ки бо воқеияти айнӣ носозгор аст, ғайриамалӣ ва дар натиҷа ғайрисиёсӣ аст ва ба дарди шеъру нависандагони романтист мехӯрад на ба дарди раҳбарони сиёсии ҷавон, ки ҷаҳону мардум интизоре аз онон барои берун кардани Афғонистон аз буҳрону бунбасти кунунӣ доранд.


Дин

Тероризм

12-июн-2025 By admin

Алқоида ба Амрико…

Номае саркушода ба ҷомеаи истихборотии Иёлоти Муттаҳида

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!