Хабари рӯз

Оё Русия рӯйкарди ҷадидеро бо нерӯҳои ғайрипаштуни зидди Толибон оғоз мекунад?

Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари умури минтақаиву байнулмилалӣ, узви Шӯрои мушовараи “Сангар”

  • Афғонистоншумулӣ муомила бо ҳувияту фарҳанги порсӣ аст!

 Нахуст гузоришҳои ҷолиби расида аз Кобул:

- Дар Кобул шоеъоте дар ҷараён аст, ки Амрико қитъаоти вежаи командуҳоро дар як тафоҳум бо Толибон дубора ба Афғонистон бармегардонад.

 - Ҳамчунон гуфта мешавад, ки амрикоиҳо дар фурудгоҳи Кобул дар кампи Борони собиқ ҳузур доранд. Теъдоди бештари онҳо дар муассисаи ДиАй (DI) мебошанд. ДиАй як ниҳоди низомӣ – истихборотӣ аст, ки тавассути шахсе ба номи Пол, номи мукаммали он тасбит нашудааст, раҳбарӣ мешавад.

- Ҳамчунон 25 амрикоӣ дар ҳутали Ориёно, ки пештар ситоди CIA буд, ҳузур доранд.

- як теъдод амрикоиҳо дар ҳавлии махфӣ дар Шашдарак, Вазир Акбархон, Ширпур, Қалъаи Фатҳуллоҳ ва Кортаи Чаҳорум зиндагӣ доранд ва таъмини амнияти онҳо ба ӯҳдаи раёсати истихбороти Толибон аст.

 - Дафтари Блек Вотерс дар наздикии Ҳудхели Кобул мебошад ва бо истихбороти Толибон ҳамкорӣ мекунад.

Бар ин поя тасодуфӣ нест, ки Халилзод дар охирин изҳориназарҳояш ба мухолифони Толибон мушовира медиҳад, то ба Кобул бираванд ва бо Толибон музокира кунанд.

Аммо дар Русия:

Дар Русия дар робита бо Толибон ва нерӯҳои мухолифи он ду рӯйкарди мутазод вуҷуд дорад, ки борҳо ба он ишора намудаам:

- Яке рӯйкарди вазорати хориҷа ба раҳбарии Замир Кобулов ва як гурӯҳ аз коршиносони асри Шӯравӣ аз бақоёи вазорати дифоъ, ки алоқамандӣ ба паштунҳо ва аз даруни он ба Толибон доранд,

 - ва дигар ҷиноҳи истихборотӣ дар атрофи Николай Патрушев, мушовири амнияти миллии Русия, ки тамоюл ба ҳамкорӣ бо нерӯҳои зидди Толибон дорад.

Вазорати хориҷаи Русия қарор аст ҷаласаи ҷадиди “Формати Маскав”-ро ин бор ба иштироки намояндагони Толибон баргузор намояд.

Аммо ниҳодҳои амниятии Русия дар рӯзҳои гузашта ва оянда аз тайфҳои мухталифи муқовимат мизбонӣ хоҳанд намуд.

Ба гузориши манобеъи хабарии русӣ, яке аз раҳбарони Ҷабҳаи озодии Афғонистон (AFF) аз як ҳафта бад-ин сӯ дар Москва ба сар мебарад. Намояндаи Ҷабҳаи озодии Афғонистон чандин мулоқот бо мақомоти бонуфузи Федератсияи Русия баргузор намудааст.

Қарор аст дар рӯзҳои оянда раҳбарони Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмад Масъуд ва Амаруллоҳ Солеҳ ба Маскав бираванд. Интизор меравад, ки маршал Абдурашид Дӯстум, аз Туркия ба онҳо бипайвандад.

Ҳадафи даъвати ҳар се сиёсатмадорро машвараи мақомоти Русия бо онҳо хондаанд.

Ман феълан рӯи ин иттилоот табсира намекунам ва мунтазир мемонам то бубинам, оё Русия мехоҳад формулаи маъруфи Путинро, ки гуфта буд: “Дар хиёбонҳо агар касе бихоҳад ба ҳамроҳат даъво кунад, беҳтар аст зарбаи аввалро ту ворид кунӣ”, амалӣ месозад, ё мехоҳад нақши миёнҷиро ифо намояд.

Ҳузури амрикоиҳо бо ҳимояти молии онҳо ба Толибон, гусели нерӯҳои Толибон ба сӯи марз бо Эрон, барномаи канали Қӯштеппа ва ҷобаҷоии ноқилони вазиристонӣ ва Толибони покистонӣ дар шимол наметавонад мояи нигаронии Русия набошад.

Ҳузури намояндаи Ҷабҳа озодӣ ва се сиёсатмадори ду қавми бузург дар Шимол, худ пурсишҳои зиёдеро матраҳ мекунад. Аммо баҳсу пешгӯӣ дар ин мавридро ҳанӯз пеш аз вақт мепиндорам.


Дин

Тероризм

08-май-2026 By admin

“Бобо”-и сокини табақаи…

Даҳ соли поёнии зиндагии раҳбари Алқоида чӣ гуна сипарӣ шуд?

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!