Хабари рӯз

Агар Русия аз муқовимати зиддитолибонӣ ҳимоят накунад, як бори дигар дар "Бозии бузург" дар Афғонистону минтақа ба таври куллӣ шикаст хоҳад хӯрд.

Нависанда: Андрей Серенко, раиси Маркази таҳлилии Ҷамъияти сиёсатшиносони Русия

Чопшуда дар нашрияи “Совершенно секретно” (“Комилан махфӣ”)

Русия тамосҳои ғайрирасмиро бо гурӯҳҳои мухталифи муқовимати Афғонистон афзоиш додааст. Иттилоот дар ин бора аз манобеи муртабит бо гурӯҳҳои мусаллаҳи опозисиони Афғонистон ба даст омад. Аҷиб аст, ки ин иттифоқ  дар ҳоли ҳозир рух медиҳад, ду сол пас аз ба қудрат расидан режими Толибон* (созмони террористӣ, ки дар Федератсияи Русия мамнуъ аст) дар Афғонистон. Дар ин миён Маскав саъй дошт бо Толибон равобити созанда барқарор кунад, ҳарчанд аз ба расмият шинохтани расмии ин гурӯҳи низомӣ ба унвони ҳукумати қонунии Афғонистон иҷтиноб кард. Акнун ба назар мерасад, ки муҳосибаи Русия дар ҳамкорӣ бо Толибон дигар бебадил нест.

Ҳамон тавр, ки маълум шуд, дар авоили моҳи август, яке аз раҳбарони Ҷабҳаи озодии Афғонистон, гурӯҳи мусаллаҳи опозисиони Афғонистон, ба фармондеҳии генерал Муҳаммад Ёсин Зиё аз Маскав дидан кард. Гуфта мешавад, вай бо бархе аз ашхоси таъсиргузори наздик ба Кремл дидор кардааст.

Дар нимаи дувуми моҳи август, сафари ғайрирасмии раҳбарони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, яке дигар аз гурӯҳҳои мусаллаҳи Афғонистон, ки раҳбари сиёсии он Аҳмад Масъуди 35-сола, писари Аҳмадшоҳ Масъуди машҳур ба “Шер Панҷшер”, ба Маскав пешбинӣ мешавад. Тибқи иттилооти манобеи наздик ба раҳбарии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, дар моҳи август ба пойтахти Русия оқои Аҳмад Масъуд ва шарики рафтории ӯ, собиқ раиси истихбороти Афғонистон Амрулло Солеҳ, ки то моҳи августи 2021 симати муовини аввали раисҷумҳури Афғонистонро низ дошт, меоянд.

 Ҳузури намояндагони мухолифони мусаллаҳи Афғонистон дар Маскавро метавон таъдили стратегияи Русия дар қиболи Афғонистон донист. Бадеҳист, ки раҳбарии Федератсияи Русия шурӯъ ба таҷдиди назари ҷиддӣ дар нигариши худ нисбат ба диктатории Толибон ва мухолифони онҳо кардааст, ки бо силоҳ дар даст омодаи ҷанг бо Толибон* ва соири созмонҳои террористӣ ҳастанд ва дар хоки Афғонистон мустақар шудаанд. Дар ин росто, муҳим аст, ки бидонем муқовимати Афғонистон чист, барои чӣ аҳдофе меҷангад ва бар чӣ касе такяву ҳисоб мекунад. 

 

ҚУТБИ МУҚОВИМАТИ ПАНҶШЕР

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон имрӯз шинохташудатарин гурӯҳи мухолифони мусаллаҳи Афғонистон аст. Рӯзи таваллуди расмии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, 15 августи 2021 аст. Дар ин рӯз буд, ки гурӯҳи Толибон вориди Кобул шуданд ва режими ҷумҳурии охирини раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғаниро ба зӯр сарнагун карданд. Худи Ғанӣ ва ҳамроҳонаш бо чархбол пойтахтро тарк намуда, сипас ба Аморот табъид шуданд, ки намунаи ин тавассути аксари нухбагони сиёсии Афғонистон, кӯҳнасарбозони сиёсати Афғонистон, думбол шуд. Сарсахтии ғайримунтазира ва имтиноъ аз таслим шудан дар баробари террористҳои пирӯз тавассути Аҳмад Масъуди 33-сола, ки ба вилояти зодгоҳаш Панҷшер нақли макон кард, аз оғози муқовимати мардумии ҷадид дар баробари Толибон ва эҷоди Ҷабҳаи муқовимати миллӣ хабар дод. Бархе аз ҳамватанонаш (ба вижа Амрулло Солеҳ) ба Масъуд пайвастанд, ки бештари онҳо дар даҳаи 90-и қарни гузашта ба раҳбарии Аҳмадшоҳ Масъуд, раҳбари Эътилофи Шимоли зидди Толибон ва падари бунёнгузори Ҷабҳаи муқовимати миллӣ алайҳи Толибон ҷангиданд.

  Толибон, ки контроли тамоми кишварро ба даст гирифта буданд, ба суръат таҳдиди писари Шери Панҷшерро арзёбӣ карданд. Аз ин рӯ, ибтидо намояндагонеро ба Панҷшер фиристоданд ва ба Аҳмад Масъуд пешниҳод доданд, ки дар изои дарёфти пости вазорате дар ҳукумати Толибон, қудрати “муллоҳои хашмгин”-ро ба расмият бишносад. Бо имтиноъи Аҳмад Масъуд, чандин ҳазор ҷангҷӯи Толибон ва низ нерӯҳои вижаи покистонӣ ба Панҷшер мунтақил шуданд. Ҳадафи онҳо аз байн бурдани Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки ба тозагӣ эълом шуда буд ва шахси Аҳмад Масъуд буд. Мутаассифона, дар миёни муҷоҳидин Панҷшер хоиноне вуҷуд доштанд, ки ба Толибон кӯмак карданд, то зудтар ин вилоятро тасарруф кунанд, ки Аҳмад Масъудро маҷбур ба тарки ватан ва кӯч ба кишвари ҳамсояи Тоҷикистон кард. Имрӯз дар он ҷо иқоматгоҳи Масъуд ва мақарри сиёсии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аст.

Манобеъ дар Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мегӯянд: "Дар Панҷшер ва шаҳристонҳои Андароби вилояти Бағлон, акнун то 5000 нерӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ вуҷуд доранд, ки ба ҳудуди 700 ҳастаи ҷангӣ бо теъдоди 3 то 5 нафар тақсим шудаанд. “Онҳо дар маҳал ба фармондеҳони майдонӣ гузориш медиҳанд, ки аслитарини онҳо генерал Холид Амирии 36-сола аст. Ин афсари собиқи неруҳои вижаи Афғонистон аст, ки дарвоқеъ шохаи размии Ҷабҳаи муқовимати миллиро дар дохили Афғонистон раҳбарӣ мекунад. Толибон то 30 ҳазор ҷангҷӯро ба Панҷшер кашонданд, то ҷилави ҷангҷӯёни генерал Амириро бигиранд ва аз хурӯҷи онҳо аз паноҳгоҳҳои баланд барои фазои амалиётӣ ҷилавгирӣ кунанд. Бо ин вуҷуд, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ имрӯз дар ҳоли густариши ҳавзаи фаъолият худ аст. Дар июли 2023, нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳудуди 13 амалиёт болои афроди гурӯҳи Толибон, гурӯҳҳои шибҳанизомии онҳо, постҳо ва гаштҳои сайёри онҳоро анҷом доданд. Дарвоқеъ, ҳамалоти сарбозони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ як рӯз дар миён анҷом мешуд ва на танҳо дар Панҷшеру Бағлон, балки дар Тахор, Кописо, Парвон, Нангарҳор ва соири устонҳои кишвар”.

Аҳмад Масъуд, илова бар Душанбе, мураттабан аз Эрон, Туркия, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ боздид мекунад. Манобеи огоҳ аз вазъият гузориш медиҳанд: “Дар Эрон, Масъуд бо афсарони собиқ, ки пас аз ба қудрат расидани Толибон ватани худро тарк карданд, мулоқот мекунад ва онҳо омодаи бозгашт ба Афғонистон ва пайвастан ба неруҳои муқовимат ҳастанд. Аз моҳи июн бисёре аз мақомоти собиқи амниятии Афғонистон шурӯъ ба бозгашти махфиёна ба Афғонистон карданд, ки ба нозирон замина дод, то дар мавриди оғози марҳалаи ҷадиде дар тавсеаи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ сӯҳбат кунанд. Далоиле вуҷуд дорад, ки интизори рушди бештар дар фаъолиятҳои низомии Ҷабҳаи Масъудро дошт, ки талош мекунад аз ҳимояти раҳбарони маҳаллӣ дар соири вилоёти Шимолии Афғонистон, ба вижа дар Бадахшон бархурдор шавад”.

Султон Аҳмад, фаъоли сиёсии муқовимат дар ин бора дар сӯҳбат бо "Совершенно секретно" гуфт: “Аҳмад Масъуд дар сӯҳбат аз аҳдофи муборизоти худ борҳо таъкид кардааст, ки вазифаи аслии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ озодсозии тамоми Афғонистон аз диктатории террористҳои Толибон аст. Худи Масъуд борҳо ба раҳбарони Толибон пешниҳод додааст, ки ба мардуми Афғонистон ин ҳақро бидиҳанд, ки тасмим бигиранд чӣ навъ қудрате, чӣ навъ низоми сиёсиеро мехоҳанд дар кишвари худ бубинанд, баргузории интихоботи умумӣ таҳти контроли Созмони Милал барои ин ҳадаф, аммо Толибон ин пешниҳодоти раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллиро рад намуда, аз тақсими қудрати тасарруфшуда бо касе худдорӣ мекунанд. Бинобар ин, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба муборизаи мусаллаҳона идома медиҳад”.

 

ИДЕОЛОГИЯИ ҶАБҲАИ МУҚОВИМАТИ МИЛЛӢ: ТАВСЕА ҶОМЕАИ МАДАНИИ СОЛИМ

Ба гуфтаи Алам Эзадёр, яке аз аъзои дафтари сиёсии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, “идеологияи муқовимат озодии кишвар аз дасти Толибон, касби иистиқлол, эҷоди сохтори давлати мунтахаби мардум аст, то намояндагони ҳама миллиятҳо битавонанд дар сиёсат ширкат кунанд ва барои сарнавишти худу кишвар ва ҳамчунин барои истиқрори ҷомеаи мадании солим тасмим бигиранд: “Бо нигоҳе ба таҷрибаи таърихӣ ва режимҳои сиёсии кишварамон, қудрати ғайримутамаркиз, яъне парлумониро тарҷеҳ медиҳем, ки мардум дар он ҳузур дошта бошанд. Битавонанд ба сурати уфуқиву амудӣ дар тасмимгириҳои давлат ширкат кунад, то таҷрибаи талхи солҳои гузашта такрор нашавад. Ҳама шаҳрвандони мо сарфи назар аз ҷинсият, мазҳаб ва син бояд аз ҳаққи таҳсил, муроқибатҳои пизишкӣ, кору мушорикат дар зиндагии мадании ҷомеа бархурдор бошанд. Имрӯз ҳамаи мо аз ин ҳуқуқу озодиҳо маҳрум ҳастем. Кишвари мо дар инзивои комил аз кишварҳои минтақаву ҷаҳон ба сар мебарад, ки ба имрӯзу оянда осеб мерасонад. Наҷоти меҳан аз инзивоъу тазмини ин ки кишварамон дигар таҳдиде дар қолаби қочоқи маводи мухаддир, ҳаросафганӣ, қочоқи ғайриқонунии аслиҳа нахоҳад буд, низ яке аз аҳдофи муқовимат аст”.

Алам Эзадёр дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо "Совершенно секретно" таъкид кард: “Муқовимати имрӯз дар Афғонистон на танҳо мубориза бо террористҳои Толибон аст, балки дар баробари ҳама гурӯҳҳои террористӣ, ки таҳти ҳимояти онҳо фаъолият мекунанд ва ҳама бо ҳам суботу амнияти минтақаву ҷаҳонро таҳдид мекунанд, низ мебошад. Муқовимат густурда аст ва дар се ҷиҳати мусаллаҳона, иҷтимоӣ ва сиёсӣ амал мекунад. Ба назари ман, ҳама мардуми мо ба навъе дар муқовимат ширкат доранд ва ҳама зери фишори террористҳои Толибон ва таҳдидоти онҳо зиндагӣ мекунанд. Миллионҳо нафар аз кишвар фирор кардаанд ва бисёре дигар мунтазири чунин фурсате ҳастанд, ки нишондиҳандаи нафрату инзиҷори мардум аз террористҳои Толибон аст. Баргузории тазоҳурот ва мухолифатҳои маданӣ алайҳи Толибон дар манотиқи мухталифи ишғолӣ ва хориҷ аз кишвар нишондиҳандаи адами тамоюли мардуми Афғонистон ба мадоро бо ишғолгарон аст. Яке аз шохисҳои барҷастаи мубориза, мухолифати таърихии духтарону занони кишвари мо бо террористҳои Толибон аст, ки дар ин мубориза на бо таҳдид ва на бо интиқом наметавон занонро шикаст дод”.

Алам Эзадёр хотирнишон сохт, ки: “Муборизаи мусаллаҳонаи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ билофосила пас аз тасарруфи Кобул тавассути террористҳои Толибон ва эътирозоти маданиву кунишҳои сиёсии мутаоқиби он, манбаи умед ва пуштибонӣ барои муқовимати ақшори мухталиф аз нуқоти мухталифи кишвару ҷаҳон шуд. Муқовимати сиёсӣ то кунун дастовардҳои бисёре доштааст. Аз ин хотир, имрӯз ҳамсоягони мо, минтақа ва ҷаҳон ба таври куллӣ дидгоҳи худро нисбат ба террористҳои Толибон тағйир додаанд, онҳо ба моҳияту таҳдиди онҳо пай бурдаанд, онҳо дигар ба афсонаҳое дар мавриди имкони тағйири Толибон бовар надоранд”.

Манобеъ дар Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба ҳузури як "гурӯҳи тарафдори Русия" дар миёни атрофиёни Аҳмад Масъуд ишора мекунанд: "Суҳбат дар мавриди он сиёсатмадорони Афғонистон аст, ки он қадар аз назари отифӣ нисбат ба Русия дилсӯз нестанд, аммо онҳо воқеан вазъиятро воқеъбинона арзёбӣ мекунанд ва бо таваҷҷуҳ ба он дарк мекунанд, ки бидуни таваҷҷуҳ ба "омили Русия" ва манофеи Маскав, ҳалли буҳрони Афғонистон ғайримумкин аст. Ин сиёсатмадорон комилан аз хиёнати Иёлоти Муттаҳида ва НАТО ба Афғонистон огоҳ ҳастанд, ки чӣ гуна кишварашонро ба дасти террористҳои Толибон раҳо карданд. Бино бар ин, аз бархурд бо амрикоиҳо метарсанд, аммо баръакс, рӯи ҳимояти Русия ҳисоб мекунанд”.

Алам Эзадёр мегӯяд: “Федератсияи Русия имрӯз дар минтақаву ҷаҳон дорои вазна аст ва дар робита бо кишвари мо аз аҳамияти вижае бархурдор аст. Хурӯҷ аз вазъияти буҳронии Афғонистон бидуни мушорикати Русия ғайримумкин аст. Маскав дигар набояд нисбат ба он чӣ дар кишвари мо мегузарад бетафовут бошад. Русия, мутаассифона, дар ибтидо ба дурӯғҳои Толибон эътиқод дошт ва барои бархе аз масоили онҳо лобби мекард ва ба Толибон хушбин буд. Аммо ман мӯътақидам, ки акнун Русия ва ҳамчунин Эрон аз Толибон дарс гирифтаанд ва тамоми ҳақиқатро дар мавриди Толибон дарк кардаанд”.

 

МУҚОВИМАТИ НЕРУИ ВЕЖАИ АФҒОНИСТОН

Ҷабҳаи Озодии Афғонистони генерал Ёсин Зиё низ тавассути намояндагон он "муқвимати неруҳои вежа" номида мешавад. Яке аз мақомоти аршади сиёсии Ҷабҳаи озодӣ ва як мақоми олирутбаи собиқ Шӯрои амнияти миллии Афғонистон, ба "Совершенно секретно" гуфт: "Бештар ҷангҷӯён ва ҳомиёни билқувваи Ҷабҳаи озодӣ камондуҳои собиқи кишвар ҳастанд. Мо захираи размии Ҷабҳаи озодиро 50 ҳазор нафар тахмин мезанем. Дар миёни онҳо касоне ҳастанд, ки аз қабл силоҳ дар даст бо Толибон дар дохили Афғонистон мухолифат мекарданд ва ҳамчунин касоне, ки омодагии худро барои пайвастан ба муборизоти мо ва бозгашт аз табъид ба ватани худ дар аввалин ишора эълом карданд. Раҳбари Ҷабҳаи озодӣ иртиботи дутарафаи доимӣ бо ин афрод барқарор намуда ва инҳо шомили ҳазорон сарбозу афсар ҳастанд.

Ҷабҳаи озодии Афғонистон дар 4 феврали 2022 дар вилоёти Тахор, Кундуз ва Бадахшон оғоз ба кор кард. Сипас ҷангҷӯёни он дар вилоёти Кандаҳор, Нангарҳор ва Кобул ҳамла болои Толибонро оғоз намуданд. Муборизони Ҷабҳаи озодӣ то ҳамин авохир танҳо касоне буданд, ки иқдомоти ҷасуронаеро алайҳи шибҳинизомиёни Толибон дар пойтахти Афғонистон анҷом доданд. Сатҳи омӯзиши размии сарбозони Ҷабҳаи озодӣ ин имконро ба онҳо медиҳад, ки бидуни талафот амалиёт анҷом диҳанд ва бо муваффақият пустаҳои мутаҳаррику собит ва гурӯҳҳои Толибонро мунҳадим кунанд ва "ҳазфи ҳадафманд"-и фармондеҳон ва коргузорони хоси Толибонро тақрибан дар ҳар нуқтае аз Афғонистон анҷом диҳанд.

Коршиносону афсарони собиқи хадамоти истихборотии Афғонистон мегӯянд: “Сарбозони Ёсин Зиё устоди токтикҳои чирикии шаҳрӣ ҳастанд ва бар асоси асли “бизану фирор кун” амал мекунанд. Ин ба Ҷабҳаи озодӣ иҷоза медиҳад, то ҷанговарони худро ҳифз ва аз талафоти байни онҳо ҷилавгирӣ кунад”.

 Ҷабҳаи озодии Ёсин Зиё дорои шабакаи густурдатаре аз ҷангҷӯёну маъмурони истихборотӣ дар саросари кишвар аст, на фақат дар Шимоли Афғонистон, ҷое, ки Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар он фаъол аст. Илова бар ин, таъкиди минтақаиву қавмӣ дар Ҷабҳаи озодӣ камтар ба чашм меояд, ки дар Ҷабҳаи муқовимати миллии Масъуд, ки умдатан ба минтақаи Панҷшер (вилоёти Панҷшеру Бағлон) гиреҳ хӯрдааст. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба таври куллӣ то ҳадди зиёде ба "омили Панҷшер" вобаста аст. Бар хилофи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ки дар он тоҷикҳо тасаллут доранд, Ҷабҳаи озодӣ тақрибан намояндаи ҳама гурӯҳҳои қавмӣ дар кишвар аст. Ёсин Зиё асосан бар хадамоти гузаштаи ҷангҷӯён дар неруҳои вижа ва соири воҳидҳои размии фаъоли неруҳои амниятии Афғонистон тамаркуз мекунад ва на бар маншаи қавмии онҳо.

Дарвоқеъ, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Ҷабҳаи озодӣ имрӯз бо муваффақият якдигарро такмил мекунанд. Нозирони хориҷии мустақил мегӯянд: "Ҳарду ҷабҳа бо якдигар рақобат намекунанд, балки баракс, ба думболи фурсатҳое барои ҳамкории сиёсӣ ва таомулии размӣ ҳастанд. Иттилооте вуҷуд дорад, ки Аҳмад Масъуд ва Ёсин Зиё ва ҳамчунин фармондаҳони ҷангии онҳо дар дохили Афғонистон ҷаласоти мутааддидеро баргузор кардаанд, ки ҳадаф аз он афзоиши сатҳи ҳамоҳангӣ дар мубориза бо Толибон ва ҳамчунин бо шохаи афғонистонии ДОИШ** аст.

 

ЧАРО МАСКАВ БОЯД БО МУҚОВИМАТ ДӮСТ БОШАД?

Алорағми талоши Толибон барои аз байн бурдани муқовимати Афғонистон, на танҳо муқовимат ба ҳаёти худ идома медиҳад, балки дар ҳоли афзоиш низ ҳаст. Яке аз нишонаҳои ин амр афзоиши алоқа ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Ҷабҳаи озодӣ аз кишварҳои мухталиф аст. Агар то ҳамин авохир, фақат Душанбеву Теҳрон бо Ҷабҳаи муқовимати миллии Аҳмад Масъуд тамоси наздик доштанд, акнун раҳбарии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ меҳмони қобили пазирише дар маконҳои мухталифи байналмилалӣ, монанди Фаронса, Утриш, Туркия ва... аст.

Коршиносони инглис бо таҳлили натоиҷи баррасии ҳокимияти дусолаи Толибон дар Афғонистон акнун ошкоро ба давлати худ тавсия мекунанд, ки “ҳимояти фаъол” аз мухолифон дар Афғонистонро оғоз кунад. Мо қабл аз ҳар чиз дар мавриди Ҷабҳаи муқовимати миллии Аҳмад Масъуд ва ҳамчунин Ҷабҳаи Озодии Ёсин Зиё ва гурӯҳи размии генерал Самеъ Содот, як генерали дигар, ки дар гузашта фармондеҳии як сипоҳи неруҳои вижаи артишро бар ӯҳда дошт, сӯҳбат мекунем, ки қасди худро барои ҷанг бо Толибон ва бозгашт ба кишвар эълом кард.

Тақвияти муқовимати Афғонистон, дипломатҳо ва артиши Амрикоро, ки ҳанӯз ҳам рӯйи “таълими муҷаддади тадриҷии” Толибон шартбандӣ ва ба ҳамин далел аз ҳимоят аз мухолифони мусаллаҳи Афғонистон худдорӣ мекунанд, нороҳат кардааст. Ба гуфтаи як манбаи огоҳ дар Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, чанде пеш амрикоиҳо талош барои тавофуқ миёни Аҳмад Масъуд ва Салоҳуддин Раббонӣ, яке аз раҳбарони тоҷикҳои Бадахшонро хунсо карданд: “Ба маҳзи ин ки Иёлоти Муттаҳида огоҳ шуд, ки Масъуду Раббонӣ метавонанд мувофиқат кунанд, билофосила ба Раббонӣ фишор оварданд ва ӯро маҷбур карданд аз ҳамкорӣ имтиноъ кунад. Амрикоиҳо ба сароҳат гуфтаанд, ки намехоҳанд мавозеи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Афғонистон тақвият шавад”.

Бадеҳист, ки манофеи Русия бо манофеи Вашингтон мунтабиқ нест ва эҳтимолан ин дақиқан ҳамон чизест, ки метавонад ҳузури намояндагони олирутба ва раҳбарони ду ҷабҳаи аслии муқовимати Афғонистонро дар августи 2023 дар Маскав тавзеҳ диҳад. Бале, ба назар мерасад, то кунун ин гуфтугӯҳо ба сурати ғайрирасмӣ ва бидуни хабардор шудани афкори умумӣ аз ҷузъиёти ғайрзарурӣ сурат мегирад.

Бо ин ҳол, ба гуфтаи нозирони мустақили хориҷӣ, ҳамкории Маскав бо гурӯҳҳои аслии муқовимати мусаллаҳи Афғонистон иҷтинобнопазир аст. На танҳо ба ин далел, ки Русия набояд тамоми тухмҳои сиёсии худро дар як сабад (Толибон) дар Афғонистон бигузорад. Илова бар ин, дӯстони толиб алоқаи авлавияти худро дар дӯстӣ бо Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва соири кишварҳо доранд, ки мешавад гуфт, ҳеҷ алоқа ба Федератсияи Русия надоранд ва ин чизе пинҳонӣ ҳам нест. Фақат агар Русия ба дӯсти бузурги Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, Ҷабҳаи озодӣ ва дигар гурӯҳҳои муқовимат дар Афғонистон табдил нашавад, мумкин аст душманони Маскав ба дӯстони онҳо табдил шаванд. Ва сипас Кремл як бори дигар дар "Бозии бузург" дар Афғонистон ва минтақа ба таври куллӣ шикаст хоҳад хӯрд.

 *Толибон, ки як созмони террористӣ ва дар Русия мамнуъ аст.

 ** "Давлати исломӣ" (ДОИШ) як созмони террористи мамнуъа дар Русия аст.


Дин

Тероризм

02-дек-2024 By admin

Байрақи Толибон бар…

Чӣ нисбате байни Толибон ва “Таҳрири Шом” вуҷуд дорад?

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!