Хабари рӯз

Аввалин расонае, ки аз суқути чархболи Раисӣ иттилоъ дод, расонаи Исроилӣ буд.

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Олмон), махсус барои "Сангар"

Теъдоде аз дӯстон, ки алоқаманди таҳлилу мутолиа ҳастанд, аз ман пурсидаанд, ки ба бовари Шумо, баъд аз марги раисҷумҳури Эрон чӣ таҳаввулоте дар минтақа рӯнамо хоҳад шуд, оё бар Эрон шок ворид хоҳад шуд, оё ташаннуҷоте дар дохили Эрону минтақа эҷод хоҳад гардид ва ҳама чиз бо оромиши хотир идома хоҳад ёфт?

Ба бовари ман, тардиде вуҷуд надорад, ки марги Иброҳим Раисӣ талотуми қобили таваҷҷуҳро дар ҳукумати Эрон эҷод мекунад. Ин ки оё ин талотум дар ҷомеа ҳам бозтоб хоҳад ёфт, нуктаи дигарест, ки ман баъдан ба фурсати муносиб рӯи он табсираи ҳамаҷонибае хоҳам дошт.

Ба бовари ман, дар ҳоли ҳозир сиёсат нисбат ба раисҷумҳур дар дасти Алӣ Хоманаӣ, раҳбари мазҳабии Эрон аст, Хоманаӣ сиёсат мекунад, Хоманаӣ тасмим мегирад ва Хоманаӣ раисҷумҳур таъйин мекунад.

Ба ҳар сурат Эрон таҷрибаи ин хатаротро дорад. Дӯстон медонанд, ки баъд аз суқути шоҳ дар авоили ҳукумати Абулҳасан бани Садр раисҷумҳур дар парлумони Эрон истезоҳ шуду шикаст хӯрд ва ҳамчунин як бори дигар дар соли 1360 (1980) Муҳаммадалӣ Раҷоӣ, раисҷумҳур ва оқои Боҳунар, нахуствазири Эрон кушта шуданд ва гуфта шуд, ки ин корро фидоиёни халқи Эрон кардаанд, аммо об аз об наҷунбид, ҳукумат ба кори худ идома дод.

Оқои Раисӣ севумин раисҷумҳур аст, ки дар Эрон ё кушта мишавад ё канор зада мешавад.

Дар ҳоли ҳозир муовини он оқои Муҳаммад Мухбир қудратро ба даст гирифта, ки аз ашхоси мавриди эътимоди Алӣ Хоманаӣ аст.

Оқои Мухбир мутобиқи Қонуни Асосии Эрон метавонад ду моҳ ило 50 рӯз курсии раёсатиҷумҳуриро ба ӯҳда дошта бошад ва баъд аз ду моҳ ило 50 рӯз интихоботи сартосарӣ баргузор хоҳад шуд.

Агар дар интихоботи раёсатиҷумҳурӣ оқои Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири хориҷаи собиқ худро номзад кунад ё оқои Қолибоф, раиси парлумон ё касони дигаре даъвии раёсатиҷумҳурӣ дошта бошанд, дар ин сурат сиёсатҳо андаке мутафовит хоҳад буд.

Аммо бо он ки бо кушта шудани оқои Раисӣ теъдоде аз кишварҳои ғарбӣ, ба шумули Исроил, Амрико ва як теъдод кишварҳои ғарбӣ хушҳоланд, аммо як теъдод кишварҳои исломӣ ва ғайриисломӣ паёми тасаллият в ҳамдардӣ фиристодаанд.

Афғонистон изҳори таассуф карда ва паёми тасалият фиристодааст, Покистон як рӯз мотами миллӣ эълон кард, Туркия эълом карда, ки омодаи ҳар гуна ҳамкорӣ аст, ҳамчунон Владимир Путин, раисҷумҳури Русия лаҳазоте пеш бо Муҳаммад Мухбир, раисҷумҳури муваққати Эрон сӯҳбат намуда ва пуштибонии худро аз Эрони мустаҳкам эълон кардааст.

Ин авзоъ идома хоҳад ёфт, аммо Эрон вазъиятро контрол хоҳад кард, чун Алӣ Хоманаӣ, раҳбари мазҳабии Эрон дар сиёсати дохилӣ нақши калидӣ дорад.

Бидуни шак, ҳар касе, ки дар оянда баъд аз ду моҳ номзади раёсатиҷумҳурӣ шавад, нақши раъйдиҳандагон хеле андак хоҳад буд ва аксар мардум ба пойи сандуқҳои раъй нахоҳанд рафт ва камтарин раъй истифода хоҳад шуд.

Муносиботи Эрону Афғонистон бад-ин минвол боқӣ нахоҳад монд ва дар сиёсати хориҷӣ тағйироте эҷод хоҳад шуд, Эрон аз мазлумияти мардуми Фаластин дифоъ хоҳад кард ва сиёсатҳои худро дар Шарқи Миёна давом хоҳад дод.

Эрон ба дурустӣ медонад, ки баъд аз марги Раисӣ Исроил ва як теъдод кишварҳои ғарбӣ ҷашну шодмонӣ баргузор кардааст, ин уқдаест, ки байни ҷаҳони ислом ва ғайриислом ба вуҷуд меояд.

Ба ҳар сурат, ман ба ин бовар ҳастам, ки ташаннуҷот дар минтақа коҳиш пайдо намекунад, балки афзоиш хоҳад ёфт, Эрон истеҳкоми худро нигаҳ медорад, чун то ҳанӯз Алӣ Хоманаӣ, раҳбари мазҳабии Эрон зиндааст.

Ба ҳар ҳол, ин ки киҳо боиси ин ҳодиса шудааст, бояд таҳқиқот сурат гирад, чун мухолифатҳое ҳам ба хотири ҷонишини Алӣ Хоманаӣ вуҷуд дошт, баъзеҳо ба ин бовар буданд, ки оқои Раисӣ баъд аз раёсатиҷумҳурӣ ҷонишини Алӣ Хоманаӣ, раҳбари мазҳабӣ шавад ва баъзеҳо писари Имом Хумайниро қаламдод мекарданд.

Баъдан ин ки чаро чархболи ҳомили Раисӣ нишона гирифта шуд ва аз байн рафт, ва чаро чархболҳои дигар солим ба мақсад расиданд? Оё дӯстони Исроил дар ин ҳодиса нақш доштанд? Оё мухолифини Эрон нақш доштанд? Чаро тилфонҳои моҳвораӣ аз кор афтода буданд? Чаро Эрон натавонист лошаи тайёраро пайдо кунад, то билохира аз Туркия кӯмак хост, то Туркия тавассути тайёраи худ тавонист лошаи тайёраи ҳомили Раисиро пайдо кунад. Эрон аз ин бобат сахт ба мушкил мувоҷеҳ аст ва садҳо мушкил дигар...

Агар натиҷагирӣ кунам, минтақа боташаннуҷ боқӣ мемонад, сиёсати Алӣ Хоманаӣ идома пайдо мекунад, ташаннуҷ дар Шарқи Миёна боқӣ хоҳад монд. Аммо агар дар оянда Муҳаммад Ҷавод Зариф ё Қолибоф раисҷумҳур шавад, сиёсатҳо дар минтақа, бахусус дар Афғонистон тағйири чашмгире хоҳад дошт.

Ва садҳо мушкилоти дигар, ки ба иллати набуди вақти кофӣ наметавонам бо ҷузъиёт бо шумо шарик созам. Дар оянда агар қалам ёрӣ кард, дар мақолоти баъдӣ мавзӯъоти муҳим ва ҳамаҷонибаеро хоҳам навишт, вале эҷоб мекунад то таҳқиқ шавад, ки чаро аввалин расонае, ки аз суқути чархбол иттилоъ дод, расонаи Исроилӣ буд.

 Чаро мақомоти амрикоӣ то охир хомӯш монданд, чаро баъзе аз кишварҳо натавонистанд дар айни замон вазъиятро инъикос бидиҳанд, ин суолотест, ки бояд таҳқиқ шавад ва ҳамаҷониба баррасӣ гардад.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!