Хабари рӯз

Чаро шабакаҳои иҷтимоӣ ба арсаи дурӯғ, тӯҳмат ва нафратпароканӣ табдил шудааст?

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Олмон), махсус барои "Сангар"

Умедворам ҳавсалаи хондани ин назариётро дошта бошед ва одилона қазоват кунед. Танҳо ин дарди ман нест, балки ин дарди муштарак аст, ки бо шумо шарик месозам.

Аксар рӯзҳо назаре бар расонаҳои савтӣ ва тасвирӣ, бахусус Ютуб, Фейсбук, ВотсАп, Тикток, Вайбер ва ғайра меандозам. Вақте нигоҳ мекунам бароям хеле дардовар аст як теъдод ютуберонро мебинам, ки бидуни барнома ба хотири пайдо кардани чанд доллар даст ба аъмоле мезананд, ки ҳеҷ қобили бовару таҳаммул нест.

Аксар расонаҳои савтӣ ва тасвирии дигарро, ки нигоҳ мекунам аз субҳ то шом ба ҷуз аз таҳқир, тавҳин, киноягӯӣ ва танзмеҳварӣ дигар чизе дида намешавад.

 Куниш ва вокунишҳои мардум дар муқобили якдигар боиси эҷоди нафрат гардидааст. Идомаи ин вазъият уқдаҳо ва сарпечиҳои бештареро ба вуҷуд овардааст. Бояд ин вазъият дарҳам шикаста шавад, вагарна ҳамаро ба партгоҳи худмеҳварӣ ва худбоварӣ нобуду ғарқ хоҳанд кард.

 Ҳар як аз дастандаркорони расонаҳои савтиву тасвирӣ дар ҳақиқати подшоҳони қаламрав сухан шудааст.

 Аммо теъдоде аз сиёсиюни гузашта ва ҳол бо шиорҳои авомфиребона бо ҷумалоту калимоти тунди сиёсӣ, дар маҳофили мухталиф аз чӣ ҳарф мезананд? аз тағйир, аз усули Қонуни Асосӣ, ислоҳот, амният, беҳбуди вазъияти иқтисодӣ, эҷоди кор, ваҳдат ва ҳамдилӣ. Манзури ин олиҷанобон чист, мухотибашон кист ва аз чӣ касе таваққӯъи ҳаракат доранд? Аз мардуме, ки ҳар рӯз дар сояи ҳокимияти инҳо тавассути душманони савгандхӯрдаи мардуми Афғонистон қурбонӣ мешаванд? Аз кадом мардум инҳо таваққӯъи ҳимоят доранд, ки моро ҳимоят кунед? Ҳамин мардумон ва тӯдаҳои анбӯҳи бешакл, ки на "лафзу қалам"-и ин сиёсиёни популистро медонанд ва на ин гуфтаҳо суде барояшон дорад.

Ин суханфарсоиҳои миёнтиҳии сиёсиюн чӣ пайванде бо фақру гуруснагии рӯзмарраи мардум мо дорад? Бидуни тардид теъдоди ангуштшуморе аз мардуми мо ба сиёсиюн дилбаста будем, ки вазъиятро тағйир хоҳанд дод, вале ҷуз аз ҳарфҳои миёнтиҳӣ, амал вуҷуд надорад.

 Ҳоло ҳама зарфиятҳо ба нуқтаи сифр тақарруб ёфта, на эътимоди миллӣ вуҷуд дорад ва на эътимоди байналмилалӣ. Бидуни имконот ва зарфиятҳо ба чӣ дил дӯхтаем? Дар ҳоли ҳозир демократия, ҳуқуқи башар ва озодии баён дар сарзамини мо таърифҳои мухталифе дорад. Демократияи амрикоӣ, демократияи афғонӣ, демократияи ҷангӣ ва демократияи тасаннӯӣ, демократияи хаёлӣ ва авомфиребона ва ғайра...

Дӯстони гиромӣ, шумо дар сафаҳоти иҷтимоӣ, бахусус Фейсбук, Тикток, Ютуб, Вотсап, Вайбер ва ғайра саре бизанед ва бодиққат нигоҳ кунед. Ҳомиёни сиёсиюни гузашта ва ҳол алайҳи якдигар чӣ мегӯянд ва чӣ менависанд? Чӣ қадар тӯҳмат мебанданд ва аксаран то ҳанӯз чӣ қадар бешармонаву ғайривоқеъбинона хушхидматӣ мекунанд.

Ин бечорагӣ, дармондагӣ ва вомондагии насли ман аст, ки дар асари хашму кинае, ки ҳосили таърихи мамлув аз ҳирмону ситам мебошад, ҳушу энергияи халлоқи худро аз даст додааст. Яъне, дар айни ҳол, ки нотавон аз гуфтани ҳақоиқ аст, дил ба тӯҳмату дурӯғбофӣ бастааст. Фейсбуку каналҳои Ютуб, тиктокҳо, гурӯҳҳои вотсапии зиёде ба номҳои мухталиф сохта шуда, ба хотири тӯҳмат бастанҳо ва тавҳину таҳқирҳо фаъоланд. Ҳама алайҳи якдигар ба сурати ифротӣ дар мавзеи нафй, сухансаройӣ мекунанд. Шояд он чи ки ҳаст ноинсонӣ ва бас ноинсонӣ бошаду бас...

Ман аз ин хашму кинаи меросӣ, аз ин балвои насли имрӯз метарсам. Потенсиали азими хушунат, адами тасоҳул ва неруи бекарони зиддият бо хирад дар қолаби асотири сиёсӣ-таърихӣ ва мазҳабӣ, қавмӣ, забониро дар худ дорад. Ин насл дорад иштибоҳоти насли гузаштаи ҷангу хунрезии қаблиро такрор мекунад. Бо идомаи ин вазъият, ангор мо низ қурбонии тоуни хушунат ва қитоли насли пешини худ ҳастем, ки дар асари ситам, фақру ҳирмони таърихӣ ҳама чизро ба боди фано додаанд. Беҳтар мебуд аз таърихи хунини сарзамини худ ва таҳаррукоти бешармонаи душманони ватани худ меомӯхтем.

Беҳтар мебуд, тасоҳулу мудоро, сулҳу ҳамгароӣ меомӯхтем, аммо, мутаассифона, баръакс насли имрӯз, ки барои ин ва ё он таблиғ мекунад. Хушунату адами ҳампазириро тарвиҷ менамояд ба шеваи расонаи хушунат, ифротият, адами таҳаммулу тасоҳул, рафторҳои ғайриақлонӣ, ташвиқу тарғиб менамояд. Дар ҳоли ҳозир мо қурбонии ифротияти фаъолони сиёсӣ, ки дар арикаи қудратанд, мебошем.

Як нигоҳ ба веб-сайтҳо, веблогҳо, саҳафоти фейсбукӣ , каналҳои ютубӣ,  гурӯҳҳои вотсапӣ ва ҳисобҳои Тикток кофӣ аст, ки ба чигунагӣ ва кайфияти муколимаву нигоҳи насли имрӯз пай бибарем. Дар аксари муколимот, хушунат, нафратпароганӣ, тавҳин, иттиҳом задан, тақаддуси хушунат зери номи силаҳшӯрӣ, адами таҳаммули ақоиди мухолиф ва пархош бо он, ситоиш аз ашхоси хушунатталаб ва авомфиребони сиёсӣ ба вуфур дида мешавад.

Бо чунин равонҳои мутамоил ба хушунат, мардуми мо барои озодиву демократия ва мардумсолорӣ бозандаанд, зеро инҳо наметавонанд аз хушунати сохторӣ ва адами шикебоӣ гузар намоянд, якдигарро дар қолаби идеология теориза мекунанд.

 Равшан аст, ки ин насл аз фуқдони фарҳанги демократӣ ранҷ мебарад ва то вуқуфи бунёдин бар он, иштибоҳоти фоҳишеро муртакиб мешавад. Иштибоҳоте, ки ҳаргиз қобили ҷуброн нахоҳад буд.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!