Хабари рӯз

Рафтори Эрон таҳоҷумӣ дар гуфтор ва боздоранда дар амал аст.

Нависанда: Муҳаммад Қодир Мисбоҳ, коршиноси масоили минтақа

Чанд сабоҳе, ки рафтор ва ё кунишу вокуниши давлати Ҷумҳурии Исломии Эронро аз наздик аз тариқи расонаҳои иҷтимоӣ, савтӣ ва тасвирӣ дунбол мекунам, зеҳнам нохудогоҳ ба чандин мақула аз усули равобити байнулмилал тамос мегирад. Лозим медонам онро бо мухотибин ва алоқамандони баҳсҳои сиёсӣ дар миён бигузорам. Ниятамро бидуни ҳуббу буғз матраҳ мекунам, то чӣ дар назар ояд. Ба ҳар сурат, сурати асли гап ва ё ҷонмояҳои он ёдам наравад.

Мо дар усули равобити байнулмилал ба ду мавзӯъ зери номи реализми дифоӣ ва реализми таҳоҷумӣ баҳсҳои фаровоне дорем, ки метавон вазъияти кунунии Эронро ба унвони таодули нопойдори қудрат тавсиф кунем, ки дар он давлат миёни ду мантиқи мутаориз, аммо мукаммил, дар навасон арзёбӣ мешавад: мантиқи бақо ва мантиқи ҳаддиаксарсозии амният. Ин навасон на ҳосили интихоби огоҳона аст ва метавонад натиҷаи мустақими фишорҳои ҳамзамони дохилӣ ва хориҷӣ ба шумор биравад, зеро ки зарфияти тасмимгирии стратегӣ дар он ҷо комилан маҳдуд ба назар мерасад.

Аз манзари реализми дифоӣ, Эрони имрӯз бо тазъифи маҳсус ва қатъии манобеи қудрати миллӣ рӯ ба рӯ шудааст. Иқтисод, ки зербинои қудрати сахт ва нарми давлат маҳсуб мешавад, дар вазъияти фарсойишӣ қарор дорад ва тавони давлат барои таъмини ҳадди ақал аз рифоҳу осоиш — ки шарти асосии суботи дохилӣ аст — ба дараҷот коҳиш ёфтааст. Дар мантиқи дифоӣ, ин вазъият худ ба худ таҳдид ва зидди амнияти миллӣ талаққӣ мешавад, зеро норизоиятии густарда ва мардумӣ метавонад ҳатто инсиҷоми дохилӣ ва контроли давлат бар ҷомеаро низ тазъиф ва ҳатто лаҳ кунад.

Вокуниши давлат ба ин таҳдид, тамаркуз бар амнияти дохилӣ, саркӯби эътирозот ва контроли иттилоот ва интернет аст; рафторе, ки дар мантиқи реалистии ҳокимон на инҳироф, балки вокуниши ақлонӣ барои ҳифзи бақо маҳсуб мешавад. Дар ин чорчӯб давлат кӯшиш мекунад аз густариши буҳрон ҷилавгирӣ кунад ва ҳазинаҳои бебасуботиро то метавонист ба ҳадди ақал бирасонад, ҳатто агар ин кор ба баҳонаи коҳиши машрӯъият ва афзоиши норизоияти пинҳон низ тамом шавад.

Аммо дар сиёсати хориҷӣ низ мантиқи дифоии худро дар парҳез аз даргирии мустақим бо қудратҳои бузург нишон медиҳад. Чунончи Аббос Ироқчӣ, вазири хориҷаи Эрон, аз боз будани даричаи гуфтугӯ бо Амрико ва барномаи мушакии Эрон — бо вуҷуди лафзпардозиҳои тунд — аз вуруд ба ҷанги мустақим эҳтиёт мекунад ва бар боздорандагии ғайримустақим ва мудирияти сатҳи таниш таъкид дорад.

Ин рафтор нишон медиҳад, ки давлат ба маҳдудиятҳои воқеии қудрати худ огоҳ аст ва медонад, ки даргирии густардаи хориҷӣ метавонад буҳрони дохилиро ташдид карда ва бақои низомро таҳдид кунад. Дар ин маъно, сиёсати хориҷии Эрон бештар аз он ки таҳоҷумӣ бошад, вокунишӣ ва муҳофизакорона аст ва ҳадафи аслии он ҷилавгирӣ аз бадтарин сенарияҳо дар ин кишвар аст.

Вале дар айни ҳол, метавон ҳамин вазъиятро ҳамзамон дар чорчӯби реализми таҳоҷумӣ низ тафсир кард. Реализми таҳоҷумӣ бар ин фарз устувор аст, ки дар низоми байнулмилалии анархӣ, амният ҳаргиз тазминшуда нест ва давлатҳо барои ҷилавгирӣ аз таҳдидоти оянда, ночоранд ба намоиши қудрат ва афзоиши ҳазинаи душманон.

Аз ин манзар, бахше аз рафторҳои Эрон — аз таъкид бар тавони мушакӣ ва боздорандагии низомӣ гирифта то ҳифзи нуфузи минтақаӣ ва талош барои ҷуброни заъфҳои дохилӣ аз тариқи қудратнамоии хориҷӣ, ки гоҳе мошини иртибототи худро бо ҳузури рамзии қудратҳо, бахусус Русия ва Чин, барҷаста мекунад — аз ҳамин ҷиҳат аст. Дар шароити фишор, давлат мекӯшад бо интиқоли бахше аз мантиқи таҳдид ба берун, ҳам душманонро боздорад ва ҳам инсиҷоми дохилиро аз тариқи гуфтумони муҳосираи хориҷӣ тақвият кунад.

Аммо тафовути асосии Эрони имрӯз бо як давлати таҳоҷумии классик дар ин аст, ки манобеи лозим барои ҳаддиаксарсозии қудрат ба таври комил дар дастрас нест. Реализми таҳоҷумӣ замоне коромад аст, ки пуштибонии иқтисодӣ ва ниҳодии кофӣ вуҷуд дошта бошад. Дар ғайби ин пуштибонӣ, қудратнамоӣ метавонад ба афзоиши фишори хориҷӣ бианҷомад.

Аз ин рӯ, рафтори таҳоҷумии Эрон аксаран маҳдуд, рамзӣ ва ҳисобшуда дида мешавад: таҳоҷумӣ дар гуфтор ва боздоранда дар амал. Ин таркиб нишон медиҳад, ки давлат талош дорад бидуни убур аз вурудҳои пурҳазина, тасвири қудратро ҳамчунон ҳифз кунад.

Бо эҳтимоли зиёд, Эрон дар нуқтае миёни реализми дифоӣ ва таҳоҷумӣ комилан таваққуф кардааст — на он қадр қудратманд аст, ки стратегияи таҳоҷумии пойдорро дунбол кунад ва на он қадр амн, ки сирфан ба як рӯйкарди дифоии мунфаъилона басанда кунад. Ин вазъият нишонаи таодули нопойдори Эрон аст, ки дар он ҳар шоки ҷадиди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ё амниятӣ метавонад каффаи тарозуро ба таври ногаҳонӣ ба тарафи дигар сангин ва моил кунад.

Дар мантиқи реализм хатари аслӣ барои Эрон на эътирозот ба худии худ ва на фишори хориҷӣ ба танҳоӣ, балки нотавонӣ дар мудирияти таҳдиди дохилӣ ва хориҷӣ дида мешавад.

Бинобар ин, пурсиши меҳварӣ дар чорчӯби реализми дифоӣ ва таҳоҷумӣ ин нест, ки Эрон ба кадом сӯ ҳақ дорад ҳаракат кунад, балки ин аст, ки оё давлат метавонад манобеи қудрати худро ба гунае бозсозӣ кунад, ки рафтори дифоии ӯ мӯътабар ва рафтори таҳоҷумии ӯ боздоранда боқӣ бимонад ва чунин талаққӣ шавад?

Агар ин бозсозӣ ба зудӣ мумкин нашавад, таодули нопойдори кунунӣ дер ё зуд ба буҳрони сохторитар табдил хоҳад шуд ва Эрон ба роҳе буҳронӣ меравад, ки мантиқи бақоро аз контроли ақлонии Эронӣ хориҷ карда ва Эронро ба як кишвари вайрон табдил хоҳад кард.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!