Эътирозот дар Эрон худҷӯш нестанд.
Нависанда: Александр Дугин, файласуфи рус
Ин идомаи амалиёти тағйири режим аст, ки Исроил дар соли 2025 оғоз кард. Майк Пампео ба таври аланӣ Соли Навро ба маъмурони Моссад, ки дар маҳал шӯришён дар шаҳрҳои Эронро ҳидоят мекунанд, табрик гуфт.
Маъмулан тасаввур мешавад, ки режими Эрон сахтгир аст. Аммо дарвоқеъ чунин нест; балки нарм аст. Ин режим дар даврони Оятуллоҳ Хумайнӣ сахтгир буд, аммо акнун дигар чунин нест. Ҳушёрӣ аз даст рафтаву мизони пазириши либерализм боло рафтааст. Як воқеият ба танҳоӣ гуёи бисёрии чизҳост: дар фалсафаи муосири Эрон, Карл Поппер дасти болоро дорад. Аҳмад Фардид ва ҳейдегериёнизми эронӣ ба фаромӯшӣ супурда шудаанд. Ишроқу ирфони шиъӣ ба маҳофили сирфан динӣ ва шаҳри Қум маҳдуд шудаанд. Албатта, вуҷуди ҳамаи инҳо хуб аст, аммо лояҳои густардаи ҷомеъаи Эронро дарбар намегирад.
Эрон беш аз чиҳил соли худро барои набарди ниҳоӣ бо Даҷҷол дар Фаластин омода мекард, меҳвари муқовиматро дар саросари Ховари Миёна парвариш медод, аммо замоне, ки набарди ниҳоӣ оғоз шуду Нетаняҳу ошкоро шурӯъ ба сохти “Исроили Бузург” кард, ҳеҷ иқдоми ҷаддие сурат нагирифт.
Аз назари идеологӣ, Русия ҳатто сусттару либералтар буд, аммо амалиёти тағйири режимро ҳамон дар мароҳили аввалия хунсо кард.
Баъид аст, ки акнун битавонем кӯмаки таъйинкунандае ба Эрон ироа диҳем. Баҳори гузашта ин имкон вуҷуд дошт, ки масаълаи эҷоди “давлати иттиҳодияӣ” миёни Русияу Эрон матраҳ шавад; он ҳам пеш аз ҷанг бо Исроил. Дар он сурат на ҷанге дар кор буд ва на амалиёти тағйири режим. Ҳамон тавр, ки дар Белорус рух дод. Он ҷо на аз ин хабарҳост ва на аз он — ва ин ҳам ба далели хиради Лукашенко ва давлати иттиҳодияӣ аст.
Акнун шароит барои ҳама душвор аст. Аммо режимҳои душман дар ҳоли муттаҳид шудананд, дар ҳоле ки артишҳои Нур бо артишҳои Зулмат ба сурати пароканда ва мақтаъӣ меҷанганд.
Амалиёти вижаи низомии мо бисёр ба душворӣ пеш меравад, аммо ҷанги комилан устураии охируззамонӣ аст. Танҳо Кореяи Шимолӣ ба маънои ҷаҳоншумули он пай бурдааст. Аммо Эрон ин муҳимтарин хати сужаи эсхатологиро аз даст дод. Дар ҳоле, ки ҳар он чӣ имрӯз дар Фаластин, Сурия, Лубнону Ироқ рух медиҳад, нобтарин эсхатология аст. Ва ин ба таври мустақим бо он чӣ дар Украина мегузарад, муртабит аст.
Худ сохтори сиёсии динии Эрони хумайнигаро бар фарҳанги интизорӣ бино шудааст. Ва акнун ҳамон лаҳза фаро расидааст: лаҳзаи набарди ниҳоӣ, Endkampf. Интизорашро мекашидем ва расид. Ва Пампео ошкоро Соли Навро ба маъмурони Моссад дар Эрон табрик мегӯяд ва шаҳрванд “бедоршуда” Паҳлавӣ худро омода мекунад то дар раъси як режими дастнишондаи тарафдори Ғарб қарор гирад.
Шояд доманаи эътирозот дар Эрон тавассути таблиғоти ҷонибдоронаи ғарбӣ иғроқомез ҷилва дода шуда бошад. Иншоаллоҳ! Аммо Эрон бетардид бояд ҷиддитарин натиҷагириҳоро анҷом диҳад. Ҳеҷ кас Эронро ба ҳоли худ раҳо нахоҳад кард. Ин дар алвоҳи таърихи муқаддас сабт шудааст.