Хабари рӯз

Толибон, Покистон ва Амрико чӣ кор мекунанд?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"

Тазоди имрӯз миёни Покистон ва Толибон фақат як даргирии марзӣ ё сиёсӣ нест, балки бахше аз барномаи тозаи Амрико барои муҳандисии бесуботӣ дар минтақа аст. Вашингтон пас аз тавофуқҳои пинҳон бо Покистон, Толибонро ба масобаи абзори муваққатӣ дар чорчӯби “бесуботии контролшуда” ба кор гирифт; Абзоре барои эҷоди дардисар барои меҳвари Шарқ - Чин, Русия ва Эрон - бидуни он ки ниёз ба ҳузури мустақими низомӣ дар Афғонистон дошта бошад. Толибон дар оғоз фурсати стратегии Амрико буданд, аммо акнун, ки мекӯшанд андаке мустақилтар амал кунанд, вориди марҳалаи танбеҳ шудаанд.

 Покистон, ки дар зоҳир бо Толибон ҳамсӯ буд, дарвоқеъ бозигари дучеҳраест, ки манофеъи худро дар ҳамсӯӣ бо Вашингтон тафсир мекунад. Исломобод бо такя бар ҳимояти иттилоотии Амрико, сармояи арабҳо ва лобии Инглис, ҳам Толибонро зери фишор нигаҳ медорад ва ҳам аз вуҷуди онҳо барои ҳифзи нуфуз дар Кобул истифода мекунад. Ҷанги имрӯз миёни Покистону Толибон як набарди воқеӣ нест, балки намоиши номутақоринест, ки дар он Толибон ҷуз ҳаёҳуи таблиғотӣ чизе дар ихтиёр надоранд, дар ҳоле, ки Покистон бо абзорҳои модерни низомӣ ва ҳимояти Ғарб, ибтикори амалро дар даст дорад.

Дар дохили Афғонистон, амнияти маснуии Толибон ба кобуси худашон табдил шудааст. Онҳо аз сояи худ дар торикие, ки сохтаанд, метрсанд. Ҷомеа, занон, нухбагон, сиёсатмдорони мунзавӣ ва ҳатто насли ҷавон, ҳама душманони билқувваи ин гурӯҳанд. Ин сохтор бар вайронаи озодӣ ва фарҳанг бино шуда ва дер ё зуд дар баробари воқеияти ҷомеа фурӯ хоҳад рехт. Толибон на эътимоди мардумро доранд ва на ҳимояти ҳеҷ қудрати минтақаиро. Имрӯз беш аз ҳар замони дигар мунзавӣ, бебовар ва сардаргуманд.

Таҳримҳо, фишорҳои дипломатӣ ва аҳкоми намоишии байналмилалӣ алайҳи Толибон танҳо абзорҳои равонии фишоранд; Аммо асли моҷаро замоне оғоз хоҳад шуд, ки қудратҳои бузург тасмим бигиранд Толибон дигар дар муодилаи минтақаӣ короӣ надоранд. Дар он замон, онон ба содагӣ аз саҳна канор зада хоҳанд шуд ва нерӯи дигаре ҷойгузинашон мешавад. Толибон аз ҳамин ҳоло дар вазъияти фарсоиши сиёсӣ ва машрӯъиятӣ қарор доранд; Гурӯҳе масрафшуда, ки дигар тавони ифои нақш дар бозии қудратро надорад.

Воқеият он аст, ки Толибон аз оғоз низ гурӯҳе мустақил набуданд; Тамоми тасмимоташон аз равобити хориҷӣ гирифта то сиёсатҳои иҷтимоӣ дар чорчӯби хости қудратҳои берунӣ шакл гирифтааст. Ин вобастагӣ нуқтаи заъфи маргбори онҳост. Ҳоло, ки Вашингтон барои танзими дубораи фишорҳо дар ҷануб ва Осиёи Марказӣ ба гурӯҳи тозае ниёз дорад, Толибон дар сафи ҳазф қарор гирифтаанд; Ҳамон гуна, ки пеш аз ин бисёре аз нерӯҳои ниёбатӣ пас аз поёни маъмурияти худ, аз саҳнаи сиёсат канор зада шуданд.

Дар ниҳоят, Толибон имрӯз дар мавқеияти парадоксикал қарор доранд: аз берун бозичаи сиёсати ҷаҳонӣ; Аз дарун манфур дар миёни мардум. Ин гурӯҳ дар зоҳир қудрат дорад, аммо дар ҳақиқат пояҳои қудраташ пӯсидааст. Онон худро фотеҳ мепиндоранд, аммо замон нишон хоҳад дод, ки фотеҳони имрӯз, маҳкумони фардои таъриханд; Ва танбеҳи воқеӣ, на аз сӯи душманони хориҷӣ, балки аз даруни ҳамон торикие оғоз хоҳад шуд, ки худ офаридаанд.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!