Тафовут миёни подшоҳихоҳ ва “паҳлавичӣ” чист?
Нависанда: Муҳаммад Саҳимӣ, устоди муҳандисии кимиё ва илми мавод, раиси собици кафердаи ширкати миллии нафти Эрон (NIOC) дар муҳандисии нафт дар донишгоҳи Калифорнияи Ҷанубӣ (USC) дар Лос-Анҷелес
Марҳум Ардашер Зоҳидӣ, домоди шоҳ, яке аз наздиктарин инсонҳо ба ӯ, ва фарзанди иҷрокунандаи дохилии кудатои нанги́ни 28 мурдоди 1332 (19 августи 1953), яъне сарлашкар (генерал-лейтенант) [сипаҳбад (генерал-полковник)-и баъдӣ] Фазлуллоҳ Зоҳидӣ, сафири Эрон дар Амрико ва вазири хориҷаи Эрон буд. Эшон то поёни умр ба шоҳ вафодор буд ва дар 17 обони 1400 (8 ноября 2021) аз дунё рафт.
Вале алорағми зиндагии ӯ ва робитаи наздики эшон бо шоҳ, марҳум Зоҳидӣ борҳо ҷонона аз Эрон дифоъ кард. Солҳо пеш эшон мақолае ба рӯзномаи Ню-Йорк Таймс фиристод, ки дар он аз ҳаққи Эрон барои доштани техноложии ҳастаӣ ва ғанисозии ураниум дифоъ карда буд. Ню-Йорк Таймс онро қабул накард. Дар натиҷа эшон 50,000 доллар ба он рӯзнома дод, то мақоларо ба унвони “огоҳӣ” мунташир кунад, ки мунташир шуд.
Дар он замон ман дар ҳамин саҳифа навиштам: “Ман ва оқои Зоҳидӣ кӯчактарин ваҷҳи муштараки сиёсӣ надорем. Эшон тарафдори салтанат ва вафодор ба шоҳ ҳастанд, ва ман тарафдори ҷумҳурии секуляри демократӣ ва мухолифи сарсахти шоҳу хонаводаи ӯ. Вале эшон ва ман як ваҷҳи муштарак дорем ва он ишқ ба Эрон аст.”
Оқои Зоҳидӣ аз тариқи дӯстони худ дар ҷануби Калифорния дар бораи пости ман иттилоъ ёфта буд, адреси манро аз яке аз дӯстон гирифта буд ва баъд барои ман номае бо сарбарге, ки болои он тоҷи шоҳаншоҳӣ буд, фиристод, ки дар он бисёр зебо ва меҳрубонона аз ман ташаккур карда буд. Эшон ҳамчунин қавл дод, ки агар ба Лос-Анҷелес биёяд бо ман шахсан мулоқот хоҳад кард, вале марг ба эшон иҷоза надод.
Марҳум Зоҳидӣ, монанди марҳум Дориюш Ҳумоюн, меҳандӯст буд. Ман бо марҳум Ҳумоюн ҳам ҳеҷ ваҷҳи муштараки сиёсӣ надоштам. Вале эшон касе буд, ки вақте таҳдидҳои Ҷорҷ Буши писар алайҳи Эрон боло гирифта буд, эълом кард, ки агар Амрико ба Эрон ҳамла кунад, ӯ дар канори ҷумҳурии исломӣ аз ватан дифоъ хоҳад кард. Марҳум Ҳумоюн ҳамчунин аз муҳандис Мир Ҳусейн Мусавӣ барои идораи иқтисодии кишвар дар даврони ҷанги ҳаштсола бо Ироқ таҷлил кард ва гуфт: “Ӯ Эронро дар ҷанг идора кард ва хеле хуб ҳам идора кард.”
Дар твити қадимии мазкур (акси боло) аз марҳум Зоҳидӣ, эшон ба нақши худ дар ҷудо шудани Баҳрайн аз Эрон дар даврони шоҳ эътироф карда ва афсӯс мехӯрад, ва бо зикри номи сипаҳбади шаҳид аз ӯ таҷлил мекунад.
Ахиран Амир Тоҳирӣ низ, ки умри худро дар мухолифат бо ҷумҳурӣ исломӣ сипарӣ кардааст, аз шаҳид дарёбон (адмирал) Алиризо Тангсирӣ, фармондеҳи нерӯи дарёии сипоҳ тамҷид кард. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки дар даврони ҷумҳурии исломӣ сатҳи дониш дар Эрон боло рафта, ба тавре ки Эрон се баробари Фаронса муҳандис ва донишманд дорад, ва он қадар инҳо моҳир ҳастанд, ки вақте Исроил як пули роҳи оҳани Теҳрон–Қумро вайрон кард, онҳо пулро дар 48 соат таъмир ва роҳандозӣ карданд.
Аслан бисёре аз ҳавохоҳони қадимии подшоҳӣ дар Эрон меҳандӯст ҳастанд. Бисёре аз афсарони артиш, ки дар даврони ҷанг бо Ироқ шуҷоъона бо Ироқ ҷангиданд ва ба маротиби болои низомӣ ҳам расиданд, дар даврони шоҳ низомӣ шуда ва ба нерӯҳои мусаллаҳ пайваста буданд.
Инро муқоиса кунед бо паҳлавичиҳои кунунӣ, ки муште бесавод, фаҳҳош ва дурӯғгӯ ҳастанд, ки бо ҳимоят аз таҷовузи Амрико ва Исроил ба Эрон ба таври рӯзона муртакиби хиёнат ба Эрон мешаванд.
Агарчӣ ман бо подшоҳихоҳон ҳамчунон мухолифам, вале фарқ аст байни як подшоҳихоҳ монанди марҳум Зоҳидӣ ё марҳум Ҳумоюн ва лоҷараҳои беватан паҳлавичӣ.