Табсирае бар сафари Амирхон Муттақӣ ба Маскав ва Деҳлии Нав
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Шветсария), махсус барои "Сангар"
Бегумон сафари Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати хориҷаи Толибон, ба Маскав ва сипас ба Ҳинд дар қолаби нишасти Формати Маскав, воҷиди абъоди печидаи дипломатӣ ва паёмадҳои мутазод дар сатҳи минтақаӣ ва байналмилалӣ аст. Ин сафар, ҳарчанд аз назари зоҳир як гом рӯ ба ҷилав дар машрӯъиятбахшии байналмилалии Толибон ба назар мерасад, аммо ҳамзамон метавонад боиси шаклгирии ҳассосиятҳо, суъитафоҳмҳо ва танишҳои ҷиддӣ дар минтақа ва фароминтақа гардад.
Дар қадами аввал дастовардҳо ва нукоти мусбати ин сафар чист?
Муҳимтарин дастоварди ин сафар, судури муофияти сафар барои фарде чун Амирхон Муттақӣ аст, ки дар феҳристи таҳримҳои Созмони Милал қарор дорад. Ин иқдом ба гунае шикастани бахше аз инзивои байналмилалии Толибон талаққӣ мешавад.
Ҳамчунон ширкат дар нишасти Формати Маскав Толибонро дар як қолаби расмии минтақаӣ қарор дод, ки дар он қудратҳои муҳим, монанди Русия, Чин, Эрон, ва Ҳинд ҳузур доштанд. Ин ҳузур ба Толибон иҷоза медиҳад то худро ба унвони яке аз бозигарони минтақаӣ матраҳ кунанд.
Аз тарафи дигар сафар ба ду кишваре, ки ҳар ду нақши калидӣ дар муодилоти минтақаӣ доранд, метавонад ба Толибон дар эҷоди каналҳои дипломатӣ ва шояд кумакҳои башардӯстона ё иқтисодӣ кӯмак кунад, бавежа дар замоне, ки Афғонистон дар буҳрони шадиди инсонии зери ҳокимияти Толибон ба сар мебарад.
Аммо паёмадҳои манфӣ ва чолишбрангез чист?
1 - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки ҳамчунон Толибонро ба расмият намешиносад ва нақши фаъоле дар фишорҳои байналмилалӣ алайҳи онон дорад, ин гуна сафарҳоро ба навъе ақибгард дар сиёсати фишор таъбир мекунад. Чунин таҳаррукоте метавонад Вашингтонро ба эъмоли маҳдудиятҳои ҷадид ё тақвияти таҳримҳо алайҳи Толибон савқ диҳад.
2 - Сафари Муттақӣ ба Ҳинд, бавежа бо таваҷҷуҳ ба ҳассосияти таърихӣ байни Исломобод нисбат ба Деҳлии Нав, метавонад боиси бурузи норизоиятии шадид дар миёни низомён ва сиёсиёни покистонӣ шавад. Толибон, ки пештар равобити наздике бо Покистон дошт, бо чунин иқдомоте мумкин аст дар тавозуни ҳассоси худ миёни Ҳинд ва Покистон дучори мушкил ва як буҳрони фарогир шавад.
3 - Гарчи Русияву Ҳинд аз таомул бо Толибон дар чорчӯби манофеъи стратегии худ истиқбол мекунанд, аммо ҳамроҳӣ бо чеҳраҳои таҳти таҳрими Шӯрои Амният метавонад барои ин кишварҳо ҳазинаҳои сиёсӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба думбол дошта бошад. Бавежа Ҳинд, ки дар таомул бо дунёи Ғарб ва Амрико тавозуни ҳассосе дорад.
Ҷамъбандӣ:
Сафари Амирхон Муттақиро метавон ҳам як пешравии тактикӣ дар масири расмиятёбии байналмилалии Толибон донист ва ҳам як “хатои стратегии эҳтимолие”, ки мумкин аст ҳазинаҳои сиёсии тозае барои Толибон дар сатҳи минтақаӣ эҷод кунад. Машрӯъияти дипломатӣ, агар бидуни ислоҳоти дохилӣ ва посух ба нигарониҳои ҷаҳонӣ бошад, дер ё зуд бо бунбаст мувоҷеҳ мешавад. Толибон бояд бидонанд, ки сирф ширкат дар нишастҳои байналмилалӣ кофӣ нест; Балки тағйири рафтор, эҳтиром ба ҳуқуқи башар ва таомули созанда бо ҷомеаи ҷаҳонӣ шарти аслии убур аз инзивои феълӣ аст.