Хабари рӯз

Мушкил дар қирғизҳо аст ё раҳбарони Қирғизистон? Нигоҳе ба ҷиноёти байналмилалии Содир Ҷабборов ва Қамчибек Тошиев

Нависанда: Толиб Алиев, махсус барои “Сангар”

Ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона ба муддати 150 сол равишҳо ва воситаҳои ҷанг миёни тарафҳо дар даргирии мусаллаҳонаро танзим ва маҳдуд кардааст. Ҳадафи он эҷоди таодул байни иқдоми низомии машрӯъ ва ҳадафи башардӯстонаи коҳиши ранҷҳои инсонӣ, ба вежа дард ва ранҷи ғайринизомиён аст.

Роҳҳои ҷанге, ки қарнҳои гузашта вуҷуд дошта, ҳосили тавофуқ катбӣ дар мавриди меъёрҳои рафторӣ аст ва гоҳ ризояти мутақобили тарафайни даргир ва дар мавориде одамияти ибтидоӣ будааст.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамгом бо рушди техникаву технология, талошҳои ҷиддиро барои эҷоди маҳдудиятҳои қонунии муассир барои иҷрои ҷангҳо оғоз кардааст. Дар сатҳи байналмилалӣ, маҳдудиятҳои равишҳо ва абзорҳои ҷанг ва усули куллӣ дар Конвенсияи 1907-и Гаага ва ҳамчунин дар конвенсияҳои Женева 1949 ва протоколҳои илҳоқӣ (иловагӣ) – и онҳо дар солҳои 1977 ва 2005 зикр шудааст.

Дар тамоми ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалии марбут ба анҷоми амалиёти ҷангӣ, асл тамоюз – фарқ кардан аст. Иқдомоти низомӣ бо моҳияти ғайримуҷоз мамнӯъ аст. Ҳама тарафҳои даргир бояд байни аҳдофи низомии қонунӣ аз як сӯ ва ғайринизомён ва аҳдоф ғайринизомӣ аз сӯи дигар фарқ қоил шаванд.

Ҳадаф қарор додани амдии ғайринизомиён ҷинояти ҷангӣ аст. Қавонини байналмилалии башардӯстона эҷоди ваҳшат дар ғайринизомиён ва аз байн бурдани василаҳои зиндагии онҳо бо ҳамла ба заминҳои зироатӣ, манобеъи об, таъсисоти тиббӣ, хонаҳо ва васоили нақлияи ғайринизомиро мамнуъ мекунад. Гаравгонгирӣ ва истифода аз “сипари инсонӣ” мамнуъ аст. Ҳамла ба муассисоти пизишкӣ ва кормандони соҳаи тиб иҷоза нест.

Бояд таъкид кард, ки низомиёни Қирғизистон бо раҳбари бекифоят (Содир Ҷабборов) ва генерали дурӯғин (Қамчибек Тошиев) ҷаҳолати худро ба намоиш гузошта, шурӯъ ба истифода аз таҷҳизоти низомии сангин, аз ҷумла чархболҳои низомӣ ва ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин барои ҳамла ба манозили маскунии шаҳрвандон ва маконҳои умумӣ дар Тоҷикистон карданд. Ба вежа, дар 16 сентябр, дар рустои Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як масҷид дар наздикии мактаби № 8 бо ҳамлаи як паҳпод тахриб шуд. Ҳамчунин дар ин ноҳия даҳҳо сохтмони маскунии шаҳрвандон, марокизи хизматрасонӣ, бемористон, васоили нақлияи умумӣ ва шахсӣ тирандози шуд, ки дар натиҷаи он афроди мулкӣ ва бисёре аз кӯдакон кушта шуданд. Ин таъйиде аст бар ин, ки Қирғизистон бо иқдомоти худ тамоми усули ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ ва равишҳои ҷангро, ки як ҷинояти байналмилалӣ аст, нақз кардааст.

Раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари оташбас дар марз тавофуқ карданд. Аммо дар 20 сентябр, раисҷумҳури Қирғизистон аз минбари Созмони Милал, Тоҷикистонро ба нақзи тавофуқот муттаҳам кард. Суханронии Содир Ҷабборов бо протоколи имзошуда пас аз охирин даргирӣ дар марзҳо дар тазод аст.

Чаро Ҷабборов ин қадар беҳаёёна дурӯғ мегӯяд? Ӯ ба мардуми тоҷик таҷовузи низомӣ кард. Қирғизистон дар Осиёи Марказӣ танҳо давлатест, ки наметавонад мусолиматомез масъалаи марзҳои худро ҳал кунад. Ҷабборов эҳтимолан намедонад замоне, ки даврони маҳбусии худро дар гӯшаи зиндон мегузаронд, Тоҷикистон тамоми баҳсҳои марзии худро бо кишварҳои ҳамсоя, монанди Афғонистон, Ӯзбекистон ва Чин ба таври мусолиматомез ҳал кардааст.

Ҳама чиз дар ёдҳо боқӣ мондааст.

Воқеаҳои Ӯш дар соли 1990, маъруф ба “Қатли ом дар Ӯш”. Қирғизҳо хостори қитъаҳои замине шуданд, ки дар он ҷамъияти ӯзбек ва шаҳрвандони Қирғизистон зиндагӣ мекарданд. Даргирӣ бо ширкати 30 ҳазор нафар аз ҳар ду тараф рӯй дод. Расман Қирғизистон аз кушта шудани 1200 нафар хабар дод. Аз тарафи ӯзбекҳо, ба гуфтаи Ислом Каримов, раисҷумҳури собиқи Ӯзбекистон, 10 ҳазор нафар осеб диданд.

Воқеаҳои Ӯшу Ҷалолобод дар июни соли 2010. Боз ҳам даргирӣ миёни қирғизҳову ӯзбекҳои Қирғизистон. Бино ба маълумоти мухталиф, аз 500 то 2000 кушта ва ҳазорҳо нафар захмӣ шуда, 400 ҳазор ӯзбек ба Ӯзбекистон паноҳ бурданд. Ваҳшониятҳоеро, ки дар ин ҳаводис иттифоқ афтоданд, метавонед аз сафҳаҳои интернет дид ва мо зарурати зикрашон дар ин ҷоро намебинем.

Июли 2013 - даргирӣ дар марзи Қирғизистону Қазоқистон. Алорағми ин ки раванди аломатгузорӣ ва таъйини марзҳо ба поён расида буд, даргирии густурда сокинон рух дод. Шаҳрвандони Қирғизистон, ки оби вилояти Таласро масдуд карданд, хостаҳоеро матраҳ карданд: бозгардондани қитъаи замин ба тӯли 13 километр ва масоҳат 4.5 ҳазор гектар ба Қирғизистон; ҳазфи посгоҳҳои марзӣ аз як замини 2,6 ҳазоргектарӣ, ки бар асоси тавофуқнома дар соли 2012 ба Қазоқистон мунтақил шудааст. Теъдоди қурбониён гузориш нашудааст.

Дар қатори ин ҳаводис, беш аз 230 мавриди истифодаи силоҳ ва даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки мубтакири ҳамагӣ низомиёни қирғиз ҳастанд, намунаи боризи ин аст, ки Қирғизистон на бо мардуму худ, на бо минтақа ва на ҷаҳон наметавонад ва ё намехоҳад зиндагии мусолиҳатомез дошта бошад. Ҳамеша дар мушкилоти қирғизҳо қавме аз дохили Қирғизистон ва ё як кишвари ҳамсоя муқассиранд.

Суханронии раисҷумҳур Қирғизистон дар маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо истифода аз алфози дӯр аз воқеият собит кард, ки ҳатто раҳбари ин кишвар ба сулҳу субот дар минтақа аҳамияте қойил нест, чӣ расад ба мардуми худаш, ки дучори мушкилоти иқтисодӣ ҳастанд ва аз ҳукумати намояндагони олами ҷиноӣ ба сутӯҳ омадаанд. Бисёре дарк мекунанд, ки дар чунин шароити сахте на Қирғизистон ва на Тоҷикистон ба як даргирӣ ниёз надоранд, балки қудратҳои хориҷӣ ба он ниёз доранд ва тоҷикҳову қирғизҳо на барои манофеъи худ, балки барои манофеъи дигарон мемиранд.

Расонаҳо хотирнишон мекунанд, ки иқдомоти артиши Қирғизистон алайҳи мардуми ғайринизомии Тоҷикистон ҷинояти ҷангӣ аст ва низомиёни қирғиз бояд батадриҷ посухи ин иқдомотро бидиҳанд. Ва дар ин ҳол метавон интизори онро дошт, ки мушкилоти марзӣ дар тарафи Қирғизистон ҳалли худро хоҳанд ёфт.

Қирғизистон бо ҳама кишварҳои ҳамсоя - Ӯзбекистон (ҷазирақаламрави Сух), Қазоқистон ва Чин даргирии низомӣ дошт. Суоли мантиқӣ ин аст: айби ҳама аст ё Қирғизистон? Аммо воқеият ин аст, ки ҳеҷ як ҷумҳурии Осиёи Марказӣ ба Қирғизистон эҳтиром намегузорад ва намехоҳад бо он робитае дошта бошад, зеро ин кишвар бо чунин раҳбаронаш ҳеҷ гоҳ натавонистааст як ҳамсояи хуб бошад? Чӣ расад ба ҳамсояҳо, ки қирғизҳо ҳатто ба шаҳрвандони тоҷику ӯзбеки худ эҳтиром намегузоранд, он гуна ки солҳои 1990 ва 2010 бо ӯзбекҳо рафтор карданд ва имрӯз бо тоҷикони бумӣ дар Қадамҷою Бишкек мекунанд. Ин ба он маъност, ки қирғизҳо, ё дойираҳои хосе аз онҳо ҳатто инсониятро аз ваҳшоният фарқ намекунанд.

Нуктаи ҷолиби дигар ин аст, ки дар ноҳияи Лахши Тоҷикистон бесарнишинҳои қирғиз маҳз як деҳаи қирғизнишини Тоҷикистонро мавриди ҳамла қарор дода, мактабхону занони қирғизро захмӣ ва мактабу хонаҳои онҳоро хароб карданд. Дар Тоҷикистон ҳеҷ мавриде, ки ягон қирғизи бумӣ аз сӯи тоҷикон озор ёфта бошад, то ба ҳол сабт нашудааст. Ин ба он маъност, ки ҳокимияти қонун дар як кишвар, фарҳанг ва инсонияти як миллат чизи дигаре аст.

Раҳбарони қирғиз гӯё ин ҳама солҳо фикр мекарданд, ки тоҷикон ба содагӣ заминҳои худро ба онҳо медиҳанд. Чӣ содалавҳие! Тоҷикон мардуме нестанд, ки як тикка аз замин Тоҷикистонро ҳам таслим кунанд, зеро онҳо ҳазорон сол ба ин сӯ дар ин сарзаминҳо зиндагӣ мекарданд ва ба онҳо арзиши зиёде қоил ҳастанд. Агар ҷанг мехоҳанд посухашонро мегиранд! Шикастани рӯҳияи мардуми тоҷик ғайримумкин аст. Таҷриба нишон додааст, ки Қирғизистон пас аз ҳар таҳоҷуми низомӣ алайҳи Тоҷикистон, гӯшмоли муносиб мегирад ва ин бояд дарси кофӣ барои як раҳбари одӣ бошад.

Бубинед, ки дар чунин лаҳзаҳои ҳассос раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардумашро ба хештандорӣ ва сабру таҳаммул даъват мекунад. Мақомоти тоҷик (маротибаи охир Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, аз минбари СММ) борҳо эълон доштаанд, ки бо ҳама равобити дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ доранд ва пайваста нисбат ба даргириҳои маснуъӣ ва манофеъи ҳошияии созмонҳои ҷинояткори минтақаӣ ва байналмилалӣ ҳушдор медиҳад.

Аммо Содир Ҷабборов кист? Ҷангафрӯз? Фармондеҳи як артиши мутаҷивиз? Аммо чаро чунин аст?  Ҳатто аз минбари СММ ҷангу хунрезӣ ва одамкушии хешро собит кард. Ҳатто пас аз суханронии ӯ паҳподҳои Қирғизистон шурӯъ ба парвоз дар ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ва аз ин тариқ онро нақз карданд. Парвози ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин бар фарози Исфара, навоҳии Деваштич, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Рашт, посгоҳҳои марзии Тоҷикистон "Сарҳадчӣ" ва "Ширинчашма" дар ноҳияи Лахш, "Ростровут" ва "Муряк" дар ноҳияи Деваштич ва воҳидҳои низомии вазорат дифоъи Тоҷикистон мушоҳида шуд.

Аҷобат дар ин ҷост, ки раҳбари Қирғизистон ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона, конвенсияҳои дар СММ тасбитшуда марбут ба танзими ҷангҳо ва дигар асноди байнулмилалиро нақз карда, муртакиби ҷиноёти ҷангӣ шудааст, аммо боз ҳам аз минбари СММ суханронӣ мекунад ва ба ҷаҳон дурӯғ мегӯяд.

Ҳол он ки ҳоҷат ба кашидани баҳс дар сатҳи байнулмилал нест. Бо ҳамсояат биншин, мушкилатро ҳал кун ва худро дар маърази масхараи мардуми ҷаҳон нагузор. Аммо инро ба кӣ мегӯӣ?

Хеле аҷиб ва хандаовар аст...


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!