Хабари рӯз

Ҳар қадар тавон доред, зулм кунед, фармон содир кунед, занону духтаронро ба дарсу таълим нагузоред, ҳар чиро мехоҳед, бубандед, мо одат кардаем.

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари умури Афғонистон ва минтақа (Олмон), махсус барои “Сангар”

Ҷои нигаронӣ нест, мо одат мекунем!

Мо одат кардаем, ки одат кунем. Мо ёд гирифтаем, ки одат кунем. Ёд гирифтаем, ки бо бадтар аз бадҳо канор биёем ва аз канор аъмолу рафторҳои бади оне, ки сарнавиштамонро рақам мезанад, бетафовут бигузарем.

Ба гумонам, ин ҷо сарзамини одатҳост. Муддатҳост ба ҳар балое, ки сарамон омадааст, одат кардаем.

Мо ба бо ҳар навъ зулму истибдод канор омадаем ва одат кардаем. Мо ба ҳукуматҳои таҳмилии амрикоӣ одат кардаем, мо ба нишастҳои козиб одат кардаем.

Мо ба фасод, хиёнат, бераҳмӣ ҳақталафӣ ва қуюдоти ҳамарӯза одат кардаем. Мо ба кирдор, рафтор ва гуфтори ошкорои мутаассибин ва тафриқаандозони қавмӣ, забонӣ ва тимӣ одат кардаем. Мо ба ваъдаҳои дурӯғину бепоён, ҳокимони феълие, ки худро тикадори дин медонанд, одат кардаем. Мо ба ноамнӣ, бекорӣ, фақр, тангдастӣ ва бечорагӣ, гирифториҳо ва шиканҷаи бидуни мӯҷиб одат кардаем.

Одат кардаем бо кушта шудани садҳо ҳамватани худ сукут кунем ва афсӯс бихӯрем.

Мо одат кардаем то барои шуҳадо ҷаннату фирдавс ва барои захмиҳо шифои оҷил бихоҳем.

Мо одат кардаем то сарнавишти моро дигарон рақам зананд. Мо одат кардаем ба якдигар бовару эътимод надошта бошем.

Мо одат кардаем манофеъи шахсиро бар манофеъи миллӣ тарҷеҳ диҳем.

Мо одат кардаем бо гузашти ҳар моҳ як фармони ҷадиди амр ба маъруфро бипазирем ва зери султаи зулм зиндагӣ кунем.

Мо одат кардаем, ки ҳар сол бекорони мо зиёдатар ва теъдоди мӯътодини мо бештар аз пеш гардад.

Мо ба хандидани баъди мусибат, ба факоҳӣ (латифа) - ҳои таҳаввуъовар, ба ранҷондани дигарон одат кардаем. Мо ба хушбоварӣ одат кардаем. Мо ба бадтар шудани авзоъи сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодӣ одат кардаем.

Рӯзгори аҷибе дорем. Ҳатто вақте механдем, манзурамон чизи дигарест. Вақте ҳама чиз хуб аст ё коре роҳ меафтад, метарсем. Мо ба лангидани як ҷойи кор одат кардаем.

Одат кардаем то болои ҳарфи ину он мӯҳри таъйид бигузорем, ҳатто агар ба зарарамон бошад.

Одат кардаем ба хотири моддиёт ва манофеъи шахсии худ ҳамдигарро тавҳину таҳқир, ҳатто таҳдид ба марг кунем.

Одат кардаем ҳар рӯз бештар аз дирӯз таассуботи қавмӣ ва забониро доман бизанем ва ҳамдигарро тахриб бикунем.

Одат кардаем аз молу ҳасту буди ятим, фақири бечора бидуздем.

Билохира одат кардаем бо тамоми нобасомониҳои шаҳру садҳо зулму ситам ва истибдоди ину он боз зиндагӣ кунем.

Ҳокимони Иморат исломӣ!

Ҳар ваъдаеро, ки дӯст доред ва мехоҳед ба мо бидиҳед ва ҳар зулмеро, ки раво медоред, бикунед. Мо одат кардаем, ки бипазирем.

Ҳар қадар тавон доред, зулм кунед, фармон содир кунед, занону духтаронро ба дарсу таълим нагузоред, ҳар чиро мехоҳед, бубандед, мо одат кардаем. Ҳатто мухолифатҳои мо зудгузар аст. Ҳатто мо тазмин медиҳем, ки бо ғашваи хиёнати шумо канор биёем. Қавл медиҳем, ки то ҳар вақте мехоҳед, болои мо ҳукумат кунед. Ҳар қадр бисӯзем, вале боз ҳам месозем.

Мо мардуми ин сарзамин ба парварондани хоинин ва ба бетафовут будан дар муқобили хиёнатҳо ва зӯргӯиҳои онон одат кардем.

Ин одат ба марг мост, мақомоти иморат ташвиш накунед. Аз шумо чизе намехоҳем.

Ба гуфтаи марҳум Раҳим Шайдо:

Аз шумо кор нахоҳем, саломат бошед,

Ҳокими мутлақи мо то ба қиёмат бошед!


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!