Хабари рӯз

"Давлати гангстерии муфтхӯри мусулмони ҳиндӣ", яъне...

Нависанда: Ориф Ҳасан Охундзода, таҳлилгари умури минтақа ва Покистон, узви Шӯрои мушовараи  “Сангар”

Бале, дар замонҳои гузашта, Покистон замоне сангар (-и Ғарб) дар баробари Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Акнун бо ифтихор иддао дорад, ҳамон тур, ки генерал дар тасвири боло ба донишҷуёни амрикоии меҳмони кишвараш ишора кардааст, ба унвони "сангар дар баробари терроризм [исломӣ]" - чизе, ки Покистон ва офарандагонаш худашон дар як замони начандон дур дар даҳа 1980 эҷод карданд амал мекунад (вале ин нукта ба роҳатӣ зикр намешавад).

Аммо ин ҷумалоти классики покистонӣ аст ва ҳамеша ингуна буда ва ҳаст, ки нухбагони ҳокими қаллоби ин кишвари ҷаълӣ дӯст доранд худро ба арбобони инглисӣ-амрикоии худ чунин муаррифӣ кунанд. Ба ин умед, ки боз ҳам онҳоро ба унвони саги хонагӣ дар канорашон нигаҳ доранд ва ҳар аз гоҳе сари онҳоро сила карда, чизе аз нуқлу ширинӣ пешашон андозанд, то зинда бимонанд. Аммо вазъи геополитикии ҷаҳонӣ дар даҳаи гузашта ончунон тағйир кардааст, ки чунин эъломияҳои баланду боло акнун ба тарзи риққатангезе бефоида ва хандаовар аст.

Бар хилофи як кишвари маъмулӣ, ҳукумати Покистон барои эҷоди адолат ё рифоҳи шаҳрвандонаш вуҷуд надорад, балки мардуми он гӯшти дами тӯберо мемонад, ки аз соли 1947 ба ин сӯ тавассути табақоти ҳокими дузду дарандааш барои шароратҳо ва нақшаҳои минтақаии Инглису Амрико дар баробари душмани сарсахташон – замоне Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳоло Русия истифода мешавад.

Кулли Покистон ва мантиқе, ки бунёнгузорон ва "соҳибон"-и баъдии он ба нафъи мавҷудияти он меоранд, барои таҳаққуқи ин ҳадаф ба тарзи шайтанатомезе сохта шудааст, ки алалзоҳир талош талош доранд ҳама ва ҳар касро ба кадом як аҳдофи мубҳам ва ҷаълии исломие муътақоид кунанд, ки пушти эҷоди ин кишвар истодаанд.

Аммо вазъияти аввалия, ки тақозои эҷоди як тарҳи маснуии мухарриб ба номи Покистонро мекард, акнун ба далели афзоиши мудовими нуфузи Русияву Чин дар саҳнаи ҷаҳонӣ аз соли 2012 ба ин сӯ мансух шудааст. Пирӯзии Ғарб дар ҷанги сард дар соли 1992 барбод рафта, дасти хунини доктринаи "ҷаҳонгароёна"-и он, ки зиндагиро аз Афғонистон ва ба думболи он дар Ироқу Либия ва Сурия маҳв кард, қатъ шудааст. Ин бад-он маъност, ки Покистон акнун ҳеҷ далели боризе барои вуҷуд пеши офарандагону гардонандагони худ, ки онро бо кӯмакҳои худ алорағми вазъи бемору ҳоли харобаш ба хотири хидмат ба аҳдофи шумашон зинда нигаҳ медоштанд, надорад.

Акнун нухбагони маъюси он, ки худашон ба ҳадди аълои фасоди худ расидаанд, ноумедона бар ҳомиёни ғарбиашон, дар дараҷаи аввал Инглису Амрико фарёд мезананд, ки онҳо ҳанӯз муфид ҳастанд ва ҳанӯз шоистагии таваҷҷуҳ доранд. Аз ин хотир, арбобонашон бояд раҳм кунанд ва эҳсону кӯмакҳои беҳисоберо, ки ғорат мекунанду ба каромату имтиёзи онҳо меафзояд, қатъ накунанд.

Мутаассифона, акнун онҳо ин ҳамаро хоб хоҳанд дид. Ғарби парешон саранҷом бо як таҳдиди вуҷудии ҳодд барои бақои худ дар ҳаёти хилвати аврупоии худ мувоҷиҳ аст ва на вақт дораду на манобее барои ҳимоят аз як дастнишондаи касифи фосид ва нокоромад, ки аз дағдағаҳои аслии Ғарб фосилаҳо дур аст.

Покистон дар ҳоли марг аст. Ба маънои воқеии калима замони масрафаш гузаштааст. Муассисоти ғарбӣ, монанди Сандуқи байналмилалии пул ба ҷои ин ки аз дастнишондаҳои мутахаллифи худ бихоҳанд миллиардҳо доллари ғоратшударо баргардонанд, ба ҳокимони Покистон дастур медиҳанд, ки қиматҳоро ба таври суудӣ афзоиш диҳанд ва ёронаҳои қимати колоҳо ва хадамоти асосиву заруриро коҳиш диҳанд, то суди қарзҳои бешумори онҳоро бозпардохт кунанд.

Ин гурӯҳи роҳзанон ба номи табақоти ҳокими Покистон, ба ҷои ин ки ба ҷомеаи худ ва зиндагии шарофатмандонаву мӯҳтарамонае, ки бо меҳнати ҳалолу сахткӯшии содиқона худро сару сомон медиҳад, ифтихор дошта бошанд, мехоҳанд монанди сагҳои хонагӣ бо хуш кардани арбобони инглисӣ-амрикоии худ тавассути ғур-ғур кардан ва аккос задан бар сари Русия ғизои ройгон дарёфт кунанд.

Ба ҳамин далел аст, ки генерали фармондеҳи мо ҳамчунон мехоҳад дар ҳар марҳала эълом кунад, ки ӯ ва ҳамфикронаш "сангари Ғарб дар баробари терроризм" ҳастанд. Аммо ҳоло ин як шиори масрафшуда ва риққатангезест!


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!