Хабари рӯз

Ҳар кас, ки моро беватан сохтааст, ҳазорон нафарин бар ӯ бод.

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари умури Афғонистон ва минтақа (Олмон), махсус барои “Сангар”

Нафрин бод ба беватанӣ, нафрин бод ба муҳоҷиратҳои иҷборӣ!

Рӯзи ҷаҳонии муҳоҷират дар ҳоле таҷлил мешавад, ки ҷаҳон, махсусан, абарқудратҳо ихроҷи муҳоҷирини афғон ва фоҷиаи Ғаззаро бешармона наззорагар ҳастанд.

Муҳоҷирати имрӯз муъзали ҷаҳонгир аст ва дар тамоми дунё як амри маъмулӣ ва яке аз асосоти зиндагии инсонӣ ба шумор меравад. Муҳоҷиратҳо авомили мухталифе доранд, ки ҳеҷ нуқтае аз дунё орӣ аз ин мушкил нест. Таҳаввулоти сиёсӣ ва иқтисодӣ дар ҷаҳон таъсири мустақим бар раванди муҳоҷират доштааст. Муҳоҷират падидаи ношӣ аз ночорӣ ва ҳамчунон ҷабрӣ ва ё ҳам таҳмилӣ буда метавонад. Ин се таъриф имрӯз бештар аз ҳар нуқтаи дунё бар мардуми Афғонистон бар мардуми Ғазза, Ироқ, Сурия ва дар кул дар қисмати мардуми мусулмони Фаластин сидқ мекунад.

Агар рӯи муъзали муҳоҷират дар Афғонистон тамаркуз кунем, шумори зиёде аз мардуми Афғонистон дар ҷараёни бештар аз чаҳор даҳаи муҳоҷират кардаанд. Таҷовузи беруниҳо, ҷангҳои танзимии муҷоҳидин, ҳузури дубораи нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон омадани Толибон, яке пайи дигаре авомиле буданд, ки мо беватан шудем, ки ҳанӯз ин ваҳшату даҳшат идома дорад.

Ҳар ҳукумате, ҳар танзиме, ҳар сиёсатмадоре, ки ин заминаро мусоид сохтааст, то мо беватан шавем ва мардуми мо маҷбур шаванд ватанро тарк кунанд, нафрин бод бар ҳамчу сиёсатмадорон.

Ҳоло мо беватан ҳастем, мардуми дунё, бахусус, Аврупову Америка крисмас (Соли нав)-ро таҷлил мекунанд, вале мо рӯзҳои беватанӣ, рӯзҳои душвор ва рӯзҳои сахту сиёҳро пеши рӯ дорем.

Савганд ба номи мардуми бошарафи Афғонистон, ки мо билохира ба зудӣ соҳиби ватан мешавем, аммо замоне соҳиби ватан мешавем, ки хеле ватани мо вайрон шуда бошад ва насли ҷавони мо аз таълиму тарбия боз монда ва насли таҳсилкардаи мо кишварро тарк карда бошанд, ки дубора ҳаргиз бар нахоҳанд гашт.

Мубориза идома дорад, мо меразмем ва ватани худро наҷот медиҳем, шумо бовар дошта бошед.

Аз сӯи дигар ман интизор доштам, ки қаламбадастон дар мавриди душвориҳои муҳоҷират менависанд, вале, мутаассифона, чизе нанавиштанд.

Муҳоҷир, муҳоҷир аст, мо ҳам беватанем, мо саргардонем, мо парешонем, мо гумкардаи роҳе ҳастем, ки бояд ҳаргиз намебудем.

Ин аст арзишҳои инсонӣ, дар дунёе, ки мо имрӯз муҳоҷирем, ҳеҷ касе моро салому каломе намедиҳад, ин тарафу он тараф нигоҳ мекунем, чун мо ҳақирем, мо маҷбурем ва мо беватанем.

Ҳар кас, ки моро беватан сохтааст, ҳазорон нафарин бар ӯ бод.

Аммо ин ҳама бадбахтиҳо аз абарқудратҳои муфсид, ки зоҳиран ба номи демократия ва ба номи адолати иҷтимоӣ шиор медиҳанд, аммо дар маъно омили ҳама бадбахтиҳо ҳамин шайёдони таъриханд.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!