Хабари рӯз

Оё Русия, Чин ва Эрон ба эҳёи “Иттиҳоди шимол” наздик шудаанд?

Нависанда: Андрей Серенко, раиси Маркази мутолиоти сиёсати Афғонистон (Русия).

Дар ҳар сурат, шоеъот дар ин маврид ба таври физояндае миёни гурӯҳҳои мухталифи сиёсии Афғонистон - чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар табъид - густариш меёбад. Ба гуфтаи онҳо, Маскав, Пекин ва Теҳрон дар ҳол ройзани дар мавриди як проекти муштарак барои таъмини амнияти шимоли Афғонистон ҳастанд.

Мо дар мавриди ҳифозат аз марзҳои ҷанубии ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ ва тазмини ҷилавгирии қобили эътимод аз ҳар гуна талоши гурӯҳҳои террористии мустақар дар Афғонистони таҳти султаи Толибон (як ҷунбиши террористӣ, ки дар Федератсияи Русия мамнуъ шудааст) барои нуфуз ба Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин Чин сӯҳбат мекунем.

Бар асоси шоеоти феълӣ, Русия, Чин ва Эрон ба таври физояндае тамоюл доранд то навъе мушобеҳ аз "Эътилофи шимол"-и собиқро эҷод ва аз он ҳимоят кунанд, ки воҳидҳои мусаллаҳи он мутааҳҳид шуда, амниятро дар вилоятҳои шимолии Афғонистон тазмин кунанд ва бо ДОИШ (созмони террористии мамнуъ аз Федератсияи Русия) ва соир гурӯҳҳои террористӣ дар манотиқи марзии ин кишвар биҷангад.

То кунун ин шоеъот ба таври расмӣ тавассути ҳеҷ як аз тарафҳои зикршуда таъйид нашудааст. Бо ин ҳол, баид аст, ки онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ таъйид шаванд, ҳатто агар проекти ҷадиди "Эътилофи шимол" дар ҳоли ҳозир дар ҳоли иҷро бошад.

Ба ҳар ҳол, ин шоеъот, ҳамон тур, ки манобеъ дар Кобул мегӯянд, барои Толибон бисёр нигаронкунанда ва озордиҳанда аст. Илова бар ин, ин шоеъот бо ташдиди тамосҳои ошкори Русия бо намояндагони гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон, ки қаблан бахше аз Эътилофи Шимол аввал буданд, ҳамзамон иттифоқ афтоданд.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!