Бозии пинҳони Амрико ва Русия дар ба расмият шинохтани Толибон
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"
Матлаби аслӣ: اعترافِ بیصدا
Русия Толибонро ба расмият шинохт; Чин низ бо рӯйкарди шабеҳи равобити дипломатӣ бо ин гурӯҳ дар таомул аст ва дар ҳамоҳангии наздик бо он, аҳдофи сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятиашро пайгирӣ мекунад. Эрон бо ҳалқаи Қандаҳор ҳамнаво шуда ва нуфузи бесобиқа бар вазъияти дохилӣ дорад. Покистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ низ бар асоси манофеъи хосси амниятӣ ва иқтисодиашон дар рафтуомади доимӣ ба Кобуланд.
Аммо пурсиши асосӣ ин аст: чаро Иёлоти Муттаҳида, ки заминаи бозгашти Толибон ба қудратро фароҳам кард ва тайи наздик ба чаҳор сол миллиардҳо доллар кӯмак барои сари по нигаҳ доштани ин гурӯҳ фароҳам сохт, акнун аз ба расмият шинохтани он, бар хилофи Русия, худдорӣ мекунад?
Барои бисёре аз нозирон, ин бозӣ шояд фақат дар чорчӯби рақобати Русияву Чин тафсир шавад ва Толибонро танҳо ба унвони абзоре дар хидмати ин ду қудрат бубинанд. Аммо воқеият печидатар аст. Амрико бо нуфузи амиқи амниятӣ ва иттилоотиаш, нақше бисёр калидитар дар ҷиҳатдиҳии Толибон ифо мекунад. Дар сутӯҳи болотар, пуштибонӣ аз Толибон ва эҷоди танишҳои амниятӣ дар ҷуғрофияи Афғонистон, бахше аз формулҳои тавофуқшуда миёни қудратҳои бузург, аз ҷумла Русия ва Амрико аст.
Дуруст монанди як бозии волейболи дипломатӣ Амрико барои Русия ва Русия барои Амрико фазо месозанд то ҳар ду дар қолаби ҳузури Толибон манофеъашонро таъмин кунанд. Ба расмият шинохтани Толибон тавассути Русия наметавонад ҷудо аз иттилоъ ва ҳамоҳангии амрикоиҳо сурат гирифта бошад. Ин ду қудрат дар бисёре аз парвандаҳои геополитикӣ, монанди Украина, Ховари Миёна ва Афғонистон, ба даркҳои роҳбурдӣ расидаанд.
Бино бар ин, густариши фурсатҳои Толибон, на нишонаи ҳушмандии ин гурӯҳ, балки нишонаи тавофуқи пушти парда миёни Русия ва Амрико аст. Ин барасмиятшиносӣ, дарвоқеъ як манёврм зикзогӣ ва санҷида аз сӯи Русия буд; Гоми баъдиро Амрико бармедорад. Акнун вазифаи Амрико дар чорчӯби ин тавофуқ, тазмини кӯмакҳои нақдии моҳона барои бақои Толибон, эҷоди сарусадои расонаӣ барои таҳрими ин гурӯҳ ва тарроҳии бистарест, ки русҳоро дар идомаи мароҳили ин бозӣ ёрӣ диҳад.
Иёлоти Муттаҳида бо парҳез аз шиносоии расмии Толибон талош мекунад машрӯъияти аз даст рафтааш дар Афғонистонро тармим ва хотираи хурӯҷи таҳқиромез аз ин кишварро аз азҳони ҷаҳонӣ пок кунад. Дар айни ҳол, Русия аз ин вазъият барои густариши нуфузи геополотикиаш дар Осиёи Марказӣ ва қалби Осиё баҳрабардорӣ мекунад; Чизе, ки дар шароити феълӣ чандон ҳам бо манофеъи Амрико дар тазод нест.
Амрико бо додани имтиёз ба Русия ҳамзамон дар ҳоли тақвияти мавқеияти Толибон ва коҳиши фишори байналмилалӣ бар ин гурӯҳи террористӣ аст. Зеро бо ба расмият шинохтани Толибон тавассути Маскав вазъият мубҳамтар шуда ва нигоҳҳо аз моҳияти террористии Толибон ба сӯи "дарки воқеиятҳои майдонӣ" мунҳариф мешавад.
Бо ин ҳол, Амрико бо жестҳои демократӣ ва вокунишҳои намодин мекӯшад нишон диҳад, ки ҳамчунон ба арзишҳои ҳуқуқи башар ва демократия пойбанд аст; Аммо дарвоқеъ бо сукути маънодори худ ва ҳидояти бозии хатарноки пинҳонӣ Толибонро ҳамчун абзоре геополитикӣ барои пешбурди аҳдофи амниятиаш ба кор мегирад. Амрико вонамуд мекунад, ки ба расмият нашинохтани Толибон барои ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои билқувва алайҳи амнияти миллиаш аст; Аммо дар амал ба сурати пинҳонӣ шароитеро фароҳам карда, ки контроли мустақими худ бар Толибонро коҳиш дода ва масъулияти онро ба дигарон биспорад.
Аз манзари сиёсӣ Иёлоти Муттаҳида мехоҳад чеҳрае сулҳталаб ва қонунмадор аз худ нишон диҳад, дар ҳоле ки пешу пас аз ба расмият шинохтани Толибон тавассути Русия, ҳамчунон кӯмакҳои нақдии ҳафтавор 40-миллиондоллариашро барои ҳифзи ин режими торикандеш идома додааст.
Воқеият ин аст, ки барои мардуми Афғонистон ҳеҷ тафовуте намекунад, ки Амрико Толибонро ба расмият бишносад ё на. Ин гурӯҳ бо ҳимояти барномарезишудаи Амрико ба қудрат расид ва ҳамчунон алорағми ҷиноёти густурдааш дар қудрат нигаҳ дошта шудааст. Ба расмият шинохтани Толибон имтиёзи сиёсӣ аст, ки Амрико дар ҳоли ҳозир омодаи вогузарии он нест, магар ин ки ин гурӯҳ тағйироте асосӣ дар рафтори худ эҷод кунад, бо Чин мӯҳтотона бархӯрд кунад ва дасти руқабои Амрико, ҳамчун Эронро аз сохтори қудраташ кӯтоҳ намояд.
Ба расмият шинохтани Толибон тавассути Русия, танҳо дар ҳадди як иқдоми фардӣ аз сӯи Маскав қобили тафсир аст. Майдони Афғонистон ҳамчунон зарфияти шӯълавар сохтани ҷанги фарогирро дорад. Терроризм нерӯи пинҳон, аммо қудратманд, рӯз ба рӯз ба як бозигари ғайридавлатии таъсиргузор дар Афғонистон бадал мешавад. Садҳо мадрасаи ҷиҳодӣ бо тарвиҷи хушунат, миллионҳо ҷавони маҳрум ва беиттило аз сиёсат, фақр, бесаводӣ ва душманӣ бо илм Афғонистонро ба арсае идеал барои таҳаққуқи манофеъи амниятии бисёре аз кишварҳо бадал кардаанд.
Бо ин вуҷуд, Амрико бо баҳрагирӣ аз ин мазиятҳо ва фурсатҳо ниёзе надорад, ки бори масъулият як режими манфур ва террористиро ба дӯш бикашад. Ҳатто адами шиносоии расмии Толибон аз сӯи Вашингтон метавонад ба нафъи ҳар ду тараф тамом шавад. Толибон низ дар талошанд бо ироаи хадамоти амниятӣ ба Амрико дар минтақа бақои худро дар қудрат, ки аз масири сарозер шудани миллионҳо доллар ҳосил шуда, тазмин кунанд.