Чаро порсизабонони дорои аксарияти ҷамъиятӣ дар "Бозии бузург” нақш надоранд?
Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгар ва узви Шӯрои машвараи “Сангар”
Ҳам дар даруни ҷуғрофияе ба номи Афғонистон ва ҳам дар берун аз он як иҷмоъи пазируфташуда вуҷуд дорад, ки паштун/афғонҳо на як қавми мусаллат, балки як миллияти воҳиданд, пас бояд бо чунин ном дохил таомул шуд.
Дар ниҳодҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои хориҷӣ ҳама коршиносон нанишастаанд, то жарфои тафовути фарҳангӣ ва забонӣ миёнӣ афғонҳо ва ғайри афғонҳоро бидонанд. Барои онҳо вожаи афғон шабеҳ обест, ки дар ҳар зарф ранги онро мегирад! Ва дигар ақвом барои онҳо ба ҳайси як объекти мустақил вуҷуд надоранд.
Адабиёти таърихии ду садаи ахир - ҳам шарқӣ ва ба ҳам вежа ғарбӣ - бархоста аз паёмадҳои истеъморӣ буда, ки дар бархӯрд бо номи афғон ба ҳайси як қавми воҳиди пархошгар ва вайронгар ошноӣ доранд.
Порси қоҷорӣ ва Эрони кунунӣ ба ашрафи афғон [ҳутакӣ] ва нимқораи Ҳинд ба Аҳмадшоҳи Дуронӣ ба ҳайси сардамдорони афғонии муҳоҷим менигаранд. Аврупоиён ва амрикоиён бо номи афғон пас аз 1840 ошно шуданд. Осори фаровон барои шиносоии афғонҳо навишта шуд, ки асоси онро Элфинстон гузошт ва баъд аз 1880 номи қавми афғон болои ақвоми ғайриафғон дар як ҷуғрофияе ба номи Афғонистон таҳмил гардид.
Ҷобаҷоии қудрат ва истибдоди мутамаркизи афғонсозии амир Абдурраҳмон ба кӯмаки Ҳинди Бритониёӣ бо зӯри сарнайза ва хушунат болои тамоми ақвоми бесавод ва мутеъи ғайриафғон таҳмил гардид. Аз он замон то ба ҳол ба гунаи низомманд ҳувиятзудоии ғайриафғонҳо идома дорад.
Аксарияти мутлақи порсизабонон беҳувият шудаанд ва наметавонанд таври дигар ба ҷуз аз афғон будан ва афғоният фикр кунанд. Инҳо мардумони афсунзадае ҳастанд, ки ҳеҷ гоҳ аз ҳеҷ фурсате барои раҳоияшон талош накарда, балки бо хостҳои кӯчаки гилоягуна ба таслимталабиашон идома додаанд. Ба ҳамин хотир, доштани ҷойгоҳи аввал дар зеҳни омм то хоси порсизабон ба табу мубаддал шудааст.
Сустӣ ва нотавонии ҳувияти бузург ва боландаи забону фарҳанги порсие, ки метавонад ғурури баланди қавмӣ ва миллӣ биофаринад, боис гардидааст, то сарони сиёсатгарони порсигӯён бидуни доштани иддаои бузург дар тасоҳуби ситеғи қудрат ва ҳокимият фақат ба доштани нақшу мавқеияти дараҷаи дувум басанда ҳастанд. Дар ин маврид дар оянда ба таври густурда хоҳам навишт.
Модоме, ки муддаиёни барномамеҳвар барои тасоҳуби қудрат дар миёни порсизабонон вуҷуд надошта бошанд, ҳеҷ кас ва ҳеҷ марҷаъу ниҳоди хориҷӣ чунин як қавм ё гурӯҳҳои қавмӣ - бо пиндори галамонандро ҷиддӣ ба ҳисоб намеоваранд ва ҳамчун тарафи муомила намешиносанд.
Порсигӯён дар кулл ва тоҷикону ҳазорагон ба гуна махсус ба иллати надоштани намодҳои ҳувияти қавмии мустақил ва пуриддаои дарунқавмӣ, дар берун аз бозии қудрат қарор дошта ва хоҳанд дошт!
Афғонҳо равоншиносии гурӯҳии конфирмистӣ ва таслимталабонаи инҳоро медонанд ва огоҳанд, ки ҳеҷ сиёсатгари тоҷик ва ё ҳазора, ҳатто барои лаҳзае ҳам наметавонад рӯъёи ҳокими аввал буданро дар сар дошта бошад. Ва, хеле хуб огоҳанд, ки дар байни инҳо муздурони зиёде вуҷуд доранд, ки ба ҳайси маводи сӯхти тадовуми сайтара, аз онҳо мешавад истифода боиста намуд. Ба ин баҳс ҳам бор бор бар хоҳам гашт.
Аммо чун ин набишта робита ба вазъияти кунунии мардумони мо дар даруни ҷуғрофияе ба номи Афғонистон дорад, аз ин рӯ, бо як ишора дар робита ба талошҳои Анқара барои эҷоди «Ҷабҳаи муқовамати миллӣ» алайҳи Толибон басанда мекунам, то ҳадди ақал равшан шавад, ки ин ҳама сиёсатгарони ғайриафғон/паштун то кадом ҳад беҳадаф ва соддалавҳанд.
Ҷудо аз ин, ки нишастҳои Анқара чӣ гуна созмондеҳӣ мешавад, он чӣ пураҳамият менамояд ин аст, ки тамом ба истилоҳи раҳбарнамоҳои бузурги қавмҳои тоҷик, ҳазора ва ӯзбек бо сари афганда пазируфтанд, ки роҳбари онҳо як афғон/паштун бояд бошад.
Инҳо, ки бо раҳбарии Аҳмад Масъуд мушкил доранд, дар иваз ба ҷойи баланд сохтани яке аз номҳо аз миёни чеҳраи ғайриафғон ба устод Сайёф иқтидо намудаанд ва ӯро раҳбари “муқовамат”-ашон пазируфтаанд, албатта, дар ин росто мудохилаи хориҷиҳо ба вежа сафарҳои рафту баргашти Том Вест намояндаи вазорати хориҷаи Амрико барои Афғонистон ва низ мақомҳои бритониёӣ беасар набудааст.
Пас мебинем, ки сиёсатгарони порсигӯён ҳанӯз ба он марз аз худшиносӣ, худогоҳӣ ва хиради сиёсӣ нарасидаанд, ки дар бораи бадил аз даруни хеш фикр кунанд. Кишварҳои хориҷӣ низ хеле хуб медонанд, ки дар байни порсигӯён як иҷмоъ барои баланд сохтани як шахсият аз миёни худашон ба ҳайси раҳбар вуҷуд надорад.
Бо шеър ва адабиёт наметавон сиёсат кард!
Сиёсат ҳавзаи отифа нест, балки ба шиддат ақлонӣ ва бар пояи манофеъи умумӣ аст. Порсигӯён чун сиёсатро бад мефаҳманд, нигоҳи онҳо ба он низ фаротар аз суди шахсӣ намеравад. Акнун Толибон ба ҳайси намояндаи қавми афғон/паштун ҳокимияти давлатиро дар ҷуғрофияе ба номи Афғонистон дар даст дорад. Дар мавриди ин, ки иморати Толибон як давлат аст ё хайр - ман ҳеҷ шак надорам, як давлат аст, аммо бо тамоми вежагиҳои қабилаӣ, ки аз соли 1747 ба ҳамин гуна вуҷуд доштааст.
Дидем, ки ҳатто дар даврони чапиҳо ва ё либералҳо давлатҳо аз пӯстаи қавмӣ ва қабилаияш берун шуда натавонист! Ҳам ҷаҳони, ба истилоҳ, либерал - демократ дар раъси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҳам кишварҳои, ба истилоҳ иқтидоргаро дар раъси Чину Русия ба сӯи «карашма»- ҳои руспиманишонаи толибонӣ бо шавқу майл менигаранд.
Ақвоми дигар барои онҳо тарафи муомилаи сарнавиштсоз нестанд!
Барои қудратҳои хориҷӣ муҳим нест шарқӣ ё ғарбӣ машруъият бахшидан ба режими толибони паштунӣ ва ё шабеҳи он муҳим аст, ки як сӯ онро омили “субот” -и роҳбурдӣ мебинад ва аз сӯйи дигар онро омили “бесуботӣ” – и роҳбурдӣ.
Инро блогерҳои эҳсосотӣ ва ноогоҳи сиёсии порсигӯён намедонанд. Ҳар рӯз дар ҳар насим ба як сӯ хам мешаванд. Ба ивази ташхиси манофеъи бузурги қавмӣ ва таърифи дӯсту душман дар дарун, интизор доранд, ки кадом хориҷӣ ба додашон хоҳад расид ва кӣ бо кадом миқдор пул дӯсти хуб мешаваду кӣ дӯсти бад мемонад.
Дар сиёсат дӯсти хуб вуҷуд надорад, балки сиёсат, яъне манофеъ!
Касе, ки сиёсӣ меандешад ва модерн, бояд даъвои қавмии хешро барномамеҳвар бисозад. Сиёсатгароне, ки ба ивази иттико ба неруи мардумӣ, чашм ба пул ва ҳимояти хориҷӣ доранд, дар асл ҳамон дашнаҳоеанд дар дасти паштунҳо, ки даҳаҳо онро бар пушти мардуми хеш зери номи афғонистоншумулӣ, ваҳдати миллӣ ва сарзаминӣ, зиддият бо ҳаққи таъйини сарнавишт, ҳатто федерализм фурӯ бурда ва мебаранд.
Барои ин ки ақвоми порсизабон дар ҷуғрофияи Бохтарён ба як қудрат мубаддал шаванд, бояд нахуст ба хонаи худ мутаваҷҷеҳ шуд, зеро чолишҳо хеле зиёданд. Ҳар гоҳ мо ҷойгоҳи хешро дарёбем, он гоҳ ҳам дар бозиҳои геополитикии минтақаӣ ва ҳам бозиҳои бузурги фароминтақавӣ пештар аз афғонҳо хоҳем рафт!