Оё ба ростӣ барои Туркия манофеъи “турктаборон” Афғонистон муҳим аст?
Нависанда: Нуруллоҳ Вализода, нависанда ва таҳлилгари масоили сиёсӣ, махсус барои “Сангар”
Ёддошти қаблӣ дар мавриди мудохилоти Туркия дар Афғонистонро бо пурсиши фавқ ба поён бурдем.
Ҳоло ба посухи ин пурсиш мепардозем. Туркия худро мудофеъи манофеъи турктаборони Афғонистон медонад. Дар ин мақол дар мавриди дурустии ин иддао кандуков хоҳем дошт. Ин нукта ҳам дур аз назар нест, ки таърифи манофеъи ӯзбекҳои Афғонистон аз диди Туркия метавонад мутафовит аз он чизе бошад, ки ӯзбекҳои Афғонистон онро барои худ таъриф мекунанд.
Туркия дар як тасвири калони ҷаҳонӣ ва минтақаӣ ба ӯзбекҳои Афғонистон нигоҳ мекунад ва ба сурати табиӣ манофеъи ононро низ бар асоси ҳамон нигоҳу тасвири калон таъриф мекунад.
Аммо воқеиятҳои айнии Афғонистон ва бофти иҷтимоӣ-фарҳангии ин кишвар ба гунае аст, ки имкони таърифи манофеъи як гурӯҳи қавмӣ аз берунро бо душворӣ мувоҷеҳ месозад. Ба иборати дигар, Туркия наметавонад манофеъи турктаборони Афғонистонро дақиқ таъриф намояд. Албатта, пардохтан ба ин пурсиш, ки манофеъи турктаборони Афғонистон дақиқан чист, эҷоби пардохтаи ҷудогонаро менамояд. Дар ин мақол ба сурати мушаххас рӯйи ин пурсиш тамаркуз хоҳад шуд, ки оё барои Туркия манофеъи турктаборони Афғонистон муҳим аст ё хайр.
Ҳарчанд шояд дар як нигоҳи дигар пурсиши ахир аз назари бисёриҳо дақиқ набошад ва аз асос нодуруст талаққӣ шавад ва ин гуна истидлол шавад, ки манофеъи ӯзбекҳо ва манофеъи Туркия бо ҳам муштарак аст. Аммо бояд гуфт, ки чунин нест. Туркия бо вуҷуди иштирокоти табориву фарҳангӣ ва забонӣ бо ӯзбекҳои Афғонистон, минҳайси як давлат-миллати ҷадид манофеъи хоси худашро дорад, ки ҷудо аз манофеъи ӯзбекҳои Афғонистон аст.
Давлатҳои минтақаи мо аксаран вазъияти мушобеҳ доранд. Онон аз як тараф вобаста ва муваззаф ба таъмини “манофеъи миллӣ”-и худашон ҳастанд, ки иборат аст аз фароҳам кардани зиндагии амну мураффаҳ барои шаҳрвандони сокин дар қаламрави ҷуғрофиёияшон, сарфи назар аз тааллуқоти таборӣ ва қавмии онон, аммо аз тарафи дигар тааллуқоти таборӣ ва фарҳангии бурунмарзие вуҷуд доранд, ки ҳимоят ва дифоъ аз гурӯҳҳои қавмии ҳамтабор ва ҳамнажод низ бахше аз мукаллафиятҳои давлатҳо ба шумор меравад, ки бояд ба он расидагӣ шавад. Албатта, дар як диди калон, ҳимоят аз гурӯҳҳои қавмии ҳамтабор дар берун аз марзҳои миллӣ, ки заминасози эҷоду тавсеаи равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни кишварҳо мегардад, низ барои бисёре аз кишварҳо аз бӯъди манофеъи миллӣ ва ҳатто ҳоло амнияти миллӣ низ қобили таъриф аст. Бо ин ҳол, “нигоҳи абзорӣ ба ақвоми ҳамтабори берун аз қаламрави миллии як кишвар дар ҷиҳати касби манофеъ миллӣ” як чиз аст ва “ҳимояти арзишмдорона аз ақвоми ҳамтабор дар берун аз марзҳои миллӣ” чизи дигарест, ки бояд ба он ба диққат нигариста шуда ва аз ҳам тафкик шавад.
Дарвоқеъ ин ҷо байни сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷӣ тадохули мавзӯӣ ва мафҳумӣ ба вуҷуд меояд, ки гоҳе ин тадохул ба таорузу тазод кашида мешавад ва давлатҳоро бо чолиши ҷиддӣ мувоҷеҳ мекунад. Бахусус барои давлатҳое мисли Туркия, Эрон ва Ҳинд, ки иддаои марказият ва меҳварияти фарҳангӣ-тамаддунӣ дар минтақаи моро доранд, ин душворӣ бештар мешавад.
Ин душворӣ ба гунаест, ки давлатҳои минтақаро дар мавориди зиёде бар сари ин дуроҳӣ қарор медиҳад, ки аз миёни манофеъи ақвоми ҳамтабори берунмарзӣ ва манофеъи шаҳрвандони дарунмарзӣ кадом якро авлавият ва аҳамият диҳанд. Ба вежа он гоҳ, ки ин манофеъ дар тазод бо ҳам воқеъ шуда ва давлатҳои “марказ” маҷбур ба интихоби яке аз ду гузина бошанд.
Туркия аз назари ҷуғрофиёӣ дар мавқеияти душворе қарор дорад. Ин кишвар аз як тараф дар маърази кашмакашҳои Шарқу Ғарб қарор дорад ва аз тарафи дигар дар маърази кашмакашҳои Арабу Аҷам ва аз тарафи дигар дар маърази кашмакашҳои исломизму секулоризм. Туркия ҳамчунон аз назари сатҳи рифоҳи иҷтимоии шаҳрвандонаш худро дар зумраи давлатҳои рифоҳи аврупоӣ қарор медиҳад, ки чунин давлатҳо бештар маҷбуранд, ки ба рифоҳу осоиши шаҳрвандони сокин дар қаламрави хеш таваҷҷуҳ дошта бошанд то ин ки масалан, дар нақши “қаҳрамони наҷот”-и ақвоми ҳамтабори берунмарзӣ зуҳур кунанд! Ҳарчанд то кунун Туркия тавониста ба наҳве миёни ин ҳама таорузот созише эҷод карда ва ба пеш биравад, аммо ин таорузот ҳамвора давлати Туркияро дар маърази таҳдид қарор медиҳад. Вақте Туркия даргири ин ҷидолҳо мешавад, шояд барояш душвор бошад, ки авлавиятро дар мавориди зиёде ба манофеъи ақвоми турктабор берун аз Туркия бидиҳад.
Агар ба таҷоруби чанд даҳаи ахир дар Афғонистон ишора шавад, ки Туркия талош карда нақши ҳомӣ ва ҳофизи манофеъи ӯзбекҳову туркманҳо, ё ҳамон турктаборҳо*-ро бозӣ кунад, метавон гуфт, ки ин кишвар дар мавоқее, ки бар сари дуроҳии манофеъи миллӣ ва манофеъи ақвоми турктабор қарор гирифта, манофеъи миллии худро нисбат ба манофеъи турктаборони Афғонистон тарҷеҳ додааст. Ин сиёсати Туркия дар қиболи турктаборони Афғонистон мисдоқи ин гуфтаи омиёна аст: “об то гулӯ, бача зери пой!”
Ҳизби Ҷунбиши миллии Афғонистон ба раҳбарии маршал Дӯстум, ки ба ҳар ҳол созмони сиёсии ӯзбекҳо дониста мешавад ва худро мудофеъи манофеъи ӯзбекҳо медонад, дар бисёре аз мавоқеъи ҳассос бар асоси манофеъи Туркия мавозее иттихоз карда, ки ба зиёни ӯзбекҳои Афғонистон будааст. Ин амр ба сурати возеҳ нишондиҳандаи ин воқеият аст, ки Туркия ба хотири манофеъи миллии худаш турктаборони Афғонистонро водор ба иттихози мавозеъи зиёнбор кардааст. Албатта, чунон ки гуфтем, ташхиси манофеъи ӯзбекҳо мабҳаси ҷудогонае аст, ки баъдтар ба он пардохта хоҳад шуд. Қадри мусаллам ин ки ҳизби Ҷунбиш ва маршал Дӯстум дасти кам дар бист соли ахир бо амал кардан бар асоси машвараҳои Туркия, ҷойгоҳ ва эътибори сиёсӣ ва низомии худро то ҳудуде аз даст дода ва дар дарозмуддат ин ба нафъи ӯзбекҳо нест.
Дарвоқеъ ба мурури замон ҳизби Ҷунбиш ва маршал Дӯстум бештар таҳти таъсири Туркия қарор гирифта ва ҳоло робитаи ин ҳизб бо Туркия бештар аз он ки бозтоби равобити стратегии як ҳизб бо як давлати ҳомӣ бошад, бозтоби як навъ робитае аст, ки метавон онро робитаи гаравгонгир ва гаравгон унвон дод! Ба баёни дигар, Туркия бо афзоиши таъсиру нуфузи худ дар ҳизби Ҷунбиш ин ҳизбро ба абзоре дар ростои пешбурди бозиҳои печидаи худ дар Афғонистон мубаддал кардааст.
Дар бист соли гузашта, маршал Дӯстум даст ба эътилофҳои сиёсӣ ва иқдомоте зад, ки хилофи майлу хилоф масири сиёсатварзии боиста барои ҳизби муқтадири Ҷунбиши миллӣ буд. Ҳизби Ҷунбиши миллӣ бо доияи адолатхоҳӣ ба майдон омад ва аз ҳамон нишонӣ соҳиби ҷойгоҳ дар паҳнаи сиёсати Афғонистон шуд. Ҷунбиши миллӣ фақат бо ҳифзи ҳувияти адолатхоҳӣ ва зиддият бо истибдоду ҷангу ситез бо Толибонизм ва паштунизм метавонад ҷойгоҳ ва эътиборе дар Афғонистон дошта бошад. Агар ин ҳувияти худро аз даст бидиҳад, ҳифзи иқтидор низ барои ин ҳизб мумкин нахоҳад буд.
Ҳифзи ҳувияти адолатхоҳонаи Ҷунбиши миллӣ ба ин маъност, ки ин ҳизб дар канори аҳзоби муқтадири шимол қарор дошта бошад ва дар иттиҳоду ҳамсӯӣ бо ин аҳзоб ҳарими худро аз тааррузу таҷовуз ва истилои нерӯҳои ҷануб, ки зиддияти созмонёфта бо тамоми ақвому аҳзоби шимол доранд, нигаҳ дорад. Аммо чунон ки ишора шуд, ҳизби Ҷунбиш дар бист соли ахир бештарина хилофи ин амал кардааст. ин ҳизб гоҳе дар канори Карзай алайҳи неруҳои шимол мавзеъ гирифт ва гоҳе дар канор Ғанӣ. Эътилофҳои ҳизби Ҷунбиши миллӣ бо аҳзоби Ҷамъият ва Ваҳдат низ пойдор намонд ва ин нопойдорӣ агар то ҳадде ба ду ҳизби ёдшуда муртабит буд, то ҳудуде муртабит ба машвараҳое буд, ки Туркия ба ҳизби Ҷунбиш медод. Дарвоқеъ Туркия ҳамвора хостааст, ки аз иттиҳоди аҳзоб ва чеҳраҳои низомӣ-сиёсии шимол ба нафъи аҳдофи худ истифодаи абзорӣ кунад.
Ба иборати дигар, машвараҳои Туркия боис шуда, ки ҳизби Ҷунбиш ва маршал Дӯстум табдил ба як бозичаи сиёсӣ дар муодилоти сиёсӣ шавад ва суботу пойдорӣ ва виқори худро аз даст бидиҳад. Ин амр боиси уфти шадиди эътибори Ҷунбиши миллӣ дар назди аҳзоб ва ақвоми шимол мегардад, ки дар дарозмуддат зиёнҳои ҷуброннопазире ба ҳизби Ҷунбиши миллӣ ва ӯзбекҳо хоҳад дошт. Дарвоқеъ Туркия дар бист соли ахир ҳамвора машварааш ба ҳизби Ҷунбиш ин буда, ки аз як сиёсати “воқеъгароӣ” пайравӣ кунад. Сиёсате, ки иттиҳоди паштуну ӯзбек барои касби манофеъи кӯтоҳмуддатро минҳайси як фурсат ғанимат шумурда ва аз он баҳрабардорӣ кунад. Ин сиёсат ҳамон сиёсате аст, ки шумо аз миёни ду тими футбол тарафдори тими баранда бошед! Ҳар тим баранда шуд, мо тарафдори ҳамон ҳастем! Ин сиёсат дар кӯтоҳмуддат шуморо аз хони қудрат баҳраманд мекунад, аммо дар дарозмуддат эътиборатонро назди муттаҳидин ва дӯстони стратегӣ коҳиш медиҳад. Истифодаи беравия аз ин равиши фурсатталабонаи сиёсӣ дар ҷомеаи Афғонистон ба шиддат мазмум пиндошта мешавад.
Албатта, ин нуктаест, ки дар чорчӯби “тарҷеҳи манофеъи миллии Туркия бар манофеъи ақвоми ҳамтабор” қобили таҳлилу арзёбӣ аст. Туркия бар асоси манофеъи миллии худаш, тарҷеҳ медиҳад, ки ӯзбекҳо бо паштунҳо минҳайси як гурӯҳи қавмӣ, ки қудратро дар даст доранд, вориди таомул бошанд. Ҳарчанд ин таомул дар тазод бо сиёсатҳову роҳбурдҳои мавриди назари ӯзбекҳои Афғонистон бошад! Ин равиш дарвоқеъ равиши рақобати миёни аҳзоби сиёсӣ дар низомҳои демократӣ аст, аммо дар ҷомеаи бадавӣ ва суннатии Афғонистон коргирӣ аз чунин равише, ки бар пояи идеяи “сиёсат дӯсту душмани доимӣ надорад” устувор аст, корсоз нест ва мунҷар ба бадгумониҳое мегардад, ки ҷуброни он барои аҳзоби қавмӣ содда нест.
Дар тозатарин маврид шоҳид ҳастем, ки Туркия маршал Дӯстум ва ҷамъи дигаре аз сиёсиюни шимолро баъд аз суқути ҳукумати Ғанӣ мизбонӣ кард ва ба онон иҷоза надод вориди ҷанг бо Толибон шаванд. Бо ин умед, ки Туркия аз тариқи музокира бо Толибон ба аҳдофи маврид назараш бирасад. Тавре ки дида шуд, ин сиёсат ноком буд ва зиёни он ҳоло бештар мутаваҷҷеҳи ҳизби Ҷунбиш ва ӯзбекҳо аст. Барои ҳизби Ҷунбиш беҳтарин гузина ҷанг бо Толибон ва қарор доштан дар сафи нерӯҳои зиддитолиб дар шимол аст. Маршал набояд бо интихоби гузинае, ки бисёриҳо онро табъиди худхоста медонанд, аз майдони ҷанг ба дур бошад. Ба иборати дигар, ҳузури фаъоли ҳизби Ҷунбиш ва маршал Дӯстум дар саҳнаи набард бо Толибон чизе аст, ки манофеъи ҳизби Ҷунбиш ва ӯзбекҳо онро эҷоб мекунад, аммо манофеъи Туркия эҷоботи хоси дигаре дорад, ки боис мешавад маршал Дӯстум барои муддати номаълуме аз маърака ба дур нигаҳ дошта шавад!
Ба назар намерасад, ки Туркия ин мавзӯъро надонад. Туркия ба хубӣ медонад, ки ҳузури маршал Дӯстум дар саҳнаи ҷанг ба эътибор ва ҷойгоҳи сиёсӣ-низомии ӯ дар оянда ҳаётӣ аст аммо бо он ҳам вақте Туркия монеъи баргашти маршал Дӯстум ба майдони ҷанг мегардад, ба ин маъност, ки Туркия манофеъи миллии худро, ки дар ҳоли ҳозир дар ҳамсӯӣ бо Ғарб, Покистон ва Толибон қобили ҳусултар менамояд, нисбат ба манофеъи ӯзбекҳои Афғонистон, шахси маршал Дӯстум ва ҳизби Ҷунбиши миллӣ муқаддам мешуморад.
***
*Турктаборон - истилоҳи барсохтаи ҷадид аст ва дар сохти ин истилоҳ низ Туркия нақши асосӣ доштааст. Ин истилоҳ дар солҳои ахир, бавежа дар давраи ҳукумати Ғанӣ ривоҷи зиёд ёфт, ки дар ростои ҷамъ кардани ақвоми мухталиф бо решаҳои табории нисбатан мушобеҳ зери як чатри воҳид аст, то аз он минҳайси як куллияти бузургтари сиёсӣ истифода сурат гирад. Ин истилоҳ, ӯзбекҳо ва туркманҳо ва баъзе аз ақвоми кӯчаки дигари сокин дар шимолро зери як унвон қарор медиҳад. Ба иборати дигар, нафси барсохтани чунин истилоҳе як рӯйкард сиёсӣ аст.