Хабари рӯз

Тавҷеҳе барои Покистон дар ин ошуфтагӣ дигар вуҷуд надорад.

Нависанда: Ориф Ҳасанхон Охундзода, муҳаққиқ ва таҳлилгари масоили минтақаӣ ва Покистон, узви Шӯрои машваратии ”Сангар”

Ин рӯзҳо Иштиёқ Аҳмад, як профессори пири панҷобӣ аз Покистон ва муқими Шветсия, як китоб ва видеоҳоро мунташир карда, иддао мекунад, ки "афсонаҳо"-ро дар байни баъзе аз доираҳои "секулар"-и буржуазияи покистонӣ дар мавриди Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ, бунёнгузори Покистон ва мақосиди воқеии ӯ дар мавриди омоле, ки таърих ӯро бо онҳо мишиносад, аз байн мебарад. Баъзе аз мардум талош мекунанд то ин тасаввурро бидиҳанд, ки Ҷиноҳ баъдан аз аъмоли худ пушаймон шудааст, магар Иштиёқ иддао мекунад, ки Ҷиноҳ чунин пушаймонӣ надошт ва ӯ комилан дар мавриди чизе, ки анҷом медод, эътиқод дошт.

Ин баёния дуруст ба назар мерасад, магар ман ҳанӯз ҳам дар мавриди мақосиде, ки Иштиёқ барои онҳо ҳоло ин истидлолҳоро матраҳ мекунад ва ин ки ӯ умед дорад аз онҳо чӣ ба даст биоварад, сар дар намеорам. Суханони ӯ ошуфта ва мутаноқиз ба назар мерасад ва баёнияҳояш беназму лағзанда аст. Шояд ӯ саросема шуда, дар назар дорад, ки ба ҷои Ҷиноҳ узрхоҳӣ кунад ва ҳамзамон аз дидгоҳи "Ҳинди муттаҳид" ҳимоят мекунад, ба монанди бисёре аз ҳиндиҳои маҳаллӣ, ки аз "идея"-и Покистон ноумед шудаанд. Ба ҳар ҳол, ӯ як назарияи ноқисро фош месозад ва дар айни замон талош мекунад аз он ҳимоят кунад. Ин як вазъияти хандадор аст, ки аксар баҳскунандагони покистонӣ худро дар он қарор медиҳанд.

Ба назари худам, Ҷиноҳ возеҳан қасди сохтани Покистонро дошт ва дар ин маврид ҳеҷ шакке вуҷуд надорад. Як ҳақиқати камтар шинохташуда аммо ин аст, ки ӯ дар мавриди Покистон дар авохири рӯз (аз 1940 ба баъд) тасмим гирифт, он ҳам ба ташвиқи арбобони бритониёиаш ва вақте возеҳ буд, ки тасаллути давомдори Бритониё дар Ҳинд ба хотири Ҷанги ҷаҳонии дувум ғайриқобили таҳаммул шуда буд. Он замон инглисҳо ба василаи дигаре ниёз доштанд, ки аз тариқи он ҷоҳталабиҳои геополитикии худро дар ин бахши ҷаҳон ҳифз кунанд.

Ҳамчунон возеҳ аст, ки ин ҷоҳталабиҳо ба худии худ дигар ба муҳофизат аз импературии Ҳинди Бритониёӣ набуд, балки акнун ба муҳофизат аз бартарии Ғарб бар манобеъи нафтии Ховари Миёна дар рақобат бо Иттиҳод Шӯравӣ рабт дошт. Дар он стратегия Покистон нақши меҳвариро ба унвони як давлати горнизоние бозӣ мекард, ки бо кӯмаки хориҷӣ ҳифз ва аз сӯи як шабакаи хушомадгӯи нухбаи сиёсатмадорон ва бюрократҳои низомиву маданӣ идора мешуд. Баъдан ин василаро бритониёиҳои дар ҳоли завол ба ҳомиёни ояндааш Иёлоти Муттаҳида интиқол доданд.

Инглису Амрико ҳамчунон аз як ниҳоди сиёсии мустақили таҳти режими Конгресс дар Ҳинд, ки  метарсиданд ва ниёз доштанд зарфиятҳои мустақил, пупулисм ва ​​тамоюлоти онро ба Шӯравӣ мутаодил созанд. Аз поёни Ҷанги ҷаҳонии дувум, тарроҳони ғарбӣ исломро ба унвони як вазнаи муқобили коммунизм муфид медиданд ва мафҳуми Покистон ба онҳо фурсате барои истифода аз онро фароҳам кард. Дар ҷараёни ҷиҳоди Афғонистон аз 1980 ба баъд, давлати Покистон як чеҳрае ба сабки гангстериро ба худ гирифт.

Дар соли 2022 стратегияи геополитикаи ҷаҳонӣ бо шурӯъи ҷанги Украина барои бори нахуст аз 1945 тағйир кард. Дар натиҷа судмандии тарҳи Покистон зоид шуд ва ҳомиёни собиқи ғарбиаш аз он ба фосила гирифтан шуруъ карданд. Маълум мешавад, ки ҳеҷ таҳлилгари покистонӣ ё панҷобӣ, ба шумули Иштиёқ ин фактори муҳиммро зикр накардааст.

Билохира, дидгоҳҳои Иштиёқ Аҳмад ҳар чӣ набошад, барои ман минҳайси як фарди эрониасл, ки молики решаҳои худ ва ба мероси худ вафодор аст, назарияи баргашт ба як Ҳинди муттаҳид, ҳадди ақал бо дарназардошти заминҳои чапи рӯдхонаи Синд, аслан қобил қабул нест. Он манотиқ, ки аз қавми ҳиндӣ ҳастанд, ҳақ доранд то ҳар дидро, ки дар мавриди чунин як иттиҳоди муҷаддад дошта бошанд, думбол кунанд, магар мардуме монанди Иштиёқ ҳақ надоранд, ки ман ва навъи манро ба унвони ҳиндӣ ва ҷонибдорони аҳдофи мушобеҳ ба тасвир бикашанд.

Давлати Покистон аз заминҳои мо ба унвони манотиқи ҳоил барои манофеъи арбобони инглисӣ-амрикоии худ истифода кард, ки ин амр қобили бахшиш нест. Чорчӯби Покистон ҳеҷ гоҳ барои ҳувияти таърихии шахсӣ ва воқеии ману аҷдоди ман, ки ҳазорон сол ба ин сӯ дар манотиқи мо зиндагӣ кардаанд, маънӣ надоштааст. Ҳоло ин мафҳум билохира бидуни ҳеҷ шакки дигаре ҷоуфтода шудааст ва мо бояд роҳҳои ҷудогонаи худро биравем. Ашхосе монанди Иштиёқ Аҳмад талош доранд то як тасвири ноумедкунандаи яктарафа ва нодурустро ироа кунанд, ки ҷаъли ҳақоиқи таърихӣ ва воқеиятҳои мавҷуд аст.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!