Иҷлоси шонздаҳуми БРИКС дар Қазон чаро чашмгиртарин шуд?
Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”
Иҷлоси шонздаҳуми БРИКС, ки дар Қазон баргузор шуд, чашмгиртарин иҷлос дар тамоми таърихи ин созмон шуд. Владимир Путин онро "авҷи намояндагии Русия" номид, магар аҳамияти ин иҷлос хеле густурдатар ва амиқтар аст. Ин возеҳ аст, ки БРИКС нуфузи ҷаҳонӣ ба даст овардааст, мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта ва шунида шудааст. Тасомими ин созмон, ки дар эъломияи ниҳоии 43-сафҳаии Қазон мунъакис шудааст, тамоми прусаҳои ҷаҳонӣ, ба шумули иқтисод, сектори молӣ ва амниятро ба сурати чашмгире мутаассир хоҳад сохт.
Ин мантиқӣ нест, ки ҳоло тамоми рӯйдодҳои иҷлоси БРИКС дар Қазонро руйхат кунем, ба хотире ки тамоми ҷамъияти сайёра онро думбол карданд. Ҷаласоти дуҷонибаву ҷамъӣ ва рӯйдодҳои тиҷоратӣ мавзӯъи баҳси фаъол гардид. Бисёре аз тасомиму диалогҳо ба нақли қавлҳо барчида ва ба титри рӯзномаҳои ҷаҳон табдил шуданд.
БРИКСро метавон дӯст дошт ё дӯст надошт, онро метавон як рақиб ё ҳатто як душман маҳсуб кард, магар дигар наметавон онро нодида гирифт, назари он бояд дар назар гирифта шавад.
Бадеҳист, ки эътимод ба кори ин созмон дар ҳоли афзоиш аст. Ҳайатҳои 35 кишвари ҷаҳон ва шаш созмони байналмилалӣ дар нишасти Қазон гирдиҳам омаданд. Ҳатто Созмони Милали Муттаҳид омодаи ҳамкорӣ бо БРИКС аст, ки Антонио Гуттереш бо вуҷуди фишори кишварҳои ғарбӣ ба Қазон омада, онро таъйид кард.
БРИКС дар ҳоли табдил шудан ба як василаи муассир дар ҳалли мушкилоти байналмилалӣ аст, зеро кишварҳои иштироккунанда 45 фисади нуфуси ҷаҳонро ташкил медиҳанд ва саҳми онҳо дар тавлиди нохолиси дохилии ҷаҳон дар баробари қудрати харид ба 36.7 фисад расидааст.
Беш аз 30 кишвари ҷаҳон омодаи ҳамкорӣ бо БРИКС ҳастанд ва ниме аз онҳо қаблан дар ҷараёни ин нишаст мақоми кишвари шарикро дарёфт карданд ва ин феҳрист густариш хоҳад ёфт. G7, G20 ва дигар блокҳое, ки таҳти диктаи Иёлоти Муттаҳида кор мекунанд, наметавонанд ба чунин рушди фаъоле нуфуз ифтихор кунанд.
БРИКС ба як платформаи мӯътабари байналмилалӣ табдил шудааст, ки дар он асли ваҳдат таҳти аҳдофи муштарак монеъи ҳифзи истиқлоли хусусии иштироккунандагон намешавад. Ин далели аслии ҳамдардии байналмилалӣ аст.
Имсол, Русия таҳти шиори "Тақвияти чандҷонибагароӣ барои тавсеа ва амнияти одилонаи ҷаҳонӣ" раёсати БРИКСро бар ӯҳда дошт. Ин иборат ҷавҳари иттиҳодро, ки мубтанӣ бар адолат ва баробарӣ аст, комилан мунъакис мекунад.
Ҳатто мавзӯъи ҳалли буҳрони Украина мавзӯъи иншиоб дар суфуфи иштироккунандагони иҷлос нашуд, агарчи дардноктарин мавзӯъ боқӣ мондааст. Нерӯҳои тарафдори Ғарб воқеан умедвор буданд, ки иштироккунандагони иҷлос дар мавриди поёни хусуматҳо ихтилофи назар дошта бошанд. Аммо, плони Чину Бразилия минҳайси як асос қабул шудааст, ки барои ҳар каси алоқаманд ба як ҳаллу фасли сулҳомез муносиб аст. Ҷавҳари он ҷилавгирӣ аз ташдиди бештар ва оғози музокироти сулҳ аст.
Владимир Путин гуфт: “Албатта, бар асоси воқеият ва бар асоси он чӣ дар замин дар ҳоли тавсеа аст, беҳтар хоҳад буд, ки сари мизи музокира биншинем ва ин музокиротро анҷом диҳем.”
"Мо таъкид мекунем, ки тамоми давлатҳо бояд мутобиқ ба аҳдофу усули Маншури Милали Муттаҳид дар тамомият ва иртибот бо ҳам амал кунанд. Мо бо ризоят пешниҳодоти муртабит барои миёнҷигарӣ ва хадамоти хубро, ки барои итминон аз ҳалли сулҳомези мунозеъа аз тариқи гуфтугӯ ва дипломатия тарроҳӣ шудаанд, қабул мекунем,” – омадааст дар эъломияи ниҳоии иҷлос.
Як "нуқтаи доғ"-и дигар барои баҳси Шарқи Миёна буд—ҷанг дар навори Ғаззаву Лубнон, ки Владимир Путин онро "вокуниши занҷираӣ" номид, минтақаро ба остонаи ҷанги ҳамаҷониба расонд. Тамоми аъзои БРИКС хостори як оташбаси фаврӣ шуданд.
Раҳбарони дигар давлатҳо низ дар суханрониҳояшон аз сулҳу сабот сухан гуфтанд. Аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Ӯ аз пешниҳод ба Маҷмаъи Умумии Созмони Милал мабнӣ бар тасвиби қатъномаи вежа – “Як даҳаи тақвияти сулҳ барои наслҳои оянда” - ёдоварӣ ва ибрози умедворӣ кард, ки ин ибтикор ҳимояти ҳамаҷонибаро дарёфт кунад. Дар иртибот бо таҳдидоти терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, радикализм, ҷароими сайберӣ, қочоқи ғайриқонунии аслиҳа, маводи мухаддир ва ҳамчунон анвоъи дигари ҷароими созмонёфтаи фаромарзӣ, раисҷумҳур хотирнишон кард, ки "Тоҷикистон пайваста аз густариши ҳамкорӣ бо тамоми шарикони байналмилалӣ дар мубориза алайҳи ин чолишҳо ва таҳдидот ҳимоят мекунад”. Илова бар ин, раисҷумҳури Тоҷикистон аз вазъияти Ховари Миёна ва ташдиди мунозиъот, ки мунҷар ба талафоти бесобиқаи ғайринизомиён шудааст, ибрози нигаронӣ кард. Ӯ бовараманд аст, ки ҳар гуна масоили ҷанҷолӣ, мунозиъот ва ихтилофот аз тариқи сиёсӣ ва дипломатӣ қобили ҳал аст ва рӯйдодҳое, монанди нишасти БРИКС кӯмак мекунанд то кишварҳое бо дидгоҳҳо ва аҳдофи бисёр мутафовит сари як миз биншинанд.
Матни эъломияи ниҳоӣ мавзӯъоти дигареро мунъакис месозад, ки инкишофи тамоми соҳоти сайёраро мутаассир месозад. Аз ҷумла ниёз ба ислоҳоти Созмони Милали Муттаҳид, Сандуқи байналмилалии пул, Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ ва Банки ҷаҳонӣ; Ғайри қобили қабул будани таҳримҳои якҷониба ва иқдомоти иқлимӣ; Таҳкими талошҳо дар мубориза бо терроризм ва хеле мавориди дигар.
Ибтикороти Русия шомили эҷоди як платформаи сармоягузорӣ ва табодулаи ғаллаи БРИКС, як платформаи муштарак барои филизоти қиматӣ ва алмос, ҳамкорӣ дар соҳаи бозорҳои карбон ва якҷо шудани талошҳо дар тавсеаи ҳуши маснуӣ ва контроли иқлим аст. Як пешниҳоди ҷудогона марбут ба эҷоди шароит барои рақобати одилона аст.
Кишварҳои БРИКС омодаанд то иртибототи байнибанкиро бештар тақвият кунанд, механизмҳои пардохти мустақилро дар асъори миллӣ эҷод кунанд ва проектҳои сармоягузории муштаракро эҷод кунанд.
Тавре ки раиси имсол, Владимир Путин таъкид кард, БРИКС як маҳфили баста барои аъзои мунтахаб нест, ин созмон барои ҳамкорӣ бо ҳар неруи созанда дар сайёра боз аст.