Чаро раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба Амрико нарафт?
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Олмон), махсус барои "Сангар"
Дар ин навишта, мехоҳам ба ду саволи калидӣ бипардозам:
1 - Дар ҳоле ки Майкл Маккол, раиси Кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси намояндагони Амрико, аз Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, даъват карда буд, ки ба Амрико сафар кунад, аммо чаро оқои Масъуд шахсан ба Амрико нарафт ва ҳайате ба хотири мулоқот бо Маккол ба Амрико мефиристад?
2 - Оё воқеан Амрико дӯсти Толибон аст ё мухолифи онҳо? Ва оё Амрико нерӯҳои мухолифи Толибонро воқеан ҳимоят мекунад ё хайр?
Қасд дорам ба ин ду саволи калидӣ масъулона посух диҳам.
А) Ба назари ман, тасмими Аҳмад Масъуд барои имтиноъ аз сафар ба Амрико, тасмими оқилона ва санҷидашудаест. Ӯ ба дурустӣ медонад, ки Майкл Маккол, раиси Кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси намояндагони Амрико аст, на раисҷумҳур ва на салоҳияти тасмимгириро дорад.
Аз тарафи дигар, оқои Аҳмад Масъуд ба дурустӣ медонад, ки ҳанӯз интихоботи раёсатиҷумҳурии Амрико пеши рӯ аст ва тасмимгирандаи аслӣ дар сарнавишти сиёсатҳои ҷаҳонӣ, ба шумули Афғонистону минтақа, раисҷумҳури ояндаи Амрико хоҳад буд, на оқои Маккол. Ҳамчунин, Аҳмад Масъуд нахост барчасби муздури Амрикоро ба худ бизанад ва нахост, ки мардуми Афғонистон бигӯянд, ки оқои Аҳмад Масъуд миллӣ намеандешад ва ба ҳимояти Амрико вобаста буд, ӯ ҳам монанди баъзе аз зимомдорон як муздур аст.
Дар зимн оқои Масъуд огоҳ аст, ки пас аз имзои тавофуқномаи Доха ва хурӯҷи бидуни қайду шарти нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, аксарияти мутлақи мардум аз сиёсатҳои Амрико норозӣ ҳастанд ва мушкилоти феълиро натиҷаи сиёсатҳои моҷароҷӯёна ва нооқибатандешонаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико медонанд. Бинобарин, оқои Масъуд бо фиристодани ҳайате ба ҷои худ, на танҳо мехоҳад аз ранҷиши Амрико ҷилавгирӣ кунад, балки намехоҳад дар ёргириҳои баъдӣ кишварҳои мухолифи Амрико, монанди Эрон, Русия, Чин ва як теъдод кишварҳои дигарро низ аз даст бидиҳад. Ин тасмими Аҳмад Масъуд бисёр санҷидашудаву мантиқӣ аст ва ман ба унвони фарде, ки алифбои сиёсатро медонам, ин тасмими оқои Масъудро дуруст арзёбӣ мекунам.
Б) Ҳоло мехоҳам содиқона тавзеҳ диҳам, ки оё воқеан Амрико дӯсти Толибон аст ё мухолифи онҳо ва оё Амрико нерӯҳои мухолифи Толибонро ҳимоят мекунад ё хайр?
Ба ақидаи ман, робитаи Амрико бо Толибон бисёр печида аст ва наметавон онро ба содагӣ бо як посухи “бале” ё “хайр” ҷавоб дод. Амрико дар мақотеъи мухталиф ҳам мухолифат ва ҳам таомул бо Толибонро нишон додааст ва ин раванд ҳамчунон идома дорад.
1 - Далоили мухолифати Амрико бо Толибон:
- Ҳамлаи 11 сентябри 2001: яке аз аслитарин далоили мухолифати Амрико бо Толибон аст ва ҳамин ҳамалоти террористии 11 сентябр мунҷар ба сарнагунии ҳукумати нахусти Толибон шуд. Толибон ба Алқоида паноҳ доданд ва аз таслим кардани Усома бин Лодан ба Амрико худдорӣ карданд. Дар натиҷа, Амрико ба Афғонистон ҳамла кард ва Толибонро аз қудрат канор зад.
- Нақзи ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи занон: Толибон ба далели нақзи густурдаи ҳуқуқи башар, саркӯби озодиҳои маданӣ ва ба вежа маҳдуд кардани шадиди ҳуқуқи занону духтарон, дар шароити мавҷуд мавриди интиқоди шадиди Амрико ва кишварҳои ғарбӣ қарор гирифтаанд ва ҳар рӯз дар ин маврид табсираҳое вуҷуд дорад.
- Терроризму амният: Амрико Толибонро ба далели пуштибонӣ аз гурӯҳҳои террористӣ, монанди ТТП ё (толибони покистонӣ), Алқоида ва ДОИШ, ки манофеъи Амрикоро таҳдид мекунанд, мухолифи амнияти байналмилалӣ медонад ва мӯътақид аст гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ҳузури фаъол доранд ва аз сӯи Толибон ҳимоят мешаванд.
2 - Аммо далоили таомул Амрико бо Толибон:
- Музокироти сулҳ: бо вуҷуди мухолифатҳои аввалия, дар солҳои ахир Амрико тасмим ба барқарории музокирот бо Толибон барои поён додан ба ҷанги тӯлонӣ дар Афғонистон гирифт ва Залмай Халилзодро ба унвони намояндаи хоси худ таъйин кард. Ин музокирот ба тавофуқи Доха дар соли 2020 мунҷар шуд, ки ҳадафи он хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ва дарёфти тазминҳое аз сӯи Толибон барои ҷилавгирӣ аз истифодаи гурӯҳҳои террористӣ аз Афғонистон буд. Толибон ин тавофуқро имзо карданд ва мутааҳҳид шуданд, ки манофеъи Амрикоро дар ҳеҷ маконе ҳадаф қарор надиҳанд.
- Манофеъи стратегӣ: Амрико талош мекунад бо Толибон таомул кунад то аз табдили Афғонистон ба паноҳгоҳи амн барои гурӯҳҳои террористӣ, мисли ДОИШ ва Алқоида пас аз хурӯҷи нерӯҳояш ҷилавгирӣ кунад. Ин таомул ба навъе ҳамкории тактикӣ аст то аз ҳарҷу марҷи бештар ҷилавгирӣ шавад, аммо Амрико фурсатҳои муносибро низ думбол мекунад.
Натиҷагирӣ:
Ба бовари ман, Амрико дар шароити мавҷуд ҳам мухолифи Толибон аст ва ҳам ночор ба таомул бо онҳо аст. Аз як тараф Толибонро интиқод мекунад ва аз тарафи дигар ҳафтавор чиҳил миллион доллар ба онҳо мефиристад.
Ҳамчунон Амрико ба далели нигарониҳои ҳуқуқи башарӣ ва таҳдидоти террористӣ, мухолифати амиқ бо Толибон дорад; Ва аз сӯи дигар, ба далели воқеиятҳои стратегӣ ва минтақаӣ, ночор ба таомул барои мудирияти вазъияти Афғонистон ва хурӯҷи нерӯҳояш будааст. Амрико дар талош аст, ки агар Толибон дар домани мо намеафтанд, дар домани дигаре ҳам науфтанд.
Бо ҳамин ҳолат талош мекунад вазъияти феълиро нигаҳ дорад, яъне Толибон на ба самти Шарқ тамоюл пайдо кунад ва на ба самти Ғарб, балки дар миёни ҳар ду қарор дошта бошанд.
Аммо бо гузашти замон ин вазъият идома пайдо нахоҳад кард, баъд аз натиҷаи интихоботи Амрико ва ончиро, ки Чин ба хотири маодин ва сарнавишти Афғонистон дасту остин бар зада, бовари ман ин аст, ки сиёсатҳо як бори дигар дар мавриди Афғонистон тағйир хоҳад кард ва бозиҳои ҷадиде дар роҳ хоҳад буд.
Беҳтар аст интизор кашид то дида шавад чӣ чизҳое дар роҳ аст.