Ягона кишваре, ки сиёсати дуруст ва санҷидашуда дар қиболи Толибон ва авзои Афғонистон иттихоз карда, Тоҷикистон аст.
Нависанда: Рустами Рушангар, таҳлилгар
Баргардон: Фирдавси Низом
Пеш аз ин ки дар мавриди рӯйкард ва роҳбурд кишварҳои минтақа дар қиболи Афғонистон баҳс кунем, пардохтан ба ин мавзӯъ лозимӣ аст, ки манзури мо аз кишварҳои минтақа кадом кишварҳо аст ё ба таъбири дигар кадом кишварҳо метавонанд дар таҳаввулу суботи Афғонистон нақши муҳим дошта бошанд.
Кишварҳои таъсиргузори минтақа бар Афғонистонро метавон бар асоси мизони қудраташон ба се гурӯҳ тақсим кард:
Гурӯҳи аввал: Русия, Чин ва Ҳинд.
Гурӯҳи дувум: Эрон, Покистон, Туркия ва Арабистон.
Гурӯҳи севум: Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Қатар.
Аммо ҳар гоҳ ҳадафи мо аз дастабандии кишварҳо бар асоси мизони таъсиргузори онон бар Афғонистон бошад, тақсимбандии мутафовите хоҳем дошт. Масалан, дар баҳси таъсиргузории Русия аз гурӯҳи аввал, Покистон, Эрон ва Туркия аз гурӯҳи дувум ва Тоҷикистон, Аморот ва Қатар аз гурӯҳи севум бештарин таъсиргузориро доранд. Дарвоқеъ вақте аз кишварҳои минтақа сухан мегӯем, манзури мо бештар ҳамин ҳафт кишвари ахируззикр хоҳад буд. Албатта, ки Ҳинд, Чин, Арабистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон дар дараҷаи дувуми таъсиргузорӣ қарор доранд. Модоме, ки манзури мо аз таъсиргузорӣ, таъсиргузории билфеъл бошад, яъне кишварҳои ахируззикр низ метавонанд аз радаи дувумӣ ба радаи аввал сууд кунанд. Камо ин ки Ҳинду Чин бештар аз гузашта шурӯъ ба ифои нақши фаъолтар дар Афғонистон кардаанд ва эҳтимол меравад дар оянда, масалан, аз Русияву Эрон ва Туркия дар ин арса пеш гузаранд. Боз дар миёни чанд кишвари ахируззикр метавон барои Ҳинд имтиёзи бештаре дар назар гирифт. Ин кишвар дар солҳои ахир бамаротиб бештар аз рақиби минтақаии худ – Чин - нақши сиёсии фаъолтаре бозӣ кардааст.
Ҳоло ба пурсиши аввал мепардозем. Кишварҳои минтақа (ҳамон ҳафт кишвари таъсиргузор) бо Афғонистон чӣ мекунанд? Агар бихоҳем ба натоиҷи равшантре бирасем, ногузирем, ки саволи худро ба ду бахш тақсим кунем. Баррасии нақши инфиродии кишварҳои минтақа ва баррасии нақши ҷамъии кишварҳои минтақа. То кунун ҳеҷ гоҳ мо шоҳиди ба вуҷуд омадани иҷмои минтақаӣ дар қиболи Афғонистон набудаем.
Пас аз хурӯҷи Амрико аз Афғонистон тасаввур мешуд, ки ин иҷмоъ ба вуҷуд ояд, аммо ба назар мерасад, ки ин як умеди воҳӣ будааст. Имрӯза кишварҳои минтақа беш аз ҳар замони дигаре дар қиболи Афғонистон дучори ихтилоф, сардаргумӣ ва такравӣ ҳастанд. Ҳар кас масири худро меравад ва ҳеҷ кас тарҳи равшан ва муассире ироа намедиҳад.
Вақте ба мавзеъгириҳо ва рӯйкардҳои кишварҳои минтақа дар яку ним соли ахир дар қиболи Афғонистон нигоҳ мекунем, бо тааҷҷуб дармеёбем, ки ҳама ба наҳве аз сиёсати Амрико дар мавриди Афғонистон пайравӣ мекунанд. Ҳатто Русия, Эрон ва Чин, ки Амрикоро рақиб ва душмани худ мепиндоранд, сиёсаташон дар қиболи Афғонистон ҳамон сиёсати дусараи амрикоӣ аст: таомули ғайрирасмӣ бо Толибон!
То ҷое, ки ба амрикоиҳо бармегардад, иттихози сиёсати таомули ғайрирасмӣ бо Толибон, дар воқеъ ҳамон сиёсати “бесиёсатӣ” аст. Яъне аз рӯйи ночорӣ ва барои ин ки майдон холӣ намонад, як корҳое анҷом медиҳанд ва ҳарфҳои мутаноқизу парогандае ба забон меоваранд, ки дарвоқеъ наметавон исми онро сиёсат гузошт. То ҳудуде ин метавонад як амри табиӣ бошад. Амрико бист сол дар Афғонистон ҳузури низомӣ дошт ва дастикам ҳафт сол барои хурӯҷ аз ин кишвар барномарезӣ кард. Ҳоло ҳарчанд онон аз баргашташон ба Афғонистон сухан мегӯянд, ба назар мерасад, ки ҳатто агар дар ин гуфтаи худ содиқ ва ҷиддӣ бошанд, ҳафт сол замони дигар ниёз аст, ки барномаи баргаштро тарҳу иҷро кунанд. Аммо чунон ки гуфта шуд, онон фикр мекунанд, майдонеро, ки раҳо кардаанд, руқабои минтақаияшон, ҷуръати вуруд ба онро накардаанд ва ин дарвоқеъ ангезаи қавӣ барои Амрико ба баргашт ба Афғонистон талаққӣ шуда метавонад. Онон мебинанд заминеро ба душман раҳо кардаанд, душман онро тасоҳуб накардааст. Хулоса, ин ки майдон холӣ аст ва агар мумкин бошад майдони холиро бо андак ҳазина ва таваҷҷуҳе барои манофеи дарозмуддат пур кард, чӣ беҳтар! Дар ҳамин росто, онон ба ҷайби холии Толибон як миқдор пул мерезанд, то битавонанд сиёсати ҷадиди худ дар Афғонистонро тарҳ ва ба марҳалаи иҷро бирасонанд.
Гуфтем, ки кишварҳои минтақа аз сиёсати Амрико дар қиболи Афғонистон тобеият мекунанд. Чаро? Ин пурсиш калидитарин унсури буҳрони Афғонистон ва кулли минтақаи моро нишона мегирад.
Русия, ягона рақиби Амрико, ки тасаввур мешуд, баъд аз хурӯҷи Амрико, нақши фаъол ва муассире дар Афғонистон бозӣ кунад, бо даргир шудан дар Украина дар локи худ фурӯ рафт. Шояд ин фарзия дуруст бошад, ки Амрико бо хурӯҷи аҷулона аз Афғонистон, Русияро ғофилгир, даргири ҷанг ва мавриди таҳоҷуми ғайримустақим қарор додааст. Ин чизе аст, ки ҳоло амрикоиҳо ҷо-ҷое дар мавридаш сухан мегӯянд.
Кишвари қудратманди дигаре, ки метавонист бо хурӯҷи Амрико аз Афғонистон, бештар фаъол шавад, Чин буд. Чин ҳарчанд дар бахши иқтисодӣ дар Афғонистон фаъол шуда, аммо бештар аз он тамоюле ба ифои нақш нишон надодааст. Барномаи иқтисодии Чин дар Афғонистон низ шабеҳи “истифодаи рӯбоҳӣ” аз шикори шер аст. Чин Афғонистон ва режими мутазалзил ва нопойдори кунуниро дар тангно гир карда ва ба фикри бастани қарордодҳои бузург дар бахши маодин аст, ки бештар шабеҳи гаравгонгирии маодин ё ба таъбири дигар, шабеҳи хариди милки ятими ноболиғ аст.
Покистон ҳомии дараҷаи яки Толибон, ки ҳамвора сиёсати зеридастсозии Афғонистон тавассути гурӯҳҳои фоқиди шуури сиёсӣ ва дарки миллиро дошт, баъд аз тасаллути дубораи Толибон то ҳудуде худро ба ҳадаф расида медонад ва то ҳудуде ба далели мушкилоти дохилӣ ва пайравӣ аз як сиёсати қадимии мунзависозӣ ва тазъифи Афғонистон, ҳозир нест ё наметавонад коре анҷом диҳад.
Эрон низ, ки аз хурӯҷи Амрико то ҳудуде ғофилгир шуда буд ва дар авоил ба Толибон минҳайси як гурӯҳи зиддиамрикоӣ нигоҳ мекард ва тамоюле ба тақдису тамҷиди ин гурӯҳ дошт, дар чанд моҳи ахир даргири масоили дохилӣ ва оромсозии авзои дохилӣ шуда ва ба назар мерасад, ки ҳанӯз барои Афғонистон барномаи ҷадиде дар дастури кор надошта бошад. Ҷолиб аст, ки Эрон низ аз сиёсати хариди замон истифода мекунад ва то кунун кадом роҳкори муассире дар хусуси Афғонистон ироа накардааст.
Сиёсатҳои Туркия низ то ҳудуде шабеҳи сиёсатҳои Эрон дар қиболи Афғонистон аст. Ҳизби ҳокими Туркия бо шароити душвори дохилӣ мувоҷеҳ аст ва ҷанги Украина Туркияро низ бештар мутаваҷҷеҳи марзҳои ғарбӣ ва шимолиаш кардааст ва барои Афғонистон дар ҳадди резерфи чанд чеҳраи низомӣ ва сиёсии зидди Толибон басанда кардааст.
Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Қатар, ки дарвоқеъ ҳомиёни Толибон ҳастанд ва дар ҳоли ҳозир нақши даллол миёни Толибон ва Амрикоро ба ӯҳда гирифтаанд, худ кадом тарҳе надоранд ва тобеи Амрикоанд. Аз онон наметавон бештар аз ин интизор дошт.
Ягона кишваре, ки сиёсати дуруст ва санҷидашуда дар қиболи Толибон ва авзои Афғонистон иттихоз карда, Тоҷикистон аст. Ин кишвар ба дурустӣ дарк карда, ки Толибон ва гурӯҳҳои ҳамкораш хатари стратегии ҷиддӣ ба сулҳу суботи минтақа аст. Аммо мушкил ин аст, ки Тоҷикистон аз як тараф як кишвари аз лиҳози иҷтисодӣ фақир аст, ки наметавонад ба гунаи мустақилона як сиёсати муассир ва фаъолро дар қиболи Афғонистон пеш барад ва аз тарафи дигар, чун Тоҷикистон дар дифоъ аз Ҷабҳаи муқовимати зидди Толибон қарор гирифт, имрӯза ҳар тарҳу барнома ва пешниҳоде, ки аз сӯи ин кишвар барои тағйири авзоъи ваҳшатноки Афғонистон ироа мешавад, аз сӯи дигарон бо суъизанн ба он нигариста шуда ва ба истилоҳ, ҷонибдорона талаққӣ мешавад. Ин дар ҳоле аст, ки ҷудо аз масъалаи дифоъи Тоҷикистон аз нерӯҳои зиддитолиб, ин кишвар дарк ва шинохти дурусте аз хатари Толибон дорад ва агар ба тарҳҳои ин кишвар таваҷҷуҳ шавад ва бар меҳвари он як иҷмоъи байналмилалӣ шакл гирад, метавонад дар тағйири авзоъ дар Афғонистон бисёр муфид воқеъ шавад.
Воқеият ин аст, ки дар сиёсати кишварҳои минтақаи мо ҳеҷ гоҳ эҷоди сулҳу суботи минтақаӣ қарор нагирифтааст. Ин мавзӯъ замоне беҳтар қобили дарк мешавад, ки ба сиёсатҳои минтақаии кишварҳои аврупоӣ, кишварҳои шарқи Осиё, Амрикои Лотин ва ҳатто кишварҳои африқоӣ таваҷҷуҳ шавад. Дар он ҷоҳо бо дараҷоти мутафовите як сиёсати минтақаӣ вуҷуд дорад, ки сулҳу суботи минтақаро дар дастури кори хеш қарор додаанд. Сиёсати минтақаӣ, яъне ин ки чанд кишвари ба ҳам пайваста ва ҳамсарнавишт барои эҷоди як фазои ҳамкорӣ талош кунанд ва ба фикри ин бошанд, ки чӣ гуна метавонанд кишварҳои фақир ва нотавони минтақаашонро дастгирӣ кунанд ва авомили буҳрон, бесуботӣ, таниш, ҷанг ва мухосимат, ки фурсатҳои ҳамаро барои пешрафт ва тавсеаи пойдор аз байн мебарадро шиносоӣ карда ва ба гунаи муштарак бо он муқобила кунанд. Ин иттифоқ дар минтақаи мо то кунун науфтодааст. Далоили ин амр метавонад зиёд ва печида бошад. Ин ки кадом як аз кишварҳо нақши тахрибкунанда ё омили вайронгароёна доранд, зиёд равшан нест. Ҳам чиз дар ҳолате аз ибҳому сардаргумӣ қарор дорад. Маъмулан, ҳама кишварҳо ба гунаи яксон омили беруниро муқассир медонанд. Ҳар кас ба фикри манофеи худ аст ва эҳсоси ҳамдардии ҳамсоядорӣ ба куллӣ маҳв шудааст.
Дар даруни ҳар як аз кишварҳои минтақа низ вазъият чандон басомон нест. Бисёре аз кишварҳо даргири масоили буғранҷе ҳастанд, ки лоянҳол ба назар мерасад. Ангор дар муҳосиботи стратегии ҳеҷ кишвари минтақаи мо авомили минтақаӣ ба унвони авомили мушаддадаи буҳронҳо ва ақибмондгиҳои дохилӣ ҷо надорад. Ҳама кишварҳо мушкилотро ё комилан дарунӣ ва бархоста аз муносиботи дарунсохтории кишварҳои худашон талаққӣ мекунанд ё ҳам кишварҳои қудратманди даврро муқассир мешуморанд, ки бо мудохилоташон назму суботи кишварҳоро аз байн мебаранд. Ҳама кишварҳо дар бораи сулҳу суботи минтақа ва лузуми иҷмои минтақаӣ барои ҳалли мушкилот сӯҳбат мекунанд, аммо ҳеҷ кишваре ба гунаи стратегӣ нақши меҳварӣ барои ҳалли асосии мушкилоти минтақаро дар дастури кор қарор надодааст.