Хабари рӯз

 

Донишмандони ҳастаии Ироқ чӣ гуна сар ба нест карданд?

Нависанда: доктор Абдуллоҳ ал-Нафисӣ,
Нашрияи "Алмушоҳид алсиёсӣ", Биритониё

Дар остонаи оғози ишғоли Ироқ дар соли 2003, созмони иттилооти Исроил (Массад) феҳристҳои ҳовии ном, нишонӣ ва шумораи телефони донишмандони ҳастаии Ироқро дар ихтиёри созмони иттилооти марказии Амрико (СиАйЭй) қарор дод. Ин донишмандони барҷаста пештар дар реактори атомии "Узирок"-и Ироқ фаъолият мекарданд; Ҳамон реакторе, ки Исроил дар таърихи 7 июни 1981 бо ҳамлаи ҳавоӣ онро бомбаборон кард. Бисёре аз ин донишмандон аз он ҳамла ҷони солим ба дар бурданд ва режими собиқи Ироқ ба онон расидагӣ карда ва ононро дар донишгоҳҳои мухталифи Ироқ тавзеъ кард то тавоноиҳои худро дар заминаи физикаи ҳастаӣ бештар тавсеа диҳанд.

Дарвоқеъ, феҳристи ин донишмандон миёни неруҳои туфангдорони дарёии Иёлоти муттаҳида (Маринз) дар пойгоҳҳои низомии Амрико дар Халиҷи Форс тавзеъ шуд. Фармондеҳии низомии Амрико дастури сареҳ дода буд, ки ин донишмандон аввалин аҳдофи баъд аз суқути режими Саддом Ҳусайн хоҳанд буд. Маринз муваззаф буданд ба хонаҳои ин донишмандон юриш бурда, ононро бо зӯр рабуда ва ба Амрико мунтақил кунанд ё дар сурати лузум, ононро ба қатл бирасонанд. Ин чизе буд, ки воқеан иттифоқ афтод. Амалиёти террори нухбагони илми Ироқ аз рӯзи дувуми пас аз суқути Бағдод оғоз шуд. Ягонҳои низомии Амрико шурӯъ ба таъқиби донишмандон, пажӯҳишгарон, мутафаккирон ва пизишкон карданд, ба вежа аъзои тимҳои ҳастаӣ ва кимиёвӣ. Дар садри ин лист, доктор Ҳудо Солеҳ Маҳдӣ Амош, маъруф ба "модари сиёҳзахм" аз диди неруҳои амрикоӣ, қарор дошт. Ў донишманде барҷаста ва раиси муҷтамеъи микробиологияи Донишгоҳи Бағдод буд ва доктории худро дар риштаи микруобиология гирифта ва пажӯҳишҳои зиёде дар заминаи тобиши кимиёвӣ ва силоҳҳои биологӣ анҷом дода буд. Ў дар нӯҳуми майм 2003 дар Бағдод тавассути неруҳои амрикоӣ боздошт шуд.

Ӯ яке аз ду зани барҷастае буд, ки дар феҳристи афроди таҳти таъқиби Амрико қарор дошт. Зани дигар, донишманди биология ба номи Раҳоб Таҳ буд, ки ӯ низ тавассути амрикоиҳо боздошт шуд.

Дар ниҳоят, неруҳои амрикоӣ муваффақ шуданд беш аз 70 донишманди ҳастаии ироқиро рабуда ва ба Флорида дар Иёлоти муттаҳида мунтақил кунанд. Ононе, ки ҳозир ба ҳамкорӣ бо Амрико нашуданд, билофосила дар хонаҳояшон кушта шуданд. Теъдоди ин донишмандони кушташуда ба 310 нафар аз мутахассисони физики ҳастаии Ироқ мерасид.

Ҳадафи Ғарб ва Исроил аз ин амалиёт, нобудии ин мағзҳои арабӣ буд, ки аз назари онон, аҳамияташон бештар аз ҳар ҳадафи дигаре буд. Ҳамон тур, ки Мадлен Олбрайт, вазири хориҷаи пешини Амрико, гуфта буд:
"Бо Ироқ чӣ кор метавонем бикунем ҷуз нобуд кардани мағзҳояш, мағзҳое, ки ҳатто бомбаҳои атомӣ ҳам наметавонанд онҳоро нобуд кунанд; Нобуд кардани мағзҳои ироқӣ муҳиммтар аз андохтани бомб аст."


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!