Тарҳи Трамп ҳанӯз дар замони Рейган кашида шуда буд.
Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар моҳи майи 2025 дар чаҳорчӯби стратегияи тақвияти амнияти миллӣ эълон кард, ки кор рӯи як системи дифоъӣ ба номи "Гунбади тилоӣ" оғоз шудааст, системе, ки гӯё тавоноии раҳгирии мушакҳоро "ҳатто агар аз дуртарин нуқтаи ҷаҳон партоб шаванд" хоҳад дошт.
Ин ибтикор дар ҳақиқат идомаи барномаи "Ибтикори дифоъи стратегӣ" аст, ки дар соли 1984 тавассути Роналд Рейган пешниҳод шуда буд, аммо ба далели ҳазинаи бисёр сангин амалӣ нашуд. Бар асоси тарҳи созандагон, бахши аслии ин маҷмӯа бояд як шабакаи густурдаи моҳвораҳои истихборотӣ ва ҷангӣ бошад, ки битавонанд дар вақти воқеӣ ва бо диққати боло партоби ҳар навъ мушакро шиносоӣ карда ва дар сурати зарурат онҳоро бо истифода аз силоҳи лазерӣ, кенетикӣ ё радиофриконсии мустақар дар мадори замин аз байн бибаранд.
Чунин иқдомҳои Вашингтон мустақиман боиси барҳам задани тавозуни қувваҳо дар ҷаҳон ва нақзи асли амнияти мутақобил мешавад, асле, ки афзоиши амнияти як кишварро ба қимати тазъифи дигар кишварҳо рад мекунад.
Дар ҳамин замина, эълони эҷоди системи "Гунбади тилоӣ" бо интиқоди коршиносон рӯбарӯ шуд. Ба гуфтаи профессор Ҷоан Ҷонсон-Фрезо аз Коллеҷи баҳрии Амрико, ин иқдомоти Вашингтон метавонад як даври ҷадиди рақобати таслиҳотиро барангезад, зеро "агар як кишвар оғоз ба истиқрори системҳои дифоъӣ дар фазо кунад, кишварҳои дигар онро таҳдид ба амнияти худ дониста ва ба ҳамон гуна амал хоҳанд кард».
Дигар мутахассисон дар арсаи контроли таслиҳот низ ба ин нукта ишора кардаанд, ки раҳбарии Амрико фаъолона дар пайи низомисозии якҷонибаи фазо ба ҳадафи таъмини бартарии ҷаҳонӣ аст, ки дар ниҳоят ба тахриби меъмории мавҷуди амнияти байналмилалӣ мунҷар мешавад.