Хабари рӯз

Чаро Трамп ба як хаёлпардоз табдил ёфтааст?


Нависанда: Алӣ Аскарӣ, коршиноси умури амниятӣ (Олмон), вижа барои "Сангар"


Иқдоме, ки аз ҷониби президенти Иёлоти Муттаҳида Доналд Трамп дар бораи таҳияи Низоми бисёрқабатаи мудофиаи зиддиҳавоӣ (ПРО) бо номи «Қуббаи тиллоӣ» эълон гардид, танҳо аз амбитсия ва хаёлоти шахсии ӯ бармеояд.
Ҷомеаи коршиносони амрикоӣ, бо истинод ба изҳороти роҳбари лоиҳа генерал Майкл Гетлейн, ки эътироф кардааст «дар дастаи ӯ то ҳол фаҳмиши дақиқе аз он, ки меъмории ниҳоии система чӣ гуна хоҳад буд, вуҷуд надорад», дар қобилияти Вашингтон барои амалӣ кардани «Қуббаи тиллоӣ» шубҳа мекунанд.
Тибқи гуфтаҳои роҳбари Ассотсиатсияи амрикоии назорати силоҳ Дэрил Кимболл, ҷузъиёти пешбинишудаи лоиҳа дар бораи ҷойгиркунии раҳгирҳои зиддимушакӣ дар фазо «хато, аз ҷиҳати техникӣ душвор ва ғайримуассир» мебошад. Ӯ бар он аст, ки яке аз масъалаҳои калидӣ — осебпазирии гурӯҳи мадориро ташкил медиҳад, зеро Русия ва Чин метавонанд дар муддати кӯтоҳ воситаҳои маҳви моҳвораҳои худро таҳия кунанд.

Таҳлилгар таъкид мекунад, ки системаи кайҳонии "ПРО" дар ояндаи наздик метавонад самаранокии худро аз даст диҳад, зеро силоҳҳои ҳастаии ҳамлакунанда ба сатҳи нав мегузаранд. Мувофиқи маълумоти гузорише, ки соли 2004 аз ҷониби Ҷамъияти физикии Амрико нашр шудааст, шумораи раҳгирҳои кайҳонӣ барои маҳви як мушаки баллистикии сӯзишвории сахт ба ҳазорҳо адад мерасад. Ҳатто бо вуҷуди коҳиши назарраси арзиши партобҳои кайҳонӣ, ҷойгиркунии чунин гурӯҳи раҳгирҳо дар мадор ҳамоно лоиҳаи ниҳоят гаронқимат боқӣ мемонад.

Дар муҳити журналистӣ низ андешае маъруф мешавад, ки ин иқдом бештар хусусияти иттилоотӣ дорад. Ба гуфтаи таҳлилгарони рӯзномаи «Ню-Йорк Таймз», ин ташаббус пеш аз ҳама барои ҳифзи имиҷи президент Доналд Трамп ва нишон додани нақши гӯё ҳукмфармои ИМА дар ҷаҳон равона шудааст.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!