Чаро Исроил акнун тамаркузи худро ба самти Туркия маътуф кардааст?
Нависанда: Тарта Порсӣ, ҳамбунёнгузор ва муовини иҷроии муассисаи Куинси барои дипломматияи масъулона
Мақолаи аслӣ: Israel's Conflict with Turkey Is Not an "If" but a "How"
Бо тағйир тавозуни қудрат дар минтақа, коҳиши нисбии қудрати Эрон ва зуҳури Исроилу Туркия ба унвони қудратҳои бартар, рақобат байни Телавив ва Анқара на як эҳтимол, балки як зарурат аст. Савол ин нест, ки оё онҳо вориди рақобат мешаванд ё на, балки ин аст, ки чигуна бо он мувоҷиҳ мешаванд: аз тариқи рӯёрӯӣ ё мудирияти сулҳомез.
Ҳамон тур, ки дар китоби “Иттиҳоди хоинона” шарҳ додаам, пас аз поёни ҷанги сард низ вазъияти мушобеҳе ба вуҷуд омад: фурӯпошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ тавозуни ҷаҳонии қудратро ба таври чашмгире тағйир дод ва шикасти Ироқи Саддом дар ҷанги Халиҷи Форс, вазъияти геополитикии минтақаро ба ҳам рехт. Як сохтори дуқутбии навзҳури минтақаӣ бо зуҳури Эрону Исроил ба унвони ду қудрати аслӣ бидуни ҳеҷ миёнҷии муассир (бо таваҷҷуҳ ба шикасти Ироқ) шакл гирифт.
Исроил ибтидо вориди амал шуд ва доктринаи пешини худро воруна кард: доктринаи атрофӣ. Тибқи ин доктрина, Исроил бо кишварҳои ғайрараби атрофи худ (Эрон, Туркия, Эфиопия) муттаҳид мешуд то дар баробари қудратҳои арабии атрофаш (Ироқ, Сурия, Миср) мувозина эҷод кунад.
Аммо пас аз соли 1991, дигар ҳеҷ давлати арабӣ боқӣ намонда буд, ки таҳдиди низомии мутаорифе барои Исроил бошад. Дар натиҷа, тамаркузи Исроил ба самти Эрон тағйир ёфт. Тасмимгирандагони исроилӣ ба ин натиҷа расиданд, ки таҳдиди ҷадиди дигар дар ҳамсоягии арабӣ нест, балки дар перомуни форсӣ аст.
Нуктаи аҷиб ин буд, ки душмании Эрон бо Исроил дар даҳаи 1980 аз сӯи Исроил ҷиддӣ талаққӣ намешуд, зеро тамаркузи он рӯи Ироқ ва кишварҳои арабӣ буд. Дарвоқеъ, дар даврони Хумайнӣ, Исроил талош дошт равобити худро бо Эрон эҳё кунад ва бо вуҷуди мухолифати режими рӯҳонӣ, Исроил Вашингтонро ташвиқ мекард то бо Эрон музокира кунад, ба он силоҳ бифурӯшад ва суханони зидди Исроили мақомоти эрониро нодида бигирад, чаро ки онҳоро бозтоби сиёсатҳои воқеии Теҳрон намедонист.
Эрон аз ин чархиши исроилиҳо ғофилгир шуд. Дар он замон, шӯри инқилобиаш ба суръат дар ҳоли коҳиш буд ва давлати Рафсанҷонӣ башиддат дар пайи беҳбуди равобит бо Амрико барои дастрасӣ ба сармоягузорӣ ва фурсатҳои иқтисодӣ буд. Эрон дастрасӣ ба маёдини нафтиашро пешниҳод дод ва хоҳони ҳузур дар конфронсҳои таъйинкунандаи назми геополитикии минтақа буд. Аммо аз сӯи Вашингтон рад шуд ва аз конфронси Мадрид канор гузошта шуд.
Дар иваз, Исроил Амрикоро мутақоид кард, ки барои таҳаққуқи сулҳи Исроил ва фаластиниён, бояд таҳдиди ҷадид — бунёдгароии исломии Эрон —ро бо таҳрим ва инзиво хунсо кунад. Ҳамонт ур, ки Мартин Индик ба ман гуфт, ҳар чӣ сулҳ миёни Исроил ва фаластиниён бештар мешуд, Эрон бештар мунзавӣ мешуд; Ва баръакс, ҳарчи Эрон мунзавитар мешуд, сулҳ байни Исроил ва аъроб ҳам афзоиш меёфт.
Дар ҳамин нуқта буд, ки рақобати воқеии Исроил ва Эрон оғоз шуд. Теҳрон дар вокуниш, ба сӯроғи нуқтаи заъфи роҳбурди Амрико ва Исроил рафт: фароянди Осло. Агар ин фароянди сулҳ ноком мемонд, соири аҳдофи Амрикову Исроил низ шикаст мехӯрд. Аз ин лаҳза, Эрон ба таври ҷиддӣ аз гурӯҳҳои фаластинии мухолифи сулҳ ҳимоят кард (равобиташ бо Ҳамос то чанд соли баъд пуртаниш боқӣ монд, то ин ки Шайх Ёсин дар соли 2004 тавассути Исроил террор шуд).
Мантиқи ин рақобати роҳбурдӣ тайи се даҳаи гузашта ду кишварро ҳидоят кардааст: Исроил талош карда Эронро мунзавӣ ва таҳрим кунад, монеъи дипломатияи Амрико ва Эрон шавад, тавофуқи эҳтимолиро хунсо кунад ва Амрикаро ба ҷанг бо Эрон савқ диҳад. Дар муқобил, Теҳрон бо ҳимоят аз гурӯҳҳои зиддиисроилӣ ва муқовимат дар баробари инзиво, дар пайи тавофуқ бо Амрико будааст.
Исроил чанд пирӯзии бузург ба даст оварда: меҳвари муқовимати Эрон то ҳадди зиёде фурӯ пошида ва Исроил дар остонаи султаи ҳавоии пойдор бар Эрон аст — ҳатто агар натавонад комилан муваффақ шавад, аммо мавқеиятшро бисёр тақвият кардааст.
Агарчи ин рақобат ҳанӯз ба поён нарасида ва Исроил ҳанӯз пирӯзи ниҳоӣ нест, аммо нигоҳашро ба самти кишвари баъдӣ маътуф карда, ки бояд барои таҳаққуқи гегемонияи низомиаш дар Ховари Миёна маҳор шавад: Туркия (докторинаи Исроил бар пояи султа аст, на тавозун.)
Пирӯзии Туркия дар Сурия, онро ба маркази таваҷҷуҳи Исроил кашондааст. Аммо Туркия бо Эрон мутафовит аст: узви НАТО ва Гурӯҳи 20 аст, таҳрими он осон нест, қудрати суннии бо нуфузи нарми бисёр бештар аз Эрони шиа дар даҳаи гузашта аст. Албатта Туркия ҳам осебпазириҳое дорад, аз ҷумла масъалаи ҷудоиталабии курдҳо.
Аммо то замоне, ки Исроил бовар дорад амнияташ фақат бо султаи низомӣ бар ҳамсоягони билқувва хатарнок ҳосил мешавад — чӣ онҳо қасди хусумат дошта бошанд ё на — зуҳури Туркия ба унвони як қудрати минтақаӣ, онро ба ҳадафи баъдии Исроил табдил хоҳад кард, чӣ Туркия бихоҳад чӣ на.
Нерӯҳои геополитикӣ қобили ҳазф нестанд. Дар беҳтарин ҳолат метавон онҳоро маҳор кард.