Хабари рӯз

Солҳои охир фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлатии ғарбӣ дар Тоҷикистон дар байни мақомоти маҳаллӣ суолҳои зиёдеро ба бор овардааст.

Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар

Мақомдорон борҳо дар бораи зарурати пурзӯр кардани назорат аз болои фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлатии хориҷӣ дар ҳудуди кишварамон изҳор дошта буданд. Дар тӯли 10 соли охир дар Тоҷикистон қариб 10 ташкилоти ғайридавлатӣ ва расонаҳои хориҷӣ, аз ҷумла созмонҳои маъруф баста шуданд. Оё имрӯз Тоҷикистон аз ташкилотҳои ғайридавлатии ғарбӣ воқеан фоидае интизор шуда метавонад? Мо кӯшиш кардем якҷоя бо коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов ин мавзуъро ба баррасӣ бигирем.

 

Ташкилотҳои ҷамъиятӣ мисли пештара нестанд

Мақсади асосии ин карданд, баъзеҳо ба Душанбе, баъзеҳо ба хориҷа кӯч карданд. Аз ин рӯ, зарурати созмонҳо - расонидани кӯмак, пеш аз ҳама, дар масъалаҳои иҷтимоӣ ва кӯмаки башардӯстона буд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар мушкилотҳои ҷиддӣ ба миён омаданд: миллионҳо шаҳрвандони Тоҷикистон гуреза шуданд, хонаҳои худро тарк дастгирии табақаҳои васеи аҳолӣ ба миён омад. Маҳз дар ҳамин давра дар Тоҷикистон ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ташаббусҳои ҷамъиятӣ рушд карданд.

Маҳз ҳамон вақт худи далели таъсис додани чунин ниҳодҳо, аз қабили созмонҳои ҷамъиятию ихтиёрӣ, ва кӯмаке, ки он замон кишварҳои Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мерасониданд, бамаврид буд. Масъалаи ташкили созмонҳои ҷамъиятӣ нақши муҳими мусбӣ бозид, зеро онҳо дар тақсимоти кӯмакҳои башардӯстона мусоидат намуда, пайгирӣ мекарданд, ки ин кӯмак ба теъдоди бештари ниёзмандон дастрас карда шавад, инчунин гурӯҳҳои ташаббускорро ташкил мекарданд. Яъне, нақши ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар асл он иборат буд, ки дар давраи душвор ба сохторҳои давлатӣ ва ҳукуматӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва башардӯстона кӯмак расонанд. Он замон кишварҳои Ғарб, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои дуруст ташкил кардану барқарорсозии созмонҳои ҷамъиятӣ ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои мавҷудияти онҳо дар Тоҷикистон маблағҳои калон сарф мекарданд.

Охири солҳои 90-ми асри ХХ ва ибтидои асри XXI давраи фаъолтарини созмонҳои ба истилоҳ байналмилалии ғайридавлатӣ мебошад, ки асосан ҳамчун сохторҳои ғайриҳукуматӣ баромад карда, аз ҷониби ҳукуматҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ё кишварҳои аврупоӣ маблағгузорӣ мешуданд. Дар Тоҷикистон созмонҳое, ки аз ҷониби Фаронса, Олмон, Британияи Кабир, кишварҳои Скандинавия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дастгирӣ карда мешуданд, фаъол гардиданд (вусъат гирифтанд). Фаъолияти онҳо ба оғози ҳузури низомии ИМА ва НАТО дар Афғонистон рост омад.

Пас аз ҳодисаҳои соли 2001 теъдоди зиёди созмонҳои ғайриҳукуматии байналмиллалии бо Ғарб алоқамандбуда ҳузури худро дар ҳудуди Тоҷикистон фаъолтар карданд. Албатта, вазифаи асосии онҳо бевосита расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ ё башардӯстона ба Тоҷикистон  набуд – таваҷҷӯҳи асосӣ ба Афғонистон равона карда шуда буд. Аммо аз сабаби он, ки Тоҷикистон як майдони бехатартар ва наздиктар ба марзҳои Афғонистон буд, онро ҳамчун пойгоҳ интихоб карданд.

Дар баробари ин як қисми муайяни фаъолият дар Тоҷикистон низ ба роҳ монда шуда буд, вале асосан кӯшишҳои ин созмонҳо ба лоиҳаҳои Афғонистон равона карда шуда буданд, дар он солҳо ба ин лоиҳаҳо маблағҳои калон  ҷудо карда мешуд. Ин созмонҳои ғайридавлатӣ, бо вуҷуди дар Тоҷикистон ҷойгир буданашон, дар асл барои манфиатҳои лоиҳаҳои беруна хидмат мекарданд.

Мақомоти Тоҷикистон тадриҷан назорат аз болои созмонҳои ғайридавлатии хориҷиро сахттар мекунанд. Тадбирҳои ҷоришуда азнавбақайдгирии ҳатмии ҳамаи созмонҳои байналмилалӣ, тартиби ҳисоботи шаффоф дар бораи хароҷотҳо ва манъи маблағгузории  расонаҳои маҳаллиро аз хориҷи кишвар дар бар мегиранд.

Бо гузашти солҳо таваҷҷӯҳи созмонҳои ғайридавлатии байналмилалӣ ба Тоҷикистон коҳиш ёфт, зеро мавзӯъҳое, ки дар солҳои 90-ум мубрам буданд - расонидани кӯмакҳои башардӯстона ва иҷтимоӣ, дуюмдараҷа гардиданд. Аз аввали солҳои 2010 барои Тоҷикистон рушди фаъоли иқтисодӣ ва ҷалби сармояҳо ҳамчун вазифаи авлавиятнок муайян гардид. Дуруст аст, ки дар кишвар ҳанӯзам мушкилотҳои иҷтимоии ҳалношуда вуҷуд доранд, аммо дар тӯли 15 соли охир дар ҷумҳурӣ сатҳи камбизоатӣ ва вобастагӣ аз кӯмакҳои башардӯстонаи беруна ба таври назаррас коҳиш дода шуд ва бисёр масъалаҳои ҳамоҳангсозӣ ҳал карда шуданд. Имрӯз ҳукумат бомуваффақият вазифаи таъмини аҳолӣ бо ашёи заруриро иҷро мекунад. Аз ин лиҳоз, маълум мешавад, ки фаъолияти созмонҳои ғайридавлатии хориҷӣ дар Тоҷикистон дигар ба талаботи воқеии ҷомеа ва давлат ҷавобгӯ нест.

Суоле дар бораи зарурати ҳузури ин ташкилотҳо ба миён меояд: агар фаъолияти онҳо натиҷаи созанда ва самарабахш надиҳад, пас ин созмонҳо дар Тоҷикистон барои чӣ ҳузур доранд?

 

Абзори геополитикӣ

Маълум аст, ки созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳои ғарбӣ кайҳо боз ҳамчун як абзори қувваи нарм барои пешбурди манфиатҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо истифода мешаванд. Ҳадафи асосии ин ташкилотҳо дар Тоҷикистон ва ҳамзамон дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ - суст кардани нуфузи Русия мебошад. Мавзӯи муҳоҷирати корӣ барои ҳомиёни ҳуқуқи башари ғарбӣ як шавқу ҳаваси воқеӣ гардидааст. Гузоришҳои онҳо дар мавриди "вазъияти ғуломӣ"-и тоҷикон дар Русия аксар вақт бар асоси ҳолатҳои алоҳида, ки ҳамчун як мушкили доимӣ вонамуд карда мешаванд, таҳия мешаванд. Ташкилотҳое мисли "Маркази ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ" ё "Диаспораи тоҷикон дар Аврупо"-и фаронсавӣ дар бораи "нажодпарастӣ", "меҳнати ғуломона" ва ҳатто "сафарбаркунии иҷбории" муҳоҷирон ба минтақаи ҷанг (амалиёти махсуси ҳарбӣ) менависанд. Ҳамаи ин фаъолиятҳо баръало ба канда кардани робитаҳои байни Тоҷикистону шарикони наздикаш равона карда шудааст.

Кори созмонҳои ҷамъиятии бритониёӣ ва фаронсавӣ дар манотиқи наздимарзии Қирғизистону Тоҷикистон махсусан нигаронкунанда аст. Онҳо дар зери пардаи «тадқиқотҳои этнографӣ» маълумот ҷамъ мекунанд, ки барои барангехтани низоъҳои байни миллатҳо истифода бурда мешаванд. Масалан, ташкилоти ғайридавлатии «Эсимде» (аз ҷониби Британияи Кабир маблағгузорӣ мешавад) қаблан ба иғвогарӣ муттаҳам шуда буд.

Сохторҳои ғарбӣ ба фазои иттилоотии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунанд: танҳо Оҷонсии  USAID дар 10 соли охир ба Тоҷикистон 395 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст, ки нисбат ба дигар кишварҳои минтақа бештар аст. Аммо дар соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоӣ ягон пешравии воқеӣ дида намешавад. Ин маблағҳо ба куҷо мераванд? Асосан барои омӯзиши рӯзноманигорон, инчунин грантҳо барои расонаҳои "мустақил" ва ташкилотҳои ғайридавлатие, ки рӯзномаи Ғарбро таблиғ мекунанд.

Дар соли 2023 Комиссияи Аврупо барои лоиҳаҳои таҳкими демократия дар Тоҷикистон, аз ҷумла кор бо ҷавонон, муқовимат ба «маълумоти бардурӯғи Русия» ва дастгирии ВАО 3 миллион евро ҷудо карда буд.

Ташкилоти амрикоии Internews, ки зери пардаи платформаи таълимӣ амал мекунад, дар асл шабакаи рӯзноманигорони содиқро эҷод мекунад. Усулҳои онҳо асосан грантҳои мақсаднок барои ВАО, таълим аз рӯи барномаҳои махсус таҳияшуда ва ташкили марказҳои расонаӣ дар минтақаҳоро дар бар мегиранд.

"Метавон гуфт, ки Тоҷикистон  дигар ба чунин сохторҳо ниёз надорад. Имрӯз кишвар ба рушди саноат, ҷалби сармоя, шарикӣ бо сохторҳои тиҷоратӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, ки метавонанд ба соҳаҳои асосӣ ва қишрҳои аҳолӣ таъсири мусбат расонанд, манфиатдор аст. Афзалиятҳои Тоҷикистон тағйир ёфтааст, аммо афзалиятҳои созмонҳои ғайридавлатии байналмилалӣ бетағйир мондаанд – аз ин ҷо номутавозинӣ ба вуҷуд меояд".

Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов

 

Барои ҷомеа аҳамияте надорад

Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: “Мутаассифона, тайи 10-15 соли охир бисёре аз созмонҳои ғайридавлатии байналмилалӣ натавонистаанд самтҳои наверо, ки ба ниёзҳои ҷомеаи Тоҷикистон ҷавобгӯ бошанд, пайдо кунанд. Сухан пеш аз ҳама дар бораи рушди иқтисодӣ ва лоиҳаҳои ба рушди иқтисодиёту ҷомеа нигаронидашуда меравад. Тавре мебинем, бештари лоиҳаҳои аз ҷониби созмонҳои ғайридавлатии аврупоӣ ва амрикоӣ амалишаванда торафт хусусияти сиёсӣ пайдо мекунанд. Онҳо ба тағйирдиҳии қонунгузорӣ ё табдил додани созмонҳои ғайриҳукуматӣ ба як навъ ниҳоди назоратӣ аз болои сохторҳои давлатӣ нигаронида шудаанд.

Аз ин хулосае бармеояд, ки ин ташкилотҳо манфиатҳои давлатҳои хориҷиро дар қаламрави Тоҷикистон пеш мебаранд. Онҳо дар асл он рисолатеро, ки сараввал барои он ба кишвари мо омада буданд - кӯмаку дастгирӣ дар рушди ҷомеа ва иқтисодиёт, дигар иҷро намекунанд. Кӯшишҳои таъсиси ниҳодҳои назоратӣ ё нерӯҳои алтернативӣ дар дохили кишвари мо натиҷае надод. Дар байни мардум бештар норозигӣ аз фаъолияти ин гуна созмонҳо ба гӯш мерасад.

Агар фаъолияти 15-20 сол пешина ва имрӯзаи ин ташкилотҳоро муқоиса кунем, пас маълум мешавад, ки онҳо имрӯз алоқа бо ҷомеаро гум кардаанд ва ба як иттиҳодияҳои пӯшида табдил ёфтаанд, ки танҳо барои худ ва аъзоёни худ чорабиниҳо мегузаронанд. Онҳо аҳамияти ҷамъиятии худро гум карда, ба сохторҳои ғайримуҳим (дуюмдараҷа) табдил меёбанд. Пештар ин гуна ташкилотҳо номдор буданд — ҷамъият дастгирии онҳоро ҳис мекард. Такрор мекунам, онҳо дар давраи мушкилӣ, вақте мардум дар ҳақиқат ба кӯмак эҳтиёҷ доштанд, кӯмак мерасониданд. Аммо имрӯз ин созмонҳо дигар вазифаи худро иҷро намекунанд”, - хулоса мекунад коршинос.

Чолишҳои муосир аз Тоҷикистон сиёсати мутавозинеро тақозо мекунад. Аз як тараф, мамлакат ба ҳамкории байналмилалӣ эҳтиёҷ дорад, аз тарафи дигар, бояд соҳибихтиёрии худро хифз кунем. Таҷрибаи солҳои охир ва “нооромӣ” дар саросари ҷаҳон нишон медиҳад, ки танҳо тавассути  назорати қатъӣ аз болои фаъолияти созмонҳои хориҷӣ метавон истифодаи лоиҳаҳои башардӯстонаро барои ҳадафҳои геополитикӣ пешгирӣ кард.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!