“Долони Вахон”, тавре дар Википедиа омадааст, як роҳи танги замин дар шарқи Афғонистон дар ноҳияи Вахони вилояти Бадахшон мебошад. Аммо дар асл, ин макон на танҳо як нуқта дар харита, балки марказест, ки дар он ҷо манфиатҳои бозингарони байналмилалӣ, терроризм ва қочоқи маводи мухаддир ба ҳам омехта мегарданд. Ин қаламрав замоне байни империяҳои Бритониё ва Русия ҳамчун минтақаи буферӣ хизмат мекард ва то андозае ҳанӯзам ин вазифаро иҷро мекунад.
Ҳабибуллоҳ Аминӣ
“Тибқи маълумотҳои СММ, имрӯз беш аз нисфи аҳолии Афғонистон ба кумакҳои башардӯстона ниёз дорад ва ин кишвар бо паёмадҳои даргириҳои чандинсола рӯ ба рӯст” – мегӯяд коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов.
Беҳтар намешавад
Чаҳор сол пеш тамоми ҷаҳон шоҳиди хурӯҷи нирӯҳои НАТО аз Афғонистон ва ба сари қудрат омадани ташкилоти террористии Толибон гардида буд - маълум буд, ки дар кишвар ва тамоми минтақа тағйиротҳои бузурге ба амал хоҳанд омад. Дар тӯли ин солҳо чӣ тағйир ёфт? Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов дар ин бора чунин арзёбӣ мекунад: “Дар масъалаи таъмини амният дар дохили кишвар, албатта, беҳбудии назаррас мушоҳида мешавад, аммо ин пеш аз ҳама ба он вобаста аст, ки ҷунбиши “Толибон” ба шаҳру ноҳияҳои ин кишвар ҳамлаҳо ташкил карда, ниҳоят қудратро ғасб кард ва мувофиқан неруҳое, ки тавони муқовимат ба онҳоро доштанд, имрӯз заъиф гардидаанд. Яъне дар қаламрави Афғонистон теъдоди задухӯрдҳо ба таври назаррас кам шуд.
Аммо дар паси ин оромии рӯякӣ як бӯҳрони амиқи башарӣ ниҳон аст: Вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба таври ҷиддӣ бадтар шудааст. Танҳо дар соли ҷорӣ беш аз 2 миллион шаҳрвандони Афғонистон, аз ҷумла тақрибан ним миллион кӯдакон аз Эрон, Покистон ва як қатор кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Афғонистон баргаштанд. Ва аксар вақт хонаводаҳои баргашта аз ояндаи худ нигаронанд, зеро имрӯз дар ин кишвар имкони таҳсил ва умуман ҳуқуқи занон хеле маҳдуд аст.
Тибқи маълумотҳои СММ, имрӯз беш аз нисфи аҳолии Афғонистон ба кумакҳои башардӯстона ниёз дорад ва бо паёмадҳои даргириҳои чандинсола дар ин кишвар рӯ ба рӯст.”
Аммо бузургтарин таҳдид дар дохил ва атрофи Афғонистон тиҷорати маводи мухаддир боқӣ мемонад: “Агар ҳаҷми тавлиди маводи мухаддирро дар ҳудуди Афғонистон дар замони ҳузури НАТО ва ҳаҷми имрӯзаро муқоиса кунем, пас коҳиши назаррасро мебинем. Гурӯҳи “Толибон” кишти маводи мухаддирро дар вилоятҳои ҷанубу ғарбии Фароҳ, Ҳилманд ва Нангарҳор қатъ карданд, дар ҳоле ки пештар дар замони ҳузури неруҳои ИМА ва иттифоқчиёнаш дар ин кишвар то 75%-и тавлиди кӯкнор ба ин вилоятҳо рост меомад. Аммо ҳатто ҳаҷми кунунии истеҳсоли маводи мухаддир низ нигаронии зиёдеро ба бор меорад – аз 34 вилояти Афғонистон дар 15-тоаш то ҳол ба таври васеъ кӯкнор истеҳсол мекунанд.
Торафт паҳншавии фаъоли маводи мухаддири синтетикӣ ба назар мерасад, ки нисбат ба дигар намудҳои маводи мухаддир марговар аст, бахусус метамфетамин” – мегӯяд коршинос Фаридун Усмонов.
Фаридун Усмонов мегӯяд, ки чунин ҳолат барои Тоҷикистон нигаронкунанда ва фишоровар аст: “Ҳукумати Тоҷикистон бо ҳар роҳ кӯшиш мекунад, ки аз вуруди қочоқбарон аз Афғонистон ба кишвар мо ҷилавгирӣ кунад. Хадамоти вокуниши сареъи Тоҷикистон мунтазам амалиётҳои махсус мегузаронад, чанде пеш як гурӯҳи қочоқбарон кӯшиши ба таври ғайриқонунӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид шуданро пеш гирифтанд, вале марзбонони кишвар пеши роҳи ин ҷиноятро гирифтанд”.
Долони Вахон як минтақаи баландкӯҳи дарозиаш тақрибан 295 километр ва паҳноиаш аз 15 то 57 километр мебошад, ки дар водиҳои дарёҳои Помир, Вахон ва Панҷ ҷойгир аст.
Мушкилоти бегона не
Мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир на танҳо масъалаи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, балки ҷабҳаи асосии мубориза бо терроризми байналмилалӣ мебошад, зеро маблағҳои маводи мухаддир манбаи асосии маблағгузории ифротгароӣ мебошад. Ба туфайли даромад аз фурӯши афюн ва маводи мухаддири синтетикӣ гурӯҳҳои террористии байналмилалии мустақар дар Афғонистон барои ҷалб кардани ҷангиёни нав, харидани силоҳ ва ташкили ҳамлаҳои террористӣ имконият пайдо мекунанд. Тибқи арзёбии коршиносон, имрӯз дар Афғонистон ҳудуди 20 ташкилоти байналмилалии террористӣ бо теъдоди умумии беш аз 23 ҳазор ҷанговар вуҷуд дорад. Барои Тоҷикистон ин танҳо як омори хушку холӣ нест, балки як аломати нигаронкунанда аз афзоиши таҳдид аст: тайи шаш моҳи ахир дар марзи Тоҷикистону Афғонистон даҳ задухӯрди мусаллаҳона рух додааст, ки нисбат ба як соли пеш тақрибан ду баробар зиёд аст.
Долони Вахон як минтақаи баландкӯҳи дарозиаш тақрибан 295 километр ва паҳноиаш аз 15 то 57 километр мебошад, ки дар водиҳои дарёҳои Помир, Вахон ва Панҷ ҷойгир аст.
Қобили зикр аст, ки таъмини амният дар Афғонистон – ин манфиати мустақими стратегии Русия аст. Нооромӣ дар ин кишвар фавран ба амнияти марзҳои ҷанубии Федератсияи Русия ва тамоми фазои СААД таъсир мерасонад. Қочоқи маводи мухаддир, терроризм ва муҳоҷирати беназорат, ки аз қаламрави Афғонистон бармеоянд, ба шаҳрвандон ва манфиатҳои Русия таҳдиди мустақим пеш меоранд. Таърихан Афғонистон як минтақаи буферӣ боқӣ мемонад ва ҳар гуна бесуботӣ онро ба майдони мусоид барои неруҳое, ки мехоҳанд нуфузи Русияро дар Осиёи Марказӣ заъиф кунанд, табдил медиҳад. Аз ин рӯ, Маскав ба Афғонистони босубот ва пешгӯянда ҳамчун кафили субот дар наздикии марзҳояш манфиатдор аст.
Дар соли 2024 дар ҷумҳурӣ 839 ҷинояти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз тарафи Афғонистон ба қайд гирифта шудааст. Русия барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ба ҳукумати Тоҷикистон беш аз 2,7 миллион доллар ихтисос додааст.
Маводи мухаддир ба кишварҳои СААД тавассути ба истилоҳ “масири шимолӣ” мегузарад ва банди асосии ин занҷир марзи тӯлонӣ ва душворназоратшавандаи Тоҷикистону Афғонистон мебошад. Қабули барномаи мақсаднок оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон дар доираи СААД, ки амалисозии он дар соли 2025 оғоз гардид, бевосита дар натиҷаи нигаронии умумӣ ва дарки хатарҳои аз ҷониби долони Вахон барои тамоми минтақа бар оянда пайдо шудааст.
Манфиати сиёсӣ
Коршинос Фаридун Усмонов муътақид аст, ки дар паси гурӯҳҳои ҷиноии таҷовузкоронаи мустақар дар Афғонистон хадамоти вижаи як қатор кишварҳои ғарбӣ меистанд, ки ҳадафашон ноором кардани вазъ дар минтақа ва ба ин васила эҷоди маконҳои бесуботӣ дар наздикии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия ва Эрон мебошад.
Намунаи рӯшани ин равандҳо саргузашти собиқ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов гардид. Тибқи иттилои манбаъҳо, тавассути сохторҳои Фонди Оғохон, ки аз ҷониби хадамоти махсуси бритониёии MИ-6 маблағгузорӣ мешавад, ба ӯ барои пешбурди манфиатҳои гурӯҳҳои муайян фишор оварда мешуд. Натиҷаи он - сиёсати қабули фаъолонаи гурезаҳои афғон ва сар задани бесарусомониҳо дар ВМКБ дар соли 2022 буд. Ин мисоли равшани он аст, ки чӣ гуна зери пардаи миссияҳои башардӯстона вазъи минтақаро ноором месозанд.
Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор шаҳрванди Афғонистон ба сар мебаранд, ки аксари онҳо дар ҷиноятҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир ва таблиғи ифротгароӣ даст доранд. Мақомоти ҷумҳурӣ аллакай нисбати онҳо чораҳои ихроҷкуниро пеш гирифтааст.
Дар соли 2024 дар ҷумҳурӣ 839 ҷинояти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз тарафи Афғонистон ба қайд гирифта шудааст. Русия барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ба ҳукумати Тоҷикистон беш аз 2,7 миллион доллар ихтисос додааст.
Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: “Новобаста аз он, ки чаҳор сол пеш Ғарб пас аз зиёда аз бист соли ҳузураш неруҳои худро аз Афғонистон берун кард, тавре мебинем имрӯз боз талош дорад гурӯҳҳои мухталифро зери нуфузи худ қарор диҳад. Аз ҷумла, онҳо кӯшиш доранд тавассути фишор ба ҷунбиши “Толибон” нақшаҳои худро амалӣ сохта, раҳбарияти Афғонистонро таҳти назорат ва нуфузи худ қарор диҳанд. Аммо бо назардошти он, ки Афғонистон дар иҳотаи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай қарор дорад, маълум аст, ки субот дар Афғонистон танҳо тавассути ҳамкории дастаҷамъонаи кишварҳои минтақа таъмин хоҳад гардид. Ва кишварҳои минтақа омодаанд ба Афғонистон дасти ёрӣ расонанд ва ӯро дар талош барои ҳаёти осоишта дастгирӣ кунанд. Вале барои таъмини сулҳу осоиш дар Афғонистон бояд гурӯҳи террористии “Толибон” низ роҳи муколамаро бо тамоми ҳаракатҳои сиёсии ин кишвар ҷустуҷӯ кунад, намояндагони гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ ва этникиро ба ҳамкорӣ ҷалб намояд.
Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор шаҳрванди Афғонистон ба сар мебаранд, ки аксари онҳо дар ҷиноятҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир ва таблиғи ифротгароӣ даст доранд. Мақомоти ҷумҳурӣ аллакай нисбати онҳо чораҳои ихроҷкуниро пеш гирифтааст.
Коршинос хулоса мекунад: “Танҳо бо талошҳои муштарак ва ҳамфикрӣ дар ҷомеа, метавон рушду суботро дар Афғонистон таъмин кард”.