Хабари рӯз

Чаро Имронхон дар бозии қудрат ба сарнавишти Навоз Шариф, хонаводаи Буту ва Оқоси, нахуствазирони қаблӣ гирифтор шуд?

Нависанда: Муҳаммад Қодир Мисбоҳ, коршиноси масоили минтақа, махсус барои "Сангар"

Ҳизби Таҳрики Инсофи Покистон, ки дар соли 1996 ба ибтикори капитани крикети тими миллии Покистон оқои Хон таъсис шуд, тавонист таодули қувваҳои сиёсии ду ҳизби асосии Покистон - Муслим Лиг ва Авом Парти ё ҳамон Ҳизби Мардумро ба ҳам бизанад ва худ ба чоназании контроли қудрат ва ё тақсими сиёсии кейки қудрат бирасад. Аз ин ҷиҳат, ҳизби сиёсии ӯ тавонист ҷойгоҳи поя ё ҳизби севум барои мубориза дар набарди қудрат дар Покистон табдил ёбад, коре, ки дар бисёре аз кишварҳо то ҳанӯз сохторманд нашудааст.

Қудрати бозии сиёсии як созмон чӣ дар барномаҳои намоишӣ ва чӣ дар барномаҳои амалӣ зуҳур ва бурузе дорад, ки ба хубӣ аз шиорҳову баёнияҳо ба мухотиб мунтақил мешавад. Оқои Хон вақте Ҳизби Инсофро сохта буд, гуфта буд, ки ҳизбаш аз эҷоди як давлати рифоҳ, омӯзиш, саломативу иштиғол, озодии баён, ҳазфи молиёт ва маҳви табъизи динӣ пуштибонӣ мекунад. Ва низ гуфта буд, ки танҳо ҳизбест, ки хешовандсолориро намепазирад. Ба зудӣ ин иборот ва аҳдоф ҷойи пой дар тафаккури мардуми Покистон ёфт ва амалан ба як хезиши умумии фикрӣ мубаддал шуд ва дар интихоботҳои гузашта ин шӯр ба исбот расид.

Ҳол чаро Имронхон дар бозии қудрат ба сарнавишти Навоз Шариф, хонаводаи Буту ва Оқоси, нахуствазирони қаблӣ гирифтор шуд?

Покистон ба лиҳози сохтори сиёсӣ ва бозиҳои минтақаӣ яке аз муҳиммтарин маркази танишу буҳрон пас аз истиқлоли худ талаққӣ мешуд. Аммо мунозиъа бар сари минтақаи Кашмир бо Ҳиндустон, дахолат дар рӯйдоди ҷудоиву истиқлоли Бангладеш, ҷанги 45-солаи Афғонистон, мавзӯъи бархӯрди хушунатомез бо худмухтории балучҳо, тарҳи табъизи систематик бо ақаллиятҳои мазҳабӣ ва аёлатӣ, аз ҷумла авомили бесуботии дохилиро дар давраҳои тӯлонии баъд аз 1947 пушти сар гузошт. Имкони ҳар лаҳза фурӯпошии он ҷиддӣ ва ҷиддитар мешуд, вале ба далели хушшонсӣ ва наздикӣ ба лордҳои подшоҳии Инглис ва сармоядорони Амрико давлатмардони Покистон тавонистанд аз манобеъи саршори молӣ, машваратӣ, истихборотӣ ва таслиҳотӣ худро ҳифз кунанд ва Покистон аз ҳам напошаду ҳамчунон ба бузургтарин бозигари минтақаӣ табдил шавад.

Ҷангҳои ниёбатӣ ба мадади пули саршори петродоллари Арабистони Саудӣ, мушовираҳои фаннӣ ва маслакии кишварҳои ғарбӣ бо истихдоми ифротиҳои минтақаӣ ва гурӯҳҳои ҷиҳодгари исломи сиёсӣ истеъдоди худро барои майдони ҷадиди бозӣ боз кард.

Покистон, ки худ хеле ҷавону тозатаъсис буд, бо илҳом аз сиёсати осиёии Ғарб тавонист рӯйкарди баъди 1945 Ғарбро дарк кунад. Бо хатми Ҷанги ҷаҳонии дувум, ки Аврупо тӯъмаҳои чарби қобили ҳазм барои Иттиҳоди Шӯравӣ ва Амрико шуда буд, ибтикори худро бо инҳо пайвандёфта талаққӣ кард ва ҳамроҳиашро бо сиёсати мубориза бо коммунизм, терроризм ва маводи мухаддир эълон кард.

Покистон бо ин ҳадафи вафодорӣ ба Ғарб, бахусус Амрико, кӯмак кард, ки ҳарифи тавсеаталаби русии онҳоро дар майдони Афғонистон биталабад ва пушташро ба хок бимолад. Амрико ба кӯмаки Покистон, аз як тараф, интиқоми тавсеаталабии Русия ба Аврупоро ҷуброн кард ва аз ҷониби дигар, аз шикасти ҷанги Ветнам ва Кореяи Шимолӣ ба навъе интиқом гирифт. Давлатмардони Покистон бо ишораи Инглис вориди даврае шуданд, ки барои маҳори коммунизм коромадтар ва муваҷҷаҳтар вонамуд шаванд ва то имрӯз аз дуди кундаи нимсӯхтаи маҳсули Ғарб истифода мекунанд.

Оқои Хон бо ҳизби Таҳрики Инсоф дуруст вақте ворид фазои сиёсии ин кишвар шуд, ки ҷанги сард бо азҳампошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ хатм шуда буд. Он замон гароиш ба якҷонибагароӣ дар меҳварияти Амрико ҳарфи аввалро мезад ва дигар қудрате вуҷуд надошт, то бо санъат, анбошти пул, технология ва фановарии Амрико рақобат кунад.

Аз ин ҳайс давлатмардони Покистон бо дарки вазъияти ҳоким бар сиёсати ҷаҳон танҳо метавонистанд аз ин манзар шарики қобили таваҷҷуҳе барои Ғарб бо корти амрикоӣ буда бошанд, тазмини ҳимоят аз эҷоди таъсисоти атомии худро бунён бигузоранд ва руҳияи ҳиндустонҳаросӣ алайҳи Ҳиндустонро, ки дорои таъсисоти атомӣ буд, дар дили так-таки шаҳрвандони покистонӣ бикорад ва ба ҷаҳони Ғарб, бахусус Амрико ин паёмро возеҳ бисозад, ки Покистон бидуни доштани бомби атом, ба сони муши раҳошуда дар шибҳи қораи пур аз гурбаҳои тездандон аст. Аз ин лиҳоз Покистон дар мақтаъе аз таърихи худ ба кӯмаки мушовирини инглисии худ тавониста буд бозии минтақаиро бо кортҳои зафарманд ба пеш бибарад ва таваҷҷуҳи ҷаҳони Ғарбро ба худ маътуф бидорад.

Вале сайри таҳаввулот чунон шитобон пеш рафт, ки аждаҳои зард дар Пекин бедор шуд ва хирси қутбӣ низ дар Маскав хамёза кашид. Ҳарду ҷаҳони такқутбиро ба чандсадоӣ даъват карданд ва якҷонибагароиро мухолифи Маншури Милали Муттаҳид ва Шӯрои амнияти ин созмон талаққӣ намуданд. Лашкаркашиҳои Югославия, Ироқ, Афғонистон, Либия, Яман, Сурия ва Украинаро ба рухи Амрикову Ғарб кашиданд. Гурӯҳи 20 дар Бали, Созмони ҳамкориҳои Шангхай, БРИКС, НАТО ва Иттиҳоди Авруосиё ва.. дар қолаби барномаҳои калони иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятӣ сар бароварданд ва оқои Хон дақиқан як рӯз қабл аз амалиёти вежаи Русия ба Украина дастони Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро фишор дода буд, ки мӯҷиби хашму қаҳри мақомҳои ғарбӣ, бахусус, амрикоиҳо шуд.

Ин ҳамзамон бо тарҳи “Як камарбанд ва як ҷода”-и Чин бо боз шудани даҳлезҳои дарёӣ, ҳавоӣ ва заминии Покистон ва қарордодҳои баландмуддати Исломободу Пекин дучанд гардид ва сабаб шуд, ки сенарияҳои ҷадиде дар Покистон ба вуҷуд биёяд ва мисли торҳои анкабут дар баданаи сиёсат, амният ва иқтисод танида шавад.

Бозӣ бо корти сурх оқои Хонро дар ин вазъияти гургу меш ботил мекунад ва мумкин тӯмори бозии сиёсиро ба гунаи дигаре рақам бизанад. Эҳтимолан Амрико ба баҳонаи ҳифозат ва нигаҳдорӣ аз тазминоти таъсисоти атомии Покистон роҳии минтақа шавад ва дар тааҳҳуди нонавишта ба мусодираи онҳо мубодарат кунад то аз дастбурди гурӯҳҳои ҳаросафгану ифротӣ дур шавад.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!