Ҳоло Кобулов Халилзод нест ва Русия низ Амрико нест. Афғонистон низ Афғонистон бист соли пеш нест, ки оқои Кобулов онро бар асоси санҷаҳои се даҳаи пеш ба таҳлил бинишинад!
Нависанда: Нуруллоҳ Вализода, таҳлилгар
1 - Кобулов асосан як диломати руси мутамоил ба Толибон аст. Ў бахше аз як ҳалқаи хос дар дастгоҳи дипломатияи Русия аст, ки мутамоил ба ҳамкории Русия бо Ғарб буда ва дар мавриди Афғонистон ин ҳалқа назараш ин буда, ки ҳукумати Толибон, дар сурате, ки неруҳои мухолифи Толибон низ дар ҳукумат шарик шаванд, мавриди ҳимоят қарор гирад.
2 - Изҳороти ахири оқои Кобулов агар бо диққат нигариста шавад бештар бозтоби ақибнишинии ӯ аз мавозеи қаблии толибонӣ аст. Қаблан ин дипломати русӣ яксара ба нафъи Толибон мавзеъгирӣ мекард ва барои хушнудии Толибон ҳатто номе аз Ҷабҳаи муқовимат ва раҳбари он ба забон намеовард. Ҳоло ҳарчанд ӯ тарҳи мусолиҳаи Толибон ва Ҷабҳаро аз забони раҳбарони Толибон баён мекунад, аммо воқеият ин аст, ки ин тарҳ бештар бозтоби дидгоҳи худи Кобулов аст. Дар воқеъ ӯ ҳоло қонеъ шуда, ки муқовиматро наметавон нодида гирифт ва бояд рӯйи тарҳи мусолиҳа кор кард.
3 - Ба арзи ҷаноби Кобулов расонида шавад, ки Толибон ҳоло на, балки дар ҳамон нахустин рӯзҳои шаклгирии муқовимат ҳозир ва омодаи гуфтугӯ бо раҳбари муқовимат буданд ва пешниҳод дода буданд, ки ҳозиранд ҳар мансаби ҳукуматиро, ки Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимат, бихоҳад ба ӯ бидиҳанд, машрут бар ин ки мавсуф аз муқовимат даст бардорад. Толибон медонистанд/медонанд, ки муқовимат шӯхӣ нест ва дер ё зуд ба як чолиши ҷиддӣ фаророҳи ҳокимияти саросарӣ ва бечунучарои ин гурӯҳ мубаддал хоҳад шуд. Толибон ва ҳомиёнашон медонистанд, ки азми Аҳмад Масъуд барои мубориза ҷазм аст ва дар ин росто ӯ ҳимояти густурдаи мардумӣ ва ҳимояти баъзе аз кишварҳои қудратманд ва таъсиргузорро низ дорад.
4 - Агар ҷаноби Кобулов аз Толибон ва аз ҷараёни муқовимат шинохти кофӣ надорад, ин нукта ҳам бояд ба арзашон расонида шавад, ки мавзуоти ихтилофӣ байни Муқовимат ва Толибон кӯчак ва сатҳӣ нест, ки бо эътои як ё чанд курсии намоишӣ ба раҳбарони Ҷабҳаи муқовимат дар сохтори такқавмӣ ва такгурӯҳии Толибон мушкил ҳаллу фасл шавад. Мавзуоти ихтилофӣ хеле бунёдӣ аст. Толибон дар як хатти қавмии фашистӣ дар ҳаракат ҳастанд ва ҷараёни муқовимат, як ҷараёни адолатхоҳ бо решаҳо ва ангезаҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва қавмӣ аст, ки бидуни тағйири калони сохтори қудрат наметавон ихтилофотро ҳал кард.
5 - Нуктаи дигаре, ки бояд Кобулов бидонад ин аст, ки Толибон як гурӯҳи қобили эътимод нест. Бо як гурӯҳи террористие, ки маълум нест раҳбари он кист ва иродаву ихтиёри аслӣ дасти чӣ касе аст, чӣ гуна метавон музокира кард? Чӣ гуна метавон ба тавофуқ расид? Ва чи гуна метавон аз амалӣ шудани тавофуқот итминон ҳосил кард? Шояд бахше аз Толибон таҳти нуфуз Русия бошанд ва Кобулов бо иттико ба ваъдаҳои онон сухан аз музокира бизанад, аммо Толибон дар даруни худ муташаккил аз гурӯҳҳои мухталифи террористӣ ва истихборотӣ аст, ки як гурӯҳ алайҳи иқдомоти асосии гурӯҳи дигар иқдом мекунад. Покистон иҷоза намедиҳад Толибон як масири сулҳҷуёнаи дохилиро тай кунад. Истихбороти кишварҳои ғарбӣ низ нуфузи худро ва аҳдофи худро доранд, ки монеъи як тафоҳуми миллӣ мешаванд. Толибони сулҳталаб бисёр заиф ва дар маърази хатар ҳастанд. Ин далели маҳкаме ба ғайриқобили эътимод будани Толибон аст.
6 - Ҳамон гуна, ки раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ахиран иброз дошт, муқовимат дар баробари Толибон манут ва машрут ба ҳузури як нафар дар раъٔси раҳбарӣ нест. Муқовимат як ҷараёни мардумӣ-таърихӣ дар баробари истибдоди қавмӣ аст, ки решаи садсола дорад. Агар Аҳмад Масъуд ба ҳар далеле аз муқовимат даст бардорад, ҷангу шӯриш алайҳи назми толибонӣ аз як ҷои дигаре ва ба шакли дигаре оғоз хоҳад шуд ва идома хоҳад ёфт.
Яъне боз ҳам бояд таъкид кард, ки мушкили бунёдитар аз он аст, ки дар як рӯйкарди сиёсӣ сатҳингирона битавон онро ҳал кард. Агар ин гуна набуд, бо таваҷҷуҳ ба мавқеияти заифе, ки раҳбарии Ҷабҳа дар як соли ахир дошта, муқовимат дар чанд вилоят идома пайдо намекард. Яъне муқовимат то ҳудуди зиёде як вокуниши, шояд битавон гуфт, “ғайриодӣ” дар баробари як неруи ваҳшии муддаии ҳокимият низ аст. Иштибоҳ аст агар Ҷабҳаи муқовиматро ҳамчун як ҳизби сиёсӣ дар назар бигирем, ки ба хотири ихтилофҳои сиёсии раҳбарии ҳизбе бо ҳизби ҳоким, аз ҳукумат берун шуда ва тарҳи мухолифат рехтааст. Ин талаққӣ ва тасаввур иштибоҳ аст. Дуруст аст, ки Аҳмад Масъуд нақши асосӣ ва калидӣ дар рақам задани муқовимати дуввум доштааст ва дар набуди эшон шояд муқовимат ба душворӣ ва дертар шакл мегирифт, аммо муқовимат дар баробари толибони золим ва саркӯбгар, ки зулм ва саркӯбашон вобаста аз дидгоҳҳои қавмӣ дар як ҷомеаи мутакассир аст, як иттифоқи табиӣ ҳам аст, ки бояд ба гунаи муҷаззо мавриди баррасӣ қарор гирад ва барои мутаваққиф шудани он бояд ба масоил ва муъзалоти бунёдии Афғонистон таваҷҷуҳ шавад.
7 - Оқои Кобулов ба гунае зимни ин дидгоҳи омиёна ва албатта, толибониро дар гуфтугӯйи ахираш матраҳ карда, ки гӯё Аҳмад Масъуд ба далел камтаҷрибагӣ аз ваҷоҳати лозим барои эҳрози курсии раҳбарии як ҷараёни нерӯманди низомии зидди Толибон ба сатҳи миллӣ бархудор нест. Ин тарзи талаққӣ низ ҳатто агар муттаҳам ба толибонӣ будан набошад, сатҳинигарона аст. Агар диққат шавад, имрӯза сатҳи таваққӯъоти миллӣ ва фароқавмӣ аз Аҳмад Масъуд ба маротиб бештар аз сатҳи таваққӯъоте аст, ки аз Масъуди падар дар сатҳи миллӣ вуҷуд дошт. Дуруст аст, ки Масъуди падар марди оҳанин ва корозмуда ва пухташуда дар кӯраи ҳаводиси оташини ҷанг буд, аммо дар замони ҳаёти Масъуди бузург, вазъият дар Афғонистон ба гунае буд, ки дар натиҷаи ҷангҳои дохилӣ (қавмӣ) ҷомеаи Афғонистон ба чанд қутб тақсим шуда буд ва дар натиҷа Масъуд фақат барои тоҷикон қаҳрамон ва раҳбар буд, аммо бақия ақвом чунин ҷойгоҳе барои ӯ қоил набуданд. Баъдҳо баъд аз шаҳодати Масъуди бузург, бисёриҳо мутаваҷҷеҳ шуданд, ки ӯ як шахсияти беназири миллӣ буд. Аммо дар мавриди Аҳмад Масъуд ҳамин акнун як иҷмои миллӣ (фироқавмӣ) вуҷуд дорад, ки ӯ метавонад як раҳбари миллӣ ва мардумӣ шавад. Ин чизе аст, ки оқои Кобулов ба наҳве онро нодида гирифтааст.
8 - Нуктаи дигар ин аст, ки муқовимат алайҳи Толибон дар набуди ҳимояти хориҷӣ низ идома хоҳад ёфт. Шояд тасаввури Кобулов ин бошад, ки ҳоло бо таваҷҷуҳ ба равобите, ки дастгоҳи дипломатии Русия бо Толибон сохта, Ҷабҳаи муқовимат ва ҳузураш дар ҳавзаи нуфузи Русия, Русияро дар мавқеияти душворе қарор дода ва берун шудан аз ин вазъият эҷоб мекунад, ки бар Ҷабҳа фишор ворид шавад то ба ҷанги худ алайҳи Толибон поён диҳад. Ин талаққӣ шояд аз он ҷо маншаъ мегирад, ки Русия думболи шаклгирии улгуе аз ҳукумати мушорикатӣ дар Афғонистон аст, ки дар бист соли ахир таҳти раҳбари Амрико вуҷуд дошт. Ба оқои Кобулов фаҳмонда шавад, ки ин талаққии шумо низ нодуруст аст. Таҷрибаи бист соли ахир такрор намешавад, ки дар он ҳам як иҷмои миллӣ вуҷуд дошта бошад ва ҳама гурӯҳҳои қавмӣ дар меҳвари як ҳукумати мутамаркиз ҷамъ шаванд ва ҳам Русия битавонад сиёсатҳои танишолуди худ бо Ғарбро дар қаламрави Афғонистон ба навъе ҳамкорӣ барои ҳифзи навъе оромиш табдил кунад. Шаклгирии ҳукумати мушорикатӣ дар бист соли ахир таҳт раҳбари Амрико, ду омили умдаи дохилӣ ва хориҷӣ дошт, ки ҳоло ин ду омил мавҷуд нест:
- Омили дохилӣ иборат буд аз фурӯгузошти ҷараёни муқовимат ва ақвоми ғайрпштун аз доияи тағйири сохтори қудрат. Ҷараёни муқовимат бо он ки пирӯзи ҷанг дар соли 2001 дониста мешуд, аммо доияи аслии худро, ки ҳамоно тағйири сохтори мутамаркиз ва такқавмии қудрат буд, фурӯ гузошт. Далоили ин амр зиёд аст, ки ниёз ба пардохти тафсили ҷудогона дорад. Аммо ҳамин фурӯгузошт боис шуд, ки як иҷмои миллӣ дар меҳвари як ҳокимияти паштунӣ шакл гирад. Дар воқеъ меросдорони муқовимати аввал, кӯтоҳ омаданд, ё сатҳинигарӣ карданд, ё хушбоварӣ ва садоқати ғайрисиёсӣ карданд, ё фиреб хӯрданд, ё тарсиданд, ё татмиъ шуданд, ё ҳар далели дигаре, ҷанг барои тағйири сохторро мутаваққиф карда ва як паштунро дар раъс қарор доданд ва ӯро ҳимоят карданд, то Афғонистон масири пешрафти худро бипаймояд. Ҳоло тӯп дар майдон Толибон/паштунҳо аст. Онон ҳозир нестанд, ки доияи қавмӣ-истибдодии худро канор бигузоранд. Онон чунин гузаште накунанд, гузашти дигарон на мумкин аст ва на пойдор!
- Омили хориҷӣ, аммо пулҳои ҳангуфти Амрико ва ҳузури низомии Амрико буд, ки ё бо пул ва ё бо зӯри низомӣ мухолифини иҷмои дохилиро татмиъ ва нобуд мекарданд, ки ба ин тартиб чанд сабоҳи як назми нимбанди мушорикатӣ бо иштироки ҳарчанд тамоми ақвом дар сохтори мутамаркизи қудрат давом овард. Ҳоло ин омил низ аз байн рафтааст. Имрӯз ҳеҷ кишвари хориҷӣ ба танҳоӣ ҳозир ва қодир нест, ки нақши Амрикоро дар Афғонистон бозӣ кунад. Ҳатто Амрико низ ҳозир ва қодир ба бозии ин нақш дар Афғонистон нест. Иҷмои ҷаҳонӣ ва минтақаӣ низ дар мавриди Афғонистон аз байн рафтааст. Ҳатто Русия ва Чин, ду қудрати бузурги минтақаӣ ҳозир нестанд, ки ба андозаи Амрико дар Афғонистон пул масраф кунанд ва ихтилофоти дохилиро бо пул ё зӯр ҳал кунанд. Албатта, бояд таъкид кард, ки ҳалли ихтилофҳо бо пул ва зӯр агар дар кӯтоҳмуддат мумкин бошад, дар дарозмуддат мумкин нест.
9 - Мемонад ин саволҳо: Оё оқои Кобулов баростӣ думболи ҳалли буҳрони сиёсӣ-амниятии Афғонистон аст? Оё Кобулов мушкилоти Афғонистонро ба дурустӣ дарк кардааст? Агар ба мавзеъгириҳои ғолибан толибонии Кобулов нигариста шавад, метавон гуфт, ки посухи пурсишҳои ахир мусбат нест ва ин чизе аст, ки боис шуда Кобулов то кунун натавонад аз марзҳои расмии дипломатӣ дар қазияи Афғонистон убур карда ва ба иқдомоти муассири амалӣ бирасад.
10 - Ба назар мерасад, ки дар мавриди Афғонистон истихбороти Русия ва шахси Путин дарки беҳтар ва раҳёфтҳои беҳтаре доранд ва Кобулов беҳтар аст, ки аз онон бишинавад ва талош накунад, ки нақши Халилзоди сониро дар Афғонистон бозӣ кунад. Халилзод як паштуни афғонистонӣ буд ва фурсатҳои як насли Афғонистон барои пешрафт ва тараққиро пойи дидгоҳҳои қавмии худ қурбонӣ кард. Ҳоло Кобулов Халилзод нест ва Русия низ Амрико нест. Афғонистон низ Афғонистон бист соли пеш нест, ки оқои Кобулов онро бар асоси санҷаҳои се даҳаи пеш ба таҳлил бинишинад!