
Лашкаркашии аслӣ алайҳи Хӯстҳо буд, аммо чаро Андаробҳо бештарин талафотро мутаҳаммил шуд?
Нависанда: Фарид Аҳмад, сардабири “Сангар”
Устураҳои Шоҳнома имрӯзҳо дар Ҳиндукуш такрор мешавад. Исфандиёр “ҳафт хон”-и худро мағлуб мекунад, Сиёвуш барои иззату каромат аз миёни оташ мегузарад ва Рустам бар пайкари мурдаи Суҳроб сӯгвор мешавад.
Муборизони муқовимати Ҳиндукуш бо камтарин имконот дар даҳҳо набарди шадид бо артиши ҷаҳлу таассуби Толибони то дандон мусаллаҳ ба дасти ҳомиёни ғарбиву покистонии онҳо даргир ҳастанд ва оташи нангу номусро ҳифз карда ва аз озодиву истиқлоли Афғонистон ба қимат хуну ҷонашон дифоъ мекунанд.
Фарде, ки дар акс мебинед, фармондеҳ Ҳоҷӣ Абдураҳмон, маъруф ба Ҳоҷӣ Раҳмон аҳли рустои Гадолии дараи Қосони шаҳристони Деҳсалоҳи минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон аст, ки дар канори ҷанозаи писараш Муҳаммадзамон нишастааст.
Дар чеҳраи ӯ ғамест, ки тобашро на осмон дорад ва на замин. Аммо ин падари доғдор дар қиёс бо афсонаи Рустам, на фарёд мезанад то замину осмонро ба ларза орад ва на гиря мекунад то мурғони ҳаворо ба гиря дароварад.
Худованд дар муқоиса бо Иброҳими Халилуллоҳ, Исмоили ӯро дар даврони ҷоҳилияти Намруди ҷадид ба қурбонгоҳи озодӣ пазируфт. Ин кӯҳи ғурур ва ишқ ба озодӣ фарзандашро фидои модараш - меҳан - кард.
Борони ашк дар чашмони ин пирамарди ғамгин хушкидааст ва ӯ, ки дар канори пайкари беҷони писараш нишаста, бесадо дар рӯҳаш нола мекунад. Дарди бадтар аз ин ҳам ҳаст?
Фармондеҳ Ҳоҷӣ Раҳмон аз муҷоҳидини собиқ ва Муқовимати Аввал пас аз суқути ҷумҳурӣ ба ҳамроҳи аъзои хонавода ба суфуфи Муқовимати Дувум пайваст. Пеш аз он дар ҷанг бо Толибон бародарзодае ба номи Арбоб Нуруллоҳро аз даст дода буд. Ин Рустами рӯзгори мо бо ду фарзанд ва дигар ақвому ҳамрустоиҳояш ҳанӯз дар хатти муқаддами ҷабҳа аст.
Муҳаммадзамон ҳудуди 23 сол дошт. Вай дар даргирии ҳафтаи гузашта дар дараи Қосон маҷрӯҳ шуд ва сипас ба шаҳодат расид. Дар набардҳои ахир фарзанди дигари Ҳоҷӣ Раҳмон ба номи Абдулҳабиб низ маҷрӯҳ шуд.
Ин акс дар интернет даст ба даст мешавад ва зери он матнҳои зиёде менависанд, ки наметавон аз бархе аз онҳо чашмпӯшӣ кард.
Яъқуб Ясно, нависанда ва устоди донишгоҳ менависад: "Марг барои дифоъ аз зиндагиву хона дастёбӣ ба ифтихор ва виқорест, ки шуҷоати камоии ин ифтихор ва виқорро ҳар касе надорад."
Асад Буддо, нависандаи ҳазораи Афғонистон, ин аксро тасвире таърихӣ аз муқовимати Андароб хонд ва навишт: "Агар қарор бошад рӯзе барои муқовимати Андароб муҷассамае сохта шавад, он муҷассама ҳамин тасвир хоҳад буд."
Ин акс ва ин достон дарвоқеъ такрори устураҳои “Шоҳнома” дар Карбалои Андаробҳост, ки ба назари ман, на танҳо нишондиҳандаи муқовимати Андаробҳо, балки кулли муқовимат хоҳад буд. Шоиста аст, ки муҷассамаи Муқовимати Дувум бошад.
Чаро Андароб?
Ҳоло биёед ба ин мавзӯъ бипардозем, ки чаро аз Андароб ба унвони Карбало ёд мекунем, ҷанги таърихие, ки дар он набераи Паёмбари Ислом бо садҳо тан аз ёронаш ба дасти Язид кушта шуд?
Ҳамалоти густурдаи ахири Толибон бар мавозеъи муқовимат дар Ҳиндукуш, ки аз 15 июни соли ҷорӣ оғоз шуд, талафоти зиёдеро ба ҳамроҳ доштааст. Худи Толибон низ талафоти зиёдеро мутаҳаммил шуданд, ки аз теъдоди онҳо иттилое дар даст нест. Фақат дақиқ муҳосиба шуд, ки аҷсоди ҷангиёни ин гурӯҳ бо 10 чархбол аз майдони ҷанг ба Кобул мунтақил шудааст ва манобеъи Толибон акси даҳҳо тан аз фармондеҳон ва ҷангиёни кушташудаи ин гурӯҳро мунташир кардаанд.
Аммо мавзӯъи гуфтугӯи мо талафоти бесобиқаи размандагони муқовимат дар Андаробҳо аст. Дар ин ҷангҳо ҳудуди 20 тан аз фармондеҳон ва сарбозони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Ҷабҳаи озодии Афғонистон ба шаҳодат расиданд, ки ҳамагӣ аз Андароб буданд.
Таҳлилҳои аввалия бар асоси гуфтугӯ бо фармондеҳони андаробӣ нишон медиҳад, ки ҳадафи амалиёти густурдаи Толибон минтақаи Хӯстҳо будааст, ки ҳафтае қабл бахше аз ин минтақа аз дасти онҳо озод шуда буд. Аз он ҷое, ки Андаробҳо, бавежа, дараи Қосон, ҳаёти хилвати Хӯстҳо ба шумор меравад, ин гурӯҳ қасди муҳосираи минтақаро доштанд, аз ин хотир, нерӯҳои зиёдеро ба ин дара фиристоданд. Бар асоси иттилооти мувассақ аз фармондеҳи ҷабҳаи муқовимати Хӯстҳо, Барёлай Сангин, талафоте дар суфуфи неруҳои вай мушоҳида нашудааст. Ва ҳоло ин савол пеш омад, ки чаро дар Андаробҳо талафот бештар шуд?
Мулло Нозукмир, фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Дараи Ҷари дараи Қосон, бародараш Абдушшукурро дар майдони ҷанг аз даст дод. Қосимхон бародари дигараш, ки як ғайринизомӣ буд, тавассути Толибон аз хонааш дар Дараи Ҷар гирифта ва кушта шуд. Аммо нерӯҳои Мулло Нозукмир, яке дигар аз фармондеҳон ба номи Самир Шошонӣ ва дигар фармондеҳон, ки номашон барои мо маълум нест, нақшаи Толибонро хунсо карда ва иҷозаи муҳосираи нерӯҳои муқовимати Хӯстҳо аз дараи Қосонро ба онҳо надоданд.
Фармондеҳ Боба Муҳаммадёрбек, ки тоза ба нерӯҳои Мулло Нозукмир пайваста буд, ба ҳамроҳи ду тан аз ҳамразмонаш дар ҷангҳои Дараи Ҷар ба шаҳодат расиданд. Ў бародари Ҳабиб Андаробӣ, фармондеҳи пешини пулиси вилояти Бағлон ва яке аз чеҳраҳои барҷастаи зидди Толибон буд, ки дар як ҳамлаи интиҳорӣ дар моҳи майи 2021 кушта шуд.
Ҷабҳаи Озодии Афғонистон, яке дигар аз нерӯҳои зидди Толибон ба раҳбарии Ёсин Зиё, раиси собиқи ситоди артиш ва Масъуд Андаробӣ, собиқ вазири дохила ва раиси идораи амнияти миллии Афғонистон низ мутаҳаммили талафоти сангин шуд. Зубайр Шуҷоъ, фармондеҳи қувваҳои хоси нерӯҳои амниятии пешин ва Сиддиқуллоҳ Андаробӣ, фармондеҳи пешини қитъаи вокуниши сареъи нерӯҳои амнияти миллӣ дар вилояти Самангон ба ҳамроҳи бародараш дар набардҳои дараи Қосон кушта шуданд.
Аксҳои се фармондеҳ ва чанд тани дигар аз сарбозони ин ҷабҳа, ки дар набардҳои Қосон ҷон бохтанд, низ мунташир шуд. Дар маҷмӯъ, нерӯҳои муқовимати зидди Толибон ҳудуди 20 тан аз ҳамразмони худро дар 9 ҳамлаи заминиву ҳавоии Толибон аз даст додаанд, ки теъдоди талафот зиёд ва ҳамчунин шавоҳиде аз барномаи густурдаи Толибон аст.
Аммо ин фоҷиа бо шаҳодати фармондеҳон ва сарбозон хатм намешавад. Теъдоди қобили таваҷҷуҳе аз фармондеҳони Андароб - ду фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимат ва чаҳор фармондеҳи Ҷабҳаи Озодӣ ё билъакс - таслими Толибон шуданд.
Чаро ин иттифоқ афтод?
Фармондеҳон иллати ҳамаи инҳоро камбуди муҳиммот ва маводи ғизоӣ мегӯянд, ки ба дасти размандагони муқовимат нарасидааст. Толибон тамоми хутути тадорукотиро қатъ карданд. Кор ба ҷое расид, ки бархе гурӯҳҳо ба далели камбуди маводи ғизоӣ аз даргирӣ бо Толибон иҷтиноб карданд ва ба кӯҳ паноҳ бурданд. Ба гуфтаи фармондеҳон, вақте онҳоро пайдо карданд, сарбозон ба далели гуруснагӣ қодир ба ҳаракат набуданд.
Ҳоҷӣ Раҳмон дар як файли савтӣ мегӯяд, ки писараш Муҳаммадзамон ва як фармондеҳи дигар Шоҳ Валихон бар асари хунрезии шадид ва ба далели набуди духтуру дору ҷон бохтанд.
Дар ин ҷо саволи дигаре матраҳ мешавад, ки чаро раҳбарии ҷабҳаҳо қабл аз шурӯъи ҷанг мушкилро ҳал накарданд? Фармондеҳони майдони ҷанг аз хиёнат ва ихтилофҳои дохилӣ дар Андароб сӯҳбат мекунанд, ки дар он генералҳо ва афроди машҳур даргир ҳастанд. Дар ин матлаб дар ин маврид сӯҳбат намекунем ва ин моҷароро ба фурсате дигар мегузорем.
Ҳол тасаввур кунед, ки достони Рустаму Суҳроб дар Карбалои андаробӣ чигуна аст ва мардуми боғурури ин марзу бум ба чӣ қимате барои миллату сарзамини худ ва ба таври куллӣ, таърих устура месозанд. Рози шикастнопазирии Андаробҳо низ дар ҳамин амр нуҳуфтааст.