Баъд аз интихобот дар Иёлот Муттаҳида ҳар чизе иттифоқ меафтад.
Нависанда: Бошко Якшич, "Политика" (Сербистон)
Манбаъ: “Советская Россия” - тарҷумаи Неъмат Бӯстонӣ
Рӯзномаи "Сиёсати Сербистон" навишт: “Бисёре аз амрикоиҳо нигарони иттифоқоте ҳастанд, ки пас аз интихобот дар Иёлоти Муттаҳида рух хоҳад дод. Агар ҳар ду номзад якбора худро баранда эълом кунанд, чӣ хоҳад шуд? Оё имкони дахолати артиш вуҷуд дорад?
Чӣ гуна метавон аз ба чолиш кашидани натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ тавассути нерӯҳои низомӣ ҷилавгирӣ кард? Содалавҳона хоҳад буд агар фикр кунем, ки ташкилоти низомӣ барои ҳама сенарияҳои эҳтимолӣ пас аз 5 ноябр, аз ҷумла фурӯпошии комили занҷираи фармондеҳӣ омода набошад. Дар ин сурат ин аввалин кудетои низомӣ дар таърихи Амрико хоҳад буд.
Дар солҳои ахир, саҳнаи сиёсии Амрико бо туғёнҳои бесобиқаи хушунатҳо рӯбарӯ шудааст ва пеш аз интихоботи 5 ноябр ифротгароӣ ташдид шуда ва ин савол матраҳ будааст, ки дар чунин шароити пуртанише ин кишвар шоҳиди чӣ ҳаводисе хоҳад буд?
Ин савол танҳо як теория наметавонад бошад, зеро нигарониҳое вуҷуд дорад, ки мумкин аст даргириҳои хушунатомез байни ҳаводорони ду номзад рух диҳад, ки метавонад мунҷар ба бадтарин сенария шавад. Номзади бозанда мумкин аст аз пазириши натоиҷи интихобот имтиноъ кунад ва худро баранда эълом кунад. Дар ин сурат, як қудрати дугона дар Иёлоти Муттаҳида Амрико шакл мегирад: як давлат ба таври қонунӣ интихоб мешавад ва дувумӣ дар соя, ки даргирии онҳо метавонад ба як таҳаввули иҷтимоии ҷиддӣ мунҷар шавад.
Амрико то ҳадде назири чунин саҳнаеро дар соли 2020 пушти сар гузошт, замоне, ки Доналд Трамп муддаӣ шуд, ки интихобот аз ӯ дуздида шудааст ва сипас дар 6 январи 2021, ӯ дар сукут тамошогари ҳуҷуми ҳаводорони худ ба Конгресс буд. Аксари ҷумҳурихоҳон ҳамчунон бо иддаои Трамп мабнӣ бар дуздида шудани он интихобот ҳамназар ҳастанд.
Трамп ҳозир нест ба вузӯҳ посух диҳад, ки оё пирӯзии Камала Ҳарисро дар сурати эъломи пирӯзӣ ба расмият хоҳад шинохт ё хайр. Ҳарчанд дар сурати шикаст инфиҷори хушунатро рад намекунад. Доналд Трамп ба маҷаллаи «Тайм» гуфт: “Агар мо баранда нашавем, рӯйдодҳо метавонанд ба ҷиҳатҳои гуногун ҷараён ёбанд".
“Рейтерз” тақрибан 300 мавриди хушунати сиёсиро пас аз ҳамла ба сохтмони Конгресс ёдовар шуд, ки 51 мавриди он дар соли ҷорӣ будааст. Дар бархе маворид, монанди ду суъиқасд ба Трамп ва тирандозӣ ба мақарри демократҳо дар Аризона бозтоби густурдае дошт. Бархе дигар тақрибан номаръӣ боқӣ монданд, аммо сабт шуданд.
Ин болотарин афзоиши хушунати сиёсӣ дар ним қарни ахир дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст ва дар фазои беэътимодии густурда, ҳаводис ба роҳатӣ метавонанд абъоди ғайриқобили пешбинӣ ба худ бигиранд. Ин амр бавежа ағлаб дар "аёлотҳои чархишӣ ё навасонӣ" иттифоқ меафтанд, яъне ҷоҳое, ки ин ё он номзад бо ҳадди ақали ихтилоф баранда мешавад. Трамп, албатта ҳомиёни худро радикал кард, аммо дар айни ҳол, бисёре аз "мунтақидон"-ро, ки аз демократҳо ҳимоят мекунанд ва омода тасвияи ҳисоб ҳастанд, таҳрик кард.
Дар шароити кунунӣ ҳеҷ ҷанги дохилӣ дар Иёлоти Муттаҳида вуҷуд надорад, агарчи касоне ҳастанд, ки мӯътақиданд Амрико ба самти он меравад. Илова бар ин, тарси фазояндае аз чизе вуҷуд дорад, ки амрикоиҳо ҳаргиз дар таърихи худ бо он мувоҷеҳ нашудаанд. Ман дар мавриди кудетои низомӣ сӯҳбат мекунам. Дастгоҳи низомӣ дар лаҳзаи хушунати сиёсӣ, ки мумкин аст пас аз раъйгирӣ мунфаҷир шавад, чӣ гуна вокуниш нишон хоҳад дод? Оё нерӯҳои низомӣ дар чунин шароите мудохила хоҳанд кард?
Ба назар мерасад ташкилоти низомӣ моил ба мудохила дар умури сиёсӣ аст, бавежа агар Иёлоти Муттаҳида дар хатар бошад. Аммо савол ин аст, ки чӣ касе тасмим мегирад, ки оё хатар вуҷуд дорад ё хайр. Анбуҳе аз парчамҳои конфедератсия, ки аз Техас ба самти ҷануби Калифорния барафрошта мешавад, нишон медиҳад, ки Доналд Трамп омодаи эъломи "хатар" ва дархост аз артиш барои ҳазфи рақиб аст. Ў ағлаб ба лафозиҳои таҳрикомез мутавассил мешавад ва таҳдид мекунад, ки руқабои сиёсии худро муҳокима мекунад ва аз нерӯҳои низомӣ алайҳи "чапи радикал", ки ӯ онҳоро "душмани дохилӣ" меномад, истифода мекунад.
Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико метавонад ба қонуни федерал такя кунад, ки ба ӯ иҷоза медиҳад аз артиш ва нерӯҳои Горди миллӣ дар ҳар иёлоти таҳти шароити хос, аз ҷумла нооромиҳои маданӣ дар миқёси бузург, истифода кунад. Доналд Трамп хоҳони қудрати мутамаркизи қавӣ аст ва мехоҳад, ки ин қудрат дар арсаҳое, ки муддатҳо хориҷ аз контроли федерал боқӣ мондаанд, таъмим ёбад. Мунтақидон мегӯянд, бархе аз пешниҳодоти машкуки ӯ ба маънои воқеии калима дар баробари қавонин ва муқаррароти кишвар аст, аммо изъон доранд, ки лафозиҳои популистии ӯ чизе беш аз сухан гуфтан нест, аммо бояд ҷиддӣ гирифта шавад.
Ҷангталабии Доналд Трамп дар тазоҳуроти пас аз қатли Ҷорҷ Флойди африқоӣ-амрикоӣ дар соли 2020 такяи ӯ бар қудратро таъйид кард. Аз замоне, ки аз қудрат канор рафт, гуфтааст, ки аз пароканда накардани нерӯҳо дар саросари кишвар мутаассиф аст ва дар сурати бозгашт ба Кохи Сафед дар анҷоми ин кор тардид нахоҳад кард.
Беш аз як сол аст, ки Доналд Трамп дидгоҳи иқтидоргароёнаи худро мабнӣ бар як маъмурияти дувум бо тамаркуз бар корҳои нотамом тарвиҷ мекунад. Ба вежа, ӯ идеяи истиқрори артишро барои ҷилавгирӣ аз хушунат дар хиёбонҳо ва ҳамчунин барои муталошӣ кардани бондҳои ҷинояткор ва кумак ба ихроҷи миллионҳо муҳоҷир матраҳ мекунад. Трамп дар як гирдиҳамоии таблиғотӣ дар Техас гуфт: “Ман дар соли 2016 гуфтам, ки ҳамраъйи шумо ҳастам. Имрӯз изофа мекунам, ки ман ҷангҷӯи шумо ҳастам. Ман ҳақиқати шумо ҳастам, барои касоне, ки бо беадолатӣ ва хиёнат рӯбарӯ шудаанд, ман интиқоми шумо ҳастам”. Ба назари ӯ артиш нақши худро, ки бархоста аз Қонуни Асосӣ аст, ифоъ мекунад.
Сенарияе пас аз интихобот ҳушдордиҳанда аст, ҳамон тавре, ки генералҳо ташхис доданд, ки истифода аз қонунро дар муқобили шӯриш рад намекунанд, дар ин сурат ташкилоти низомӣ дар муқобили як ҷомеаи тақсимшуда қарор мегирад. Ин навъ алоим нишон аз хатари иншиоб дар худи артиш аст, ки намояндагони он аъзои ҳамон ҷомеа ҳастанд. Мумкин аст нерӯҳо сиёсӣ шаванд ва ихтилофоти сиёсӣ-иҷтимоӣ бадтар шавад. Агар артиш бетарафии худро канор бигузорад, Амрико хеле зарар хоҳад кард.
Дар декабри соли 2021 се мақоми аршади низомии бознишаста мақолаеро дар “Вашингтон Пост” мунташир карданд ва аз артиш хостанд, то ҳар кореро, ки аз дасташ бармеояд, анҷом диҳад, то аз ба чолиш кашидани натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ тавассути аъзои фаъоли артиш ҷилавгирӣ шавад. Ин хатар вуҷуд дорад, ки онҳо аз як кудето дар оянда ҳимоят кунанд, яъне як Рейхстаги ҷадид, ки мумкин аст муваффақ шавад. Аммо содалавҳона хоҳад буд агар фикр кунем, ки ташкилоти низомӣ барои ҳама сенарияҳои эҳтимолӣ пас аз 5 ноябр, аз ҷумла фурӯпошии комили занҷираи фармондеҳӣ омода набошад, ки ин аввалин кудетои низомӣ дар таърихи Амрико хоҳад буд.