Тоҷикистон дар таъмини амнияти минтақа мавқеи навро ишғол мекунад.
Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар
Дар Тоҷикистон, дар доираи иттиҳодҳои минтақавӣ таъсис додани чанд марказ оид ба масъалаҳои таъмини амният ба нақша гирифта шудааст. Ин барои Тоҷикистон чӣ маъно дорад ва имрӯз кадом масъалаҳои амният аз ҳама муҳимтаранд, - дар ин бора бо коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов сӯҳбат кардем.
ТАШАББУСҲОИ НАВИ АМНИЯТӢ
Моҳи октябр маълум шуд, ки дар Тоҷикистон Маркази байналмилалии таълимии муқовимат бо терроризм, ифротгароӣ ва паҳншавии силоҳи қатли ом пайдо мешавад. Фаъолияти марказ ба мубориза бо терроризм, ки истифодаи силоҳи қатли ом ё маводҳои кимиёвӣ, биологӣ, радиологӣ ва ҳастаиро дар назар дорад, равона карда мешавад. Муассиса барои мактаббачагон, донишҷӯён, низомиён, мутахассисони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳолатҳои изтирорӣ таълими махсус пешниҳод мекунад.
Ба ин муносибат аз ҷониби Раёсати Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон ва Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаии Академия чорабинӣ баргузор карда шуд – ин як мулоқоти сарпарастон (донорон) буд, ки хоҳиши баррасӣ кардани имкониятҳои шарикӣ ва иштирок дар сохтмони марказро доранд. Дар мулоқот намояндагони 14 сафорат ва 16 ташкилотҳои байналмилалӣ ҳузур доштанд - чунин фарогирӣ аз дарки аҳамияти ҳамкории байналмилалӣ дар рафъи таҳдидҳои амниятӣ шаҳодат медиҳад. Интизор меравад, ки марказ на танҳо иқтидори амниятии Тоҷикистонро боло мебарад, балки ҳамчун муҳимтарин механизми минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар ин соҳа хизмат мекунад.
Боз як иқдоми муҳим дар бахши амнияти минтақа -бунёди Маркази вокуниши башардӯстонаи СПАД дар Тоҷикистон. Раиси Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар рафти мулоқот бо ҳамкасбонаш аз кишварҳои СПАД дар мавриди таъсис додани чунин сохтор пешниҳод кард. Фаъолияти марказ пеш аз ҳама ба ҳалли мушкилоти радикализми динӣ, инчунин вокуниши фаврӣ ба таҳдидҳои эҳтимолӣ ва бӯҳронҳои гуманитарӣ равона карда мешавад. Бо пешниҳоди вазир марказ дар вилояти Хатлон ҷойгир шуда, лоиҳаи он аллакай барои коркард ба коршиносони СПАД пешниҳод шудааст.
Сироҷиддини Муҳриддин дар нишаст дар шаҳри Алмаато диққати ҳамагонро ба муҳим будани таҳияи Барномаи мақсадноки байнидавлатӣ оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ҷалб намуд. Ин барнома то охири соли ҷорӣ, эҳтимол дар нишасти сарони СПАД, ки моҳи ноябр дар шаҳри Остона баргузор мегардад, қабул карда мешавад. Барнома барои чанд сол тарҳрезӣ шуда, якчанд марҳиларо дар бар мегирад: дар марҳилаи аввал ҷониби Тоҷикистон пешниҳодҳои худро оид ба таҳкими қитъаҳои алоҳидаи сарҳад пешкаш мекунад ва кишварҳои узви СПАД барои ҳалли ин масъала захираҳои моддӣ ва ғайра ҷудо мекунанд. Бо дарназардошти дараҷаи хатарнокии таҳдидҳои аз ҷониби Афғонистон бароянда, ин иқдоми хеле муҳим хоҳад буд, ки ба таҳкими амнияти фазои СПАД мусоидат мекунад. Қобили зикр аст, ки барнома на танҳо аз ҷиҳати техникӣ таҳким бахшидани марзҳоро, балки андешидани чораҳоро барои беҳбудии вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ дар маҳалҳои наздимарзии Афғонистон пешбинӣ мекунад.
«Дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз мушкилоти ҷиддитарин - тарғиби (паҳншавии) идеологияи харобиовари радикализми динӣ мебошад».
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон
Вақте сухан дар бораи фаъолияти СПАД меравад, бояд аз муҳимияти гузаронидани машқҳои муштарак ёдовар шавем. Моҳи октябр дар тамрингоҳи "Ҳарбмайдон" бо иштироки нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали минтақаи Осиёи Марказии СПАД машқҳои муштараки "Марз-2024" баргузор карда шуданд. Дар ин машқҳо ҳудуди 1500 нафар низомиён ва 250 адад техникаи низомӣ ва махсус иштирок намуданд. Дар доираи ин машқҳо масъалаҳои мураттабсозии амалиётҳои низомӣ оид ба нест кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонуние, ки ба қаламрави ягон кишвари узви СПАД ҳуҷум кардаанд, коркард карда шуданд. Бо дарназардошти он, ки вазъ дар Осиёи Марказӣ мураккаб аст, ва тайи солҳои охир гурӯҳҳои террористӣ хусусияти амалҳои худро тағйир дода, захираву аслиҳаи нав ба даст меоранд, гузаронидани чунин машқҳо барои такмил додани қобилияти ҷангии низомиён мусоидат карда, ҳамчун як тадбири муҳими стратегӣ ба ҳисоб меравад.
"Дар пасманзари тезу тундшавии вазъият, вусъати чолишҳо ва тахдидхо ба амният, фаъолияте, ки ба мукаммалгардонии унсурҳои низомии ҳамкорӣ, омодагии ҷангӣ, аз ҷиҳати моддию техникӣ мусаллаҳгардонии нерӯҳо ва воситаҳои дастаҷамъона, инчунин зудамалкунии онҳо аҳамияти хоса дорад”.
Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ташаббусҳое, ки дар доираи иттиҳодияҳои минтақавӣ дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд, бо таъсис додани ин марказҳо тамом намешаванд. Дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ тасмим гирифта шуд, ки дар шаҳри Душанбе Маркази зидди маводи мухаддир таъсис дода шавад. Ташаббуси таъсис додани чунин як ниҳоди мустақил ҳанӯз дар соли 2019 аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда буд.
Нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ҳамасола чандин тонна маводи мухаддирро, ки тавассути марзи Тоҷикистону Афғонистон на танҳо ба кишвари мо, балки ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия интиқол дода мешаванд, мусодира мекунанд. Тибқи маълумотҳои оморӣ, пас аз ба сари қудрат омадани Толибон вазъ бадтар шуд - ҳаҷми қочоқи маводи мухаддир афзоиш ёфт.
“Ҳукумати Тоҷикистон барои фаъолияти босамари Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ тамоми шароитҳои заруриро фароҳам меорад”.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вақте сухан дар бораи таъмини амнияти зидди маводи мухаддир дар минтақа меравад, бояд гуфт, ки аз ҳама тадбирҳои муассир барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир механизмҳои СПАД мебошанд. Бо саъю кӯшиши муштараки кишварҳои созмон бо мақсади бастани каналҳои интиқоли маводи мухаддир ва ошкор намудани гурӯҳҳои байналмилалии фаромиллии маводи мухаддир мунтазам амалиёти “Канал” гузаронида мешавад. Соли ҷорӣ амалиёти «Канал-Авангард» 24 ҳазор корманди мақомотҳои дахлдорро фаро гирифта, ситоди идоракунии амалиёт дар Душанбе мустақар гардид. Аз 21 то 25 октябр дар қаламрави кишварҳои СПАД беш аз 500 кг маводи мухаддир мусодира карда шуд, инчунин 683 ҷиноят вобаста ба маводи мухаддир ошкор ва 569 нафар дастгир карда шуданд, 7 лабораторияи маводи мухаддир ва 672 манбаи интернетӣ, ки тавассути онҳо иттилооти мамнӯъ паҳн карда мешуд, нест карда шуданд.
БО КИШВАРҲОИ ДӮСТ
Фаридун Усмонов, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ мегӯяд: “Эълон кардани пайдоиши сохторҳои нав дар Тоҷикистон маънои онро дорад, ки кишвари мо дар масъалаи таъмини амният дар доираи созмонҳои минтақавӣ, аз қабили СҲШ, СПАД ё ИДМ, мавқеи хеле муҳимро ишғол мекунад. Ин ҳамчунин аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон воқеан ба масъалаи мубориза бо радикализму ифротгароӣ, паҳнкунии силоҳи қатли ом ва қочоқи ғайриқонкнии маводи мухаддир аҳамияти хоса медиҳад. Гузашта аз ин, ин ташаббусҳо тасдиқгари он мебошанд, ки Тоҷикистон ба таҳкими робита ва ҳамкориҳо бо шарикони наздиктарини худ, яъне бо кишварҳои минтақа ва аъзоёни СҲШ ва СПАД ҳадафманд аст, зеро Тоҷикистон тавассути ҳамкорӣ дар доираи иттиҳодияҳои бузург ва таъмини амнияти минтақавӣ, амнияти дохилии худро низ таҳким мебахшад.
Гузаронидани машқҳо ва тамринҳои муштарак бо кишварҳои шарик, пеш аз ҳама дар доираи СПАД, яке аз унсурҳои асосии баланд бардоштани омодагии ҷангии нерӯҳои мусаллаҳи мо мебошад. Ин ҳамзамон имкон медиҳад, ки ҳамкорӣ ва мураттабӣ байни сохторҳои низомии Тоҷикистон ва кишварҳои СПАД, махсусан Русия, таъмин карда шавад.
Аз дигар тараф, мо шоҳиди алоқаҳои зичи Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон бо кишварҳои дӯст дар масъалаҳои мубориза бо унсурҳои террористию ифротӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ҳастем – ба туфайли ин алоқаҳо амнияти Тоҷикистон таъмин гардида, нақши кишвари мо дар системаи умумии амният дар доираи ҳамгироии минтақавӣ боло меравад. Дар ин ҷо як унсури муҳим - ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ВАО ва ҷавонон аст: тавассути пешниҳоди маълумотҳои муайян метавонем изтироби мақомоти кишварро дар масъалаҳои амният ба омма расонем. Вақтҳои охир таъмини амният дар киберфазо низ ба яке аз масъалаҳои мубрами рӯз табдил ёфта, дар ин самт омода намудани кадрҳои ҷавон, ки метавонанд амният ва ҳамкории заруриро байни сохторҳои алоҳидаи кишварамон таъмин кунанд, муҳим аст.
“Он, ки худи Тоҷикистон ҳамчун ташаббусгари таъсис додани чунин сохторҳо (марказҳо) дар қаламрави кишвар баромад мекунад ва созмонҳо ин ташаббусҳоро дастгирӣ мекунанд, аз он шаҳодат медиҳад, ки кишвари мо сол аз сол мавқеи худро дар ҳудуди таъмини амният дар доираи минтақа ва созмонҳои минтақавӣ мустаҳкам месозад”.
Фаридун Усмонов, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ
Пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва ё пайравӣ кардани онҳо ба ақидаҳои радикалӣ як масъалаи ҷиддиест, ки дар ҷомеа ба миён омадааст ва роҳбарияти кишвар дар ҳалли ин масъала кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Албатта, ин кори душвор аст, ки ҳамоҳангсозии амалҳо ва ҷалб намудани шумораи бештари ташкилотҳо ва табақаҳои аҳолиро талаб мекунад. Барои ҳалли ин масъала ба роҳ мондани ҳамкории сохторҳо ҳам дар дохили Тоҷикистон ва ҳам бо кишварҳои шарик муҳим аст, зеро ин мушкилот дар аксари кишварҳои пасошӯравӣ ба назар мерасад (ҷой дорад). Ва ҳар қадар ин ҳамкориҳо наздиктар бошанд, ҳамон қадар мушкили паҳншавии ифротгароӣ ва радикализм зудтар ҳалли худро меёбад”.